Ва [ба ӯ фармон додем] «Дастае аз шохаҳо [-и борикро] баргир ва бо он [ҳамсаратро] бизан ва савгандатро [ки дар ҳангоми хашм ёд карда будӣ] нашикан. Бе тардид, ӯ марди шикебое буд. Чи неку бандае! Ба ростӣ, ки ӯ бисёр тавбакор буд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
44. Ба ба ӯ гуфтем: «Дастае аз химчаҳои борикро ба даст гир ва бо он занатро бизан ва савганди хешро машикан».(1) Ӯро (Аюбро) бандаи собире ёфтем. Чӣ некӯ бандае буд (Аюб)! Ҳароина, ӯ ба тоати Парвардигораш бисёр руҷӯъкунанда буд.
____________________
1.Муфассирон мегӯянд: Ҳамсари Аюб алайҳиссалом дар айёми беморӣ ҳамеша ӯро хидмат мекард, як бор дар хидмат кӯтоҳӣ намуд. Аюб алайҳиссалом хашмгин шуд ва савганд ёд кард, чун шифо ёбад ӯро сад тозиёна бизанад. Аллоҳ ӯро амр фармуд, ки дастаи хӯшаҳои хурмо, ки сад шоха дошта бошад, бигирад ва ӯро як зарба бизанад, ба сад зарба баробар мешавад. Тафсири Табарӣ 21 \ 214

الترجمة الطاجيكية
وَخُذۡ بِيَدِكَ ضِغۡثٗا فَٱضۡرِب بِّهِۦ وَلَا تَحۡنَثۡۗ إِنَّا وَجَدۡنَٰهُ صَابِرٗاۚ نِّعۡمَ ٱلۡعَبۡدُ إِنَّهُۥٓ أَوَّابٞ
«Дастае аз чубҳои борик ба даст гир ва бо он (занатро) бизан ва савганди худро машикан». Ӯро бандае собир ёфтем, Ӯ, ки ҳамеша рӯй ба даргоҳи Мо дошт, чӣ некӯ бандае буд!
Tajik - Tajik translation