Ва [яҳудиён барои пайравӣ накардан аз Муҳаммад (с) аз рӯйи тамасхур] гуфтанд: "Дилҳои мо пӯшида ва дар ғилоф аст", [чунин нест] балки Аллоҳ таоло онро ба сазои куфрашон лаънат кардааст, пас, [ба ҳамин далел аст, ки] бисёр кам имон меоваранд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
88. Бани Исроил барои Паёмбари Аллоҳ ва расулаш Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд: «Дилҳои мо дар парда аст ва сухани ту ба қалби мо намегузарад». На, амр ин тавр нест, чунон ки иддао карданд, балки дилашон лаънат карда шудааст ва бар он муҳре ниҳода шудааст ва аз раҳмати Аллоҳ, ба сабаби куфре, ки меварзанд, берун шуданд. Пас каме аз онҳо имон меоваранд ва ҳол он ки имонашон ба онҳо нафъ намерасонад.
الترجمة الطاجيكية
وَقَالُواْ قُلُوبُنَا غُلۡفُۢۚ بَل لَّعَنَهُمُ ٱللَّهُ بِكُفۡرِهِمۡ فَقَلِيلٗا مَّا يُؤۡمِنُونَ
Гуфтанд: «Дилҳои мо дар парда аст». На, Худо ононро ба сабаби куфре, ки меварзанд, нафрин кардааст ва чӣ андак имон меоваранд!
Tajik - Tajik translation