Пас [Сулаймон] аз сухани он [мӯрча] хандид ва гуфт: «Парвардигоро, ба ман тавфиқ бидеҳ, то шукри неъматеро, ки бар ман ва бар падару модарам арзонӣ доштаӣ ба ҷой оварам ва [ёриам кун, то] коре шоистае анҷом диҳам, ки мояи хушнудиат гардад ва ба раҳмати хеш маро дар ҷамъи бандагони шоистаат ворид кун”
الترجمة الطاجيكية - عارفي
19. Сулаймон аз сухани он мӯрча табассум карду гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро тавфиқ деҳ, то шукри неъмати туро, ки бар ман ва падару модари ман арзонӣ доштаӣ, ба ҷой оварам ва тавфиқ ато фармо то корҳои шоистае кунам, ки ту хушнуд шавӣ ва маро ба раҳмати худ дар шумори бандагони шоистаат дарор!»
الترجمة الطاجيكية
فَتَبَسَّمَ ضَاحِكٗا مِّن قَوۡلِهَا وَقَالَ رَبِّ أَوۡزِعۡنِيٓ أَنۡ أَشۡكُرَ نِعۡمَتَكَ ٱلَّتِيٓ أَنۡعَمۡتَ عَلَيَّ وَعَلَىٰ وَٰلِدَيَّ وَأَنۡ أَعۡمَلَ صَٰلِحٗا تَرۡضَىٰهُ وَأَدۡخِلۡنِي بِرَحۡمَتِكَ فِي عِبَادِكَ ٱلصَّـٰلِحِينَ
Сулаймон аз сухани ӯ лабханд заду гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро тавфиқ деҳ то шукри неъмати туро, ки бар ман ва падару модари ман арзонӣ доштаӣ, ба ҷой оварам ва корҳои шоистае кунам, ки ту хушнуд шавӣ ва маро ба раҳмати худ дар шумори бандагони шоистаат даровар!»
Tajik - Tajik translation