Ба вай гуфта шуд: «Ба саҳн [-и қаср] ворид шав». Пас, ҳангоме ки онро дид, пиндошт, ки оби амиқест ва ҷома аз соқҳо [-и пои] хеш боло кашид [то аз об бигзарад. Сулаймон] Гуфт: «Ин [об нест, балки] кохе аст, ки бо [қитаоти булур фарш шудааст». [Он гоҳ ӯро ба тавҳид даъват кард. Маликаи Сабаъ] Гуфт: «Парвардигоро, ман ба худ ситам кардаам ва [инак] ҳамроҳи Сулаймон таслими Аллоҳ таоло – Парвардигори ҷаҳониён – шудам»
الترجمة الطاجيكية - عارفي
44. Гуфтанд (ба Билқис)(1): «Ба саҳни қаср дароӣ!» Чун онро бидид, пиндошт, ки ҳавзи пур аз об аст. Доман аз соқҳояш баргирифт. Сулаймон гуфт: «Ин саҳнаест соф аз шиша», пас, ҳоҷат ба доман бар задан нест. Малика Гуфт: «Эй Парвардигори ман, ҳароина, ман бо шарик овардан ба хештан ситам кардаам ва инак бо Сулаймон дар баробари Парвардигори ҷаҳониён таслим шудам».
____________________
1. Номи маликаи Сабо.
____________________
1. Номи маликаи Сабо.
الترجمة الطاجيكية
قِيلَ لَهَا ٱدۡخُلِي ٱلصَّرۡحَۖ فَلَمَّا رَأَتۡهُ حَسِبَتۡهُ لُجَّةٗ وَكَشَفَتۡ عَن سَاقَيۡهَاۚ قَالَ إِنَّهُۥ صَرۡحٞ مُّمَرَّدٞ مِّن قَوَارِيرَۗ قَالَتۡ رَبِّ إِنِّي ظَلَمۡتُ نَفۡسِي وَأَسۡلَمۡتُ مَعَ سُلَيۡمَٰنَ لِلَّهِ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
Гуфтандаш: «Ба саҳни қаср дарой!» Чун бидидаш, пиндошт, ҳавзи пур аз об аст. Доман аз соқҳояш баргирифт. Сулаймон гуфт: «Ин саҳнест соф аз шиша». Гуфт: «Эй Парвардигори ман, ман бар худ ситам кардаам ва инак бо Сулаймон дар баробари Парвардигори ҷаҳониён таслим шудам».
Tajik - Tajik translation