ترجمة سورة ص

الترجمة الطاجيكية
ترجمة معاني سورة ص باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية .
من تأليف: خوجه ميروف خوجه مير .

1.       Сод.(1) Аллоҳ савганд ёд мекунад ба Қуръони бузурги соҳиби панд, ки мардум
аз бузургии қадри он дар ғафлатанд.
____________________
1. Дар бораи ҳарфҳои муқаттаъа дар аввали сураи Бақара гуфта шуд.
2.       Балки касоне, ки кофир шуданд дар саркашианд ва аз пазируфтани ҳақ дар ихтилофанд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\142
3.       Чӣ басо мардумеро, ки пеш аз он мушрикон ба ҳалокат расонидем. Ҳангоми нузули азоб онҳо тавбакунон фарёд бароварданд, вале он замон вақти наҷот набуд.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 7\52
4.       Ва кофирон дар таъаҷҷуб шуданд аз ин, ки бимдиҳандае аз миёни худашон баромад, ки онҳоро ба сӯи Аллоҳ даъват намояд ва аз азоби Ӯ бим намояд. Ва кофирон гуфтанд: «Ин паёмбар нест, балки ҷодугари дурӯғгуст.
5. Оё ҳамаи маъбудонро як маъбуд қарор додааст? Ва ҳароина, он чизе, ки ӯ овардааст ин чиз аҷибе аст?»
6. Бузургонашон ба роҳи худ рафтанд ва қавми худро ба парастиши маъбудонашон ташвиқ намуда гуфтанд: «Биравед ва ба парастиши маъбудони хеш пойдорӣ кунед, ки ҳароина, ин Паёмбар, даъвате, ки ӯ мекунад чизе аст хосташуда, ки мехоҳад бар шумо бузург ва бартар бошад.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\72
7. Мо ҳаргиз ин чунин сухане, ки ӯ даъват менамояд дар охирин ойин(1) нашунидаем, ин ҷуз дурӯғ ҳеҷ чизе нест.
____________________
1. Яъне, гузаштагони мо ба ин гуна сухан моро даъват накардаанд.
8. Оё аз миёни ҳамаи мо ваҳй махсус ба ӯ (Муҳаммад) нозил шудааст?» балки онҳо аз ваҳйи Ман дар шубҳаанд, балки ин суханро ба он сабаб гуфтаанд, ки ҳанӯз азоби моро начашидаанд. Пас, агар азоби Ӯро мечашиданд ба гуфтани ин сухан ҷуръат намекарданд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\710
9.       Оё хазинаҳои раҳмати Парвардигори пирӯзманди бахшандаат дар назди онҳост, то ҳар касро, ки бихоҳанд аз он бидиҳанд, ё аз он маҳрум кунанд?(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\710
10.   Оё фармонравоии осмонҳову замин ва ҳар чӣ миёни он ду аст, аз они онҳост?(1) Пас, агар чунин аст, бо асбоб ва ҳар василаҳои дигаре ба осмон боло раванд, то ба он чи ки мехоҳанд аз додан ва боздоштан, ҳукм намоянд.(2)
____________________
1. Яъне, мушрикон. 2. Тафсири Бағавӣ 7\73
11.   Он ҷо (шаҳри Макка) лашкарест ночиз аз чанд гурӯҳи шикастхӯрдаи ҷамъшуда.
12.   Пеш аз онҳо қавми Нӯҳ ва Од ва Фиръавн соҳиби қуввати бузург, ки паёмбаронро дурӯғгӯ мебароварданд.
13.   Ва низ қавми Самуд ва қавми Лут ва мардуми Айка(1) аз он ҷамоатҳо буданд,
ки паёмбаронро дурӯғ бароварданд.
____________________
1. Қавми Шуайб алайҳиссалом.
14.   Аз онон касе набуд, ки паёмбаронро дурӯғгӯ набароварда бошад, пас онҳоро азоби Ман воҷиб омад.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\160
15.   Ва ин мушрикон, агар бар ширки худ пойдор истанд, ҷуз бонги сахти маргборе интизорӣ надоранд, чунонки онро дигар таваққуфе набошад.
16.   Ва гуфтанд ба тариқи масхараомезӣ: «Эй Парвардигори мо, номаи аъмоли моро пеш аз фаро расидани рӯзи ҳисоб ба дасти мо бидеҳ!»
17.   Бар ҳарчӣ мегӯянд, сабр кун эй Расул, ва аз бандаи Мо Довуди соҳиби қувватро ёд овар. Бегумон ӯ бисёр тавбакунанда ва ба хушнудии Аллоҳ руҷуъкунанда буд!(1)
____________________
1. Ин оят барои дилбардорӣ ва тасаллоии Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва
саллам аст.
18.   Ҳароина, Мо кӯҳҳоро ром кардем, кӯҳҳо дар шомгоҳу бомдодон бо ӯ тасбеҳ мегуфтанд.
19.   Ва низ парандагон бар ӯ гирд меомаданд. Ҳама фармонбари ӯ буданд.
20. Фармонравоияшро ба
ҳайбат, қувват ва нусрат устуворӣ бахшидем ва ӯро ҳикмату фасоҳат дар сухан ато кардем.
21. Эй Расул, оё хабари он шикояткунандагонро шунидаӣ, он гоҳ ки аз девори қаср ба масҷид даромаданд?
22. Ба назди Довуд дохил шуданд. Довуд аз даромадани онҳо тарсид. Гуфтанд: «Матарс, мо ду даъвогар ҳастем, ки яке бар дигаре ситам кардааст. Миёни мо ба дурустӣ доварӣ кун ва пой аз адолат берун манеҳ ва моро ба роҳи рост ҳидоят кун.
23. Яке аз он ду гуфт: Ҳароина, ин бародари ман аст. Ӯро наваду нӯҳ гӯсфанд аст ва маро як гӯсфанд. Мегӯяд: «Онро ҳам ба ман бидеҳ ва дар даъво ва ҳуҷҷати худ бар ман ғолиб омадааст».
24. Довуд гуфт: «Албатта ӯ, ки гӯсфанди туро аз ту мехоҳад, то ба гӯсфандҳои хеш бияфзояд, бар ту ситам кардааст ва ҳароина, бисёре аз шарикон бар якдигар ситам мекунанд магар касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд ва инҳо низ андак ҳастанд». Ва Довуд донист, ки ӯро озмудем. Пас, аз Парвардигораш омурзиш хост ва ба рукӯъ дарафтоду тавба кард.
25.   Пас, Мо ин хатояшро(1) бахшидем. Ҳароина, ӯро назди Мо наздики ва мақоми боло ва дар охират бозгашти некӯест.
____________________
1. Дар Қуръон чӣ гуна будани хатогии Довуд алайҳиссалом зикр нашудааст, чун ба зикри он ниёзе нест. Тафсири Саъдӣ 1\711
26.   Эй Довуд, ҳароина, Мо туро дар замин ҷонишин сохтаем. Пас, дар миёни мардум ба дурустӣ доварӣ кун ва аз пайи ҳавои нафс марав, ки туро аз роҳи Аллоҳ гумроҳ месозад. Ҳароина, онон, ки аз роҳи Аллоҳ каҷрав мешаванд, ба он сабаб, ки рӯзи ҳисобро фаромӯш кардаанд, ба азоби сахте гирифтор мешаванд.(1)
____________________
1. Дар ин оят тавсия аст барои соҳибони амр, ки бо ҳақ ҳукм намоянд ва аз ҳақ берун нашаванд, вагарна аз роҳи ҳақ гумроҳ мешаванд.
27. Мо ин осмону замин ва он чиро, ки миёни онҳост, беҳуда наофаридаем. Ин гумони касонест, ки кофир шуданд. Пас, вой бар кофирон, ки рӯзи қиёмат аз азоби оташ бархурдор мешаванд.
28. Оё касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, монанди фасодкунандагон дар замин қарор хоҳем дод?
Ё парҳезгоронро чун гуноҳкорон қарор хоҳем дод? Чунин чиз дар ҳикмат ва ҳукми Аллоҳ лоиқ нест, балки мӯъминони парҳезгорро савоб медиҳад ва фасодкорони бадкорро азоб медиҳад.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1 \ 712
29. Китобе аст пурбаракат, ки онро бар ту эй Расул, нозил кардем, то дар оёташ бияндешанд ва ба роҳнамоии он амал намоянд ва хирадмандон бояд аз он панд гиранд.
30. Мо Сулаймонро бар Довуд бахшидем. Чӣ бандаи некӯе буд ва албатта, ӯ бисёр ба тоат ва хушнудии Аллоҳ руҷуъкунанда буд.
31. Ба ёд биёвар он гоҳ ки ба ҳангоми аср аспони тезрав, ба ӯ нишон дода шуд.
32.    Пас, гуфт Сулаймон: «Ҳароина, ман чунон шефтаи меҳри аспон шудам, ки
аз зикри Паврвардигорам бехабар гаштам, то офтоб дар пардаи ғуруб пӯшида шуд, (яъне намози аср қазо
шуд),
33.    он аспони нишондодаро назди ман бозгардонед». Пас, шурӯъ ба даст кашидан бар соқҳо ва гарданҳои онҳо кард.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\196
34.    Мо Сулаймонро озмудем ва бар тахти ӯ ҷасадеро(1) афкандем сипас ӯ рӯй
ба Аллоҳ овард ва тавба кард.
____________________
1. Он ҷасад писарбачаи норасе буд, ки яке аз ҳамсаронаш ба дунё оварда буд. Ин дар он замоне буд, ки ӯ қасам хӯрда буд, ки ба ҳама ҳамсарони худ наздик шавад ва онҳо ҳар якеашон ҷанговаре таваллуд кунанд, то дар роҳи Аллоҳ биҷанганд, вале "ин шо Аллоҳ" нагуфт. Магар онҳо якеашон писарбачаи норасое таваллуд кард.
35.    Гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро бибахш ва маро махсус мулке ато кун ва пас аз ман касе сазовори он набошад, ки ҳароина, ту бисёр бахшояндаӣ».
36.    Пас, бодро роми ӯ кардем, ки ба нармӣ ҳар ҷо ки мехост, ба фармони ӯ мерафт.
37. Ва низ шайтонҳоро, ки ҳам бинокор буданду ҳам ғавос(1) роми ӯ кардем.
____________________
1. Яъне, фурӯраванда буданд ба қаъри дарёву баҳрҳо барои берун овардани дурру марҷон.
38. Ва низ гурӯҳе дигарро, ки ҳама баста дар занҷири ӯ буданд.
39. Ин мулк ва фармонравоии азим, атои беҳисоби Мост, ба ҳар кас хоҳӣ онро бидеҳ ва хоҳӣ нигаҳ дор, ки туро дар ин бора ҳисобу китоб карда намешавад.
40. Бегумон барои Сулаймон назди Мо дар охират наздикӣ ва бозгашти некӯст.
41. Ва эй Расул, аз бандаи Мо Аюб ёд кун, он гоҳ ки Парвардигорашро нидо дод, ки ҳароина, маро шайтон ба ранҷу азоб афкандааст.
42. Пас, ба ӯ гуфтем: Поятро дар замин бикӯб: Ин обест барои шифо, то ба он шустушӯй кунӣ ва сард аст барои нӯшидан(1).
____________________
1. Аюб алайҳиссалом шустушуй кард ва нӯшид, дар ҳол аз тамоми дардҳои зоҳириву ботинӣ шифо ёфт. Тафсири Ибни Касир 7\74
43. Ва ба ӯ хонаводааш ва
ҳамчанди он аз дигар ёронро аз фарзандону наберагон ато кардем ва ин худ раҳмате аз Мо буд ва барои хирадмандон андарз ва панде бошад.
44.    Ба ба ӯ гуфтем: «Дастае аз химчаҳои борикро ба даст гир ва бо он занатро бизан ва савганди хешро машикан».(1) Ӯро (Аюбро) бандаи собире ёфтем. Чӣ некӯ бандае буд (Аюб)! Ҳароина, ӯ ба тоати Парвардигораш бисёр руҷӯъкунанда буд.
____________________
1.Муфассирон мегӯянд: Ҳамсари Аюб алайҳиссалом дар айёми беморӣ ҳамеша ӯро хидмат мекард, як бор дар хидмат кӯтоҳӣ намуд. Аюб алайҳиссалом хашмгин шуд ва савганд ёд кард, чун шифо ёбад ӯро сад тозиёна бизанад. Аллоҳ ӯро амр фармуд, ки дастаи хӯшаҳои хурмо, ки сад шоха дошта бошад, бигирад ва ӯро як зарба бизанад, ба сад зарба баробар мешавад. Тафсири Табарӣ 21 \ 214
45.    Эй Расул, бандагони Моро Иброҳиму Исо ва Яъқуб, ки дорои қудрату тавоноӣ дар тоат ва дорои биноӣ дар дин буданд, ба некӯӣ ёд кун!
46.    Ҳароина, Мо пок сохтем онҳоро барои хислати поке, ки он ёд кардани саройи охират аст. Пас, барои дарёфт кардани он сарой итоати Мо карданд ва мардумро ба сӯи он даъват намуданд.
47.    Ва ҳароина, онҳо дар назди Мо баргузидагону неконанд.
48.    Ва эй Расул, бандагони Моро Исмоил ва Ясаъ ва Зулкифлро ба некӯӣ ёд кун, ки ҳама аз зумраи неконанд.
49.    Ин Қуръон барои ту ва қавмат панде аст ва ҳароина, барои парҳезгорон бозгашти некӯест;
50.    биҳиштҳои ҷовидон, ки дарҳои он ба рӯяшон кушода аст.
51.    Дар он ҷо такя задаанд ва ҳаргуна меваву нӯшиданиҳои бисёре, ки бихоҳанд, металабанд.
52.    Ва назди онҳо ҳамсаронест ҳамсол, ки ҷуз ба шавҳарони хеш назар надоранд.
53.    Ин аст, он чизҳое, ки барои рӯзи ҳисоб ба шумо эй парҳезгорон, ваъда додаанд.
54.    Ҳароина, ин ризқи Мост барои шумо, ки онро ҳеҷ поёне нест.
55.    Ин (яъне, он чи зикр шуд, подоши парҳезгорон) аст. Ва бегумон, барои саркашон, ки дар куфру маъсият аз ҳад гузаштаанд, бадтарин бозгаштҳост.
56.    Ва ҷаҳаннам аст, ки дар он ворид мешаванд, пас чӣ бад оромгоҳест, ки барои онҳо омода шудааст.
57.    Ин азоб оби ҷӯшону чирк ва хунобаи дӯзахиёнро бояд бичашанд ва бинӯшанд.
58.   Ва азобу шиканҷаҳое дигар аз ҳар навъ доранд.
59.   Ҳангоме ки вориди ҷаҳаннам мешаванд, якдигарро дашном дода ва баъзеашон барои баъзе мегӯянд: Ин гурӯҳе аст, ки бо шумо
ба ҷаҳаннам медароянд.
Пас, ҷавоб медиҳанд: Хушомадашон мабод, ки албатта, онҳо дохилшудагон ба оташ ҳастанд чуноне, ки мо дохил шудаем.
60.   Сипас гӯянд пайравон ба сарварон: «Балки, хушомад шуморо мабод. Шумо ин азобро пешопеш барои мо фиристода будед, чӣ бад ҷойгоҳест»
61.   Гӯянд гӯруҳи пайравон: «Эй Парвардигори мо, ҳар кас ин азобро пешопеш барои мо омода кардааст, азобашро дар оташ дучандон афзун кун!»
62.   Ва гӯянд дӯзахиён ба ҳамдигар: «Чаро мардонеро, ки бо мо буданд дар дунё ва онҳоро аз зумраи бадкорон мешумурдем, акнун намебинем?
63.   Оё онҳоро ба масхара мегирифтем, воқеъан, мо иштибоҳ карда будаем ё ин
ки ҳамроҳи мо дар дӯзаханд, лекин аз назарҳо дур мондаанд?»
64.   Албатта, ин гуфтугӯ ва ҷидоли аҳли ҷаҳаннам бо якдигар, қатъан, рост аст ва дар вуқӯъи он ҳеҷ шакке нест.
65.   Бигӯ эй Расул, ба қавми худ: «Ҷуз ин нест, ки ман бимдиҳандае ҳастам, ки шуморо ба сабаби имон наоварданатон, аз омадани азоби Аллоҳ метарсонам ва ҳеҷ маъбуде ба ҷуз Аллоҳи яктои қаҳҳор нест, ки сазовори парастиш бошад, балки танҳо Ӯ таоло сазовори парастиш аст.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\235
66.   Ӯ, танҳо Парвардигори осмонҳову замин ва ҳар чӣ миёни онҳост. Ӯ таоло пирӯзманду ғолиб аст, дар интиқоми душманонаш ва омурзанда аст, барои ҳар касе, ки аз гуноҳонаш тавба кунад ва ба сӯй хушнудии Парвардигораш руҷӯъ намояд».(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\716
67.   Бигӯ эй Расул, ба қавми худ: «Ин Қуръон хабари бузурге аст,
68.   ки шумо аз нафъи он бехабареду рӯй мегардонед ва ба он амал намекунед.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\236
69.   Ман аз сокинони олами боло (фариштагон) чун дар бораи офариниши Одам, ки бо якдигар ҷидол ва гуфтутӯ мекарданд, хабаре надорам.(1)
____________________
1. Ин қисса дар ояти 30-юми сураи Бақара зикр шудааст.
70.   Танҳо аз он рӯй ба ман ваҳй мешавад, ки ман бимдиҳандае ошкор ҳастам, ки шуморо аз азоби Ӯ метарсонам ва шариаташро барои шумо баён медорам».
71.   Ёд кун эй Расул, барояшон вақте ки Парвардигорат ба фариштагон гуфт: «Ҳароина, ман башареро аз гил хоҳам офарид.
72.   Чун ҷасади ӯро бо пуррагӣ тамомаш кардам ва дар он аз рӯҳи худ дамидам, ҳама саҷдааш кунед».(1)
____________________
1. Мурод аз ин саҷда саҷдаи ибодат ва таъзим нест, балки саҷдаи салом ва эҳтиром аст. Аллоҳ дар шариати Ислом саҷда карданро барои ғайри Худ мутлақан ҳаром гардонд.
73.   Пас ҳамаи фариштагон фармонро баҷо оварда саҷда карданд,
74.   ғайри Иблис, ки саркашӣ карду аз кофирон шуд.
75.   Аллоҳ гуфт: «Эй Иблис, чӣ чиз туро аз саҷда кардан дар баробари он чи Ман бо ду дасти худ офаридам, манъ кард? (1) Оё такаббур бар Одам намудӣ ё аз ҷумлаи баландмартабагон бар Парвардигорат будӣ?»
____________________
1. Дар ин оят сифати ду дасти Аллоҳ бар ваҷҳе, ки лоиқ ба зоти Ӯст, исбот шудааст.
76.   Гуфт: «Ман аз ӯ (Одам) беҳтарам. Маро аз оташ офаридаӣ ва ӯро аз гил ва оташ аз гил беҳтараст».
77.   Гуфт Аллоҳ таоло: «Пас, аз ҷаннат берун шав, ки ба ростӣ ту рондашудаӣ.
78.   Ва ҳароина, то рӯзи қиёмат лаънати Ман бар ту хоҳад буд».
79.   Иблис гуфт: «Эй Паврвардигори ман, маро то рӯзе, ки мардум аз қабрҳояшон аз нав зинда шаванд, мӯхлат деҳ ва ҳалок насоз!»
80.   Аллоҳ гуфт: «Пас, ҳароина, ту аз мӯҳлатёфтагонӣ,
81.   то он рӯзи замони муайян».(1)
____________________
1. Ва он рӯзест, ки ҳама мемиранд, касе ва чизе дар ин дунё боқӣ намемонад.
82.   Иблис гуфт: «Ба иззати Ту савганд, ёд мекунам, ки ҳароина, ҳамаи онҳоро гумроҳ кунам,
83.   магар онҳое, ки аз бандагони мухлиси Ту бошанд ва дар паноҳи ту бошанд, гумроҳ карда натавонам».
84.   Аллоҳ гуфт: «Ҳақ аст он чи мегӯям ва рост аст ва ҷуз ҳақ намегӯям,
85.   ки албатта, ҷаҳаннамро аз ту ва фарзандонат ва аз ҳамаи пайравонат аз фарзандони Одам пур кунам».
86.   Бигӯ эй Расул, барои мушрикони қавмат: «Ман аз шумо дар баробари расонидани ин дин музде наметалабам ва нестам аз онҳое, ки ба дурӯғ чизе аз худ мебофанд, балки пайравӣ мекунам он чи ки ба ман ваҳй гуфта мешавад».(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\103
87.   Ва ин Қуръон ҷуз панде барои мардуми ҷаҳон нест. Ва ҳамаи манфиатҳои динӣ ва дунявии ҷаҳониёнро ба онҳо ёдоварӣ менамояд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\717
88. Ва албатта, эй мушрикон, хабари сидқи онро баъд аз муддате, ки Ислом ғолиб мешавад ва одамон гурӯҳ гурӯҳ дар он дохил мешаванд хоҳед донист. Ва инчунин вақте ки азоб бар шумо фуруд ояд.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 7\83
Icon