ترجمة سورة الأعراف

Tajik - Tajik translation
ترجمة معاني سورة الأعراف باللغة الطاجيكية من كتاب Tajik - Tajik translation .

АЪРОФ


Алиф, лом, мим, сод.

Китобест, ки бар ту нозил шуда, дар дили ту аз он шубҳае набошад, то ба он бим диҳӣ (тарсонӣ) ва мӯъминонро панде бошад.

Ба он чӣ аз ҷониби Парвардигоратон бароятон нозил шудааст, пайравӣ кунед ва ғайри Ӯ аз худоёни дигар пайравӣ макунед! Шумо чӣ андак пандмегиред!

Чӣ бисёр деҳаҳое, ки мардумашро ба ҳалокат расонидем ва азоби мо шабҳангом ё он гоҳ ки ба хоби нимрӯзӣ фурӯ рафта буданд, ба онон даррасид.

Чун азоби Мо ба онон даррасид, суханашон фақат ин буд, ки гуфтанд; «Мо ситамкор будем!».

Албатта, аз мардуме, ки барояшон паёмбароне фиристода шуда ва низ аз паёмбароне, ки фиристода шудаанд, суол хоҳем кард.

Ва аз ҳар чӣ кардаанд, бо огоҳии тамом барояшон ҳикоят хоҳем кард, зеро Мо ҳаргиз ғоиб набудаем!

Дар он рӯз вазн кардан ба ҳақ хоҳад буд. Онҳо, ки тарозуяшон сангин (вазнин) аст, наҷот ёфтаанд.

Онон, ки тарозуи аъмолашон сабук гаштааст, касоне ҳастанд, ки ба оёти Мо имон наёварда буданд ва аз ин рӯ ба худ зиён расонидаанд.

Дар замнн ҷойгоҳатон додем ва роҳҳои маъишататонро дар он қарор додем. Ва чӣ андак шукр мегузоред!

Ва шуморо биёфаридем ва сурат бахшидем, он гоҳ ба фариштагон гуфтем: «Одамро саҷда кунед», ҳама ҷуз Иблис саҷда карданд ва Иблис дар шумори саҷдакунандагон набуд.

Худо гуфт: «Вақте туро ба саҷда фармон додам, чӣ чиз туро аз он боздошт?» Гуфт: «Мап аз ӯ беҳтарам, маро аз оташ офарндаӣ ва ӯро аз гил».

Гуфт: «Аз ин мақом поён рав! Туро чӣ расад, ки дар он гарданкашӣ кунӣ? Берун рав, ки ту аз хоршудагонӣ?»

Гуфт: «Маро то рӯзи қиёмат, ки зинда мешаванд, мӯҳлат деҳ».

Гуфт: «Ту аз мӯҳлатёфтагонӣ».

Гуфт; «Ҳоло ки маро ноумед сохтаӣ, ман ҳам онҳоро аз роҳи рости Ту мунҳариф (каҷ) мекунам.

Он гоҳ аз пешу аз пас ва аз чапу рост бар онҳо метозам. Ва бештаринашонро шукргузор нахоҳӣ ёфт».

Гуфт: «Аз ин ҷо берун шав, манфури ронда! Аз касоне, ки пайравии ту мекунанд ва аз ҳамаи шумо ҷаҳаннамро хоҳам пур кард!

Эй одам, туву ҳамсарат дар биҳишт макон гиред. Аз ҳар ҷо, ки хоҳед, бихӯред, вале ба ин дарахт наздик машавед, ки дар қатори ба хеш ситамкунандагон хоҳед шуд!»

Пас шайтон он дуро васваса кард, то шармгоҳашонро, ки аз онҳо пӯшида буд, дар назарашон ошкор кунад. Ва гуфт: «Парвардигоратон шуморо аз ин дарахт манъ кард, то мабод аз фариштагон ё ҷобидонон шавед».

Ва барояшон савганд хӯрд, ки некхоҳи шумоям.

Ва он дуро фиребнд ва ба пастӣ андохт. Чун аз он дарахт хӯрданд, шармгоҳҳояшон ошкор шуд ва ба пӯшидани худ бо баргҳои биҳишт сар карданд. Парпардигорашон нидо кард: «Оё шуморо аз он дарахт манъ накарда будам ва нагуфта будам, ки шайтон ба ошкоро душмани шумост?»

Гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, ба худ ситам кардем ва агар моро набахшӣ ва бар мо раҳмат накунӣ, аз зиёндидагон хоҳем буд».

Гуфт: «Поён равед, баъзе душмани баъзе дигар ва то рӯзи қиёмат замин қароргоҳ ва ҷои манфиати шумо хоҳад буд».

Гуфт: «Дар он ҷо зиндагӣ хоҳед кард ва дар он ҷо хоҳед мурд ва аз он берун оварда шавед».

Эй фарзандони Одам, барои шумо ҷомае фиристодем то шармгоҳатонро бипушад ва низ ҷомаи зинат. Ва ҷомаи парҳезгорӣ аз хар ҷомае беҳтар аст. Ва ин яке аз оёти Худост, бошад, ки панд гиранд.

Эй фарзандони Одам, шайтон шуморо нафиребад, ҳамчунон, ки падару модаратонро аз биҳишт берун ронд, либос аз танашон канд, то шармгоҳашонро ба онҳо бинамоёнад. Ӯ ва қабилааш аз ҷое, ки онҳоро намебинед, шуморо мебинанд. Мо шайтонҳоро дӯстони касоне қарор додем, ки имон намеоваранд.

Чун кори зиште кунанд, гӯянд: «Падарони худро низ чунин ёфтаем ва Худо моро ба он фармон додааст». Бигӯ: «Худо ба зишткорӣ фармон намедиҳад. Чаро дар бораи Худо чизҳое мегӯед, ки намедонед?»

Бигӯ: «Парвардигори ман ба адл фармон додааст ва ба ҳангоми ҳар намоз рӯй ба ҷониби Ӯ доред, ва Ӯро бо имони холис бихонед. Ва ҳамчунон, ки шуморо офаридааст, бозмегардед.

Гурӯҳеро ҳидоят карда ва гурӯҳе гумроҳиро лоиқанд. Инҳо шайтонҳоро ба ҷои Худо ба дӯстӣ гирифтанд ва мепиндоранд, ки ҳидоят ёфтаанд».

Эй фарзандони Одам, ба ҳангоми ҳар ибодат либоси худ бипӯшед. Ва низ бихӯреду биёшомед, вале исроф макунед, ки Худо исрофкоронро дӯст намедорад.

Бигӯ: «Чӣ касе либосҳоеро, ки Худо барои бандагонаш баровардааст ва хурданиҳои хуштаъмро ҳаром кардааст?». Бигӯ: «Ин чизҳо дар ин дунё барои касонест, ки имон овардаанд ва дар рӯки қиёмат низ хоси онҳо бошад». Оёти Худоро барои доноён инчунин батафсил баён мекунем.

Бигӯ: «Парвардигори ман, зишткориҳоро чӣ ошкор бошанд ва чӣ пинҳон ва низ гуноҳону афзунӣ ҷустан ба ноҳақро ҳаром кардааст ва низ ҳаром аст, чизеро шарики Худо созед, ки ҳеҷ далеле бар вуҷуди он нозил нашудааст ё дар бораи Худо чизҳое бигӯед, ки намедонед.

Ҳар умматеро муддати умрест. Чун аҷалашон фаро расад, як соат пешу пас нашаванд».

Эй фарзандони Одам, ҳар гоҳ паёмбароне аз худи шумо биёянд ва оёти Маро бар шумо бихонанд, касоне, ки парҳезгорӣ кунанд ва ба салоҳ оянд, биме бар онҳо нест ва худ ғамгин намешаванд!

Ва онҳо, ки оёти Моро дурӯғ баровардаанд ва аз он сар баргофтаанд, аҳли ҷаҳанкаманд ва ҷовидона дар он хоҳанд буд!

Кист ситамкортар аз он, ки ба Худо дурӯғ бандад ё оёти Ӯро дурӯғ барорад? Насибе, ки барояшон муқаррар шуда, ба онҳо хоҳад расид. Он гоҳ ки фиристодагони мо биёянд, то ҷонашонро бигиранд, мепурсанд: «0н чизҳое, ки ба ҷои Худо парастиш мекардед. акиуи куҷоянд?. Гӯянд; «Нест шуданд ва аз дасти мо рафтанд!» Ва дар ин ҳол ба зиёни худ шоҳидӣ диҳанд, ки кофир будаанд.

Гӯяд: «Ба миёни умматҳое, ки пеш аз шумо будаанд, аз ҷинну инс дар оташ дохил шавед. Ҳар уммате, ки ба оташ дохил шавад, уммати ҳамдини худро лаънат кунад. То чун ҳамагӣ дар он ҷо гирд оянд, гурӯҳҳое, ки пайрав будаанд, дар бораи гурӯҳҳое, ки пешво будаанд, гӯянд: «Парвардигоро, инҳо моро гумроҳ карданд, дучандон дар оташ азобашон кун». Гӯяд: «Азоби ҳама дучандон аст, вале шумо намедонед!»

Пешвоён ба пайравон гӯянд: «Шуморо бар мо ҳеҷ бартарӣ нест, инак ба ҷазои корҳое, ки карда будед, азобро бичашед!»

Дарҳои осмон бар рӯи касоне, ки оёти Моро дурӯғ гуфтанд ва аз онҳо сар тофтаанд, кушода намешаванд ва ба биҳишт намедароянд, то он гоҳ, ки шутур аз сӯрохи сузан бигзарад. Ва осиёнро инчунин ҷазо медиҳем!

Бистаре аз оташи ҷаҳаннам дар зер ва пӯшише аз оташи ҷаҳаннам бар рӯй доранд. Ва ситамкоронро инчунин ҷазо медиҳем!

Ба ҳеҷ кас ғайри андозаи тавонаш таклиф намекунем. Онон, ки имон овардаанд, ва корҳои некӯ кардаанд, аҳли биҳиштанд ва дар он ҷо ҷовидонанд.

Ва ҳар гуна кинаеро аз дилашон бармеканем. Наҳрҳо дар зери пояшон ҷорист. Гӯянд: «Шукр Худоро, ки моро ба ин роҳ раҳбарӣ карда ва агар моро раҳбарӣ накарда буд, роҳи худ намеёфтем. Расулони Парвардигори мо ба ҳақ омаданд. Ва он гоҳ онҳоро овоз диҳанд, ки ба ивази корҳое, ки мекардед, ин биҳиштро ба шумо додаанд!»

Биҳиштиён дузахиёнро овоз диҳанд, ки мо ба ҳақиқат ёфтем он чиро, ки Парвардигорамон ваъда дода буд, оё шумо низ ба ҳақиқат ёфтаед он чиро, ки Парвардигоратон ваъда дода буд? Гӯянд: «Оре». Он гоҳ овоздиҳандае дар он миён овоз диҳад, ки лаънати Худо бар кофирон бод!

Онон, ки аз роҳи Худо рӯй бармегардонанд ва онро каҷравӣ мепиндоранд ва ба қиёмат имон надоранд!

Ва миёнашон ҳиҷобест ва бар аъроф мардоне ҳастанд, ки ҳамаро ба нишонияшон мешиносанд ва аҳли биҳиштро овоз медиҳанд, ки салом бар шумо бод. Инҳо ҳарчанд тамаъя биҳишт доранд, вале ҳанӯз ба он дохил нашудаанд.

Чун чашм ба ҷониби дӯзахиён гардонанд, гӯянд: «Эй Парвардигори мо, моро дар шумори ситамкорон қарор мадеҳ!»

Сокинони аъроф мардонеро, ки аз нишонияшон мешиносанд, овоз диҳанд ва гӯянд; «Он молҳо, ки ҷамъ оварда будед ва он ҳама саркашӣ, ки доштед, шуморо фоидае набахшид!

Оё инхо6 хамом касонанд, ки шумо7 савганд хурда будед, ки ра^мати Худованд насибашон намешавад? Дохил дар бих, ишт шавед8, на биме бар шумост ва на гамгин мешавед!»

Дузахиён бихиштиёнро овоз диҳанд, ки андаке об ё аз чизҳое, ки Худо ба шумо арзонӣ кардааст, бар мо фурӯ резед! Гӯянд: «Худо онҳоро бар кофирон ҳаром кардааст!

Имрӯз онҳоро, ки дини хеш лаҳву бозича пиндоштанд ва зиндагии дунё фиребашон дода буд, фаромӯш мекунем, ҳамчунон, ки онҳо низ расидан ба мн рӯзро аз ёд бурда буданд ва оёти Моро дурӯғ мебароварданд.

Барои ҳидояти мӯъминон ва бахшоиш ба онҳо китобе овардем, ки дар он ҳар чизро аз рӯи дониш батафсил баён кардаем.

Оё ғайри натиҷаи амалҳоро интизоранд? Рӯзе, ки натиҷаи аъмол падидор шавад, касоне, ки он рӯзро аз ёд бурда буданд, мегӯянд: «Паёмбарони Парвардигори мо ба хақ омаданд. Оё шафеъоне ҳастанд, ки моро шафоъат кунанд? Ё он ки касе ҳаст, ки моро бозгардовад то корҳои дигаре ҷуз он корҳо, ки мекардем, анҷом диҳем?» Ба худ зиён расонданд ва он бутонро, ки ба дурӯғ сохта буданд, инак аз даст додаанд.

Парвардигори шумо Оллоҳ аст, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз офарид. Пас бар арш пардохт. Шабро дар рӯз мепушонад ва рӯз шитобон онро металабад. Ва офтобу моҳ ва ситорагон мусаххари фармони Ӯ ҳастанд. Огоҳ бошед, ки Ӯрост офаринишу фармонравоӣ. Худо, он Парвардигори ҷаҳониён, бағоят бузург аст!

Парвардигоратонрр бо тазаррӯъ (зорӣ) ва дар ниҳон бихонед, зеро Ӯ аз ҳадгузарандагони саркашро дӯст надорад!

Дар замин он гоҳ, ки ба салоҳ омадааст, фасод макунед! Ва Худоро аз рӯи тарсу умед бихонед! Ва раҳмати Худо ба некӯкорон наздик аст.

Ва Ӯст, ки пешопеши раҳмати худ бодҳоро хушхабар мефирстад. Чун бодҳо абрҳои гаронборро бардоранд, Мо онро ба сарзаминҳои мурда равон созем ва аз он борон мефиристем ва ба борон ҳар гуна меваҳоеро мерӯёнем. Мурдагонро низ инчунин зинда мегардонем, шояд панд гиред!

Ва сарзамини хуб — гиёҳи он ба фармони Парвардигораш мерӯяд ва замини бад — ҷуз андак гиёҳе аз он падид намеояд. Барои мардуме, ки шукр мегӯянд, сети Худоро инчунин гуногун баён мекунем?

Нӯҳро бар қавмаш ба рисолат фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Оллоҳро бипарастед, шуморо Худое ҷуз Ӯ нест, ман аз азоби рӯзе бузург бар шумо метарсам».

Бузургони қавмаш гуфтанд: «Ту] ро ба ошкоро дар гумроҳӣ мебинем».

Гуфт: «Эй қавми ман, гумроҳиро дар ман роҳе нест, ман паёмбаре аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониёнам.

Паёмҳои Парвардигорамро ба шумо мерасонам ва шуморо панд медиҳам ва аз Худо он медонам, ки шумо намедонед.

Оё аз ин ки бар марде аз худатон аз ҷониби Парвардигоратон ваҳй нозил шудааст, то шуморо битарсонад ва парҳезгори кунед ва коре кунад, ки мавриди раҳмат қарор гиред, тааҷҷуб кардед?»

Пас дурӯғ бароварданд ва Мо ӯву касонеро, ки бо ӯ дар киштӣ буданд, раҳонидем ва ононро, ки оёти Моро дурӯғ мепиндоштанд, ғарқ сохтем, ки мардуме кӯрдил буданд!

Ва бар қавми Од бародарашон Ҳудро фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Оллоҳро биперастед, ки шуморо ғайри Ӯ худое нест ка чаро намепарҳезед?»

Бузургони қавми ӯ, ки кофир шуда буданд, гуфтанд: «Мебинем, ки ба бехирадӣ гирифтор шудаӣ ва пиндорем, ки аз дурӯғгуён бошӣ».

Гуфт: «Эй қавми ман, дар ман нишонае аз бехирадӣ нест, ман паёмбари Парвардигори ҷаҳониёнам.

Паёмҳои Парвардигорамро ба шумо мерасонам ва шуморо пандгӯе боваринокам.

Оё аз ин, ки бар марде аз худатон аз ҷониби Пар-вардигоратон ваҳй нозил шудааст, то шуморо битарсонад, таъаҷҷуб мекунед? Ба ёд оред он замонро, ки шуморо ҷонишини қавми Нӯҳ сохт ва ба ҷисм фузунӣ дод. Пас неъматҳои Худоро ба ёд оваред, бошад, ки наҷот ёбед!»

Гуфтанд: «Оё назди мо омадаӣ, то танҳо Оллоҳро бипарастем ва он чиро, ки падаронамон мепарастиданд, раҳо кунем? Агар рост мегӯӣ, он чиро, ки ба мо ваъда медиҳӣ, биёвар!»

Гуфт: «Азобу хашми Парвардигоратон ҳатман бар шумо воқеъ хоҳад шуд. Оё дар бораи ин бутҳое; ки худ ва падаронатон ба ин номҳо номидаед ва Худо ҳеҷ далеле бар онҳо нозил насохтааст, бо ман ҳусумат мекунед? Ба интизор бимонед, ман ҳам бо шумо ба интизор мемонам».

Ҳуд ва ҳамроҳонашро ба фазлу раҳмати хеш раҳонидем ва касонеро, ки оёти Моро дурӯғ бароварданд ва имон наёварда буданд, аз реша баркандем.

Бар қавми Самуд бародарашон Солеҳро фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Оллоҳро бипарастед, шуморо ҳеҷ худое ҷуз Ӯ нест. Аз ҷониби Худо барои шумо нишонае ошкор омад. Ин модашутури Худо бароятон нишонаест. Ӯро бигузоред то дар замини Худо бичарад ва ҳеҷ осебе ба ӯ нарасонед, ки азобе дардовар шуморо фаро хоҳад гирифт.

Ба ёд оред он замонро, ки шуморо ҷонишинони қавми Од кард ва дар ин замин ҷой дод, то бар рӯи хокаш қасрҳо бино кунед ва дар кӯҳистонҳояш хонаҳое биканед, Неъматҳои Худоро ёд кунед ва дар замин табаҳкориву фасод макунед!»

Бузургони қавмаш, ки гарданкашӣ мекарданд, ба забуншудагони қавм, ки имон оварда буданд, гуфтанд: «Оё медонед, ки Солеҳ аз ҷониби Парвардигораш омада аст?» Гуфтанд: «Мо ба дине, ки ба он амр шуда, имон дорем!»

Гарданкашон гуфтанд: «Мо ба касе, ки шумо имон овардаед, имон намеоварем».

Пас модашутурро қатл карданд ва аз фармони Парвардигорашон сар боззаданд ва гуфтанд: «Эй Солеҳ, агар паёмбар ҳастӣ, он чиро ба мо ваъда медиҳӣ, биёвар!»

Пас зилзилае сахт ононро фурӯ гирифт ва дар хонаҳои худ бар ҷой мурданд.

Солеҳ аз онон рӯй баргардонид ва гуфт: «Эй қавми ман, рисолати Парвардигорамро ба шумо расонидам ва шуморо панд додам, вале шумо некхоҳонро дӯст надоред!»

Ва Лутро фиристодем. Он гоҳ ба қавми худ гуфт: «Чаро коре зишт мекунед, ки ҳеҷ кас аз мардуми Ҷаҳон пеш аз шумо накардааст?

Шумо ба ҷои занон бо мардон шаҳват меронед. Шумо мардуме таҷовузкор ҳастед».

Ҷавоби қавми ӯ ҷуз ин набуд, ки гуфтанд: «Онҳоро аз деҳаи худ биронед, ки онон мардуме ҳастанд, ки аз кори мо безорӣ меҷӯянд!

Лут ва хонадонашро наҷот додем. Ғайри занаш, ки бо дигарон дар шаҳр монд.

Бар онҳо бороне боридем, бингар, ки оқибати муҷримон чӣ гуна буд!

Ва бар мардуми Мадян бародарашон Шуъайбро фирестодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Оллоҳро бипарастед, шуморо худое ҷуз Ӯ нест. Аз ҷониби Парвардигоратон нишонае равшан омадааст. Паймонаву тарозуро расо адо кунед ва ба мардум кам мафурӯшед ва аз он пас, ки замин ба салоҳ омадааст, дар он фасод макунед, ки агар имон овардаед, ин бароятон беҳтар аст!

Ва бар сари роҳҳо манишинед, то мӯъминони ба Худоро битарсонед ва аз роҳи Худо боздоред ва ба каҷравӣ водоред. Ва ба ёд оред он гоҳ ки андак будед, Худо бар шумори шумо афзуд. Ва бингаред, ки оқибати фасодкорон чӣ гуна будааст!

Агар гурӯҳе аз шумо ба он чӣ ман аз ҷониби Худо ба он мабъус шудаам, имон овардаанд ва гурӯҳе ҳанӯз имон наовардаанд, сабр кунед, то Худо миёни мо ҳукм куиад, ки Ӯ беҳтарини доварон аст!»

Бузургони қавмаш, ки саркашӣ пеша карда буданд, гуфтанд: «Эй Шуъайб, туву касонеро, ки ба ту имон овардаанд, аз деҳаи худ меронем, агар ба дини мо барнагардед». Гуфт: «Ва ҳарчанд аз он бадбинӣ дошта бошем?».

Пас аз он ки Худо моро аз дини шумо раҳонидааст, агар ба он бозгардем, бар Худо дурӯғ баста бошем ва мо дигар бор ба он дин бознамегардем, магар он ки Худо, он Парвардигори мо хоста бошад. Зеро илми Парвардигори мо бар ҳама чиз иҳота дорад. Мо бар Худо таваккал мекунем. Эй Парвардигори мо, миёни мову қавми мо ба ҳақ роҳе бикшо, ки Ту беҳтарин роҳкушоён ҳастӣ!»

Бузургони қавмаш, ки кофир буданд, гуфтанд: «Агар ба Шуъайб пайравӣ кунед, сахт зиён кардаед».

Пас зилзилае сахт ононро фурӯ гирифт ва дар хонаҳои худ бар ҷой мурданд.

Онон, ки Шуъайбро ба дурӯғгӯӣ нисбат доданд, гӯӣ, ки ҳаргиз дар он диёр набудаанд. Окон, ки Шуъайбро ба дурӯғгӯӣ нисбат доданд, худ зиён карданд.

Пас аз онҳо руйгардон шуд ва гуфт: «Эй қавми ман, албатта паёмҳои Парвардигорамро ба шумо расонидам ва пандатон додам. Чӣ гуна бар мардуме кофир андӯҳгин шавам?»

Ва мо ҳеҷ паёмбареро ба ҳеҷ деҳае нафиристодем, магар он ки сокинонашро ба сахтиву беморӣ гирифтор кардем, бошад, ки зорӣ кунанд.

Он гоҳ ба ҷои балову меҳнат ба хушиву хубӣ супурдем, то шумораашон афзун шуд ва гуфтанд: Падарони мо ҳам бо сахтиву беҳрузӣ буданд». Ногаҳон ононро бехабар фурӯ гирифтем.

Агар мардуми деҳаҳо имон оварда ва парҳезгорӣ пеша карда будакд, баракоти осмону заминро ба рӯяшон мекушудем. Вале паёмбаронро ба дурӯғгӯӣ нисбат доданд. Мо низ ба ҷазои кирдорашон муохазашон (уқубат) кардем.

Оё мардуми деҳаҳо бепарвоанд, аз ин ки азоби мо шабҳангом, ки ба хоб рафтаанд, бар сари онҳо биёяд?

Ва оё мардуми деҳаҳо бепарвоанд, аз ин ки азоби мо ба ҳангоми чошт, ки ба бозӣ машғуланд, бар сари онҳо биёяд.

Оё пиндоштанд, ки аз макри Худо дар амонанд? Аз макри Худо ҷуз зиёнкорон эмин нанишинанд.

Оё барои онон, ки заминро аз пешиниён ба ирс бурдаанд, равшан нашудааст, ки агар бихоҳем, онҳоро низ ба ҷазои гуноҳонашон ба уқубат мерасонем ва бар дилҳояшон мӯҳр мениҳем, то шунидаи натавонанд?

Инхо деҳаҳоест, ки мо ахборашонро бар ту ҳиконт кунем. Паёмбаронашон бо далелҳои равшан омаданд. Ва ба он чизҳо, ки аз он пеш дурӯғ хонда буданд, имон наёварданд. Ва Худо бар дилҳои кофирон инчунин мӯҳр мениҳад!

Дар бештаринашон вафое ба аҳд наёфтем ва бештаринро ҷуз нофармонон надидем.

Баъд аз онҳо Мӯсоро бо оётамон бар Фиръавну қавмаш фиристодем. Ба оётамон кофир шуданд. Инак бингар, ки оқибати муфсидон чӣ гуна будааст!

Мӯсо гуфт: «Эй Фиръавн, ман паёмбаре аз ҷониби Парвардигори оламиёнам.

Шоиста аст, ки дар бораи Худо ҷуз ба ростӣ сухан нагӯям. Ман ҳамроҳ бо мӯъҷизае аз ҷониби Парвардигоратон омадаам. Банӣ-Исроилро бо ман бифирист».

Гуфт: «Агар рост мегӯӣ ва мӯъҷизае ба ҳамроҳ дорӣ, онро биёвар».

Асояшро андохт, аждаҳое ростин шуд.

Ва дасташро берун овард, дар назари онон, ки медиданд сафеду дурахшон буд.

Бузургони қавми Фиръавн гуфтанд: «Ин ҷодугарест доно,

мехоҳад шуморо аз сарзаминатон берун кунад, чӣ мефармоед?»

Гуфтанд: «Ӯ ва бародарашро нигаҳ дор ва касонеро ба шаҳрҳо бифирист,

то ҳамаи ҷодугарони доноро назди ту биёваранд».

Ҷодугарон назди Фиръавн омаданду гуфтанд: «Агар ғалаба ёбем, моро мукофоте ҳает?»

Гуфт: «Оре, ва шумо аз наздиконам хоҳед буд».

Гуфтанд: «Эй Мӯсо, оё нахуст ту мепартоӣ ё мо партоем?»

Гуфт; «Шумо бипартоед». Чун афканданд, дидагони мардумро ҷоду карданд ва онҳоро тарсониданд ва ҷодуе азим оварданд.

Ва ба Мӯсо ваҳй кардем, ки асои худро бияфкан. Ба ногоҳ диданд, ки ҳамаи ҷодуҳояшонро фурӯ мебарад.

Пас ҳақ ба субут расид ва корҳои онон ботил шуд.

Дар ҳамон ҷо мағлуб шуданд ва хору забун бозгаштанд.

Ҷодугарои ба саҷда афтоданд.

Гуфтанд: «Ба Парвардигори ҷаҳониён имон овардем,

Парвардигори Мӯсо ва Ҳорун».

Фиръавн гуфт: «Оё пеш аз он ки ман ба шумо рухсат диҳам, ба Ӯ имон овардед? Ин ҳиллаест, ки дар бораи ин шаҳр андешидаед, то мардумашро берун кунед. Ба зудӣ хоҳед донист!

Дастҳову пойҳоятонро ба хилофи якдигар хоҳам бурид ва ҳамагиятонро бар дор хоҳам кард!»

Гуфтанд: «Мо ба назди Парвардигорамон бозмегардем!

Хашм бар мо мегирӣ, ба; рои оя ки чун нишонаҳои Парвардигорамон бар мо ошкор шуд, ба онҳо имон овардем. Эй Парвардигори мо, бар мо сабр бибор ва моро мусалмон бимирон!

Меҳтарони қавми Фиръавн гуфтанд: Оё Мӯсо ва қавмашро мегузорӣ, то дар замин фасод кунанд ва туву худоёнатро тарк гӯянд?» Гуфт: «Писаронашонро хоҳам кушт ва занонашонро зинда хоҳам гузошт. Мо болотар аз онҳоем ва бар онҳо ғалаба меёбем!»

Мӯсо ба қавмаш гуфт: «Аз Худо мадад ҷӯед ва сабр пеша созед, ки ин замин аз они Худост ва ба ҳар кас аз бандагонаш, ки бихоҳад, онро ба мерос медиҳад. Ва оқибати нек аз они парҳезгорон аст!»

Гуфтанд: «Пеш аз он ки ту биёӣ, дар ранҷ будем ва пас аз он ки омадӣ, боз дар ранҷем». Гуфт: «Умед аст, ки Парвардигоратон душманатонро ҳалок кунад ва шуморо дар рӯи замин ҷонишини ӯ гардонад. Он гоҳ бингарад, ки чӣ мекунед!»

Қавми Фиръавнро ба қаҳту нуқсони ҳосил мубтало кардем, шояд панд гиранд!

Чум некие насибашон мешуд, мегуфтанд: «Ҳаққи мост». Ва чун бадие ба онҳо мерасид, мегуфтанд: «Аз шумии Мӯсо ва пайравони ӯст.» Огоҳ бошед, он неку бад, ки ба онҳо расад, аз Худост, вале бештаринашон намедонанд!

Ва гуфтанд: «Ҳар гуна мӯъҷиза барои мо биёварӣ, ки моро ба он ҷоду кунӣ, ба ту имон нахоҳем овард!

Мо низ ба онҳо нишонаҳое ошкор ва гуногун чун тӯфону малах ва шапушу қурбоққа ва хун фиристодем. Боз саркашӣ карданд, ки мардуме гунаҳкор буданд.

Ва чун азоб бар онҳо фурӯд омад, гуфтанд: «Эй Мӯсо, ба он аҳде, ки Худоро бо ту ҳаст, ӯро бихон, ки агар ин азоб аз мо дур кунӣ, ба ту имон меоварем ва банӣ-Исроилро бо ту мефиристем».

Чун то он замон, ки қарор ниҳода буданд, азобро аз онҳо дур кардем, паймони худро шикастанд.

Пас аз онҳо интиком гирифтем ва дар дарё ғарқашон кардем. Зеро оёти Моро дурӯғ донистанд ва аз онҳо ғафлат карданд!.

Ва ба он мардуме, ки ба нотавонӣ афтода буданд, шарқу ғарби он сарзаминро, ки баракат дода будем, ба мерос додем ва ваъдаи некӯе, ки Парвардигори ту ба банӣ—Исроил дода буд, ба он сабаб, ки сабр намуда буданд, ба камол расид ва ҳар чиро Фиръавну қавмаш месохтанд ва қасрҳоеро, ки бармеафроштанд, вайрон кардем!

Ва банӣ-Исроилро аз дарё гузаронидем. Бар қавме гузаштанд, ки ба парастиши бутҳои худ дил баста буданд. Гуфтанд: «Эй Мӯсо, ҳамон тавр, ки онҳоро худоёнест, барон мо ҳам худое бисоз». Гуфт: «Шумо мардуме бехирад ҳастед.

Он чӣ инҳо дар онанд, нобудшаванда ва коре, ки мекунанд, ботил аст».

Гуфт: «Оё ҷуз Оллоҳ бароятон худое биҷӯям ва ҳол он ки Ӯст, ки шуморо бар ҷаҳониён бартарӣ бахшид?»

Ва шуморо аз оли Фиръавн раҳонидем. Ба азобҳои сахтарин меозурданд, писаронатонро мекуштанд ва занонатонро зинда мегузоштанд ва дар ин аз ҷониби Парвардигоратон озмоише бузург буд.

Сӣ шаб бо Мӯсо ваъда ниҳодем ва даҳ шаби дигар бар он афзудем, то ваъдаи Парвардигораш чиҳил шаби комил шуд. Ва Мӯсо ба бародараш Ҳорун гуфт: «Бар қавми ман ҷонишини ман бош ва роҳи салоҳ пеш гир ва ба тариқи фасодкорон марав».

Чун Мӯсо ба миъодгоҳи (ваъдагоҳи) мо омад ва Парвардигораш бо ӯ сухан гуфт, гуфт: Эй Парвардигори ман, бинамой, то дар ту назар кунам». Гуфт: Ҳаргиз Маро нахоҳӣ дид. Ба он кӯҳ бингар. Агар бар ҷои худ қарор ёфт, ту низ Маро хоҳӣ дид». Чун Парвардигорзш бао кӯҳ таҷаллӣ кард, кӯҳро ба замин яксон кард ва Мӯсо беҳуш бияфтод. Чун ба хуш омад, гуфт: «Ту покӣ, ба Ту бозгаштам ва ман гахустини мӯъминонам».

Гуфт: «Эй Мӯсо, Ман туро ба паёмҳоям ва сухан гуфтанам аз миёни мардум интихобидам, пас он чиро ба ту додаам, фаро гир ва аз сипосгузорон бош!»

Барои ӯ дар он алвоҳ ҳар гуна панд ва тафсили ҳар чизро навиштем. Пас гуфтем: «Онро ба нерӯмандӣ бигир ва қавматро бифармоӣ, то ба беҳтарини он амал кунанд, ба зудӣ ҷойгоҳи нофармононро ба шумо нишон диҳам.

Он касонеро, ки ба ноҳақ дар замин саркашӣ мекунанд, ба зудӣ аз оёти хеш рӯйгардон созам, чунон ки ҳар оятеро, ки бубинанд, имон наёваранд ва агар тариқи ҳидоят бубинанд, ба он нараванд ва агар тариқи гумроҳӣ бубинанд, бо он бираванд. Зеро онҳо оётро дурӯғ бароварданд ва аз он ғафлат карданд.

Ва корҳои онон, ки оёти Мо ва дидори қисматро дурӯғ донистанд, ночиз шуд. Оё ҷуз дар муқобили кирдорашон ҷазо хоҳанд дид?

Қавми Мӯсо баъд аз ӯ аз зеварҳояшон шакли гӯсолае сохтанд, ки овоз мекард. Оё намебинанд, ки он гӯсола бо онҳо сухан намегӯяд ва онҳоро ба хеҷ роҳе ҳидоят намекунад?» Онро ба худоӣ гирифтанд ва бар худ ситам карданд.

Ва чун аз он кор пушаймон шуданд ва диданд, ки дар гумроҳӣ афтодаанд, гуфтанд: «Агар Парвардигорамон ба мо раҳм накунад ва моро наёмурзад, дар зумраи зиёнкардагон хоҳем буд».

Чун Мӯсо хашмгину андӯҳнок назди қавми худ бозгашт, гуфт: «Дар ғайбати ман чӣ бад ҷонишиноне будед. Чаро бар фармони Парвардигори худ шитоб кардед? Ва алвоҳро бар замин афканд ва мӯи бародарашро гирифту ба сӯи худ кашид. Ҳорун гуфт: «Эй писари модарам, ин қавм маро забун ёфтанд ва наздик буд, ки маро бикушанд, душманонро хурсанд макун ва дар шумори ситамкорон маёвар!»

Гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро ва бародарамро бибахшо ва моро дар раҳмати худ дохил кун, ки Ту меҳрубонтарини меҳрубононӣ!

Онон, ки гӯсоларо интихобиданд, ба зудӣ ба ғазаби Парвардигорашон гирифтор хоҳанд шуд ва дар зиндагонии инҷаҳонӣ ба хори хоҳанд афтод. Дурӯғсозонро инчунин ҷазо мадиҳем!

Онон, ки содиркунандаи корҳои бад шуданд, он гоҳ тавба карданд ва имон оварданд, бидонанд, ки Парвардигори ту пас аз тавба бахшояндаву меҳрубон аст!

Чун хашми Мӯсо фурӯ нишаст, тахтаҳоро баргирифт. Ва дар навиштаҳои он барои онҳое, ки аз Парвардигорашон метарсанд, ҳидоят ва раҳмат буд.

Мӯсо барои ваъдагоҳи Мо аз миёни қавмаш ҳафтод мардро бигирифт. Чун зилзила онҳоро фурӯ гирифт, гуфт: «Эй Парвардигори ман, агар мехостӣ онҳоро ва маро пеш аз ин ҳалок мекардӣ. Оё ба хотири корҳое, ки бехирадони мо анҷом додаанд, моро ба ҳалокат мерасонӣ? Ва ин ҷуз имтиҳони Ту нест. Ҳар касро бихоҳӣ, ба он гумроҳ мекунӣ ва ҳар касро бихоҳӣ, ҳидоят. Ту ёвари мо ҳастӣ, моро биёмурз ва бар мо бибахшой, ки Ту беҳтарини бахшояндагонӣ!

Барои мо дар дунё ва охират некӣ бинавис! Мо ба сӯи ту бозгаштаем». Гуфт: «Азоби худро ба ҳар кас, ки бихоҳам, мерасонам ва раҳмати ман ҳама чизро дар бар мегирад, Онро барои касоне, ки парҳезгорӣ мекунанд ва закот медиҳанд ва ба оёти Мо имон меоваранд, муқаррар хоҳам дошт,

онон, ки аз ин расул, ин паёмбари уммӣ, ки номашро дар Тавроту Инҷили худ навишта меёбанд, пайравӣ мекунанд — он кӣ ба некӣ фармонашон медиҳад ва аз ношоист бозашон медорад ва чизҳои покизаро бар онҳо ҳалол мекунад ва чизҳои нопокро ҳаром ва бори гаронашонро аз дӯшашон бармедорад ва банду занҷирашонро мекушояд. Пас касоне, ки ба ӯ имон оварданд ва ҳурматашро нигоҳ доштанд ва ёриаш карданд ва аз он китоб, ки ба ӯ нозил кардаем, пайравӣ карданд, наҷот ёфтагонанд!»

Бигӯ: «Эй мардум, ман фиристодаи Худо бар ҳамаи шумо ҳастам. Он Худое, ки фармонравоии осмонҳову замин аз они Ӯст ва ҳеҷ худое ғайри Ӯ нест. Зинда мекунад ва мемиронад. Пас ба Худо ва расули Ӯ — он паёмбари уммӣ, ки ба Худову калимоти Ӯ имон дорад, имон биёваред ва аз Ӯ пайравӣ кунед, бошад, ки ҳидоят шавед!»

Гурӯҳе аз қавми Мӯсо ҳастанд, ки мардумро ба хақ роҳ менамоянд ва ба адолат рафтор мекунанд.

Бакӣ-Исроилро ба дувоздаҳ сибт таисим кардем. Ва чун қавми Мӯсо аз ӯ об хостанд, ба ӯ ваҳй кардем, ки асоятро бар санг бизан. Аз он санг дувоздаҳ чашма равон шуд. Ва ҳар гурӯҳ ҷои оби хешро бишинохт. Ва абрро соябонашон сохтем ва барояшон «манна ва салво» нозил кардем. Бихӯред аз ин чизҳои покиза, ки бар шумо рӯзӣ додаем! Ва онон ба мо ситам накарданд, балки ба худашон ситам мекарданд.

Ва ба онон гуфта шуд, ки дар ин деҳа сукунат кунед ва ҳар ҷо ҳар чӣ хоҳед, бихӯред ва бигӯед, ки гуноҳони моро бирез ва саҷдакунон аз дарвоза дохил шавед, то гуноҳонатонро биёмурзем. Ба мукофоти некӯкорон хоҳем афзуд.

Аз миёни онон он гурӯҳ, ки бар худ ситам карда буданд, суханеро, ки ба онҳо гуфта шуда буд, дигар карданд. Пас ба ҷазои ситаме, ки мекарданд, барояшон аз осмон азоб фиристодем.

Дар бораи он деҳаи наздик ба даре аз онҳо Бипурс. Он гоҳ ки дар рӯзи шанбе суннат мешикастанд. Зеро дар рӯзе, ки шанбе мекарданд, моҳиён ошкор бар рӯи об меомаданд ва рӯзе, ки шанбе намекарданд, намеомаданд. Инҳоро, ки мардуме нофармон буданд, инчунин меозмудем!

Ва он гоҳ ки гурӯҳе аз онҳо гуфтанд; «Чаро қавмеро панд медиҳед, ки Худо ҳалокашон хоҳад кард ва ба азобе дарднок мубтало хоҳад сохт?» Гуфтанд: «То моро назди Парвардигоратон узре бошад. Ва шояд, ки парҳезгор шаванд».

Чун пандеро, ки ба онҳо дода шуда буд, фаромӯш карданд, ононро, ки аз бадӣ парҳез мекарданд, наҷот додем ва гунаҳкоронро ба сабаби гуноҳашон ба азобе сахт фурӯ гирифтем»

Ва чун аз тарки чизе, ки аз он манъашон: карда буданд, сарпечӣ карданд, гуфтем: «Бӯзинагоне хоршуда шавед!»

Ва Парвардигори ту эълом кард, ки касеро бар онон бифиристад, ки то ба рӯзи қиёмат ба азобе ногувор азобашон гардонад. Албатта Парвардигори ту зуд уқубат мекунад ва низ омурзандаву меҳрубон аст!

Ононро гурӯҳ-гурӯҳ дар замин тақсим кардем, баъзе некӯкор ва баъзе ғайри он-Ва ба некиҳову бадиҳо озмудем, шояд бозгарданд.

Баъд аз инҳо гурӯҳе ба ҷояшон нишастанд ва вориси он китоб шуданд, ки ба матоъи дунявӣ дил бастанд ва гуфтанд, ки ба зудӣ омурзида мешавем. Ва агар монанди он боз ҳам матоъо биёбанд, баргиранд. Оё аз онҳо паймон нагирифтаанд, ки дар бораи Худо ҷуз ба ростӣ сухан нагӯянд, ҳол он ки он чӣ дар-он китоб омада буд, хонда буданд? Сарое охират барои касоне, ки мепарҳезанд, беҳтар аст. Оё ақл намекунед?

Онҳое, ки ба китоби Худо пойбандӣ меҷӯянд ва намоз мегузоранд, бидонанд, ки подоши некӯкоронро бекор намесозем.

Ва кӯҳро бар болои сарашон чун соябоне нигоҳ доштем ва мепиндоштанд, ки акнун бар сарашон хоҳад афтод. Китоберо, ки ба шумо додаем, бо нерӯмандӣ бигиред ва ҳар чиро, ки дар он омадааст, ба ёд доред, шояд, ки парҳезгор шавед!

Ва Парвардигори ту аз пушти банӣ-Одам фарзандонашро берун овард. Ва ононро бар худашон гувоҳ гирифт ва пурсид: «Оё Ман Парвардигоратон нестам?» Гуфтанд: «Оре, гувоҳӣ медиҳем». То дар рӯзи қиёмат нагӯед, ки мо аз он бехабар будем.

Ё нагӯед, ки падарони мо пеш аз ин мушрик буданд ва мо насле будем баъд аз онҳо ва оё ба сабаби коре, ки гумроҳон карда буданд, моро ба ҳалокат мерасонӣ?

Оятҳоро инчунин ба равшанӣ баён мекунем, шояд бозгарданд!

Хабари он мардро бар онҳо бихон, ки оёти хешро ба ӯ ато карда будем ва ӯ аз он илм маҳрум гашт ва шайтон дар паяш афтод ва дар зумраи гумроҳон даромад.

Агар хоста будем, ба сабаби он илм, ки ба ӯ дода будем, мартабаи баландаш мебахшидем, вале ӯ дар замин бимонд ва аз паи ҳавои хеш рафт. Сифати ӯ чун сифати он саг аст, ки агар ба ӯ ҳамла кунӣ, забон аз даҳон берун орад ва агар раҳояш кунӣ, боз ҳам забон аз даҳон берун орад. Мисоли он, он, ки оётро дурӯғ шумориданд, низ чунин аст. Қиссаро бигӯй, шояд ба андеша фурӯ раванд!

Бад аст мисоли мардуме, ки оёти Моро дурӯғ шумориданд ва ба худ ситам раво медоштанд!

Ҳар касро, ки Худо роҳ намояд, роҳи хеш биёбад. Ва ононро, ки гумроҳ созад, зиёнкор шаванд.

Барои ҷаҳаннам бисёре аз ҷинну инсро биёфаридем. Онҳоро дилҳоест, ки ба он намефаҳманд ва чашмҳоест, ки ба он намебинанд ва гушҳоест, ки ба он намешунаванд. Инҳо ҳамонанди чорпоёнанд, ҳатто гумроҳтар аз онҳоянд. Инҳо худ ғофилонанд.

Аз они Худованд аст некӯтарин номҳо. Ба он номҳояш бихонед. Онҳоро, ки ба номҳои Худо каҷравӣ меварзанд, бигузоред. Инҳо ба ҷазои аъмоли худ хоҳанд расид.

Аз офаридагони мо гурӯҳе ҳастанд, ки ба ҳақ роҳ менамоянд ва ба адолат рафтор мекунанд.

Ва ононро, ки оёти моро дурӯғ шумориданд, аз роҳе, ки худ намедонанд, ба тадриҷ хорашон месозем.

Ва ба онҳо мӯҳлат диҳам, ки тадбири Ман устувор аст.

Оё фикр накардаанд, ки дар ёрашон нишоне аз девонагӣ нест ва Ӯ ба ошкоро тарсонанда аст?

Оё дар мулки осмонҳову замин ва чизҳое, ки Худо офаридааст, намеандешанд? Ва шояд, ки маргашон наздик бошад. Ва баъд аз Қуръон кадом суханро бовар доранд?

Ҳар касро, ки Худо гумроҳ кунад, ҳеҷ роҳнамое барояш нест. Ва ононро вомегузорад, то ҳамчунон дар саркашии хеш саргардон бимонанд.

Дар бораи қиёмат аз ту мепурсанд, ки чӣ вақт фаро мерасад. Бигӯ: «Илми он назди Парвардигори ман аст. Танҳо Ӯст, ки чун замонаш фаро расад, ошкораш месозад. Фаро расидани он бар осмониёну заминиён пӯшида аст, ба ногаҳон бар шумо ояд», Чунон аз ту мепурсанд, ки гӯӣ ту аз он огоҳӣ. Бигӯ: «Илми он назди Худост, вале бештари мардум намедонанд».

Бигӯ; «Ман молики нафъу зиёни худ нестам. Ғайри он чӣ Худо бихоҳад. Ва агар илми ғайб медонистам, ба хайри худ хеле меафзудам ва ҳеҷ шарре ба ман намерасид. Ман касе ҷуз бимдиҳанда ва муждадиҳандае барои мӯъминон нестам».

Ӯст, ки ҳамаи шуморо аз як тан биефарид. Ва аз он як тан занашро низ биёфарид то ба ӯ оромиш ёбад. Чун бо ӯ якҷоя шуд, ба боре еабук ҳомила шуд ва муддате бо он гузаронд. Ва чун бор сангин гардид, он ду Оллоҳ Парвардигори худро бихонданд, ки агар моро фарзанде солеҳ диҳӣ, аз свпосгузорон хоҳем буд!

Чун Худо он дуро фарзанде солеҳ дод, барои Ӯ дар он чӣ ба онҳо ато карда буд, шариконе қоил шуданд, ҳол он ки Худо аз ҳар чӣ бо Ӯ шарик месозанд, болотар аст.

Оё шарики Худо месозанд чизҳоеро, ки наметавонанд ҳеҷ чиз биёфаринанд ва худ махлуқ ҳастанд?

На метавонанд ёрияшон кунанд ва на метавонанд ба ёрии худ бархезанд.

Агар онҳоро ба роҳи ҳидоят бихонӣ, ба шумо пайравӣ нахоҳанд кард. Бароятон яксон аст, чӣ даъваташон кунед ва чӣ хомуш бошед.

Онҳое, ки ҷуз Оллоҳ ба худоӣ мехонед, бандагоне чун шумоянд. Агар рост мегӯед, онҳоро бихонед, бояд шуморо иҷобат кунанд!

Оё онҳоро поҳое ҳаст, ки бо он роҳ бираванд ё онҳоро дастҳое ҳаст, ки бо он ҳамла кунанд ё чашмҳое ҳаст, ки бо он бубинанд ё гушҳое ҳаст, ки бо он бишнаванд? Бигӯ: «Шариконатро бихонед ва бар зидди ман тадбир кунед ва маро мӯҳлат надиҳед.

Ёвари ман Оллоҳ аст, ки ин китобро нозил карда ва Ӯ дӯсти шоистагон аст.

Ононро, ки ба ҷои Оллоҳ ба худоӣ мехонед, на шуморо метавонанд ёрӣ кунанд ва на худро.

Ва агар онҳоро ба роҳи ҳидоят бихонӣ, намешунаванд ва мебинӣ, ки ба ту менигаранд, вале гӯӣ, ки намебинанд.

Афвро пеша кун ва ба некӣ фармон деҳ ва аз ҷоҳилон рӯй гардон!

Ва агар аз ҷониби шайтон дар ту васвасае падид омад, ба Худо паноҳ бибар, зеро Ӯ шунаво ва доност!

Касоне, ки парҳезгорӣ мекунанд, чун аз шайтон васвасае ба онҳо бирасад, Худоро ёд мекунанд ва ногаҳон бино шаванд.

Ва бародаронашон онҳоро ба гумроҳӣ мекашанд ва аз амали хеш бознамеистанд.

Чун ояе барояшон наоварӣ гуянд: «Чаро аз худ чизе намегӯӣ?» Бигӯ: «Ман пайрави чизе ҳастам, ки аз Парвардигорам ба ман ваҳй мешавад. Ва ин ҳуҷҷатҳоест аз ҷониби Парвардигоратон ва раҳнамуду раҳмат аст барои мардуме, ки имон меоваранд.

Чун Қуръон хонда шавад, ба он гӯш фаро диҳед ва хомӯш бошед, шояд шомили раҳмати Худо шавед!

Парвардигоратро дар дили худ ба зориву тарс бе он, ки садои худ баланд кунӣ, ҳар субҳу шом ёд кун ва аз ғофилон мабош!

Албатта онон, ки дар назди Парвардигори ту ҳастанд, аз парастиши Ӯ сар наметобанд ва тасбеҳаш мегӯянд ва барояш саҷда мекунанд! Сачдаи тиловат.
Icon