Ва ҳангоме ки занонро талоқ додед ва [муддате] иддаи худро ба поён расонданд, [шумо, эй сарпарастон] ононро боз надоред, ки агар [бар асоси меъёрҳои шаръӣ] ба тарзи писандидае байни хеш ба тавофуқ расида буданд, бо шавҳарони [собиқи] худ издивоҷ кунанд. Ин [дастуре аст], ки ҳар яке аз шумо, ки ба Аллоҳ таоло ва рӯзи қиёмат имон дорад, ба он [ҳукм] панд дода мешавад; ва ин [дастур] бароятон пурбаракаттар ва покизатар аст; ва Аллоҳ таоло [хайру салоҳи шуморо] медонад ва шумо намедонед
الترجمة الطاجيكية - عارفي
232. Ва чун занонро талоқ додед ва ба поёни иддаи худ расиданд, онҳоро аз ин, ки ба шавҳарони (қаблии) худ издивоҷ кунанд манъ накунед. (Яъне шавҳараш хост бо ӯ издивоҷ кунад(1) ва зан ҳам мувофиқат кунад, барои сарпарасти зан аз тарафи падар ва ғайра ҷоиз нест, ки ба сабаби хашмгин будан бар шавҳар занро аз издивоҷ бо ӯ манъ кунанд.) Ин ҳамон чизе аст, ки ҳар кас аз шумо, ки ба Аллоҳ ва рӯзи охират имон дошта бошад, ба он панд дода мешавад. Он бароятон поктар ва беҳтар аст. Ва Аллоҳ медонад дар чи ҳаст некбахтии шумо ва шумо онро намедонед.
____________________
1. Зиндагӣ ба сар барад.
____________________
1. Зиндагӣ ба сар барад.
الترجمة الطاجيكية
وَإِذَا طَلَّقۡتُمُ ٱلنِّسَآءَ فَبَلَغۡنَ أَجَلَهُنَّ فَلَا تَعۡضُلُوهُنَّ أَن يَنكِحۡنَ أَزۡوَٰجَهُنَّ إِذَا تَرَٰضَوۡاْ بَيۡنَهُم بِٱلۡمَعۡرُوفِۗ ذَٰلِكَ يُوعَظُ بِهِۦ مَن كَانَ مِنكُمۡ يُؤۡمِنُ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِۗ ذَٰلِكُمۡ أَزۡكَىٰ لَكُمۡ وَأَطۡهَرُۚ وَٱللَّهُ يَعۡلَمُ وَأَنتُمۡ لَا تَعۡلَمُونَ
Ва чун занонро талоқ додед ва мӯҳлаташон гузашт, манъ накунед, ки ба никоҳи ҳамсарони худ — ҳар гоҳ ки миёнашон ризояте ҳосил шуда бошад — дароянд. Касе, ки аз шумо ба Худо ва рӯзи қиёмат имон оварда бошад, инчунин панд гирад. Ва ин шуморо беҳтар ва ба покӣ наздиктар аст. Худо медонад ва шумо намедонед!
Tajik - Tajik translation