Ва аз он чи шаётин дар [аҳди] фармонравоии Сулаймон [бар мардум] мехонданд, пайравӣ карданд [ва муддаӣ шуданд, ки Сулаймон подшоҳии хешро бо сеҳр устувор кардааст] ва [ҳол он ки] Сулаймон [ҳаргиз даст ба сеҳр наолуд] ва кофир нашуд, вале шаётин [ки] куфр варзиданд ба мардум сеҳр меомӯхтанд ва [низ] аз он чи бар ду фаришта: Ҳорут ва Морут дар Бобул нозил шуда буд, [пайравӣ карданд, вале он ду фаришта] ба ҳеҷ кас чизе ёд намедоданд, магар ин ки [қаблан аз рӯйи хайрхоҳӣ ба ӯ] мегуфтанд: "Мо василаи озмоиш ҳастем, пас, [бо истифода бурдани сеҳр] кофир нашав". Онон [яҳудиён] аз он ду [фаришта] чизҳое меомӯхтанд, ки [битавонанд] тавассути он миёни марду ҳамсараш ҷудоӣ афкананд, ҳол он ки бидуни иҷозатти Аллоҳ таоло наметавонистанд ба василаи он ба касе зиёне бирасонанд ва чизе меомӯхтанд, ки [фақат] ба онон зиён мерасонад ва суде намедод ва ҳатман медонистанд, ки ҳар кас [муштоқу] харидори он [ҷодуҳо] бошад, дар охират баҳрае нахоҳад дошт. Агар [ҳақиқатро] медонистанд [мутаваҷҷеҳ мешуданд, ки] чи баду зишт буд он чи худро ба он фурӯхтанд!
الترجمة الطاجيكية - عارفي
102. Яҳудиён пайравӣ карданд, ба он чи шайтонҳо ҷодугаронро дар аҳди подшоҳии Сулаймон писари Довуд сухан мегуфтанд.
Ва Сулаймон кофир нашуд ва ҷодуро наомӯхт, валекин шайтонҳо, ки ба Аллоҳ кофир шуданд, мардумро барои вайрон кардани динашон, ҷоду меомӯзониданд. Ҳаминчунин яҳудиён пайравӣ карданд ҷодуе, ки ба ду малоика Ҳорут ва Морут фуруд оварда шуданд дар замини Бобил дар Ироқ. Ва ин имтиҳон ва санҷиши Аллоҳ барои бандагонаш буд. Ва он ду малоика ҳеҷ касро намеомӯзанд, магар он ки насиҳат мекарданд ва аз таълим гирифтани он бим мекарданд. Ва мегуфтанд: Мо барои озмоишем, ба таълим гирифтани ҷоду ва итоъат кардани шайтонҳо кофир машав! Пас мардум аз ду малоика ҷодуро ёд мегиранд, ки ба сабаби вай дар миёни мард ва зани вай ҷудоӣ меафкананд.
Ва ҷодугарон ба он сеҳр наметавонанд ба касе зиён расонанд, магар ба хост ва ҳукми Аллоҳ. Ва мардум он чиро ёд мегиранд, ки ба онҳо зиён мерасонад ва фоидае барояшон намедиҳад. Ба таҳқиқ шайтонҳо ин ҷодуро ба яҳудиён равон карданд ва дар байнашон ин авҷ гирифт, ҳатто ба гумроҳӣ дучор шуданд. Ва яҳудиён медонистанд, ҳар кас ҷодуро ихтиёр намояд ва ҳақро тарк кунад, ӯро дар охират ҳеҷ баҳрае нест. Чи бадие аст, ки онҳо ҷоду ва куфрро бар имон ва мутобиати расул иваз карданд. Кош инро медонистанд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1 \ 61 ва Тафсири Ибни Касир 1 \ 350

الترجمة الطاجيكية
وَٱتَّبَعُواْ مَا تَتۡلُواْ ٱلشَّيَٰطِينُ عَلَىٰ مُلۡكِ سُلَيۡمَٰنَۖ وَمَا كَفَرَ سُلَيۡمَٰنُ وَلَٰكِنَّ ٱلشَّيَٰطِينَ كَفَرُواْ يُعَلِّمُونَ ٱلنَّاسَ ٱلسِّحۡرَ وَمَآ أُنزِلَ عَلَى ٱلۡمَلَكَيۡنِ بِبَابِلَ هَٰرُوتَ وَمَٰرُوتَۚ وَمَا يُعَلِّمَانِ مِنۡ أَحَدٍ حَتَّىٰ يَقُولَآ إِنَّمَا نَحۡنُ فِتۡنَةٞ فَلَا تَكۡفُرۡۖ فَيَتَعَلَّمُونَ مِنۡهُمَا مَا يُفَرِّقُونَ بِهِۦ بَيۡنَ ٱلۡمَرۡءِ وَزَوۡجِهِۦۚ وَمَا هُم بِضَآرِّينَ بِهِۦ مِنۡ أَحَدٍ إِلَّا بِإِذۡنِ ٱللَّهِۚ وَيَتَعَلَّمُونَ مَا يَضُرُّهُمۡ وَلَا يَنفَعُهُمۡۚ وَلَقَدۡ عَلِمُواْ لَمَنِ ٱشۡتَرَىٰهُ مَا لَهُۥ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ مِنۡ خَلَٰقٖۚ وَلَبِئۡسَ مَا شَرَوۡاْ بِهِۦٓ أَنفُسَهُمۡۚ لَوۡ كَانُواْ يَعۡلَمُونَ
Ва ба афсуне, ки девҳо ба рӯзгори подшоҳии Сулаймон мехонданд, пайравӣ карданд ва Сулаймон кофир набуд, вале девҳо, ки мардумро ҷодугарӣ меомӯхтанд, кофир буданд. Ва низ он афсун, ки бар он ду фаришта ---- Ҳорут ва Морут дар Бобул нозил шуд, дар ҳоле, ки, он ду ба ҳар кас, ки ҷодугарӣ меомӯхтанд, мегуфтанд: «Кори мо фитна аст, мабод кофир шавӣ». Ва мардум аз он ду ҷодуҳе меомӯхтанд, ки метавонистанд миёни зану шӯй ҷудоӣ афкананд ва онон ҷуз ба фармони Худо ба касе зиёне намерасониданд ва он чӣ мардум меомӯхтанд, ба онҳо зиён мерасонид, на суд. Ва худ медонистанд, ки харидорони он ҷодуро дар охират баҳрае нест. Худро ба бад чизе фурӯхтанд, агар медонистанд!
Tajik - Tajik translation