Ва дар роҳи Аллоҳ таоло инфоқ кунед ва [бо фирор аз майдони ҷиҳод ва тарки инфоқ] худро бо дасти хештан ба ҳалокат наафканед ва некӣ кунед, [ки] ба ростӣ Аллоҳ таоло накукоронро дӯст медорад
الترجمة الطاجيكية - عارفي
195. Эй мӯъминон, ҳамеша дар роҳи Аллоҳ барои нусрати динаш ва ҷиҳод дар роҳи Ӯ харҷ кунед ва худатонро ба дасти хеш аз тарки ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ ва харҷ накардан дар роҳи Аллоҳ ба ҳалокат маяндозед ва некӣ кунед (дар харҷ кардан ва тоъат) ва амалатонро холис барои Аллоҳ кунед, ки Аллоҳ аҳли ихлос ва некӯкоронро дӯст медорад.
الترجمة الطاجيكية
وَأَنفِقُواْ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ وَلَا تُلۡقُواْ بِأَيۡدِيكُمۡ إِلَى ٱلتَّهۡلُكَةِ وَأَحۡسِنُوٓاْۚ إِنَّ ٱللَّهَ يُحِبُّ ٱلۡمُحۡسِنِينَ
Дар роҳи Худо харҷ кунед ва худатонро ба дасти хеш ба ҳалокат маяндозед ва некӣ кунед, ки Худо некӯкоронро дӯст дорад.
Tajik - Tajik translation