ترجمة سورة الهمزة

الترجمة الطاجيكية
ترجمة معاني سورة الهمزة باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية .
من تأليف: خوجه ميروف خوجه مير .

1.       Вой (ҳалок бод), бар ҳоли ҳар айбҷӯи таъназан,
2.       он ки моле ҷамъ кард ва ба шумори он банд шуд.(1)
____________________
1. Яъне, касе аст, ки фақат хаёлаш ба ҷамъи мол ва ҳисоби он аст.
3.       Мепиндорад, ки дороияш дар дунё ҷовидонааш медорад.
4.       На чунин нест ки ӯ фикр мекунад, ӯ бегумон дар ҳутамаҳ андохта хоҳад шуд.
5.       Ва эй Расул ту чӣ медонӣ, ки ҳутамаҳ чист?
6.       Оташи афрӯхтаи Аллоҳаст.
7.       Оташе, ки бар дилҳо пирӯз мешавад.
8.       Бегумон он оташ аз ҳар сӯ бар онҳо фурӯ баста шудааст,
9.       дар сутунҳои дарози оташӣ дароварда шудааст, то аз он берун наоянд.
Icon