Ва бе тардид, бисёре аз ҷинниён ва одамиёнро барои дузах офаридаем, [чаро ки] дилҳое доранд, ки бо онҳо [ҳақоиқро] дарк намекунанд ва чашмоне доранд, ки бо онҳо [нишонаҳои тавону тадбири илоҳиро] намебинанд ва гӯшҳое доранд, ки бо онҳо [суханони ҳақро] намешунаванд. Онон ҳамчун чаҳорпоёнанд, балки [аз онҳо ҳам] гумроҳтаранд. [Оре] Ононанд,ки [аз охират] ғофиланд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
179. Барои ҷаҳаннам бисёре аз ҷинну инсро биёфаридем. Онҳоро дидҳоест, ки ба он намефаҳманд амри охиратро ва умеди савоб надоранд ва аз азоби Аллоҳ наметарсанд ва онҳоро чашмҳоест, ки ба он чизеро, ки фоидаашон бошад, намебинанд ва гӯшҳоест, ки намешунаванд ҳақро, (яъне маъно ва фаҳмиши он дар дилҳояшон роҳ намеёбад.) Инҳо монанди чорпоёнанд, ки ақл надоранд, ҳатто гумроҳтар аз онҳоянд. Зеро чорпоён нафъ ва зарари худро дарк менамоянд. Инҳо худ аз имони ба Аллоҳ ва тоъаташ дар ғафлатанд. (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 13/280
____________________
1. Тафсири Табарӣ 13/280
الترجمة الطاجيكية
وَلَقَدۡ ذَرَأۡنَا لِجَهَنَّمَ كَثِيرٗا مِّنَ ٱلۡجِنِّ وَٱلۡإِنسِۖ لَهُمۡ قُلُوبٞ لَّا يَفۡقَهُونَ بِهَا وَلَهُمۡ أَعۡيُنٞ لَّا يُبۡصِرُونَ بِهَا وَلَهُمۡ ءَاذَانٞ لَّا يَسۡمَعُونَ بِهَآۚ أُوْلَـٰٓئِكَ كَٱلۡأَنۡعَٰمِ بَلۡ هُمۡ أَضَلُّۚ أُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡغَٰفِلُونَ
Барои ҷаҳаннам бисёре аз ҷинну инсро биёфаридем. Онҳоро дилҳоест, ки ба он намефаҳманд ва чашмҳоест, ки ба он намебинанд ва гушҳоест, ки ба он намешунаванд. Инҳо ҳамонанди чорпоёнанд, ҳатто гумроҳтар аз онҳоянд. Инҳо худ ғофилонанд.
Tajik - Tajik translation