[Эй мардум] Ӯст, ки шуморо аз як тан офарид ва ҳамсарашро аз ӯ падид овард, то дар канораш ором гирад. Пас, чун [Одам] бо вай [Ҳаво] даромехт, бордор шуд – бори сабук – ва [нахустин моҳҳои бордориро] гузаронд ва чун сангинбор шуд, Аллоҳ таоло – Парвардигори худро хонданд, ки: «Агар ба мо [фарзанди тандурусту] шоиста ато кунӣ, ҳатман, сипосгузор хоҳем буд»
الترجمة الطاجيكية - عارفي
189. Аллоҳ Зоте аст, ки ҳамаи шуморо аз як шахс биёфарид, (ки он падари шумо Одам аст.) Ва аз Одам занашро (Ҳавворо) биёфарид, то ба ӯ оромиш ёбад. Чун бо ӯ даромехт, ба боре сабук бордор шуд (1) ва чанде бо он рӯзгорро ба сар бурд. Ва чун бор вазнин гардид, он ду нафар, Аллоҳ, Парвардигори хешро бихонданд, ки агар моро фарзанде шоиста диҳӣ, аз сипосгузорон хоҳем буд!
____________________
1. Мурод аз "ҳамли сабук" марҳалаи аввалии халқи кудак (нутфа, хуни баста ва гӯштпора) мебошад ва "ҳамли вазнин" марҳалаи пеш аз таваллуд аст.
____________________
1. Мурод аз "ҳамли сабук" марҳалаи аввалии халқи кудак (нутфа, хуни баста ва гӯштпора) мебошад ва "ҳамли вазнин" марҳалаи пеш аз таваллуд аст.
الترجمة الطاجيكية
۞هُوَ ٱلَّذِي خَلَقَكُم مِّن نَّفۡسٖ وَٰحِدَةٖ وَجَعَلَ مِنۡهَا زَوۡجَهَا لِيَسۡكُنَ إِلَيۡهَاۖ فَلَمَّا تَغَشَّىٰهَا حَمَلَتۡ حَمۡلًا خَفِيفٗا فَمَرَّتۡ بِهِۦۖ فَلَمَّآ أَثۡقَلَت دَّعَوَا ٱللَّهَ رَبَّهُمَا لَئِنۡ ءَاتَيۡتَنَا صَٰلِحٗا لَّنَكُونَنَّ مِنَ ٱلشَّـٰكِرِينَ
Ӯст, ки ҳамаи шуморо аз як тан биефарид. Ва аз он як тан занашро низ биёфарид то ба ӯ оромиш ёбад. Чун бо ӯ якҷоя шуд, ба боре еабук ҳомила шуд ва муддате бо он гузаронд. Ва чун бор сангин гардид, он ду Оллоҳ Парвардигори худро бихонданд, ки агар моро фарзанде солеҳ диҳӣ, аз свпосгузорон хоҳем буд!
Tajik - Tajik translation