Ва дар ҳақиқат, пеш аз он [ки Мӯсо бозгардад] Ҳорун низ ба онҳо гуфта буд: «Эй қавми ман, ҷуз ин нест, ки шумо бо ин гӯсола имтиҳон шудаед ва бе тардид, Парвардигори [ҳақиқии] шумо [Аллоҳи] Раҳмон аст; пас, пайрави ман бошед ва аз фармонам итоат кунед»
الترجمة الطاجيكية - عارفي
90. Албатта, Ҳорун низ пеш аз баргаштани Мӯсо ба онҳо гуфта буд: «Эй қавми ман, шуморо ба ин гӯсола озмудаанд, то мӯъмин аз кофир маълум гардад. Ҳамоно Парвардигори шумо Аллоҳи меҳрубон аст, аз пайи ман биёед ва дар тарки ибодати гӯсола фармонбардори ман бошед!»(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ. 5/290.
____________________
1. Тафсири Бағавӣ. 5/290.
الترجمة الطاجيكية
وَلَقَدۡ قَالَ لَهُمۡ هَٰرُونُ مِن قَبۡلُ يَٰقَوۡمِ إِنَّمَا فُتِنتُم بِهِۦۖ وَإِنَّ رَبَّكُمُ ٱلرَّحۡمَٰنُ فَٱتَّبِعُونِي وَأَطِيعُوٓاْ أَمۡرِي
Ҳорун низ пеш аз ин ба онҳо гуфта буд: «Эй қавми ман, шуморо ба ин гӯсола озмудаанд. Парвардигори шумо Худои раҳмон аст. Аз паи ман биёед ва фармонбардори ман бошед!»
Tajik - Tajik translation