Ва Аллоҳро дастовези савгандҳои худ қарор надиҳед, то [ба ин баҳона] аз накукорӣ ва парҳезкориву оштӣ додан миёни мардум [даст бардоред]; ва [бидонед, ки] Аллоҳ таоло шунавову доност
الترجمة الطاجيكية - عارفي
224. Аллоҳро василаи савгандҳои хеш қарор мадиҳед, то бо ин баҳона аз некӯкориву тақво ва ислоҳ дар миёни мардум бозистед, Яъне, набояд қасамҳои онҳо монеъи барои анҷоми корҳои хуб ва парҳез аз корҳои бад ва ислоҳи байни мардум бошад. Пас бо ин баҳона ҳуҷҷат меоваред, ки бо Аллоҳ қасам хурдаед, ки онро иҷро намекунед. Балки қасамхӯранда корҳои хуб анҷом диҳад ва бар қасами хӯрдааш кафорат диҳад ва ин амалро одати худ нагардонад, ки Аллоҳ суханони шуморо мешунавад ва ба аҳволи шумо доност.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\100
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\100
الترجمة الطاجيكية
وَلَا تَجۡعَلُواْ ٱللَّهَ عُرۡضَةٗ لِّأَيۡمَٰنِكُمۡ أَن تَبَرُّواْ وَتَتَّقُواْ وَتُصۡلِحُواْ بَيۡنَ ٱلنَّاسِۚ وَٱللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٞ
Худоро василаи савгандҳои хеш қарор мадиҳед то аз некӯкориву тақво ва ислоҳ дар миёни мардум бозистед, ки Худо шунаво ва доност!
Tajik - Tajik translation