ترجمة معاني سورة محمد باللغة الطاجيكية من كتاب Tajik - Tajik translation
ﰡ
آية رقم 1
МУҲАММАД
Худо амалҳои касонеро, ки кофир шуданд ва мардумро аз роҳи Худо боздоштанд, ботил сохтааст.
آية رقم 2
Худо гуноҳи касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд ва ба он чӣ бар Муҳаммад нозил шуда, — ки он ҳақ аст ва аз ҷониби Парвардигорашон, — имон овардаанд, аз онҳо дур кард ва корҳояшонро ба салоҳ овард.
آية رقم 3
Ва ин ба он сабаб аст, ки кофирон ба ботил пайравӣ карданд ва онон, ки имон оварданд, ба ҳаққе, ки аз ҷониби Парвардигорашон омада буд, пайравӣ кардаанд. Худо барои мардум инчунин мисол меорад.
آية رقم 4
Чун бо кофирон рӯбарӯ шудед, гарданашонро бизанед. Ва чун онҳоро сахт фурӯ кӯфтед, асирашон кунед ва сахт бибандед. Он гоҳ ё ба миннат озод кумед ё ба фидя (ба ивази пул). То он гоҳ, ки ҷанг ба поён ояд. Ва ин аст ҳукми Худо. Ва агар Худо мехост, аз онон интиқом мегирифт, вале хост то шуморо ба якдигар биёзмояд. Ва онон, ки дар роҳи Худо кушта шудаанд, амалҳояшонро ботил намекунад.
آية رقم 5
ﮫﮬﮭ
ﮮ
Ба зуди, ки ҳидояташон кунад ва корҳояшонро ба салоҳ оварад.
آية رقم 6
ﮯﮰﮱﯓ
ﯔ
Ва ба биҳиште, ки барояшон васф кардааст, дохилашон созад.
آية رقم 7
Эй касоне, ки имон овардаед, агар Худоро ёрӣ кунед, шуморо ёрӣ хоҳад кард ва пойдорӣ хоҳад бахшид.
آية رقم 8
ﯟﯠﯡﯢﯣﯤ
ﯥ
Ҳалокату шӯрбахтӣ бод бар кофирон. Худо амалҳояшонро ботил кардааст.
آية رقم 9
Зеро онон чизеро, ки Худо нозил кардааст, нохуш доранд. Худо низ амалҳояшонро нобуд кард.
آية رقم 10
Оё дар замин сайр накардаанд, то бингаранд, ки оқибати касоне, ки пеш аз онҳо будаанд, чӣ гуна будааст? Худо ҳалокашон кард ва кофирон низ оқибате ончунон хоҳанд дошт.
آية رقم 11
Ин ба он сабаб аст, ки Худо ёвари 'касонест, ки имон овардаанд. Ва кофиронро ҳеҷ ёваре нест.
آية رقم 12
Худо касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста мекунанд, ба биҳиштҳое, ки наҳрҳо аз он порист, дохил хоҳад кард. Ва кофирон аз ин ҷаҳон баҳраманд мешаванд ва чун чорпоён мехӯранд ва ҷойгоҳашон оташ аст.
آية رقم 13
Чӣ қарияҳое (деҳаҳое), ки мардумаш аз мардуми қарияи ту, ки аз он берунат карданд, хеле пурқувваттар буданд, ки ҳалокашон кардем ва ҳеҷ ёрикунандае надоштанд.
آية رقم 14
Оё касе, ки аз ҷониби Парвардигораш далели равшане дорад, монанди касонест, ки кирдори бадашон дар назарашон ороста шуда ва аз паи ҳавоҳои худ мераванд?
آية رقم 15
Васфи биҳиште, ки ба парҳезгорон ваъда дода шуда, ин аст, ки дар он наҳрҳоест аз обҳое тағйирнопазир ва наҳрҳое аз шире, ки таъмаш дигаргун намешавад ва наҳрҳое аз шароб, ки ошомандагон аз он лаззат мебаранд ва наҳрҳое аз асали мусаффо. Ва дар он ҷо ҳар гуна мева, ки бихоҳанд, ҳаст ва низ бахшоиши Парвардигорашон. Оё биҳиштиён монанди касоне ҳастанд, ки дар оташи ҷовидонаанд ва ононро аз обе ҷӯшон меошомананд, чунон ки рудаҳояшон тика-тика мешавад?
آية رقم 16
Баъзе ба ту гӯш медиҳанд, то он гоҳ ки аз назди ту берун раванд, аз донишмандон мепурсанд: «Ин чӣ суханоне буд, ки мегуфт?» Худо бар дилҳояшон мӯҳр ниҳодааст ва аз паи ҳавоҳои худ рафтаанд.
آية رقم 17
ﯱﯲﯳﯴﯵﯶ
ﯷ
Онон, ки ҳидоят ёфтаанд, Худо ба ҳидояташон меафзояд ва парҳезгорияшон ато мекунад.
آية رقم 18
Оё танҳо мунтазири онанд, ки ба ногоҳ қиёмат фаро расад? Ҳар оина (Албатта) нишонаҳои қиёмат ошкор шудааст. Ва чун фаро расад, панд гирифтанашонро чӣ фоида?
آية رقم 19
Пас бидон, ки ҳеҷ худое ҷуз Оллоҳ нест. Аз гуноҳи худ ва аз гуноҳи мардону занони мӯъмин бахшоиш бихоҳ. Худо медонад, ки рӯз ба куҷо меравед ва шаб ба куҷо меоромед,
آية رقم 20
Касоне, ки имон овардаанд, мегӯянд: «Чаро аз ҷониби Худо сурае нозил намешавад?» Чун сурае аз муҳқамот нозил шавад, ки дар оя сухан аз ҷанг рафта бошад, ононро, ки дар дилашон маразе ҳаст, бинӣ, ки чун касе, ки беҳушии марг бар ӯ ғолиб шуда, ба ту менигаранд. Пас барояшоя шоистатар
آية رقم 21
фармонбардорист ва сухани некӯ гуфтан. Ва чун тасмим ба ҷанг гирифта шуд, агар бо Худо садоқат кунанд, барояшон беҳтар аст.
آية رقم 22
Оё агар ба ҳукумат расидед, мехоҳед дар замин фасод кунед ва пайванди хешовандиятонро бибуред?
آية رقم 23
Инҳоанд, ки Худо лаънаташон кардааст ва гӯшҳояшонро кару чашмонашонро кӯр сохтааст.
آية رقم 24
Оё дар Қуръон намеандешанд ё бар дилҳояшон қуфлҳост?
آية رقم 25
Шайтон амалҳои касонеро, ки баъд аз ошкор шудани роҳи ҳидоят муртад шуданд (аз дин гаштанд) ва бозгаштанд, дар назарашон биёрост ва орзуяшон дароз кард.
آية رقم 26
Ва ин ба он сабаб аст, ки ба он гурӯҳ, ки оёти Худоро нохуш медоштанд, мегуфтанд: «Мо дар баъзе аз корҳо фармонбардори шумо ҳастем. Ва Худо аз розашон огоҳ аст.
آية رقم 27
Чӣ гунаанд, он гоҳ ки фариштагон онҳоро мемиронанд ва бар рӯ ва пуштҳояшон мезананд?
آية رقم 28
Ин ба ҷазои он аст, ки ба он чӣ Худоро ба хашм меоварад, пайравӣ мекардаанд ва ба он чӣ хушнудаш месохта, бадбинӣ доштаанд. Худо низ амалҳояшонро нобуд кард.
آية رقم 29
Оё онон, ки дар дилашон маразест, мепиндоранд, ки Худо кинаеро, ки дар дил пинҳон доранд, ошкор нахоҳад кард?
آية رقم 30
Агар бихоҳем, онҳоро ба ту менамоёнем ва ту онҳоро ба симояшон 'ё аз шеваи суханашон хоҳӣ шинохт ва Худо аз амалҳоятон огоҳ аст.
آية رقم 31
Ва шуморо меозмоем, то муҷоҳидон ва собиронатонро маълум дорем ва хабарҳоятонро ошкор кунем.
آية رقم 32
Касоне, ки имон наёварданд ва аз роҳи Худо рӯйгардон шуданд ва бо он ки роҳи ҳидоят барояшон ошкор шуда буд, бо паёмбар мухолифат намуданд, ҳеҷ зиёне ба Худо нахоҳанд расонид ва Худо амалҳояшонро нобуд хоҳад кард.
آية رقم 33
Эй касоне, ки имон овардаед, ба Худо итоъат кунед ва ба паёмбар итоъат кунед ва аъмоли худро ботил масозед.
آية رقم 34
Худо касонеро, ки кофир шуданд ва мардумро аз роҳи Худо боздоштанд ва дар куфр мурданд, ҳаргиз нахоҳад бахшонд.
آية رقم 35
Сустӣ наварзед, то даъват ба мусолиҳа кунед. Шумо бартар ҳастед ва Худо бо шумост ва аз подошҳоятон (мукофотҳоятон) нахоҳад кам кард,
آية رقم 36
Зиндагии инҷаҳонӣ фақат бозичаву беҳудагист. Ва агар имон биёваред ва парҳезгорӣ кунед, Худо мукофотҳоятонро хоҳад дод. Ва аз шумо молҳоятонро наметалабад.
آية رقم 37
ﯘﯙﯚﯛﯜﯝ
ﯞ
Агар аз шумо моле талабад ва бардавом ҳам талабад, он гоҳ бахилӣ мекунед ва кинаҳои пинҳонатонро ошкор месозад.
آية رقم 38
Огоҳ бошед ки шуморо даъват мекунанд то дар роҳи Худо садақа кунед. Баъзе аз шумо бахили мекунанд, ва ҳар кас ки бахилӣ кунад, дар ҳаққи худ бахилӣ кардааст. Зеро Худо беҳоҷат аст ва шумо ҳоҷатмандонед. Ва агар рӯй бартобед, ба ҷои шумо мардуме дигар орад, ки ҳаргиз мисли шумо набошанд.
تقدم القراءة