ترجمة سورة إبراهيم

الترجمة الطاجيكية - عارفي
ترجمة معاني سورة إبراهيم باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية - عارفي .
من تأليف: فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام .

Алиф, лом, ро. Ин [Қуръон] китобест, ки бар ту нозил кардем, то мардумро ба фармони Парвардигорашон аз торикиҳо [-и ширку ҷаҳл] ба рӯшноӣ [-и имон ва дониш] берун оварӣ, ба роҳи [Парвардигори] шикастнопазири сутуда
Ҳамон] Аллоҳ таоло, ки он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст ва вой бар кофирон аз азобе сахт!
Касоне, ки зиндагии дунёро бар охират тарҷеҳ медиҳанд ва [мардумро] аз роҳи Аллоҳ таоло бозмедоранд ва он роҳро мунҳариф мехоҳанд, инон дар гумроҳии дуру дарозе ҳастанд
Мо ҳеҷ паёмбареро ҷуз ба забони қавмаш нафиристодем, то [битавонад паёми илоҳиро] барояшон баён кунад. Аллоҳ таоло ҳар киро бихоҳад, [ба адолати хеш] гумроҳ месозад ва [ба фазли хеш] ҳар киро бихоҳад, ҳидоят мекунад ва Ӯ шикастнопазири ҳаким аст
Ва ба ростӣ, Мо Мӯсоро бо нишонаҳое равшани худ фиристодем [ва ба ӯ дастур додем], ки: «Қавматро аз торикиҳо [-и куфр] ба рӯшноии [тавҳид] берун овар ва рӯзҳои Аллоҳро ба онон ёдоварӣ кун. Бе тардид, дар ин [ёдоварӣ] барои ҳар шикебои шукргузор нишонаҳое [аз яктоӣ ва бузургии Аллоҳ таоло] аст
Ва [эй паёмбар, ёд кун аз] ҳангоме ки Мӯсо ба қавмаш гуфт: «Неъмати Аллоҳро бар худ ба ёд оваред, он гоҳ, ки аз [чанголи] фиръавниён наҷотатон дод, ки бадтарин [ва сахттарин] азобро бар саратон меоварданд: писаронатонро мекуштанд ва занонатонро [барои канизӣ] зинда мегузоштанд ва дар ин [амр] аз ҷониби Парвардигоратон барои шумо озмоише бузург буд [то шикебоиятонро биёзмояд]»
Ва [ёд кунед аз] ҳангоме ки Парвардигоратон фармуд, ки: «Агар шукр гузоред, яқинан, [неъматамро] бар шумо меафзоям ва агар носипосӣ кунед, яқинан, азоби ман сахт аст»
Ва Мӯсо ба [онон] гуфт: «Агар шумо ва ҳамаи мардуми рӯи замин кофир шавед, пас, [ба Аллоҳ таоло ҳеҷ зиёне намерасад, чаро ки] бе тардид, Аллоҳ таоло бениёзи сутуда аст»
[Эй кофирон] Оё хабари [ҳалокати] касоне, ки пеш аз шумо буданд, [монанди] қавми Нуҳ ва Од ва Самуд ва [низ] онон, ки баъд аз эшон буданд [ва] ҷуз Аллоҳ таоло касе аз онон хабар надорад, ба шумо нарасидааст? Паёмбаронашон бо далоил [-у муъҷизот]-и равшан ба сӯяшон омаданд, вале онон [ба нишонаи мухолифат] дастҳояшонро бар даҳонҳояшон ниҳоданд ва [ангушт ба дандон газиданду] гуфтанд: «Мо он чиро, ки шумо барои [иблоғи] он фиристода шудаед, инкор мекунем ва дар бораи он чи моро ба сӯяш мехонед, сахт дар тардидем»
Паёмбаронашон гуфтанд: «Оё дар [ягонагии] Аллоҳ таоло – Офаринандаи осмонҳо ва замин тардиде ҳаст? Ӯ шуморо [ба имон] фаро мехонад, то гуноҳонатонро бибахшояд ва ба шумо то муддати муайяне муҳлат диҳад». Онон гуфтанд: «Шумо ҷуз башаре ҳаммонанди мо нестед, [ва] мехоҳед моро аз он чи ки падаронамон мепарастиданд, боздоред. Пас, далели ошкоре [дар мавриди ростгӯиятон] бароямон биёваред»
Паёмбаронашон ба онон гуфтанд: «[Оре] Мо ҷуз инсонҳое монанди шумо нестем, вале Аллоҳ таоло бар ҳар як аз бандагонаш, ки бихоҳад [бо неъмати нубувват] миннат мениҳад ва сазовор нест, ки мо ҷуз ба иҷозати Аллоҳ таоло барои шумо далеле биёварем. Пас, муъминон бояд бар Аллоҳ таоло таваккал кунанд
Ва чаро бар Аллоҳ таоло таваккал накунем ва ҳол он ки ӯ моро ба роҳҳои [саодат]-амон ҳидоят намуд? Ва мо бар озоре, ки [дар роҳи рисолат] ба мо мерасонед, ҳатман, шикебоӣ мекунем ва таваккалкунандагон бояд фақат бар Аллоҳ таоло таваккал кунанд»
Ва касоне, ки куфр варзиданд ба паёмбаронашон гуфтанд: «Ё шуморо аз сарзаминамон берун мекунем ё ба оини мо бозгардед». Пас, Парвардигорашон ба онон ваҳй кард, ки: «Яқинан ситамгоронро нобуд мекунем
Ва ҳатман, шуморо пас аз онон дар замин ҷой хоҳем дод. Ин [азобу подош] барои касест, ки аз истодан [ба ҳангоми ҳисобрасӣ] дар пешгоҳи ман битарсад ва аз таҳдидам биҳаросад»
Ва [паёмбарон аз Аллоҳ таоло] дархости пирӯзӣ [бар кофиронро] карданд ва [саранҷом] ҳар гарданкаши ситезаҷӯ ноком [-у нобуд] шуд
[Ҳамон ки] Дузах пешорӯи ӯст ва ба вай обе аз чирки хунолуди [дузахиён] менӯшонанд
[Обе] Ки онро ҷуръа-ҷуръа меошомад ва [аз фарти тааффуну талхӣ] фурӯ бурданаш осону гуворо нест ва марг аз ҳар тараф рӯ ба сӯяш меоварад, вале намемирад ва азобе сахт [-у саҳмгине] пешорӯйи ӯст
Масали касоне, ки ба Правардигорашон куфр варзидаанд, [ин аст, ки] рафторашон ҳамчун хокистарест, ки дар рӯзи тӯфонӣ бод бар он мевазад, ки аз он чи кардаанд, чизе дар даст надоранд. Ин ҳамон гумроҳии дуру дароз аст
[Эй инсон] Оё надидӣ, ки Аллоҳ таоло осмонҳо ва заминро ба ҳақ офаридааст? Агар бихоҳад, шуморо [аз миён] мебарад ва офаринише ҷадид [ба ҷоятон падид] меоварад
Ва ин [кор] бар Аллоҳ таоло душвор нест
Ва [рӯзи қиёмат] ҳамагӣ дар пешгоҳи Аллоҳ таоло ҳозир [-у ошкор] мешаванд, пас, [дар ин ҳангом] ситамдидагон ба касоне, ки гарданкашӣ мекарданд, мегӯянд: « Мо [дар дунё] пайрави шумо будем, пас, оё [имрӯз] метавонед, чизе аз азоби Аллоҳро аз мо боздоред»? Онон мегӯянд: «Агар Аллоҳ таоло моро [дар дунё ба сӯйи растагорӣ] роҳнамоӣ мекард, мо низ роҳро ба шумо нишон медодем. Чи бетобӣ кунем ё шикебоӣ намоем, бароямон яксон аст. [Ҳеҷ] Гурезгоҳе надорем»
Ва чун кори [доварӣ] анҷом шуд, шайтон мегӯяд: «Бе тардид, Аллоҳ таоло ба шумо ваъда дод ва ваъдаи росту дуруст ва ман ба шумо ваъда[-и дурӯғин] додам ва бо шумо хилофи ваъда кардам ва ман бар шумо ҳеҷ тасаллуте надоштам, ҷуз ин ки даъвататон кардам ва шумо [низ] иҷобатам намудед. Пас, маро сарзаниш накунед ва худро сарзаниш кунед. [Имрӯз] На ман фарёдраси шумо ҳастам ва на шумо фарёдраси ман ҳастед. Ман безорам аз ин ки пеш аз ин маро [бо Аллоҳ таоло] шарик мегирифтед. Ситамгорони [мушрик] азобе пурдард хоҳанд дошт
Ва касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд, ба боғҳои [биҳиште] дароварда мешаванд, ки ҷӯйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст. Ба фармони Парвардигорашон дар он ҷовидонанд ва дурудашон дар он ҷо «салом» аст
[Эй паёмбар] Оё надидӣ, ки Аллоҳ таоло чи гуна масал задааст? Калимаи пок [-и ло илоҳа иллаллоҳ] ҳамчун дарахти [нахли тануманду] покест, ки решааш [дар аъмоқи замин] устувор аст ва шохааш бар осмон [сар бароварда] аст
Меваашро ҳар лаҳза ба фармони Парвардигораш медиҳад ва Аллоҳ таоло [барои ҳидояти мардум] масалҳо мезанад, бошад, ки панд гиранд
Ва масали калимаи палид [ширк] ҳамчун дарахти палидест, ки аз замин барканда шуда [ва ҳеҷ] қарору суботе надорад
Аллоҳ таоло касонеро, ки имон овардаанд, дар зиндагии дунё ва дар охират бо сухани устувор [-и тавҳид] собит мегардонад ва ситамгарон [-и мушрик]-ро гумроҳ мекунад ва Аллоҳ таоло ҳар чи бихоҳад мекунад
Оё надидӣ он касоне [аз Қурайш]-ро, ки [сипоси] неъмати Аллоҳ таоло [Ҳарами амн ва вуҷуди паёмбар]-ро ба [носипосӣ ва] куфр бадал карданд ва қавмашонро ба сарои ҳалок дароварданд?
[Он сарои ҳалок] Дузах аст, [ки] дар он ворид мешаванд ва чи бад ҷойгоҳест!
[Мушрикон] Барои Аллоҳ таоло ҳамтоёне қарор додаанд, то [мардумро] аз роҳи Ӯ гумроҳ кунанд. Бигӯ: «[Чанд рӯзе аз неъматҳои дунё] Баҳра гиред, пас, яқинан бозгаштатон ба сӯйи оташи [дузах] аст»
[Эй паёмбар] ба бандагони ман, ки имон овардаанд, бигӯ, намоз барпо доранд ва аз он чи рӯзиашон кардаем, пинҳоу ошкор инфоқ кунанд, пеш аз он ки рӯзе фаро расад, ки дар он на хариду фурӯшест ва на дӯстие
Аллоҳ таоло аст, ки осмонҳо ва заминро офарид ва аз осмон обе фурӯ фиристод ва бо он [анвои] меваҳоро барои рӯзии шумо падид овард ва киштиҳоро ба хидмататон гумошт, то ба фармонаш дар дарё равон бошанд ва ҷуйборҳоро [низ] дар хидмати шумо ниҳод
Ва хуршеду моҳро, ки пайваста [дар мадори худ] равонанд ва [ҳамчунин] шабу рӯзро ба хидмататон гумошт
Ва аз ҳар он чи аз ӯ хостед, ба шумо бахшид ва агар неъмати Аллоҳро бишморед, [чунон фаровон аст, ки] наметавонед онро шумориш кунед. Ба ростӣ, ки инсон, [дар ҳаққи хеш] ситамгор [ва нисбат ба Аллоҳ таоло] носипос аст
Ва [ёд кун аз] Иброҳим ҳангоме ки гуфт: «Парвардигоро, ин шаҳр [Макка]-ро амн бигардон ва ману фарзандонамро аз парастиши бутҳо дур бидор
Парвардигоро, ба ростӣ, ки онҳо [бутҳо] бисёре аз мардумро [бо тасаввури шафоат] гумроҳ сохтаанд, пас, ҳар ки [дар яктопарастӣ] аз ман пайравӣ кунад, яқинан, аз ман аст ва ҳар ки аз ман нофармонӣ кунад, пас, бе тардид, ту омурзандаи меҳрубонӣ
Парвардигоро, ман бархе фарзандонам [Исмоил ва хонадонаш]-ро дар замини беобу кишт назди хонаи муҳтарам [-у шукӯҳманд]-и Ту ҷой додам. Парвардигоро, [чунин кардам] то намоз барпо доранд, пас, дилҳои бархе аз мардумро чунон кун, ки ба сӯйи онон [ва ин сарзамин] мутамоил гардад ва ба эшон аз маҳсулоти [мавриди ниёзашон] рӯзӣ бибахш, бошад, ки сипос гузоранд
Парвардигоро, ту он чиро, ки пинҳон мекунему ошкор месозем, [ҳамаро] медонӣ ва чизе дар замину осмон аз Аллоҳ таоло пӯшида нест
Ситоиш аз они Аллоҳ таоло аст, ки дар куҳансолӣ Исмоил ва Исҳоқро ба ман ато фармуд. Бе тардид, Парвардигорам шунавандаи дуост
Парвардигоро, маро барподорандаи намоз қарор бидеҳ ва аз фарзандонам [низ чунин кун]. Парвардигоро, дуоямро бипазир
Парвардигоро, ман ва падару модарам ва [ҳамаи] муъминонро рӯзе, ки ҳисоб барпо мешавад, биёмурз»
Ва [эй паёмбар, ҳаргиз] мапиндор, ки Аллоҳ таоло аз он чи ситамгорон мекунанд, ғофил аст. [На, балки кайфари] ононро барои рӯзе ба таъхир меафканад, ки чашмҳо дар он [аз ваҳшат] хира мешаванд
Дар ҳоле ки [ба сӯйи мунодии маҳшар] шитобонанд ва сарҳоро боло гирифтаанд [ва бо беқарорӣ ба осмон менигаранд] ва чашм бар ҳам намезананд ва дилҳояшон [аз ваҳшат] тиҳӣ гаштааст
Ва [эй паёмбар] мардумро аз рӯзе битарсон, ки азоби илоҳӣ ба суроғашон меояд, пас, онон, ки [бо куфру ширк ба хеш] ситам кардаанд, мегӯянд: «Парвардигоро, андаке ба мо муҳлат бидеҳ, то [ба дунё бозгардем ва] даъвататро посух гӯем ва аз паёмбарон пайравӣ кунем. [Гуфта шавад] «Шумо набудед, ки пештар савганд мехӯрдед, ки шуморо фаное нест»?
Ва [магар на ин аст, ки] дар хонаҳои касоне, ки [бо ширку носипосӣ] ба хештан ситам карда буданд [қавми Ҳуд ва Солеҳ] сокин шудед ва бароятон равшан шуд, ки [чун куфр варзиданд] бо онон чи гуна рафтор кардем ва [аз саргузашти пешиниён] бароятон масалҳо задем [вале боз ҳам панд нагирифтед]
Ва онон ниҳояти найранги худро [барои мухолифат бо паёмбар ва куштани ӯ] ба кор бурданд ва макрашон назди Аллоҳ таоло [ошкор] аст, ҳарчанд найрангашон [чунон заиф аст, ки] наметавонад кӯҳҳоро аз ҷой бардорад
Пас, ҳаргиз мапиндор, ки Аллоҳ таоло ваъдаи хешро [дар бораи пирӯзии ҳақ] бо паёмбаронаш хилоф мекунад. Бе тардид, Аллоҳ таоло шикастнопазири додситон аст
Дар он рӯз [ин] замин ба замине дигар ва осмонҳо [ба осмонҳои дигар] табдил мешаванд ва [мардум] дар муқобили Аллоҳи ягонаи пирӯзманд зоҳир мегарданд
Ва гунаҳгоронро дар он рӯз мебинӣ, ки дар занҷирҳо баста шудаанд
Ҷомаҳояшон аз қири гудохта аст ва оташ суратҳояшонро мепӯшонад
То Аллоҳ таоло ҳар киро ба [сазои] он чи кардааст, кайфар диҳад. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло дар ҳисобрасӣ сареъ аст
Ин [Қуръон] паёме расо барои мардум аст [то ба василаи он ҳидоят шаванд] ва бо он ҳушдор ёбанд ва бидонанд, ки Ӯ маъбуде яктост ва то хирадмандон панд гиранд
Icon