ترجمة سورة الجمعة

الترجمة الطاجيكية - عارفي
ترجمة معاني سورة الجمعة باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية - عارفي .
من تأليف: فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام .

Он чи дар осмонҳо ва он чи дар замин аст, тасбеҳи Аллоҳ таоло мегӯянд; [Аллоҳ таоло] ки фармонраво, муназзаҳ [ва] пирӯзманду ҳаким аст
Ӯст, ки аз миёни бесаводон паёмбаре аз миёни худашон барангехт, ки оятҳояшро бар онҳо бихонад ва эшонро пок гардонад ва ба онон Китоб [Қуръон] ва ҳикмат биёмӯзад; агарчи пеш аз ин дар гумроҳии ошкор буданд
Ва [ин паёмбар] бар гурӯҳи дигаре аз онон [низ мабъус шудааст], ки ҳанӯз ба онҳо [наслҳои пешин] напайвастаанд; ва Ӯ шикастнопазири ҳаким аст
Ин фазли Аллоҳ таоло аст, ки онро ба ҳар кас, ки бихоҳад, мебахшад; ва Аллоҳ таоло дорои фазли азим аст
Масали касоне, ки [амал ба] Таврот ба онон таклиф шуд, вале онро [чунончи бояду шояд] риоя накарданд, ҳамчун харест, ки китобҳоеро ҳамл мекунад [аммо аз он чизе намефаҳмад]. Чи бад аст масали гурӯҳе, ки оёти илоҳиро такзиб карданд! Ва Аллоҳ таоло гурӯҳи ситамгоронро ҳидоят намекунад
Бигӯ: «Эй яҳудиён, агар гумон доред, ки [танҳо] шумо дӯстони Аллоҳ таоло ҳастед, на мардуми дигар, пас, агар рост мегӯед, орзуи марг кунед»
Вале онҳо ба хотири он чи аз пеш фиристодаанд, ҳаргиз он орзуро нахоҳанд кард; ва Аллоҳ таоло [аз ҳоли] ситамгорон огоҳ аст
[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Он марге, ки аз он фирор мекунед, яқинан, ба шумо хоҳад расид, сипас ба сӯйи [Аллоҳ таоло он] донои ғайб ва ошкор бозгардонда мешавед; он гоҳ шуморо аз он чи анҷом медодед, огоҳ месозад»
Эй касоне, ки имон овардаед, ҳангоме ки дар рӯзи ҷумъа барои намоз азон гуфта шавад, ба сӯйи [намозу] зикри Аллоҳ таоло бишитобед ва хариду фурӯшро раҳо кунед. Агар бидонед, ин барои шумо беҳтар аст
Пас, ҳангоме ки намоз поён ёфт, [барои касби ризқу рӯзӣ] дар замин пароканда шавед ва аз фазли Аллоҳ таоло талаб кунед; ва Аллоҳро бисёр ёд кунед, то растагор шавед
[Эй Паёмбар, бархе аз ин мардум] Ҳангоме ки тиҷорат ё саргармие бубинанд, [аз атрофи ту] ба сӯйи он пароканда мешаванд ва туро истода [бар минбар] раҳо мекунанд. Бигӯ: «Он чи дар назди Аллоҳ таоло аст, беҳтар аз саргармӣ ва тиҷорат аст; ва Аллоҳ таоло беҳтарин рӯзидиҳанда аст»
Icon