ترجمة سورة الكهف

الترجمة الطاجيكية - عارفي
ترجمة معاني سورة الكهف باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية - عارفي .
من تأليف: فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام .

Ҳамду сипос махсуси Аллоҳ таоло аст, ки Қуръонро бар бандааш [Муҳаммад] нозил кард ва ҳеҷ гуна инҳирофе дар он қарор надод
[Китобе] Устувор то [кофиронро] аз азобе сахт аз ҷониби Ӯ [Аллоҳ таоло] бим диҳад ва ба муъминоне, ки корҳои шоиста мекунанд, мужда диҳад, ки подоши накуе барояшон [дар пеш] аст
[Ҳамон биҳиште] ки ҷовидона дар он хоҳанд монад
Ва [низ] касонеро, ки гуфтанд: «Аллоҳ таоло фарзанде [барои худ] баргузида аст», бим диҳад
На худашон ба ин [гуфтори нодуруст] илм [-у яқин] доранд на падаронашон. Сухани бисёр нописандест, ки аз даҳонашон берун меояд [ва] ҷуз дурӯғ намегӯянд
Пас, [эй Паёмбар] наздик аст, агар [қавмат ба ин сухан [Қуръон]] имон наёваранд, дар пайи [беимонии] онон худро [аз таассуф ва андӯҳ] ҳалок кунӣ
Дар ҳақиқат, Мо он чиро, ки рӯйи замин аст, зеваре барои он қарор додаем, то ононро биёзмоем, ки кадомашон накукортаранд
Ва Мо [пас аз поёни ҳаёт] он чиро, ки рӯйи замин аст, ба биёбоне хушк ва бегиёҳ табдил хоҳем кард
Оё пиндоштаӣ, ки [моҷарои] асҳоби Каҳф ва он сангнавишта [ки номашон бар он ҳак шуда буд] аз ҷумлаи нишонаҳои шигифтангез [ва ғайримумкини] Мо будааст?
Ҳангоме ки он ҷавонмардон ба ғор паноҳ бурданд ва гуфтанд: «Парвардигоро, моро аз ҷониби хеш раҳмате арзонӣ дор ва дар кори [ҳиҷрати] мо бароямон ҳидоят ва наҷот фароҳам соз»
Пас, дар он ғор бар гӯшҳояшон то солиёни дароз [пардае аз сукуту оромиш] задем [то ба хоб раванд]
Сипас бедорашон кардем, то бидонем кадом як аз он ду гурӯҳ муддатеро, ки [дар хоб] мондаанд, дурусттар ҳисоб кардааст
[Эй Паёмбар] Мо достони ононро, ба дурустӣ, бароят бозгӯ мекунем. Онон ҷавононе [шоиста] буданд, ки ба Парвардигорашон имон оварда буданд ва Мо [низ] бар ҳидояташон афзудем
Ва дилҳояшонро [бар имон] устувор сохтем, он гоҳ ки [дар баробари подшоҳи кофир] қиём карданд ва гуфтанд: «Парвардигори мо парвардигори осмонҳо ва замин аст; ва ҳаргиз ҷуз ӯ маъбудеро намепарастем, ки он гоҳ [агар чунин кунем] сухане газофу нораво гуфтаем»
[Сипас ба ҳамфикронашон гуфтанд:] «Ин қавми мо [ки] ба ҷои Ӯ [Аллоҳ таоло] маъбудоне [дигар] баргузидаанд, чаро далели ошкоре бар [ҳаққонияти] онон намеоваранд? Пас, кист ситамгортар аз он ки бар Аллоҳ таоло дурӯғ баст [ва барояш шарик қоил шуд]?
Ва чун аз онон ва аз он чи ба ҷойи Аллоҳ таоло мепарастанд, канорагирӣ кардед, пас, ба ғор паноҳ бибаред, то Парвардигоратон аз [сояи] раҳмати хеш бар шумо бигустаронад ва дар коратон [осоишу] кушоише падид оварад
Ва [эй Муҳаммад, агар он ҷо будӣ] хуршедро медидӣ, ки вақте тулуъ мекунад, ба самти рост [-и ғор] мутамоил мегардад ва вақте ғуруб мекунад, аз самти чапи онон дур мешуд [ва гармо озорашон намедод]; ва онон дар маҳалле густарда аз он [ғор] буданд. Ин аз нишонаҳои [қудрати] Аллоҳ таоло аст. Ҳар киро Аллоҳ таоло ҳидоят кунад, пас, ӯ ҳидоятёфта [-и воқеӣ] аст ва ҳар киро гумроҳ кунад, ҳаргиз дӯст [ва] роҳнамое барояш намеёбӣ
Ва [агар ба онҳо нигоҳ мекардӣ] мепиндоштӣ, бедоранд; дар ҳоле ки [бо чашмони боз] хуфта буданд; ва Мо ононро ба паҳлуи росту чап мегардондем [то баданашон осеб набинад]; ва сагашон бар остонаи ғор [нишаста ва ба ҳолати посбонӣ] дастҳояшро кушода буд. Агар [нигоҳашон мекардӣ ва] аз ҳолашон огоҳ мешудӣ, ҳатман, [аз ваҳшат] фирор мекардӣ ва дилат аз тарси онон лабрез мешуд
Ва ҳамчунон [ки хобашон кардем] ононро [аз хоб] бедор намудем, то байни худ аз якдигар суол кунанд. Яке аз онон гуфт: «Чи муддат дар хоб мондед?» [Бақия] Гуфтанд: «Як рӯз ё бахше аз як рӯз». [Саранҷом] Гуфтанд: «Парвардигоратон донотар аст, ки чи қадар [дар ин ҳолат] мондаед. Пас, [акнун] як нафар аз худатонро бо ин сикка[-ҳоя]-тон ба шаҳр бифиристед, то бубинад, кадом як аз [фурушандагони он ҷо косибӣ ва] ғизояш покизатар аст ва аз [назди] ӯ ғизое бароятон биёварад; ва бояд [дар рафтуомаду харид пинҳонкорӣ ва] зиракӣ намояд ва ҳеҷ касро аз [ҳоли] шумо огоҳ насозад
Бе тардид, агар онон [маконатонро бидонанд ва] бар шумо даст ёбанд, сангсоратон мекунанд ё шуморо ба оини хеш бозмегардонанд ва дар он сурат, ҳаргиз растагор нахоҳед шуд
Ва бад-ин гуна [мардуми он сарзамин]-ро аз ҳоли онон огоҳ кардем, то бидонанд, ки ваъдаи Аллоҳ таоло [дар бораи ёрии муъминон ва барангехтани мурдагон] росту дуруст аст ва ин ки дар [фаро расидани] қиёмат тардиде нест. Ҳангоме ки [мардуми шаҳр] байни худ [дар бораи он ҷавонмардони мутаваффо] дучори ихтилоф шуданд, пас, гурӯҳе гуфтанд: «Деворе бар [вуруди] он [ғор] бисозед. Парвардигорашон ба ҳоли онон огоҳтар аст». Бархе дигар, ки [ноогоҳ буданд ва нуфузу] қудрат доштанд, гуфтанд: «[Ба нишонаи бузургдошт] Бар [ғори] эшон парастишгоҳе месозем»
[Дар бораи теъдодашон] Хоҳанд, гуфт: «Се нафар буданд ва чаҳорумини онон сагашон буд». Ва [гурӯҳе] мегӯянд: «Панҷ нафар буданд ва шашумини онон сагашон буд» - [ки албатта] ҳама аз рӯи ҳадс ва гумон аст – ва [гурӯҳе] мегӯянд: «Ҳафт нафар буданд ва ҳаштумини онон сагашон буд». Бигӯ: «Парвадигорам аз теъдоди онон огоҳтар аст [ва] ҷуз гурӯҳе андак теъдодашонро касе намедонад. Пас, дар бораи онон гуфтугӯе мухтасар [ва баҳсе ором ва гузаро] дошта бош ва дар бораи онон аз ҳеҷ кас суол накун
Ва ҳаргиз дар мавриди коре нагӯ: «Фардо онро анҷом медиҳам»
Магар ин ки [бигӯӣ] «Иншоаллоҳ»; ва ҳар гоҳ фаромӯш кардӣ, [бо гуфтани ин лафз] Парвардигоратро ёд кун ва бигӯ: «Умедворам Парвардигорам маро ба роҳе раҳнамун гардад, ки аз ин [роҳ] ба ҳидоят [ва салоҳ] наздиктар бошад»
Ва онон [асҳоби Каҳф] сесад сол дар ғорашон [дар ҳолати хоб] монданд ва нуҳ сол [низ] бар он афзуданд
[Эй паёмбар] Бигӯ: «Аллоҳ таоло аз [муддати] монданашон [дар ғор] огоҳтар аст; ғайби осмонҳо ва замин аз они Ӯст. [Ба ростӣ, ки] Ӯ чи бино ва чи шунаво аст! Онон [ҷаҳониён] ба ҷуз Ӯ ҳеҷ [дӯсту] корсозе надоранд ва Ӯ ҳеҷ касро дар ҳукм [-у фармон]-и хеш шарик намесозад»
Ва [эй паёмбар] аз китоби Парвардигорат он чиро ба ту ваҳй шудааст, тиловат кун. Ҳеҷ кас тағйирдиҳандаи суханони Ӯ [Аллоҳ таоло] нест ва ҳаргиз паноҳгоҳе ҷуз Ӯ намеёбӣ
Ва худро [бар мусоҳибат] бо касоне ҳамроҳ [ва шикебо] гардон, ки Парвардигорашонро бомдод ва шомгоҳ мехонанд [ва бо он ки фақиранд, танҳо] ризоияти Ӯро мехоҳанд; ва ҳаргиз чашмонатро аз онон барнагардон, то зеварҳои дунё [ва ҳамнишинӣ бо ашроф ва қудратмандон]-ро бихоҳӣ ва [ҳамчунин] аз касе пайравӣ накун, ки дилашро аз ёди хеш ғофил сохтаем ва аз ҳавои нафси хеш пайравӣ карда ва кораш табоҳ аст
[Эй паёмбар, ба мушрикон] бигӯ: «[Ин Қуръон сухани] Ҳақ аст аз ҷониби Парвардигоратон; пас, ҳар ки мехоҳад, имон оварад ва ҳар ки мехоҳад, кофир шавад». Мо барои ситамгорон оташе омода кардаем, ки саропардаҳояш ононро аз ҳар сӯ фаро мегирад; ва агар [дар талаби об] фарёдрасе биҷӯянд, бо обе ҳамчун миси гудохта ба фарёдашон мерасанд; [обе, ки ҳарораташ] чеҳраҳоро бирён мекунад. Чи бад нушиданӣ ва чи бад ҷойгаҳе аст!
Касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом додаанд [ба яқин, бидонанд, ки] Мо подоши касеро, ки кори накӯ карда бошад, ҳаргиз табоҳ намекунем
Ононанд, ки биҳиштҳои ҷовидонӣ доранд, ки [аз зери дарахтони] онҳо ҷӯйборҳо ҷорӣ аст. Дар он ҷо бо дастбандҳои заррин ороста мешаванд ва ҷомаҳои [фохири] сабзранг аз ҳарири нозук ва ҳарири захим бар тан мекунанд, дар ҳоле ки бар тахтҳо такя задаанд. Чи подоши шоиста ва чи наку ҷойгоҳе аст!
Ва [эй паёмбар] барои онон мисоле бизан: ду мард [кофир ва муъмин], ки барои яке аз онон [ки кофир аст] ду боғи ангур қарор додем ва перомуни он ду [боғ]-ро бо дарахтони нахл пӯшонидем ва миёни он киштзоре [пурбор] ниҳодем
Ҳар ду боғ мева медод ва чизе аз он намекост; ва миёни он ду [боғ] наҳре бузург ҷорӣ кардем
Ӯ [соҳиби боғ] меваҳое [бисёр ва даромаде фаровон] дошт; пас, ба дӯсти худ, ки бо ӯ гуфтугӯ мекард, гуфт: «Сарвати ман аз ту бештар аст ва аз лиҳози хонавода [ва нафарон] аз ту тавонмандтарам»
Ва ӯ дар ҳоле ба боғи хеш дохил шуд, ки [ба хотири куфру ғурур] дар ҳаққи хеш ситамгор буд; [пас, ба дӯсташ рӯ оварда] гуфт: «Гумон намекунам, ки ин [боғ] ҳаргиз нобуд гардад
Ва гумон намекунам, ки қиёмат барпо гардад; ва агар [қиёмате дар кор бошад ва] ба сӯйи Парвардигорам бозгарданда шавам, ҳатман, ҷойгоҳе беҳтар аз ин меёбам»
Дӯсташ, ки бо вай гуфтугӯ мекард, ба ӯ гуфт: «Оё ба он касе, ки туро аз хок [ва] сипас аз нутфа офарид ва сипас туро марде [комил] сомон дод, кофир шудаӣ?
Аммо ман [мегӯям:] Ӯ Аллоҳ таоло парвардигори ман аст ва ҳеҷ касро бо Парвардигорам шарик намедонам
Вақте вориди боғат шудӣ, чаро нагуфтӣ, ҳар чи Аллоҳ таоло бихоҳад [ҳамон мешавад] ва ҳеҷ неруе ҷуз ба [таъйиди] Аллоҳ таоло нест? Агар мебинӣ ман аз назари молу фарзанд аз ту камтарам [муҳим нест]
Чи басо Парвардигорам [чизе] беҳтар аз боғи ту ба ман бидиҳад ва аз осмон чунон азобе [оташбор] бар боғат фурӯ борад, ки [табдил ба замин] бегиёҳи лағжандае гардад
Ё обаш дар [аъмоқи замин чунон] фурӯ равад, ки ҳаргиз натавонӣ ба он даст биёбӣ»
[Саранҷом азоби илоҳӣ фаро расид] Ва тамоми меваҳояшро дар бар гирифт [ва нобуд шуд]. Ва ӯ ба хотири харҷҳое, ки cарфи он ҷо карда буд, пайваста дастҳояшро [аз пушаймонӣ ва андӯҳ] бар ҳам мезад ва дар ҳоле ки дорбаст ва чуббандҳояш фурӯ рехта буд, мегуфт: «Эй кош [дар парастиш] касеро шарики Парвардигорам қарор надода будам»
Ва ӯ [ки ба хондани худ меболид, инак] гурӯҳе надошт, ки дар баробари [азоби] Аллоҳ таоло ёриаш кунанд ва худ [низ] ёрикунандаи хеш набуд
Он ҷо [собит шуд, ки ёрӣ ва] корсозӣ аз они [Парвардигори] ҳақ аст. Ӯ подоши [ибодаташ] беҳтар аст ва саранҷоми [бандагони муъминаш] накутар
Ва [эй паёмбар, фанопазирии] зиндагии дунёро ба обе масал бизан, ки аз осмон фурӯ фиристодем ва ба василаи он гиёҳи замин [сарсабз шуд ва] дар ҳам омехт; сипас [чунон] хушку шикаста шуд, ки бодҳо [ба ҳар сӯ] парокандааш мегардонад; ва Аллоҳ таоло бар ҳар чизе тавоност
Молу фарзандон зинати зиндагии дунёст ва некиҳои пойдор [рафтору гуфтори шоиста] назди Парвардигорат подошаш беҳтар аст, умед доштан [ба савобаш] накутар
Ва [ёд кун аз] рӯзе, ки кӯҳҳоро ба ҳаракат дармеоварем ва заминро ошкор [ва ҳамвор] мебинӣ ва ҳама [махлуқот]-ро ҷамъ мекунем ва ҳеҷ як аз ононро [ба ҳоли худ] раҳо намекунем
Ва [ҳамагӣ] сафкашида бар Парвардигорат арза мешаванд [ва ба онон мегӯянд:] «Бе тардид, чунон ки нахустин бор шуморо офаридем, [имрӯз низ танҳо ва побараҳна] назди Мо омадед; балки мепиндоштед, ки ҳаргиз ваъдагоҳе бароятон қарор намедиҳем»
Ва нома [-и аъмол дар миён] ниҳода мешавад; пас, гунаҳкоронро мебинӣ, ки аз он чи дар он [нома] аст, тарсон ва нигаронанд ва мегӯянд: «Эй вой бар мо! Ин чи номае аст, ки ҳеҷ [гуфтору рафтори] кучак ва бузургро раҳо накардааст, магар ин ки онро дар шумор овардааст?» Ва ҳар чи кардаанд, ҳозир меёбанд ва Парвардигорат ба ҳеҷ касе ситам намекунад
Ва [ёд кун аз] ҳангоме ки ба фариштагон гуфтем: «Барои Одам саҷда кунед»; пас, [ҳама] саҷда карданд, магар Иблис, ки аз ҷин буд ва аз фармони Парвардигораш сар печид. Пас, [эй мардум] оё ба ҷойи Ман ӯ ва фарзандонашро дӯстон [-и худ] мегиред, ҳол он ки онон душманатон ҳастанд? Ситамгорон [-и мушрик барои Аллоҳ таоло] чи бад ҷойгузине доранд!
Ман ононро [ки мушрикона ба парастиш мегиред] на ҳангоми офариниши осмону замин ба гувоҳӣ гирифтам ва на ҳангоми офариниши худашон; ва ман ҳаргиз гумроҳгаронро ёру мададгори [хеш] нагирифтаам
Ва [ёд кун аз] рӯзе, ки Аллоҳ таоло [ба мушрикон] мефармояд: «Шариконеро, ки барои ман мепиндоштед, фаро бихонед [то шуморо аз азоб бираҳонанд]; пас, онҳоро мехонанд, вале посухашонро намедиҳанд; ва Мо дар миёни ин ду гурӯҳ маҳлакае [аз оташи дузах] қарор додаем
Ва гунаҳгорон оташ [-и дузах]-ро мебинанд ва ба яқин дармеёбанд, ки дар он хоҳанд афтод ва аз он ҷо ҳеҷ роҳи бозгаште надоранд
Ва ба ростӣ, дар ин Қуръон барои мардум аз ҳар гуна масале овардем; ва[-ле] инсон беш аз ҳар чизе ба ситез [ва чунучаро] мепардозад
Ва чизе мардумро бознадошт, ки вақте ҳидоят [паёмбар ва Қуръон] ба сӯяшон омад, имон биёваранд ва аз Парвардигорашон омурзиш бихоҳанд, магар ин ки [аз рӯи лаҷоҷат мехостанд] суннати [Аллоҳ таоло дар мавриди азоби] пешиниён бар [сари] онон [низ] биёяд ё азоби рӯ дар рӯ ба онон бирасад
Ва мо паёмбаронро ҷуз башоратгар ва бимдиҳанда намефиристем ва касоне, ки куфр варзиданд, ба [суханони беҳуда ва] ботил ситеза мекунанд, то ба василаи он ҳақ [Қуръон]-ро поймол кунанд ва [муъҷизоту] оёти ман ва он чиро, ки ба он бим дода шудаанд, ба тамасхур гирифтанд
Кист ситамгортар аз он ки ба оёти Парвардигораш панд дода шавад, вале аз он рӯ бигардонад ва корҳои [зишти] гузаштаашро фаромӯш кунад? Мо бар дилҳояшон пардаҳое афкандаем, то [паёми ҳақ]-ро дарнаёбанд ва дар гӯшҳояшон сангинӣ [ниҳодаем, то сухани ҳақро нашнаванд]; ва агар ононро ба сӯи ҳидоят бихонӣ, ҳаргиз ҳидоят намешаванд
[Эй Паёмбар] Парвардигорат омурзанда ва дорои раҳмат [фаровон] аст. Агар онон [кофирон]-ро ба [сазои] он чи кардаанд, бозхост мекард, ҳатман, дар азобашон шитоб менамуд; [аммо чунин намекунад] балки онон мавъиде доранд, ки ҳаргиз аз он гурезе нахоҳанд дошт
Мо [сокинони] он шаҳрҳоро ҳангоме ҳалок намудем, ки [ба хотири куфру гуноҳ] ба худ ситам карданд ва барои ҳалокаташон мавъиде таъйин кардем
[Ёд кун аз] Ҳангоме ки Мӯсо ба [хидматкори] ҷавони худ [Юшаъ ибни Нун] гуфт: «Ҳамчунон хоҳам рафт, то ба маҳалли бархӯрди ду дарё бирасам ё барои муддати тӯлонӣ роҳ бипаймоям [то бандаи дурусткоре биёбам ва нодонистаҳоямро аз ӯ биёмӯзам]»
Пас, чун ба маҳалли бархӯрди ду дарё расиданд, моҳии худро [ки барои хӯрдан ҳамроҳ доштанд] фаромӯш карданд [пас, Аллоҳ таоло онро зинда кард ва ба об андохт] ва моҳӣ роҳи худро дар дарё пеш гирифт
Пас, ҳангоме ки [ба роҳ афтоданд ва аз он ҷо] гузаштанд, [Мӯсо] ба [хидматкори] ҷавони худ гуфт: «Ғизоямонро биёвар, ки аз ин сафар бисёр хаста шудаем»
[Юшаъ] Гуфт: «Ба ёд дорӣ, ҳангоме ки [барои истироҳат] ба канори он тахтасанг ҷой гирифтем, ман [дар он ҷо достони зинда шудани] моҳиро фаромӯш кардам [ки бо ту бигӯям] ва ҷуз шайтон [касе] маро аз ёдоварии он [достон] ба фаромӯшӣ наандохт ва моҳӣ ба тарзе шигифтовар роҳашро дар дарё пеш гирифт»
[Мӯсо] Гуфт: «Он ҳамон чизест, ки мехостем [ва ҷойгоҳи он бандаи накукор ҳамон ҷост]». Пас, ҷустуҷӯкунон ради пои худро гирифтанд [ва аз ҳамон роҳ] бозгаштанд
Пас, [дар он ҷо] бандае аз бандагони мо [Хизр]-ро ёфтанд, ки аз ҷониби хеш ба ӯ раҳмате дода будем ва аз назди худ ба вай донише омӯхта будем
Мӯсо ба ӯ гуфт: «Оё [иҷозат медиҳӣ] ҳамроҳат биёям, то аз он чи ба ту омӯхта шуда ва мояи ҳидояту иршод аст ба ман биёмӯзӣ?»
[Хизр] Гуфт: «Ту ҳаргиз наметавонӣ, [дар итоат ва ҳамроҳӣ] ҳамроҳи ман шикебоӣ кунӣ
Ва чи гуна бар [анҷоми] коре, ки ба [рози] он огоҳ нестӣ, шикебоӣ мекунӣ?»
[Мӯсо] Гуфт: «Иншоаллоҳ шикебо хоҳам буд ва дар ҳеҷ коре аз ту нофармонӣ намекунам»
[Хизр] Гуфт: «Пас, агар бо ман ҳамроҳ шудӣ, дар бораи ҳеҷ чиз аз ман суол накун, то худ бо ту дар борааш сухане бигӯям»
Пас, он ду ба роҳ афтоданд, то он ки савори киштӣ шуданд. [Хизр] Киштиро сӯрох кард. [Мӯсо] гуфт: «Онро сӯрох кардӣ, то сарнишинонашро ғарқ кунӣ? Ростӣ, чи кори норавое кардӣ!»
[Хизр] Гуфт: «Оё нагуфтам, ту ҳаргиз наметавонӣ бо ман шикебоӣ кунӣ?»
[Мӯсо] гуфт: «Ба хотири он чи фаромӯш кардам, сарзанишам накун ва дар корам бар ман сахт нагир»
Пас, ба роҳ афтоданд, то ҳангоме ки ба навҷавоне расиданд ва [Хизр] ӯро кушт. [Мӯсо] гуфт: «Шахси [бегуноҳу] покеро куштӣ [он ҳам] бидуни ин ки касеро кушта бошад? Воқеан, кори нописанде кардӣ!»
Хизр гуфт: «Ба ту нагуфтам, ки ҳаргиз наметавонӣ бо ман шикебоӣ кунӣ?»
Мӯсо гуфт: «Агар аз ин пас чизе аз ту пурсидам, дигар бо ман ҳамроҳӣ накун ва аз ҷониби ман, ҳатман, маъзур хоҳӣ буд»
Пас, ба роҳ афтоданд, то ба аҳли шаҳре расиданд [ва] аз онон ғизо хостанд; [аммо онон] аз меҳмон кардани эшон худдорӣ карданд. Сипас дар он ҷо деворе ёфтанд, ки мехост фурӯ бирезад ва [Хизр] онро росту устувор кард. [Мӯсо] Гуфт: «Агар мехостӣ, [метавонистӣ] барои он [кор аз онон] музде бигирӣ»
[Хизр] Гуфт: «Ин ки замони ҷудоии ману ту фаро расидааст. Ба зудӣ туро аз тавзеҳ [ва далели] он чи ки натавонистӣ дар баробараш шикебоӣ кунӣ, огоҳ хоҳам сохт
Аммо он киштӣ аз они бенавоёне буд, ки дар дарё кор мекарданд; пас, хостам маъюбаш кунам; [зеро] пеши роҳашон [дар дарё] подшоҳе [ситамгор] буд, ки ҳар киштии [солиме]-ро ба зӯр мегирифт
Ва аммо он навҷавон падару модараш муъмин буданд; пас, тарсидем, ки он дуро ба саркашӣ ва куфр во дорад
Аз ин рӯ, хостем, ки Парвардигорашон ба ҷойи ӯ [фарзанди] поктару меҳрубонтаре ба онҳо ато фармояд
Ва аммо он девор барои ба ду писарбачаи ятим дар он шаҳр буд ва зери он ганҷе буд, ки ба он ду тааллуқ дошт ва падарашон [низ] марде дурусткор буд; пас, Парвардигорат хост, ки онон ба ҳадди булуғ бирасанд ва ганҷи хешро [аз зери он девор] берун оваранд. Ин раҳмате аз ҷониби Парвардигори ту буд ва ман ин [корҳо]-ро худсарона накардам, ин буд тавзеҳ [ва далели] корҳое, ки натавонистӣ дар баробараш шикебоӣ кунӣ»
Ва [эй паёмбар, мушрикону яҳудиён] дар бораи «Зу-л-қарнайн» аз ту мепурсанд; бигӯ: «Ба зудӣ чизе аз саргузашти ӯ бароятон хоҳам хонд»
Мо дар замин ба ӯ қудрату ҳукумат додем ва василаи [расидан ба] ҳар чизеро дар ихтиёраш ниҳодем
Пас, ӯ [аз ин] васоил [барои расидан ба аҳдофаш] истифода кард
[Рӯзе дар замин ба роҳ афтод] То ба маҳалли ғуруби хуршед расид. [Чунин ба назараш расид] Ки хуршед дар чашмае гарм ва гилолуд ғуруб мекунад ва дар [наздикии он ҷо қавме [кофир]] ёфт. [Ба ӯ] Гуфтем: «Эй Зу-л-қарнайн, ё [ононро] муҷозот мекунӣ ё дар миёнашон [рафтори] накуе пеш мегирӣ»
[Зу-л-қарнайн] Гуфт: «Аммо касеро, ки ситам карда [ва ширк варзида] аст, муҷозот хоҳем кард, сипас ба сӯйи Парвардигораш бозгардонида мешавад, он гоҳ ӯро ба азобе бисёр сахт муҷозот хоҳад кард
Ва аммо касе, ки имон оварад ва кори шоиста анҷом диҳад, пас, [дар охират] накутарин подош [биҳишт]-ро хоҳад дошт ва бо мулоимат [ва меҳрубонӣ] бо вай сухан хоҳем гуфт»
Сипас [Зу-л-қарнайн] аз васоили [худ] истифода кард [ва ба сӯйи машриқ рафт]
То он ки ба ҷойгоҳи баромадани хуршед расид. [Дар он ҷо хуршедро] Дид, ки бар мардумоне тулуъ мекунад, ки дар баробари он [нуру гармои офтоб] барояшон пӯшише қарор надода будем [на сарпаноҳе на сояи дарахте]
[Кори Зу-л-қарнайн] Инчунин, буд ва Мо ба он чи ӯ дар ихтиёр дошт [ва анҷом медод], комилан огоҳ будем
Сипас [Зу-л-қарнайн] аз имконот [-и худ] истифода кард [ва ба ҷойе байни шарқу ғарб рафт]
[Ӯ ҳамчунон рафт] То ба [дарае] миёни ду кӯҳ расид ва дар канори он ду [кӯҳ] мардумеро ёфт, ки сухане [ба ҷуз забони худро] намефаҳмиданд
[Онон] Гуфтанд: «Эй Зу-л-қарнайн, Яъҷуҷу Маъҷуҷ дар ин сарзамин [табаҳкорӣ ва] фасод мекунанд. Пас, оё [мумкин аст] харҷе дар ихтиёр қарор диҳем, то миёни мо ва онон садде бисозӣ?»
Ӯ гуфт: «Он чи [аз қудрату сарват] ки Парвардигорам дар он ба ман тавоноӣ додааст [аз он чи арза мекунед], беҳтар аст; пас, маро бо неру [-и инсонӣ] ёрӣ кунед, [то] миёни шумо ва онон садде муҳками устувор созем
Ҳатман, қитъаҳои оҳан бароям биёваред [ва рӯйи ҳам бичинед]», то вақте комилан миёни ду кӯҳро баробар сохт [ва пӯшонд. Сипас] гуфт: «[Дар атрофи девораи оҳанин оташ бияфрӯзед ва] дар он бидамед». [Онон чунин карданд] То вақте он [қитаоти оҳан]-ро гудохта кард; [сипас] гуфт: «[Акнун] миси обшуда бароям биёваред, то рӯйи он [девор] бирезам».
Пас, [Яъҷуҷу Маъҷуҷ] дигар натавонистанд аз он боло раванд ва [ҳатто] натавонистанд сӯрохе дар он эҷод кунанд
[Он гоҳ Зу-л-қарнайн] Гуфт: «Ин [сад] аз раҳмати Парвардигори ман аст [ва то Аллоҳ таоло бихоҳад, боқӣ мемонад]; аммо ҳангоме ки ваъдаи Парвардигорам фаро расад, онро дарҳам мекӯбад ва ваъдаи Парвардигорам ҳақ аст»
Ва дар он рӯз [ки ҷаҳон поён мепазирад] ононро [чунон] раҳо мекунем, ки [аз фаровонии ҷамъият] дар ҳам меомезанд ва [ҳамин, ки] дар сур дамида шуд, ҳамаро [дар як ҷо] ҷамъ мекунем
Ва он рӯз дузахро ошкоро бар кофирон арза медорем
[Ҳамон] Касоне, ки чашмонашон аз ёди ман дар парда [-и ғафлат] буд ва тавони шунидан [-и оёти илоҳиро] надоштанд
Оё касоне, ки куфр варзиданд, пиндоштаанд, ки [метавонанд] ба ҷойи ман бандагонамро корсоз [ва дӯсти худ] бигиранд? Бе тардид, Мо дузахро барои кофирон ҷойгоҳи пазироӣ сохтаем
[Эй Паёмбар] Бигӯ: «[Мехоҳед] Шуморо аз зиёнкортарин [мардум] дар корҳо огоҳ созам?
Касоне, ки талошашон дар зиндагии дунё табоҳ гаштааст ва худ мепиндорад, ки кори наку мекунанд»
Онон касоне ҳастанд, ки ба оёти Парвардигорашон ва дидори Ӯ [дар охират] кофир шуданд; пас, корҳояшон табоҳ гашт ва рӯзи қиёмат барояшон [ҳеҷ қадру] арзише қоил намешавем
Инчунин аст, ки ба хотири куфре, ки варзидаанд ва оёту паёмбарони Маро ба тамасхур гирифтаанд подошашон дузах аст
Бе тардид, касоне, ки имон овардаанд ва корҳое шоиста анҷом додаанд, боғҳои [биҳишти] барин манзилгоҳашон хоҳад буд
Ҷовидона дар он хоҳанд монд ва ҳаргиз аз он ҷо ба ҷойи дигаре гароиш надоранд
[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Агар дарё барои [нигориши] калимоти Парвардигорам ранг шавад, пеш аз он ки калимоти Парвардигорам поён ёбад, ҳатман, дарё ба поён мерасад; ҳарчанд [дарёҳое дигар] ҳаммонанди он [дарёро низ] ба кумак биёварем»
[Эй паёмбар] Бигӯ: «Ман фақат башаре [одӣ] ҳамчун шумо ҳастам. Ба ман ваҳй мешавад, ки танҳо маъбудатон Аллоҳ таоло яктост; пас, ҳар ки ба дидори Парвардигораш [дар охират] умед дорад, бояд кори шоиста анҷом диҳад ва ҳеҷ касро дар парастиши Парвардигораш шарик насозад»
Icon