ترجمة معاني سورة الأحقاف باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية

خوجه ميروف خوجه مير

الترجمة الإنجليزية - صحيح انترناشونال
المنتدى الإسلامي
الترجمة الإنجليزية
الترجمة الفرنسية - المنتدى الإسلامي
نبيل رضوان
الترجمة الإسبانية
محمد عيسى غارسيا
الترجمة الإسبانية - المنتدى الإسلامي
الترجمة الإسبانية (أمريكا اللاتينية) - المنتدى الإسلامي
المنتدى الإسلامي
الترجمة البرتغالية
حلمي نصر
الترجمة الألمانية - بوبنهايم
عبد الله الصامت
الترجمة الألمانية - أبو رضا
أبو رضا محمد بن أحمد بن رسول
الترجمة الإيطالية
عثمان الشريف
الترجمة التركية - مركز رواد الترجمة
فريق مركز رواد الترجمة بالتعاون مع موقع دار الإسلام
الترجمة التركية - شعبان بريتش
شعبان بريتش
الترجمة التركية - مجمع الملك فهد
مجموعة من العلماء
الترجمة الإندونيسية - شركة سابق
شركة سابق
الترجمة الإندونيسية - المجمع
وزارة الشؤون الإسلامية الأندونيسية
الترجمة الإندونيسية - وزارة الشؤون الإسلامية
وزارة الشؤون الإسلامية الأندونيسية
الترجمة الفلبينية (تجالوج)
مركز رواد الترجمة بالتعاون مع موقع دار الإسلام
الترجمة الفارسية - دار الإسلام
فريق عمل اللغة الفارسية بموقع دار الإسلام
الترجمة الفارسية - حسين تاجي
حسين تاجي كله داري
الترجمة الأردية
محمد إبراهيم جوناكري
الترجمة البنغالية
أبو بكر محمد زكريا
الترجمة الكردية
حمد صالح باموكي
الترجمة البشتوية
زكريا عبد السلام
الترجمة البوسنية - كوركت
بسيم كوركورت
الترجمة البوسنية - ميهانوفيتش
محمد مهانوفيتش
الترجمة الألبانية
حسن ناهي
الترجمة الأوكرانية
ميخائيلو يعقوبوفيتش
الترجمة الصينية
محمد مكين الصيني
الترجمة الأويغورية
محمد صالح
الترجمة اليابانية
روايتشي ميتا
الترجمة الكورية
حامد تشوي
الترجمة الفيتنامية
حسن عبد الكريم
الترجمة الكازاخية - مجمع الملك فهد
خليفة الطاي
الترجمة الكازاخية - جمعية خليفة ألطاي
جمعية خليفة الطاي الخيرية
الترجمة الأوزبكية - علاء الدين منصور
علاء الدين منصور
الترجمة الأوزبكية - محمد صادق
محمد صادق محمد
الترجمة الأذرية
علي خان موساييف
الترجمة الطاجيكية - عارفي
فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام
الترجمة الطاجيكية
خوجه ميروف خوجه مير
الترجمة الهندية
مولانا عزيز الحق العمري
الترجمة المليبارية
عبد الحميد حيدر المدني
الترجمة الغوجراتية
رابيلا العُمري
الترجمة الماراتية
محمد شفيع أنصاري
الترجمة التلجوية
مولانا عبد الرحيم بن محمد
الترجمة التاميلية
عبد الحميد الباقوي
الترجمة السنهالية
فريق مركز رواد الترجمة بالتعاون مع موقع دار الإسلام
الترجمة الأسامية
رفيق الإسلام حبيب الرحمن
الترجمة الخميرية
جمعية تطوير المجتمع الاسلامي الكمبودي
الترجمة النيبالية
جمعية أهل الحديث المركزية
الترجمة التايلاندية
مجموعة من جمعية خريجي الجامعات والمعاهد بتايلاند
الترجمة الصومالية
محمد أحمد عبدي
الترجمة الهوساوية
الترجمة الأمهرية
محمد صادق
الترجمة اليورباوية
أبو رحيمة ميكائيل أيكوييني
الترجمة الأورومية
الترجمة التركية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة الفرنسية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة الإندونيسية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة الفيتنامية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة البوسنية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة الإيطالية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة الفلبينية (تجالوج) للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة الفارسية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
Dr. Ghali - English translation
Muhsin Khan - English translation
Pickthall - English translation
Yusuf Ali - English translation
Azerbaijani - Azerbaijani translation
Sadiq and Sani - Amharic translation
Farsi - Persian translation
Finnish - Finnish translation
Muhammad Hamidullah - French translation
Korean - Korean translation
Maranao - Maranao translation
Abdul Hameed and Kunhi Mohammed - Malayalam translation
Salomo Keyzer - Flemish (Dutch) translation
Norwegian - Norwegian translation
Samir El - Portuguese translation
Polish - Polish translation
Romanian - Romanian translation
Elmir Kuliev - Russian translation
Albanian - Albanian translation
Tatar - Tatar translation
Japanese - Japanese translation
محمد جوناگڑھی - Urdu translation
Ma Jian - Chinese translation
Turkish - Turkish translation
King Fahad Quran Complex - Thai translation
Ali Muhsin Al - Swahili translation
Abdullah Muhammad Basmeih - Malay translation
Hamza Roberto Piccardo - Italian translation
Indonesian - Indonesian translation
Bubenheim & Elyas - German / Deutsch translation
Bosnian - Bosnian translation
Hasan Efendi Nahi - Albanian translation
Sherif Ahmeti - Albanian translation
Sahih International - English translation
Czech - Czech translation
Abul Ala Maududi(With tafsir) - English translation
Tajik - Tajik translation
Alikhan Musayev - Azerbaijani translation
Muhammad Saleh - Uighur; Uyghur translation
Abdul Haleem - English translation
Mufti Taqi Usmani - English translation
Muhammad Karakunnu and Vanidas Elayavoor - Malayalam translation
Sheikh Isa Garcia - Spanish; Castilian translation
Divehi - Divehi; Dhivehi; Maldivian translation
Abubakar Mahmoud Gumi - Hausa translation
Mahmud Muhammad Abduh - Somali translation
Knut Bernström - Swedish translation
Jan Trust Foundation - Tamil translation
Mykhaylo Yakubovych - Ukrainian translation
Uzbek - Uzbek translation
Diyanet Isleri - Turkish translation
Ministry of Awqaf, Egypt - Russian translation
Abu Adel - Russian translation
Burhan Muhammad - Kurdish translation
Dr. Mustafa Khattab, The Clear Quran - English translation
Dr. Mustafa Khattab - English translation
الترجمة الإنجليزية - مركز رواد الترجمة
الترجمة الفرنسية - محمد حميد الله
الترجمة البوسنية - مركز رواد الترجمة
الترجمة الصربية - مركز رواد الترجمة - جار العمل عليها
الترجمة الألبانية - مركز رواد الترجمة - جار العمل عليها
الترجمة اليابانية - سعيد ساتو
الترجمة التاميلية - عمر شريف
الترجمة السواحلية - عبد الله محمد وناصر خميس
الترجمة اللوغندية - المؤسسة الإفريقية للتنمية
الترجمة الإنكو بامبارا - ديان محمد
الترجمة العبرية
الترجمة الإنجليزية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
الترجمة الروسية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
الترجمة البنغالية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
الترجمة الصينية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
الترجمة اليابانية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
ترجمة معاني القرآن الكريم - عادل صلاحي
عادل صلاحي

الترجمة الطاجيكية

خوجه ميروف خوجه مير

الناشر

مجمع الملك فهد

آية رقم 1
1.       Ҳо Мим. (Зикри ҳарфҳои муқаттъа дар авалли сураи Бақара гузашт.)
آية رقم 2
2.       Ин Қуръон китобест нозил гардида аз ҷониби Аллоҳи пирӯзманде, ки мағлуб намешавад ва дар тадбиру кардаҳояш боҳикмат аст.
3.       Мо осмонҳову замин ва он чиро, ки дар миёни он ду аст, барҳақ(1) ва дар муддати муайян офаридаем. Ва кофирон аз он чи Қуръон бимашон медиҳад, рӯй мегардонанд.
____________________
1. Яъне, то бидонанд бандагон бузургии Парвардигорашонро ва Ӯро ягона ибодат кунанд ва бидонанд, ки Ӯ таъоло қодир аст бандагонро баъд аз маргашон дубора зинда баргардонад, то ки ҳақ ва адлро дар байнашон то вақти муайян кардашуда барпо кунад. Тафсири Саъдӣ 1/ 779
4.       Бигӯ эй Паёмбар барои кофирон: Оё дидед он чиро ба ҷуз Аллоҳ мепарастед (аз бутон мурдагон ва тоғутҳо), ба ман нишон диҳед, ки аз ин замин чӣ чизро офаридаанд? Ё дар хилқати (офаридани) осмонҳо бо ҳамроҳи Аллоҳ ширкат доштаанд? Агар рост мегӯед, барои ман китобе, ки пеш аз ин Қуръон омада бошад ё агар донише аз пешиниён мондааст, биёваред!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22\92
5.        Ва кист гумроҳтар аз он, ки ба ҷуз Аллоҳ чизеро ба дуъо мехонад, ки то рӯзи қиёмат ба ӯ ҷавоб намедиҳад, чунки онҳо (бутон, ё мурдагон, ё сангҳо ва дарахтон ва монанди инҳо) аз дуъои бутпарастон бехабаранд, на худ мешунаванд ва на мефаҳманд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\252
6.        Ва чун дар қиёмат мардумро барои ҳисобу китоб ҷамъ оранд, бутон бо парастандагони хеш душман бошанд ва ибодаташонро инкор кунанд.
7.        Ва чун оёти равшани Мо ба он мушрикон хонда шавад, кофирон Қуръонеро, ки барояшон нозил шудааст, гӯянд: «Ҷодуи ошкор аст».
8.        Ё мегӯянд мушрикон: Ин Қуръон дурӯғест, ки худ Муҳаммад бофтааст! Бигӯ эй Паёмбар: Агар ман онро чун дурӯғе ба ҳам бофта бошам, шумо наметавонед хашми Аллоҳро аз ман боздоред.
Аллоҳ аз он таънаҳое, ки ба ин Қуръон мезанед, огоҳтар аст. Ва шаҳодати Ӯ миёни ману шумо кофист. Ва Ӯст омӯрзандаи тавбакунандагон, меҳрубони бандагони муъмин!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/779
9.       Бигӯ эй Паёмбар ба мушрикони қавмат: Ман аз миёни дигар паёмбарон нахустин паёмбар нестам, (яъне, пеш аз ман низ дигар паёмбарони Аллоҳ гузаштаанд ва шумо медонед, пас чаро аз паёмбарии
ман ҳайрон шуда инкор мекунед) ва намедонам, ки бар ман ё бар шумо дар дунё чӣ хоҳад расид, чунки илми ғайб намедонам. Ман аз чизе ҷуз он чӣ ба ман ваҳй мешавад, пайравй намекунам ва шуморо низ ба он амр намекунам ва ман ҷуз бимдиҳандаи ошкоре нестам.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/779
10.   Бигӯ эй Паёмбар ба мушрикони қавмат: «Ба ман хабар диҳед, агар Қуръон
аз ҷониби Аллоҳ бошад ва шумо ба он имон наоваред ва яке аз мардони бани Исроил (мисли Абдулло ибни Салом)(1) ба он гувоҳӣ диҳад ва имон биоварад, вале шумо гарданкашӣ кардед, оё ситамгар нестед? Албатта, Аллоҳ таъоло мардуми ситамкорро ба сӯи Ислом ҳидоят намекунад!»
____________________
1. Яъне, Абдулло ибни Салом, олими аҳли китоб, ки аз илми Таврот бо хабар буд аз омадани паёмбари охири замон огоҳӣ дошт ва ба паёмбарии Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) имон овард. Тафсири Бағавӣ 7/254
11.   Ва кофирон ба мӯъминон гуфтанд: «Агар он чи ки Муҳаммад аз Қуръон ва нубувват овардааст хубие мебуд, инҳо дар пазируфтанаш бар мо сабқат ва пешдастӣ намекарданд». Ва чун ба василаи Қуръон роҳи ҳидоят наёфтанд, пас мегӯянд, ки ин Қуръон дурӯғи дерина аст.
12.   Ва пеш аз ин Қуръон китоби Мӯсо (яъне Таврот) барои бани Исроил роҳнамову раҳмат буд ва ба он иқтидо мекарданд. Ва ин Қуръон китобест тасдиқкунандаи китобҳои пешина, ба забони арабӣ нозил шудааст, то ситамкорон (кофирон)-ро биме ва некӯкорон (мӯъминон)-ро муждае бошад.
13.   Албатта, онон, ки гуфтанд, Парвардигори мо Аллоҳ аст ва баъд дар имонашон мустаҳкам истоданд, пас ҳеҷ тарсу андӯҳе нест барояшон аз тарси қиёмат ва бар он чизҳое, ки дар дунё боқӣ гузоштаанд баъд аз маргашон, андӯҳгин намешаванд.
14.   Инҳо аҳли биҳиштанд ва (ба раҳмати Аллоҳ) дар он ҷо ҷовидон бошанд, ба сабаби амалҳои шоистае, ки дар дунё мекарданд.
15.   Ва одамиро ба некӣ кардан бо падару модари худ дар ҳаёташон ва баъд аз маргашон амр кардаем. Албатта модараш ӯро ҳангоми ҳомилагӣ бо душворӣ бардошт ва ба душворӣ ба замин ниҳод (яъне, таваллуд кард). Ва муддати ҳамл ва то аз шир ҷудо шуданаш, сӣ моҳ аст,(1) то чун ба синни ҷавонӣ (пурқувватӣ) расад ва ба чиҳилсолагӣ медарояд, дуъо карда мегӯяд: «Эй Парвардигори ман, ба ман тавфиқ деҳ, то шукри неъмате, ки бар ман ва бар падару модарам арзонӣ доштай, ба ҷой орам ва кори
шоиста бикунам, ки Ту аз он хушнуд шавӣ ва фарзандони маро солеҳ гардон. Албатта тавба кардам аз тамоми гуноҳҳоям ва бозгаштам ба сӯи Ту. Ҳамоно ман аз зумраи мусулмононам».(2)
____________________
1. Ин оят далел аст ба бартар будани ҳаққи модар аз падар. 2. Яъпе, аз онҳое, ки сар фуруд оварданд барои тоаътат ва таслим шудаанд ба амрҳоят ва наҳйҳоят.
16.   Инҳо касоне ҳастанд, ки корҳои некашонро мепазирем ва аз гуноҳашон дармегузарем. Дар зумраи аҳли биҳиштанд. Ин ваъдаи ростине аст, ки ба онҳо дода мешавад.
17.   Ва касе, ки ба падару модараш, гуфт: «Уф (безорам) аз шумо, оё ба ман ваъда медиҳед, ки аз гӯрам зинда берун оварда хоҳам шуд ва ҳол он ки мардуме пеш аз ман будаанд ва зинда нашуданд. Ва он ду (волидайн) аз даргоҳи Аллоҳ мепурсанд ҳидояташро ва гӯянд: «Вой бар ту, имон биёвар, ки албатта, ваъдаи Аллоҳ ҳақ аст ҳамаро зинда мекунад!», мегӯяд: «Инҳо (яъне, он чи ки шумо дар бораи зинда шудани пас аз марг мегӯед) ҷуз ҳамон афсонаҳои пешиниён нест!»(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22\118
18.   Дар бораи инҳо(1) ҳамон сухан, ки (воҷиб шудани азоб) дар бораи умматҳои пешин аз ҷинну инс гуфта шуда буд, собит шуда буд. Ҳароина, инҳо зиёнкорон буданд.
____________________
1. Яъне, онҳое, ки ба Аллоҳ ва ба дубора аз нав зинда шудан имон надоранд. Тафсири Табарӣ 22/119
19.   Ва барои ҳар як аз ду гӯруҳ (аҳли хайр ва аҳли шар) нисбат ба корҳое, ки кардаанд, назди Аллоҳ дараҷотест, то ки Аллоҳ подоши корҳояшонро, ки дар дунё кардаанд, ба пуррагӣ бидиҳад ва ба онон ситам нашавад, на бар гуноҳашон афзуда мешавад ва на аз хубиҳояшон кам карда мешавад.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\781
20.   Ва рӯзе, ки кофиронро бар оташ барои азоб пешкаш кунанд, ба онон гуфта шавад: шумо дар зиндагии дунявӣ аз чизҳои покиза ва хуш баҳраманд шудед ва онҳоро аз байн бурдед. Имрӯз эй кофирон, ба азобу хорӣ дар дӯзах подошатон медиҳанд. Ва ин ба он сабаб аст, ки дар замин бе ҳеҷ ҳаққе гарданкашӣ мекардед ва исёнгарӣ пеш гирифта будед.
21.   Ва ба ёд биёвар эй паёмбар, бародари қавми Одро,(1) ки чун қавми худро дар Аҳқоф(2) аз омадани азоби илоҳӣ тарсонд ва ба ростӣ пеш аз ӯ паёмбароне буданд ва рафтанду пас аз ӯ паёмбароне омаданд, бо ин паём, ки ҷуз Аллоҳи якторо напарастед, ки ҳароина, ман аз азоби рӯзи бузурги қиёмат бар шумо метарсам ба сабаби ширк оварданатон.(3)
____________________
1. Яъне, паёмбари Аллоҳ Ҳуд (алайҳис салом)-ро, бародари насабӣ на динӣ. 2. Яъне, ҷануби ҷазираи Арабистон (регистонҳои Яман). Тафсири Саъдӣ 1/782 3. Тафсири Табарӣ 22\125
22.   Қавми Ҳуд гуфтанд: «Оё омадаӣ, бо дурӯғҳоят то моро аз парастиши маъбудонамон баргардонӣ? Пас агар рост мегӯӣ, ҳар чӣ ба мо ваъда медиҳӣ, аз азоби бузург ба миён биёвар».
23.   Гуфт (Ҳуд алайҳис салом):
Ин ваъдаи омадани азобро танҳо Аллоҳ медонад ва ман фиристодаи Аллоҳ ҳастам ва он чиро ба он фиристода шудаам, ба шумо мерасонам. Вале мебинам, ки мардуми нодон ҳастед, дар талаб кардани азоб ва нофармонӣ карданатон ба Аллоҳ.
24.   Пас чун қавми Ҳуд азобро дар ҳайати абре диданд, ки рӯй оваранда ба сӯи водиҳояшон, гуфтанд: Ин абрест, ки борон меорад ба мо. Пас гуфт Ҳуд алайҳиссалом ба онон: Не, балки ин ҳамон азобе аст, ки ба шитоб талаб намудед омадани онро. Ин бодесг, ки дар он уқубату азоби дарднок аст.
25.   Бо фармон ва хоҳиши Парвардигораш ҳама чизро нобуд мекунад. Пас чунон шуданд, ки ҷуз хонаҳояшон чизи дигаре дида намешуд. Мо ин тавр гунаҳгоронро (ба сабаби туғёнашон) ҷазо медиҳем.(1)
____________________
1. Ба сабаби гуноҳҳояшон. Тафсири Бағавӣ 7/263
26.   Ва ҳамоно ба қавми Од дар дунё чунон тавоноию қудрат дода будем, ки ба шумо надодаем эй куффори Қурайш. Барояшон хӯши, шунаво то бишунаванд ва чашмҳои бино то бубинанд ва дилҳо то дарк кунанд, қарор дода будем. Вале гӯшу чашму дилашон ба ҳолашон ҳеҷ фоидае накард,(1) чунки оёти Аллоҳро инкор мекарданд ва он азоберо, ки ба масхарааш мегирифтанд, онҳоро фаро гирифт.
____________________
1. Яъне, ин неъматҳоро дар роҳи гуноҳ ва ғазаби Аллоҳ истифода бурданд.
27.   Ба таҳқиқ, Мо ҳамаи деҳаҳоеро(1), ки дар атрофи шумо (эй аҳли Макка) буданд, ҳалок кардем ва Мо оёти худро ба суратҳои гуногун баён доштем, бошад, ки онҳо аз куфри худ баргарданд.
____________________
1. Деҳаҳои қавми Од ва Самуд.
28.   Пас, чаро касонеро, ки ба ғайри Аллоҳ (барои наздикӣ ба Аллоҳи ягона) маъбуд гирифта буданд, ёриашон накарданд, балки аз назарашон гум шуданд?(1) Ин дурӯғ ва бофтаҳои онҳо буд, (яъне, ақида доштанд, ки бутҳо моро ба Аллоҳ наздик месозанд)!(2)
____________________
1. Яъне, аз онҳо пушту бонӣ накарданд ва ёриашон накарданд. Тафсири Саъдӣ 1/783
2. Тафсири Табарӣ 22\133
29.   Ва ба ёд овар эй паёмбар, чун гурӯҳе аз ҷинҳоро назди ту равона кардем, то Қуръонро бишнаванд. Чун ба наздаш расиданд ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Қуръон мехонд, гуфтанд: «Хомӯш бошед, то Қуръонро бишнавем!
Пас чун тиловати Қуръон ба поён расид ҳамоно Қуръон ба онҳо таъсир кард, онҳо ба сӯи қавми худ, ҳушдордиҳанда бозгаштанд, то онҳоро аз азоби Илоҳӣ битарсонанд, агар имон наоранд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22/140
30.   Гуфтанд: «Эй қавми мо, ҳароина, мо китоберо шунидем, ки баъд аз Мӯсо нозил шуда, китобҳои пешинро, ки ба паёмбаронаш нозил кардааст, тасдиқ мекунад ва ба ҳақ ва роҳи рост роҳ менамояд.
31.   Эй қавми мо, суханҳои ин фиристодаи Аллоҳ (Муҳаммад)-ро қабул кунед ва ба ӯ имон биёваред, то Аллоҳ гуноҳҳоятонро биёмӯрзад ва шуморо аз азоби дардовар дар амон Дорад.
32.   Ва ҳар касе, ки қабул накунад даъвати даъваткунандаи Аллоҳро, ки даъват мекунад ба сӯи Аллоҳ, наметавонад, дар рӯйи замин аз азоби Аллоҳи барҳақ бигурезад ва ӯро ҷуз Аллоҳи барҳақ ҳеҷ ёваре нест ва дар гумроҳии ошкорест!»
33.   Оё намебинанд ва надонистаанд, Аллоҳе, ки осмонҳову заминро нахустин бор биёфарид(1), дар офаридани онҳо оҷиз намондааст. Ӯ тавоност, бар он ки мурдагонро зинда кунад. Бале, ин кор ба Аллоҳ осон аст. Ӯ бар ҳар коре тавоност!
____________________
1. Бе ғайри мисоли пешина, яъне аз дигар осмон ё замине руй бардор карда нашудааст.
34.   Ва рӯзи қиёмат, ки кофирон бар оташи дӯзах барои азоб пешкаш карда шаванд, пас гуфта шавад ба онон: Оё ин азоб ҳақ нест? Гӯянд: «Бале, савганд ба Парвардигорамон!» Парвардигорашон мефармояд: «Ба хотири куфре(1), ки меварзидаед, азобро бичашед!»
____________________
1. Яъне, инкор мекардед дар дунё азоби дузахро. Тафсири Табарӣ 22/144
35.   Пас, сабр кун эй паёмбар, ба озору азияти мушрикон, ҳамчунон ки паёмбарони улулазм(1) сабр карда буданд. Ва дар азоб додани онҳо шитоб макун. Он рӯз, ки он ваъдаеро, ки ба онҳо дода шудааст, бингаранд, пиндоранд, ки ҷуз дар дунё ба қадри соате аз рӯз ҳаёт надидаанд. Ин хабар асту бас барои онон ва ғайрашон.
Пас танҳо мардуми фосиқи бадкор, ҳалок (азоб) карда мешаванд.
____________________
1. Яъне, ҳиммати олидошта ба мисли Нӯҳ, Иброҳим, Мӯсо, Исо ва ту эй Паёмбар (саллаллоху алайка ва алайҳимуссаллоту ва саллом). Тафсири ибни Касир 7/305
تقدم القراءة