Ва [эй паёмбар, ёд кун аз] ҳангоме ки Аллоҳ таоло Иброҳимро бо суханон [-и фарогир бар аҳкому таколифи шаръӣ] озмуд ва ӯ ҳамаро ба хубӣ ба анҷом расонд. [Аллоҳ таоло ба вай] Фармуд: "Ман туро пешвои мардум қарор медиҳам". [Иброҳим] гуфт: "[Парвардигоро] Аз фарзандонам [низ пешвоёне қарор бидеҳ, то мардум ба онон иқтидо кунанд]". [Аллоҳ таоло] Фармуд: "Аҳду паймони Ман [бо ту дар мавриди пешвои дин] ба ситамгорон намерасад"
الترجمة الطاجيكية - عارفي
124. Эй Паёмбар, ба ёд ор вақтеро, ки Парвардигори Иброҳим ӯро ба чанд калимае (1) биёзмуд ва Иброҳим ҳамаи он корҳоро пурра ба анҷом расонид. Аллоҳ ба ӯ гуфт: «Ман туро пешвои мардум мегардонам». Иброҳим гуфт: «Ва аз фарзандони ман низ пешвоён пайдо кун!» Аллоҳ фармуд: «Пешвоӣ дар дин ба ситамкорон намерасад».
____________________
1. Яъне аз амру наҳйҳо. Тафсири ибни Касир 1\405
____________________
1. Яъне аз амру наҳйҳо. Тафсири ибни Касир 1\405
الترجمة الطاجيكية
۞وَإِذِ ٱبۡتَلَىٰٓ إِبۡرَٰهِـۧمَ رَبُّهُۥ بِكَلِمَٰتٖ فَأَتَمَّهُنَّۖ قَالَ إِنِّي جَاعِلُكَ لِلنَّاسِ إِمَامٗاۖ قَالَ وَمِن ذُرِّيَّتِيۖ قَالَ لَا يَنَالُ عَهۡدِي ٱلظَّـٰلِمِينَ
Ва Парвардигори Иброҳим ӯро ба коре чанд биёзмуд ва Иброҳим он корҳоро ба тамомӣ ба анҷом расонид. Худо гуфт: «Ман туро пешвои мардум гардонидам». Гуфт: «Фарзандонамро ҳам?» Гуфт: «Паймони ман ситамкоронро дар бар нагирад».
Tajik - Tajik translation