Пас, чун [фиристодаи малика] назди Сулаймон омад, [Сулаймон] гуфт: «Оё [мехоҳед] бо мол [-у сарват] ба ман кумак кунед? Он чи Аллоҳ таоло [аз паёмбарӣ ва донишу фармонравӣ] ба ман бахшида, аз он чизе, ки ба шумо ато карда беҳтар аст, балки шумоед, ки ба ҳадяи хеш [ва сарватҳои дунё] шодмон мешавед
الترجمة الطاجيكية - عارفي
36. Чун фиристодаи Малика назди Сулаймон омад, Сулаймон гуфт: «Оё мехоҳед ба мол маро ёрӣ кунед? Он чи Аллоҳ ба ман дода, беҳтар аст аз он чи ба шумо додааст. Балки, ин шумо ҳастед, ки ба ҳадяатон шодмон мешавед. Аммо ман ба он дилхуш намешавам ва ба моли дунё ниёзе надорам.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 19\459
____________________
1. Тафсири Табарӣ 19\459
الترجمة الطاجيكية
فَلَمَّا جَآءَ سُلَيۡمَٰنَ قَالَ أَتُمِدُّونَنِ بِمَالٖ فَمَآ ءَاتَىٰنِۦَ ٱللَّهُ خَيۡرٞ مِّمَّآ ءَاتَىٰكُمۚ بَلۡ أَنتُم بِهَدِيَّتِكُمۡ تَفۡرَحُونَ
Чун қосид назди Сулаймон омад, Сулаймон гуфт: «Оё мехоҳед ба мол маро ёрӣ кунед? Он чӣ Худо ба ман дода, аз он чӣ ба шумо дода беҳтар аст. На, шумо ба ҳадяи худ шодмон ҳастед.
Tajik - Tajik translation