ترجمة سورة الإنسان

الترجمة الطاجيكية
ترجمة معاني سورة الإنسان باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية .
من تأليف: خوجه ميروف خوجه مير .

1. Ба ростӣ, ки омадааст бар одамӣ муддате аз замон, ки пеш аз дамидани руҳ дар вуҷудаш чизе қобили зикре набуд?(1)
____________________
1. Ин ҳамон замоне аст, ки инсон вуҷуд надоштааст. Тафсири Саъдӣ 1\900
2. Ҳароина, Мо одамиро аз нутфае омехта(1) офаридем, то ӯро бо вазифаҳои шаръӣ имтиҳон кунем. Ва шунавою бинояш сохтаем, то бишнавад оятҳоро ва бубинад далелҳоро.
____________________
1. Яъне, аз оби мард ва зан.
3. Ҳароина, роҳро(1) ба ӯ нишон додем. Хоҳ мӯъмини шукргузор бошад хоҳ кофири ношукр.
____________________
1. Яъне, роҳи ҳақ ва гумроҳиро, роҳи хуб ва бадро. Тафсири Бағавӣ 8/292
4. Ҳароина, Мо барои кофирон занҷирҳо омода кардем, то пойҳояшонро бубанданд ва тавқҳо муҳайё кардем, то дастҳояшонро бар гарданҳояшон бубанданд ва оташи афрӯхта низ омода кардем.
5.       Ҳароина, некон аҳли тоъат ва ихлос, онҳое ки ҳаққи Аллоҳро адо мекунанд, рӯзи қиёмат аз шаробе менӯшанд, ки омехта ба кофур аст,
6.       Ин шаробе, ки омехта бо кофур аст аз чашмаест, ки бандагони Аллоҳ аз он менӯшанд ва онро бар ҳар ҷое, ки мехоҳанд, ба осонӣ равон месозанд.
7.       Ин бандагони Аллоҳ чун назр кунанд, вафо мекунанд ва аз азоби Аллоҳ дар рӯзи қиёмат, ки зарар ва бадии он ҳама инсонҳоро(1) фаро мегирад, метарсанд.
____________________
1. Магар бар онҳое, ки Аллоҳ раҳм кардааст.
8.       Ва таъомеро дар ҳоле худ дӯсташ доранду ва ба он мӯҳтоҷ ҳастанд, ба камбағалу ятим ва асир(1) мехӯронанд,
____________________
1. Камбағал, касест, ки бар касб кардан нотавон аст ва ятим касест, ки падараш фавтидаасту мол надорад ва асир касест, ки дар ҷанг ба асорат афтодааст. Тафсири Табарӣ 24/97
9.       Ба забони ҳол мегӯянд ҷуз ин ҳадафи дигаре нест, ки шуморо фақат барои ризогии Аллоҳ таъом медиҳем ва аз шумо на подоше мехоҳем на сипосе.
10.   Бадурустӣ, Мо аз Парвардигори худ, дар рӯзе, ки гунаҳкорон туршрӯй бошанд ва он рӯзи хеле сахт аст, метарсем.
11.   Пас Аллоҳ онҳоро аз сахтии он рӯз нигаҳ дошт ва дар рӯйҳояшон хушҳолию тароват ва дар дилҳояшон шодмонӣ бахшид.
12.   Барои сабре, ки дар дунё кардаанд, мукофоти он биҳишти анбарсиришт дод, ки дар он либосҳои абрешимӣ мепӯшанд.
13.   Дар он ҷо бар тахтҳо такя задаанд, на гармии офтоберо мебинанд ва на хунукии сахтеро.
14.   Сояҳои дарахтонаш бар сарашон афтода ва меваҳояш ба фармонашон бошад(1).
____________________
1. Яъне, меваҳои ҷаннат ба осони ба даст меоянд.
15.   Ва ходимон таъомҳоро дар косаҳои нуқрагин ва шаробро дар кӯзаҳо дар миёнашон ба гардиш меоранд.
16.   Кӯзаҳое аз нуқра, ки онҳоро ба андозае пур кардаанд(1).
____________________
1. Яъне, чи қадаре, ки нӯшандаҳо мехоҳанд на зиёд ва на кам.Тафсири Саъдӣ 1/901
17.   Дар он ҷо некӯкоронро шаробе бинӯшонанд, ки омехта бо занҷабил бошад,
18.   аз чашмае, ки онро Салсабил(1) мегӯянд.
____________________
1. Нӯшандааш саломат монад ва гуворову пок каст. Тафсири Саъдӣ 1/901
19.   Ва ҳамеша ҷавононе ба гирдашон барои хидмат давр мезананд, ки чун онҳоро бубинӣ, пиндорӣ, ки аз зебоиашон гӯё марвориди афшондашудаанд.
20.   Ва чун онгоҳ ба кадом ҷои ҷаннат бингарӣ, ҳар чӣ бингарӣ, неъмати фаровон ва мулки васеъи бузургаст, ки интиҳо надорад.
21.   Бар тани биҳиштиён ҷомаҳоест дарунаш аз абрешими тунуки сабз ва берунаш аз абрешими ғафс. Ва бо дастбандҳое аз нуқра ороста шудаанд ва бинӯшонад онҳоро Парваридигорашон шароби покро.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/901
22.   Ва гуфта шавад ба онҳо: Ҳароина, ин подоши амалҳои неки шумост ва кӯшишҳое, ки дар дунё кардед, аз назди Аллоҳ сипосгузорӣ шудааст.
23.   Ҳароина, Мо Қуръонро эй Паёмбар бар ту бо тадриҷ(1) нозил кардем, то ки мардумро ба савобу ваъдаҳо ва ба азобу ҳушдорҳои он панд диҳӣ!
____________________
1. Яъне, сура-сура ва оят-оят.
24.   Пас дар баробари фармони Парвардигорат собир бош ва аз ҳеҷ мушрике, ки дар шаҳватҳо ғӯтта задааст ё кофире, ки дар куфру залолат фурӯ рафтааст, итоъат макун!
25.   Ва бомдоду шомгоҳон номи Парвардигоратро ба забон ёд кун.
26.   Ва дар бахше аз шаб барояш намоз бигзор ва Ӯро бахши дарозе аз шаб ба покӣ ёд кун.
27.   Ҳароина, инҳо кофирон ва мушрикон ин дунёи зудгузарро дӯст доранд ва он рӯзи душвор (қиёмат)-ро пушти сар мепартоянд. (Яъне, барои охират амал намекунанд).(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 24/117
28.   Мо ба қудрати Худ онҳоро (одамиёнро) офаридаем ва аъзову пайвандҳояшонро ба василаи рагу пайванд нерӯманду мустаҳкам гардонидем ва агар хоҳем онҳоро ҳалок карда, ба ҷои онҳо қавме монандашон биёварем, ки бандаи мутеи Аллоҳ шаванд.
29.   Ҳароина, ин сура пандест барои оламиён. Пас, ҳар кӣ барои худ дар дунёву охират некӯӣ хоҳад, бигирад роҳи имон ва парҳезгориро, он роҳе ки ӯро ба сӯӣ бахшиш ва розигии Аллоҳ мебарад.
30.   Ва шумо ҷуз он наметавонед бихоҳед, магар ин ки Аллоҳ хоста бошад(1). Ҳамоно Аллоҳ доност ба аҳволи бандагонаш ва ҳаким аст дар тадбиру коргузориҳояш.
____________________
1. Яъне, ирода намекунед ҳеҷ кореро, магар ба тақдир ва иродаи Аллоҳ бошад.
31.   Ҳар касро, ки аз бандагонаш бихоҳад, шомили раҳмат ва розигии худ созад(1) ва барои ситамкорон ва таҷовузкунандагони ҳудудҳои Илоҳӣ азоби дардоваре омода кардааст.
____________________
1. Яъне, мӯъминонро.
Icon