ترجمة معاني سورة التوبة باللغة الطاجيكية من كتاب Tajik - Tajik translation
آية رقم 1
ТАВБА
Худову паёмбараш безоранд аз мушриконе, ки бо онҳо паймон бастаед.
آية رقم 2
Пас чаҳор моҳ ба шумо мӯҳлат дода шуд, ки дар ин сарзамин сайр кунед ва бидонед, ки аз Худо натавонед гурехт ва Ӯст, ки кофиронро расво месозад!
آية رقم 3
Дар рӯзи ҳаҷҷи бузург аз ҷониби Худову паёмбараш ба мардум эълом мешавад, ки Худову паёмбараш аз мушрикон безоранд. Пас агар тавба кунед, бароятон беҳтар аст. Вале агар сарпечӣ кунед, бидонед, ки аз Худо натавонед гурехт. Ва кофиронро ба азобе дардовар хабар деҳ.
آية رقم 4
Ғайри он гурӯҳ аз мушрикон, ки бо онҳо паймон бастаед ва дар паймони худ камбудие наёвардаанд ва бо хеҷ кас бар зидди шумо ҳамдаст нашудаанд. Бо инҳо ба паймони хеш то поёни муддаташ вафо кунед, зеро Худо парҳезгоронро дӯст дорад!
آية رقم 5
Ва чун моҳҳои ҳаром ба поён расид, ҳар ҷо, ки мушриконро ёфтед, бикушед ва бигиреду ба ҳабс афканед ва дар ҳама ҷо ба каминашон нишинед. Аммо агар тавба карданд ва намоз хонданд ва закот доданд, аз онҳо даст бардоред, зеро Худо бахшандаву меҳрубон аст!
آية رقم 6
Ва ҳар гоҳ яке аз мушрикон ба ту паноҳ овард, паноҳаш деҳ то каломи Худоро бишнавад, сипас ба макони амнаш бирасон, зеро инҳо мардуме нодонанд.
آية رقم 7
Чӣ гуна мушриконро бо Худо ва паёмбари Ӯ паймоне бошад? Ғайри онҳое, ки назди Масҷидулҳаром бо онҳо паймон бастед. Агар бар сари паймонашон истоданд, бар сари паймонатон биистед. Худо парҳезгоронро дӯст дорад!
آية رقم 8
Чӣ гуна паймоне бошад, ки агар бар шумо пирӯз шаванд, ба ҳеҷ аҳду савганд ва хешовандӣ вафо накунанд? Бо забоп хушнудатон месозанд ва дар дил сар мепечанд ва бештарин фосиқонанд.
آية رقم 9
Оёти Худоро ба баҳои андак фурӯхтанд ва мардумро аз роҳи Худо боздоштанд ва бадкорӣ карданд.
آية رقم 10
Аҳду савганд ва хешовандии ҳеҷ мӯъминеро риоат намекунанд ва мардуме таҷовузкоранд.
آية رقم 11
Пас агар тавба карданд ва намоз ба ҷой оварданд ва закот доданд, бародарони динии шумо ҳастанд. Мо оёти Худоро барои мардуме доно тафсил мекунем.
آية رقم 12
Агар пас аз бастани паймон савганди худ шикастанд ва дар дини шумо таън заданд, бо пешвоёни куфр қитол кунед, ки онҳоро расми савганд нигоҳ доштан нест, бошад, ки аз кирдори худ бозистанд.
آية رقم 13
Оё бо мардуме, ки еавганди худро шикастанд ва оҳанги бадарғаи паёмбар карданд ва онҳо бар зидди шумо душманӣ оғоз карданд, намеҷангед? Оё аз онҳо метарсед ва ҳол он ки агар имон оварда бошед, сазовортар аст, ки аз Худо битарседу бас.
آية رقم 14
Бо онҳо биҷангед. Худо ба дасти шумо азобашон мекунад ва хорашон месозад ва шуморо пирӯзӣ медиҳад ва дилҳои мӯъминонро хунук мегардонад,
آية رقم 15
ва кина аз дилҳояшон дур кунад ва Худо тавбаи ҳар киро, ки бихоҳад, мепазирад. Ва Худост донову ҳаким!
آية رقم 16
Оё пиндоштаед, ки шуморо ба ҳоли худ вомегузоранд, бе он ки Худо касоне аз шуморо, ки ҷиҳод мекунанд ва ҷуз Худову паёмбараш ва мӯъминонро ба ҳамрозӣ намегиранд, маълум дорад? Ва Худо ба ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст!
آية رقم 17
Мушриконро лоиқ нест, ки дар ҳоле, ки ба куфри худ иқрор мекунанд, масҷидҳои Худоро иморат кунанд. Аъмоли онҳо ночиз шуда ва дар оташ ҷовидонанд!
آية رقم 18
Масҷидҳои Худоро касоне иморат мекунанд, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон овардаанд ва намоз мегузоранд ва закот медиҳанд ва аз ғайри Худо наметарсанд. Умед аст, ки инҳо аз ҳидоятёфтагон бошанд!
آية رقم 19
Оё об додан ба ҳоҷиён ва иморати Масҷидулҳаромро бо кардаи касе, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон оварда ва дар роҳи Худо ҷиҳод карда, баробар медонед? Назди Худо баробар нестанд ва Худо ситамкоронро ҳидоят намекунад!
آية رقم 20
Онон, ки имон оварданд ва муҳоҷират карданд ва дар роҳи Худо ба молу ҷони хеш ҷиҳод карданд, дар назди Худо дараҷаҳое азимтар доранд ва комёфтагонанд.
آية رقم 21
Парвардигорашон ба раҳмату хушнудии худ ва ба биҳиште, ки дар он неъматҳои ҷовид бошад, хушхабарашон медиҳад.
آية رقم 22
Дар он биҳишт ҷовидон бимонанд. Зеро аҷру музди бузург дар назди Худованд аст!
آية رقم 23
Эй касоне, ки имон овардаед, агар падарону бародаронатон дӯст доранд, ки куфрро ба ҷои имон биинтихобанд, онҳоро ба дӯстӣ магиред ва ҳар кас аз шумо дӯсташон бидорад, аз ситамкорон хоҳад буд.
آية رقم 24
Бигӯ: «Агар падаронатону фарзандонатон ва бародаронатону занонатон ва хешовандонатону амволе, ки ҷамъ кардед ва тиҷорате, ки аз қасоди он бим доред ва хонаҳое, ки бад-он дилхуш ҳастед, барои шумо аз Худову паёмбараш ва ҷиҳод кардан дар роҳи Ӯ дӯст доштанитар аст, мунтазир бошед, то Худо фармони худ биёварад». Ва Худо нофармононро ҳидоят нахоҳад кард!
آية رقم 25
Худо шуморо дар бисёре аз ҷойҳо ёрӣ кард. Ва низ дар рӯзи Ҳунайн он гоҳ, ки бисёрии лашкаратон шуморо ба тааҷҷуб оварда буд, вале барои шумо суде надошт ва замин бо ҳамаи васеъияш бар шумо танг шуд ва бозгаштед ва ба душман пушт кардед.
آية رقم 26
Он гоҳ Худо оромиши худро бар паёмбараш ва бар мӯъминон нозил кард ва лашкариёне, ки онҳоро намедидед, поён фиристод ва кофиронро азоб кард ва ин аст ҷазои кофирон.
آية رقم 27
Аз он пас Худо тавбаи ҳар касро, ки бихоҳад, мепазирад, ки омурзанда ра меҳрубон аст!
آية رقم 28
Эй касоне, ки имон овардаед, мушрикон палиданд ва аз соли баъд набояд ба Масҷидулҳаром наздик шаванд. Ва агар аз бенавоӣ метарсед. Худо агар бихоҳад, ба фазли хеш тавонгаратон хоҳад кард. Зеро Худо донову ҳаким аст!
آية رقم 29
Бо касоне аз аҳли китоб, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон намеоваранд ва чизҳоеро, ки Худову паёмбараш ҳаром кардаст, бар худ ҳаром намекунанд ва дини ҳақро намепазиранд, ҷанг кунед, то он гоҳ ки ба дасти худ дар айни хорӣ ҷизя (хироҷ) бидиҳанд.
آية رقم 30
Яҳуд гуфтанд, ки Узайр писари Худост ва насоро гуфтанд, ки Исо писари Худост. Ин сухан, ки мегӯянд, монанди гуфтори касонест, ки пеш аз ин кофир буданд. Худо бикушадашон. Чӣ гуна аз ҳақ гумроҳашон мекунанд?
آية رقم 31
Олимону обидони хеш ва Масеҳ — писари Марямро ба ҷои Оллоҳ ба худоӣ гирифтанд ва ҳол он, ки маъмур буданд, ки танҳо як худоро бипарастанд, ки ҳеҷ худое ҷуз Ӯ нест. Пок аст аз он чӣ шарикаш месозанд!
آية رقم 32
Мехоҳанд нури Худоро бо даҳони худ хомӯш кунанд ва Худо ҷуз ба камол расонидани нури худро намехоҳад. Ҳарчанд кофиронро хуш наёяд.
آية رقم 33
Ӯ касест, ки паёмбари худро барои ҳидояти мардум фиристод бо дине дурусту барҳақ то ӯро бар ҳамаи динҳо пирӯз гардонад, ҳарчанд мушриконро хуш наёяд.
آية رقم 34
Эй касоне, ки имон овардаед, бисёре аз олимону обидон амволи мардумро ба ноҳақ мехӯранд ва дигаронро аз роҳи Худо бозмедоранд. Ва касонеро, ки зару сим ҷамъ мекунанд ва дар роҳи Худо харҷаш намекунанд, ба азобе дардовар хабар деҳ,
آية رقم 35
рӯзе, ки дар оташи ҷаҳаннам гудохта шаванд ва пешониву паҳлӯ ва пушташонро бо он доғ кунанд. Ин аст он чизе, ки барои худ ҷамъ карда будед. Ҳоло таъми захираи хешро бичашед!
آية رقم 36
Шумори моҳҳо дар назди Худо, дар китоби Худо аз он рӯз, ки осмонҳову заминро биёфарида, дувоздаҳ аст. Чаҳор моҳ моҳҳои ҳароманд. Ин аст дини дуруст. Дар он моҳҳо бар хештан ситам макунед. Ва ҳамчунон, ки мушрикон ҳамагӣ ба ҷанги шумо бархостанд, ҳамагӣ ба ҷанги онҳо бархезед. Ва бидонед, ки Худо бо парҳезгорон аст!
آية رقم 37
Ба дер партофтани моҳҳои ҳаром афзунӣ дар куфр аст ва сабаби гумроҳии кофирон. Онҳо як сол он моҳро ҳалол мешумурданд ва як сол ҳаром, то бо он шумор, ки Худо ҳаром кардааст, мувофиқ ёбанд. Пас он чиро, ки Худо ҳаром карда, ҳалол мешуморанд. Кирдори нописандашон дар назарашон ороста гардида ва Худо кофиронро ҳидоят намекунад!
آية رقم 38
Эй касоне, ки имон овардаед, барои чӣ чун ба шумо гӯянд, ки барои ҷанг дар роҳи Худо ҷамъ шавед, гӯё ба замин мечаспед? Оё ба ҷои зиндагии ухравӣ ба зиндагии дунё розӣ шудаед? Матоъи ин дунё дар баробари матоъи охират ғайри андаке ҳеҷ нест.
آية رقم 39
Агар ба ҷанг ҷамъ нашавед. Худо шуморо ба шиканҷае дарднок азоб мекунад ва қавми дигареро ба ҷои шумо интихоб кунад ва ба Худо низ зиёне намерасонед, ки Худо бар ҳар коре тавоност!
آية رقم 40
Агар шумо ёриаш накунед, он гоҳ, ки кофирон берунаш карданд, Худо ёриаш кард. Яке аз он ду ба ҳангоме, ки дар ғор буданд, ба рафиқаш мегуфт: «Андӯҳгин мабош, Худо бо мост!» Худо ба дилаш оромиш бахшид ва бо лашкарҳое, ки шумо онро намедидед, қувваташ дод. Ва каломи кофиронро паст гардонид, зеро каломи Худо болост ва Худо пирӯзманду ҳаким аст!
آية رقم 41
Ба ҷанг биравед, хоҳ бар шумо осон бошад, хоҳ душвор ва бо молу ҷони хеш дар роҳи Худо ҷиҳод кунед. Агар бидонед, хайри шумо дар ин аст!
آية رقم 42
Агар матоъе даст ёфтанӣ бувад ё сафаре бувад на чандон дароз, аз паи ту меомаданд, вале акнун, ки роҳ дароз шудааст, паймуданашро душвор меҳисобанд. Ва ба Худо қасам мехӯранд, ки агар метавонистем, ҳамроҳи шумо берун меомадем. Инҳо тан ба ҳалокат месупоранд. Худо медонад, ки дурӯғ мегӯянд.
آية رقم 43
Худоят афв кунад, Чаро ба онон рухсати мондан додӣ? Мебоист онҳо, ки рост мегуфтанд, ошкор шаванд ва ту дурӯғгӯёнро ҳам бишносӣ.
آية رقم 44
Онон, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон доранд, ҳаргиз барон ҷиҳод кардан бо молу ҷонашон аз ту рухсат намехоҳанд ва Худо парҳезгоронро мешиносад!
آية رقم 45
Касоне, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон надоранд ва дилҳояшонро шак фаро гирифтааст ва ин шак онҳоро ба ҳайронӣ афканда ас, т, аз ту рухсат мехоҳанд,
آية رقم 46
Агар мехостанд, ки ба ҷанг берун шаванд, барои худ асбоби сафар омода карда буданд, вале Худо сафарбар шудани ононро нохуш дошт ва аз ҷангашон боздошт ва ба онҳо гуфта шуд, ки ҳамроҳи касоне, ки бояд дар хона бинишинанд, дар хона бинишинед.
آية رقم 47
Агар бо шумо ба ҷанг берун омада буданд, чизе ҷуз изтироб ба шумо намеафзуданд ва то фитнаангезӣ кунанд ва барои душманон ба ҷосусӣ пардозанд, дар миёни шумо рахна мекарданд ва Худо ба ситамкорон огоҳ аст!
آية رقم 48
Пеш аз ин ҳам фитнагарӣ мекарданд ва корҳоро барои ту вожгуна ҷилва медоданд то он гоҳ, ки ҳақ ғолиб омад ва фармони Худованд ошкор шуд, дар ҳоле, ки аз он нописандӣ доштанд.
آية رقم 49
Баъзе аз онон мегӯянд: «Маро рухсат деҳ ва ба гуноҳ маяндоз». Огоҳ бош, ки инҳо худ дар гуноҳ афтодаанд ва ҷаҳаннам бар кофирон иҳота дорад,
آية رقم 50
Агар хайре ба ту расад, андӯҳгинашон созад ва агар ба ту мусибате расад, мегӯянд: «Мо чораи кори худ пеш аз ин андешидаем». Он гоҳ шодмон бозмегарданд.
آية رقم 51
Бигӯ: «Мусибате ҷуз он чӣ Худо барои мо муқаррар кардааст, ба мо нахоҳад расид. Ӯ мавлои мост ва мӯъминон бар Худо таваккал кунанд».
آية رقم 52
Бигӯ: «Оё ҷуз яке аз он ду некӣ интизори чизи дигареро барои мо доред? Вале мо мунтазирем, ки азоби Худо ё аз ҷониби Ӯ ё ба дасти мо ба шумо бирасад. Пас шумо мунтазир бошед, мо низ бо шумо мунтазир мемонем».
آية رقم 53
Бигӯ: «Худо аз шумо намепазирад, чӣ аз рӯи ризо харҷ кунед, чи аз рӯи норизоӣ, зеро мардуме нофармон ҳастед».
آية رقم 54
Ҳеҷ чиз монеъи қабули харҷҳояшон нашуда, ғаири он ки ба Худову паёмбараш имон наёваранд ва бо бемайлӣ ба намоз ҳозир мешаванд ва ба норизоӣ нафақа мекунанд.
آية رقم 55
Дороиву фарзандонашон туро ба ҳайрат наандозад. Барои онанд, ки Худо мехоҳад ба онҳо дар ин дунё азобашон кунад ва дар ҳоле, ки ҳанӯз кофиранд, ҷонашон барояд.
آية رقم 56
Ба Худо савганд мехӯранд, ки аз шумоянд ва ҳол он ки аз шумо нестанд, инҳо аз шумо бимноканд.
آية رقم 57
Агар паноҳгоҳ ё ғор ё ниҳонгоҳе меёфтанд, шитобон ба он ҷо рӯй меоварданд.
آية رقم 58
Баъзе аз онҳо туро дар тақсими садақот ба зулм муттаҳам мекунанд, агар ба онҳо ато кунанд, хушнуд мешаванд ва агар ато накунанд, хашм мегиранд.
آية رقم 59
Чӣ мешавад, агар ба он чӣ Худову паёмбараш ба онон ато мекунад, хушнуд бошанд ва бигӯянд: «Худо моро бас аст ва Худову паёмбараш моро аз фазли худ бенасиб нахоҳанд гузошт ва мо ба Худо рағбат мекунем?»
آية رقم 60
Садақот барои фақирон асту мискинон ва коргузорони ҷамъоварии он. Ва низ барои ба даст овардани дили мухолифон ва озод кардани бандагону қарздорон ва харҷ дар роҳи Худо ва мусофирони мӯҳтоҷ ва он фаризаест аз ҷониби Худо. Ва Худо донову ҳаким аст!
آية رقم 61
Баъзе аз онҳо паёмбарро меозоранду мегӯянд, ки ӯ ба сухани ҳар кас гӯш медиҳад. Бигӯ: «Ӯ барои шумо шунавандаи сухани хайр аст. Ба Худо имон дорад ва мӯъминонро бовар дорад ва раҳматест барои онҳое, ки имон овардаанд. Ва онон, ки расули Худоро биёзоранд, ба шиканҷае дардовар гирифтор хоҳанд шуд.
آية رقم 62
Дар баробари шумо ба Худо савганд мехӯранд, то хушнудатон созанд ва ҳол он ки агар имон овардаанд, шоистатар аст, ки Худову расулашро хушнуд созанд.
آية رقم 63
Оё намедонанд, ки ҳар кас, ки ба Худову паёмбараш зиддият мекунад, ҷовидона дар оташи ҷаҳаннам хоҳад буд ва ин расвоии бузургест?
آية رقم 64
Мунофиқон метарсанд, ки мабод аз осмон дар бораи онҳо сурае нозил шавад ва аз он чӣ дар дил пинҳон кардаанд бохабарашон созад. Бигӯ: «Масхара кунед, ки Худо он чиро, ки аз он метарсед, ошкор хоҳад сохт».
آية رقم 65
Агар аз онҳо бипурсӣ, ки чӣ мекардед? Мегӯянд: «Мо бо ҳам харф мезадем ва бозӣ мекардем». Бигӯ: «Оё Худо ва оёти Ӯ ва паёмбарашро масхара мекардед?»
آية رقم 66
Узр наёваред. Пас аз имон кофир шудаед. Агар аз гуноҳи гурӯҳе аз шумо бигузарем, гурӯҳи дигарро, ки гунаҳкор шудаанд, азоб хоҳем кард.
آية رقم 67
Мардони мунофиқ ва занони мунофиқ ҳама ҳамонанди якдигаранд. Ба корҳои зишт фармон медиҳанд ва аз корҳои нек манъ мекунанд ва мушти худро аз харҷи дар рохи Худо мебанданд. Худоро фаромӯш кардаанд. Худо низ эшонро фаромӯш кардааст, зеро мунофиқон нофармононанд.
آية رقم 68
Худо ба мардони мунофиқу занони мунофиқ ва кофирон ваъдаи оташи ҷаҳаннам додааст. Дар он ҷовидонаанд. Ҳамин барояшон бас аст. Лаънати Худо бар онҳо бод ва ба азобе пойдор гирифтор хоҳанд шуд.
آية رقم 69
Ҳамонанди касоне, ки пеш аз шумо буданд, бо нерӯи бештар ва дороиву фарзандонн бештар, Онҳо аз насиби хеш баҳраманд шуданд. Шумо низ аз насиби хеш баҳраманд шудаед, ҳамчунон, ки касоне, ки пеш аз шумо будаанд, аз насиби хеш баҳраманд шуда буданд. Шумо суханони ботил гуфтед, ҳамчунон, ки онҳо сухани ботил мегуфтанд. Аъмоли онон дар дунёву охират ночиз гардид ва зиёнманд шуданд.
آية رقم 70
Оё хабари касоне, ки пеш аз онҳо будаанд, чун қавми Нӯҳ ва Оду Самуд ва қавми Иброҳиму асҳоби Мадяну Муътафикаро нашунидаанд, ки паёмбаронашон бо нишонаҳои ошкор бар онҳо фиристода шуданд? Худо ба онҳо ситам намекард, онон худ бар худ ситам мекарданд!
آية رقم 71
Мардони мӯъмин ва занони мӯъмин дӯстони якдигаранд. Ба некӣ фармон медиҳанд ва аз ношоист бозмедоранд ва намоз мегузоранд ва закот медиҳанд ва аз Худову паёмбараш фармонбардорӣ мекунанд. Худо инҳоро раҳмат хоҳад кард, Худо пирӯзманду ҳаким аст!
آية رقم 72
Худо ба мардони мӯъмин ва занони мӯъмин биҳиштҳоеро ваъда додааст, ки ҷӯйҳо дар он ҷорист ва биҳиштиён ҳамеша дар он ҷоянд ва низ хонаҳое некӯ дар биҳишти ҷовид. Вале хушнудии Худо аз ҳама бузургтар аст, ки пирӯзии бузург хушнудии Худованд аст!
آية رقم 73
Эй паёмбар, бо кофирону мунофиқон биҷанг ва бо онон ба шиддат рафтор кун, ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст, ки бад саранҷомест!
آية رقم 74
Ба Худо савганд мехӯранд, ки нагуфтаанд, вале калимаи куфрро бар забон рондаанд. Ва пас аз он ки ислом оварда буданд, кофир шудаанд. Ва қасдкорӣ карданд, аммо ба он ноил нашуданд. Айбҷӯиашон аз он рӯст, ки Худову паёмбараш аз ғаниматҳо босарваташон карданд. Пас, агар тавба кунанд, хайрашон дар он аст ва агар рӯйгардон шаванд. Худо ба азоби дардноке дар дунёву охират азобашон хоҳад кард ва онҳоро дар рӯи замин на дӯстдоре хоҳад буд ва на мададкоре!
آية رقم 75
Баъзе аз онҳо бо Худо паймон бастанд, ки агар аз фазли худ моле насибамон кунад, закот медиҳем ва дар зумраи солеҳон медароем.
آية رقم 76
Чун Худо аз фазли худ моле насибашон кард, бахилӣ карданд ва ба рӯйгардонӣ бозгаштанд.
آية رقم 77
Ва аз он пас то рӯзе, ки бо ӯ мулоқот кунанд, бо он ваъдахилофӣ бо Худо ва он дурӯғҳо, ки мегуфтанд, дилҳояшонро ҷои нифоқ сохт.
آية رقم 78
Оё намедонанд, ки Худо рози дили онҳоро медонад ва аз пич-пич карданашон огоҳ аст? Зеро Ӯст, ки донои ниҳонҳост.
آية رقم 79
Худованд ба масхара мегирад касонеро, ки бар мӯъминоне, ки ба рағбат садақа медиҳанд ва беш аз тавоноии хеш чизе намеёбанд, айб мегиранд ва масхараашон мекунанд. Ва онҳоро азобе дардовар аст.
آية رقم 80
Мехоҳӣ барояшон бахшиш бихоҳ мехоҳӣ бахшиш нахоҳ. Агар ҳафтод бор ҳам барояшон бахшиш бихоҳӣ. Худояшон нахоҳад бахшид, зеро ба Худову паёмбараш имон надоранд ва Худо мардуми нофармонро ҳидоят намекунад!
آية رقم 81
Онон, ки дар хона нишастаанд ва аз ҳамроҳӣ бо расули Худо ақибнишинӣ карданд, хушҳоланд. Ҷиҳод бо молу ҷони хешро дар роҳи Худо нохуш шумурданду гуфтанд: «Дар ҳавои гарм ба ҷанг наравед!» Агар мефаҳманд, бигӯ: «Гармии оташи ҷаҳаннам бештар аст!»
آية رقم 82
Ба ҷазои аъмоле, ки анҷом додаанд, бояд, ки андак биханданд ва фаровон бигирянд!
آية رقم 83
Агар Худо туро аз ҷанг бозгардонид ва бо гурӯҳе аз онҳо дидор кардӣ ва аз ту хостанд, ки барои ҷанги дигар берун оянд, бигӯ: «Шумо ҳаргиз бо ман ба ҷанг берун нахоҳед шуд ва ҳамроҳи ман бо ҳеҷ душмане набард нахоҳед кард, зеро шумо аз нахуст ба нишастан дар хона хушнуд будаед. Пас акнун ҳам бо онон, ки аз фармон хилофкорӣ кардаанд, дар хона бимонед!»
آية رقم 84
Чун бимиранд, бар ҳеҷ як аз онон намоз макун ва бар қабрашон маист. Инҳо ба Худо ва расулаш кофир шудаанд ва нофармон мурдаанд!
آية رقم 85
Амволу авлодашон ба ҳайр'атат наяфканад. Худо мехоҳад ба сабаби онҳо дар дунё азобашон кунад ва дар айни куфр ҷон бисупоранд.
آية رقم 86
Чун сурае нозил шуд, ки ба Худо имон биёваред ва бо паёмбараш ба ҷанг биравед, тавонгаронашон аз ту рухсат хостанду гуфтанд: «Моро бигзор то бо онҳое, ки бояд дар хона нишинанд, дар хона бинишинем!»
آية رقم 87
Ба он розӣ шудаанд, ки ҳамроҳи хонанишинон бошанд, бар дилҳояшон мӯҳр ниҳода шуда ва намефаҳманд.
آية رقم 88
Вале паёмбар ва касоне, ки бо ӯ имон овардаанд, бо молу ҷони худ дар роҳи Худо ҷиҳод карданд. Некиҳо аз они онҳост ва онҳоянд, наҷотёфтагон!
آية رقم 89
Худо барояшон биҳиштҳое, ки ҷӯйҳо дар он равон аст ва дар он ҷо ҷовидонанд, омода кардааст. Ин аст наҷоти бузург!
آية رقم 90
Гурӯҳе аз арабҳои бодиянишин омаданд ва узр оварданд, то онҳоро рухсат диҳанд, ки ба ҷанг нараванд ва онҳое, ки ба Худову паёмбараш дурӯғ гуфта буданд, дар хона нишастанд. Ба зудӣ ба кофиронашон азобе дардовар хоҳад расид!
آية رقم 91
Бар нотавонону беморон ва онон, ки маводи ҷангии хеш намеёбанд, ҳар гоҳ дар амал барои Худову паёмбараш ихлос кунанд, гуноҳе нест, агар ба ҷанг наёянд, ки бар некӯкорон ҳеҷ гуна итобе нест ва Худо бахшояндаву меҳрубон аст!
آية رقم 92
Ва низ бар онон, ки назди ту омаданд, то маркаб барои набардашон диҳӣ ва ту гуфтӣ, ки маркабе надорам ва онҳо барои харҷ кардан ҳеҷ наёфтанд ва ашкрезону ғамгин бозгаштанд, гуноҳе нест.
آية رقم 93
Хашму азоби Худо бар касонест, ки дар айни тавонгарӣ аз ту рухсат мехоҳанд ва ба он хушнуданд, ки бо хонанишинон дар хона бимонанд. Худо дилҳояшонро мӯҳр барниҳода аст, ки намедонанд.
آية رقم 94
Чун шумо ба наздашон бозгардед, меоянду узр меоваранд. Бигӯ: «Узр маёваред, гуфторатонро бовар надорем, ки Худо моро аз ахбори шумо огоҳ кардааст. Ба зудӣ Худову паёмбараш ба аъмоли шумо хоҳанд расид. Он гоҳ шуморо назди он Худованде, ки донои ниҳону ошкор аст, мебаранд, то аз натиҷаи аъмолатон огоҳатон созад!»
آية رقم 95
Чун ба наздашон бозгардед, бароятон савганд Мехӯранд, то аз хатояшон даргузарсд. Аз онҳо рӯй гардонед, ки мардуме палиданд ва ба хотири аъмолашон ҷой дар ҷаҳаннам доранд!
آية رقم 96
Бароятон савганд мехӯранд, то аз онон хушнуд шавед. Агар шумо ҳам хушнуд шавед, Худо аз ин мардуми нофармон хушнуд нахоҳад шуд!
آية رقم 97
Арабҳои бодиянишин кофиртару мунофиқтар аз дигаронанд ва ба бехабарӣ аз ҳукмҳое, ки Худо бар паёмбараш нозил кардааст, сазовортаранд. Ва Худо донову ҳаким аст!
آية رقم 98
Баъзе аз арабҳои бодиянишин он чиро, ки харҷ мекунанд, чун зиёне мепиндоранд ва мунтазиранд, то ба шумо мусибате бирасад. Мусибати бад бар худашон бод ва Худо шунавову доност!
آية رقم 99
Ва баъзе аз арабҳои бодиянишин ба Худову рӯзи қиёмат имон доранд ва он чиро, ки харҷ мекунанд, барои наздик шудан ба Худо ва ба хотири дуъои паёмбар харҷ мекуканд. Бидонед, ки ҳамин сабаби наздикияшон ба Худо хоҳад шуд ва Худо ба раҳмати хеш дохилашон хоҳад кард, зеро омурзандаву меҳрубон аст!
آية رقم 100
Аз он гурӯҳи нахустин аз муҳоҷирон ва аҳли Мадина, ки пешкадам шуданд ва онон, ки ба некӣ аз паяшон рафтанд, Худо хушнуд аст ва онҳо низ аз Худо хушнуданд. Барояшон биҳиштҳое, ки дар онҳо нахрҳо ҷорист ва ҳамеша дар он ҷо хоҳанд буд, омода кардааст. Ин аст комёбии бузург!
آية رقم 101
Гурӯҳе аз арабҳои бодиянишин, ки гирди шуморо гирифтаанд, мунофиқанд ва гурӯҳе аз мардуми Мадина низ дар нифоқ исрор меварзанд. Ту онҳоро намешиносӣ, мо мешиносемашон ва ду бор азобашон хоҳем кард ва ба азоби бузург гирифтор мешаванд.
آية رقم 102
Ва гурӯҳе дигар ба гуноҳи худ эътироф карданд, ки аъмоли некӯро бо корҳои зишт омехтаанд. Шояд Худо тавбаашонро бипазирад, зеро Худо омурзандаву меҳрубон аст!
آية رقم 103
Аз дороиҳояшон садақа биситон, то ононро поку муназзаҳ созӣ ва барояшон дуъо кун, зеро дуъои ту мояи оромиши онҳост ва Худо шунавову доност!
آية رقم 104
Оё ҳанӯз надонистаанд, ки Худост, ки тавбаи бандагонашро мепазирад ва садақотро меситонад ва Худост, ки тавбапазиру меҳрубон аст?
آية رقم 105
Бигӯ: «Амал кунед, Худову паёмбараш аз мӯъминон аъмоли шуморо хоҳанд дид ва шумо ба назди донои ниҳону ошкоро бозгардонида мешавед ва Ӯ аз амалҳоятон огоҳатон хоҳад кард».
آية رقم 106
Ва гурӯҳе дигар ба машийяти (хости) Худованд вогузошта шудаанд, ки ё азобашон мекунад ё тавбаашонро мепазирад. Ва Худо донову ҳаким аст!
آية رقم 107
Худо шоҳидӣ медиҳад: «Онҳое, ки масҷиде месозанд, то ба мӯъминон зиён расонанд ва миёнашон куфру ҷудои андозанд ва то барои касоне, ки мехоҳанд бо Худову паёмбараш ҷанг кунанд, камингоҳе бошад, он гоҳ савганд мехӯранд, ки моро қасде ҷуз некӯкорӣ набуда аст, дурӯғ мегӯянд».
آية رقم 108
Ҳаргиз дар он масҷид намоз магузор. Масҷиде, ки аз рӯзи нахуст бар парҳезгорӣ бунёд шуда, шоистатар аст, ки дар он ҷо намоз кунӣ. Дар он ҷо мардоне ҳастанд, ки дӯст доранд покиза бошанд, зеро Худо покизагонро дӯст дорад.
آية رقم 109
Оё касе, ки бинои масҷидро бар тарс аз Худо ва хушнудии Ӯ ниҳода, беҳтар аст ё он касе, ки бинои масҷидро бар канораи селгоҳе, ки об зери онро шуста бошад, ниҳодааст, то бо ӯ дар оташи ҷаҳаннам сарнагун гардад? Ва Худо мардуми ситамгарро ҳидоят намекунад.
آية رقم 110
Он бино, ки баровардаанд, ҳамеша мояи ташвиш дар дилашон хоҳад буд, то он ҳангом, ки дилашон пора-пора гардад. Ва Худо донову ҳаким аст!
آية رقم 111
Худо аз мӯъминон ҷонҳову молҳояшонро харид, то биҳишт аз онон бошад. Дар роҳи Худо ҷанг мекунанд, чӣ бикушанд ё кушта шаванд, ваъдае, ки Худо дар Тавроту Инҷил ва Қуръон дода аст, ба ҳақ бар ӯҳдаи Ӯст. Ва чӣ касе беҳтар аз Худо ба аҳди худ вафо хоҳад кард? Ба ин хариду фурӯхт, ки кардаед, шод бошед, ки комёбии бузургест!
آية رقم 112
Тавбакунандагонанд, парастандагонанд, шукргузоронанд, рӯзадоронанд, руқуъкунандагонанд, саҷдакунандагонанд, амркунандагон ба маъруф ва манъкунандагон аз мункаранд, ва ҳофизони ҳудуди Худоянд! Ва мӯъминонро хушхабар деҳ!
آية رقم 113
Набояд паёмбар ва касоне, ки имон овардаанд, барои мушрикон, ҳарчанд аз хешовандон бошанд, пас аз он ки донистанд, ки ба ҷаҳаннам мераванд, талаби бахшоиш кунанд.
آية رقم 114
Бахшоиш хостани Иброҳим барои падараш набуд, ғайри хотири ваъдае, ки ба ӯ дода буд. Ва чун барои ӯ ошкор шуд, ки падараш душмани Худост, аз ӯ безорӣ ҷуст. Зеро Иброҳим бисёр худойтарсу бурдбор буд!
آية رقم 115
Худо қавмеро, ки ҳидоят кардааст, гумроҳ намекунад, то барояшон равшан кунад, ки аз чӣ чиз бояд бипарҳезанд, ки Худо бар ҳар чизе доност!
آية رقم 116
Фармонравоии осмонҳову замин аз они Худост! Зинда мекунаду мемиронад ва шуморо ҷуз Худо дӯстдору ёваре нест.
آية رقم 117
Худо тавбаи паёмбару муҳоҷирин ва ансорро, ки дар он соати усрат ҳамроҳи Ӯ буданд, аз он пас, ки наздик буд, ки гурӯҳеро дил аз ҷанг бигардад, пазируфт. Тавбаашон пазируфт, зеро ба онҳо рауфу (мушфиқу) меҳрубон аст!
آية رقم 118
Ва низ Худо пазируфт тавбаи он се танро, ки аз ҷанг хонанишинӣ карда буданд, то он гоҳ, ки замин бо ҳамаи кушодагияш бар онҳо танг шуд ва ҷон дар танашон намеғунҷид ва худ донистанд, ки ҷуз Худованд ҳеҷ паноҳгоҳе, ки ба он рӯй оваранд, надоранд. Пас Худованд тавбаи онон пазируфт, то ба Ӯ бозоянд, ки тавбапазиру меҳрубон аст!
آية رقم 119
Эй касоне, ки имон овардаед, аз Худо битарсед ва бо ростгӯён бошед!
آية رقم 120
Аҳли Мадина ва арабҳои бодиянишини атрофи онро нарасад, ки аз ҳамроҳӣ бо паёмбари Худо кафокашӣ намоянд ва набояд, ки аз Ӯ ба худ (яъне аз Ӯ гузашта ба ҳифзи ҷони худ бошанд) пардозанд. Зеро дар роҳи Худо ҳеҷ ташнагӣ ба онҳо чира нашавад ё ба ранҷ наафтанд, ё ба гуруснагӣ дучор нагарданд ё қадаме, ки кофиронро хашмгин созад, барнадоранд, ё ба душман дастбурде назананд, магар он ки амали солеҳе барояшон навишта шавад, ки Худо подоши некӯкоронро нобуд намесозад!
آية رقم 121
Ва ҳеҷ моле — чӣ андаку чӣ бисёр — харҷ накунанд ва аз ҳеҷ водие нагзаранд, магар он ки ба ҳисобашон навишта шавад, то Худо подошашон диҳад, чун подоши некӯтарин коре, ки мекардаанд.
آية رقم 122
Ва натавонанд мӯъминон, ки ҳамагӣ ба сафар раванд. Чаро аз ҳар гурӯҳе дастае ба сафар нараванд, то дониши дини хешро биёмузанд ва чун бозгаштанд, мардуми худро хушдор диҳанд, бошад, ки аз зишткорӣ ҳазар кунанд?
آية رقم 123
Эй касоне, ки имон овардаед, бо кофироне, ки наздики шумоянд, ҷанг кунед, то дар шумо шиддату дуруштӣ ёбанд ва бидонед, ки Худо бо парҳезгорон аст!
آية رقم 124
Ва чун сурае нозил шавад, баъзе мепурсанд: «Ин сура ба имони кадом як аз шумо дарафзуд?» Онон, ки имон овардаанд, ба имонашон афзуда шавад ва худ шодмонӣ мекунанд.
آية رقم 125
Аммо онон, ки дар дилҳояшон маразест, ҷуз инкоре бар инкорашон наяфзуд ва ҳамчунон кофир бимурданд.
آية رقم 126
Оё намебинанд, ки дар ҳар сол як ё ду бор мавриди озмоиш воқеъ мешаванд? Вале на тавба мекунанд ва на панд мегиранд.
آية رقم 127
Ва чун сурае нозил шавад, баъзе ба баъзе дигар нигоҳ мекунанд: «Оё касе шуморо мебинад?» Ва бозмегарданд. Худо дилҳояшонро аз имон мунсариф сохта (баргардонда), зеро мардуме нофаҳманд!
آية رقم 128
Албатта паёмбаре аз худи шумо бар шумо фиристода шуд, ҳар он чӣ шуморо ранҷ медиҳад, бар ӯ гарон меояд. Сахт ба шумо дилбаста аст ва бо мӯъминон мушфиқу меҳрубон аст.
آية رقم 129
Агар бозгарданд, бигӯ: «Худо барои ман кофист, худое ҷуз Ӯ нест, бар Ӯ таваккал кардам ва Ӯст Парвардигори арши бузург!
تقدم القراءة