ترجمة سورة الأنعام

Tajik - Tajik translation
ترجمة معاني سورة الأنعام باللغة الطاجيكية من كتاب Tajik - Tajik translation .

АНЪОМ


Ситоиш аз они Худовандест, ки осмонҳову заминро биёфарид ва торикиҳову рӯшноиро падидор кард, бо ин ҳама кофирон бо Парвардигори хеш дигареро баробар медоранд.

Ӯст, ки шуморо аз гил биёфарид ва умре муқаррар кард: муддате дар назди Ӯ муайян. Бо ин ҳама шубҳа мекунед.

Дар осмонҳову замин Ӯст, ки Худованд аст. Ниҳону ошкоратонро медонад ва аз кирдоратон огоҳ аст.

Ва ҳеҷ ояе аз оёти Парвардигорашон барояшон нозил нашуд, ҷуз он ки аз он рӯйгардон шуданд!

Чун сухани ҳақ бар онҳо арза шуд, дурӯғ бароварданд. Пас ба зудӣ хабари чизҳое, ки масхараашон мекарданд, ба онҳо хоҳад расид.

Оё надидаанд, ки пеш аз онҳо чӣ мардумеро ҳалок кардаем? Мардуме, ки дар, замин қудраташон дода будем, ончунон қудрате, ки ба шумо надодаем. Ва барояшон аз осмон боронҳои пайдарпай фиристодем ва рӯдҳо аз зери пояшон равон сохтем. Он гоҳ ба ҷазои гуноҳонашон ҳалокашон кардем ва пас аз онҳо мардуме дигар падид овардем.

Ҳатто агар китобе навишта бар рӯи коғаз бар ту нозил мекардем ва онро бо дасти хеш ламс мекарданд, боз ҳам он кофирон мегуфтанд, ки ин ҷуз ҷодуи ошкоро нест.

Ва гуфтанд: «Чаро фариштае бар ӯ нозил нашудааст?» Агар фариштае мефиристодем, кор ба поён мерасид ва ба онҳо ҳеҷ мӯҳлате дода намешуд.

Ва агар он паёмбарро аз миёни фариштагон меинтихобидем, боз ҳам ӯро ба сурати марде мефиристодсм ва ни халту (омезишу) иштибоҳ, ки пайдо карданд, нигоҳ медоштем.

Паёмбаронеро ҳам, ки пеш аз ту буданд, масхара мекарданд. Пас масхаракунандагонро азобе, ки барои масхара карданашон буд, фурӯ шрифт.

Бигӯ: «Дар рӯи замин бигардед ва бингаред, ки поёни кори дурӯғбарорандагон чӣ гуна будааст».

Бигӯ: «Аз они кист он чӣ дар осмонҳову замин аст?» Бигӯ: «Аз они Худост! Бахшоишро бар худ муқаррар дошта, ҳамаи шуморо дар рӯзи қиёмат, ки дар он шубҳае нест, гирд меоварад. Онон, ки ба зиёни хеш кор кардаанд, имон намеоваранд.

Аз они Ӯст ҳар чӣ дар шабу рӯз ҷой дорад ва Ӯст шунавову доно!»

Бигӯ; «Оё дигаре ғайри Худо ба дӯстӣ гирам, ки офаринандаи осмонҳову замин аст ва мехӯронад ва ба таъом мӯтоҷ нест?» Бигӯ; Албатта ман фармон шудаам, ки нахустин касе бошам, ки таслими амри Худо шуда бошад. Пас аз мушрикон мабош!»

Бигӯ: «Аз азоби он рӯзи бузург метарсам, агар аз Парвардигорам фармон на барам!»

Дар он рӯз азобро аз ҳар кӣ бигардонанд, мавриди раҳмати Худо воқеъ шудааст ва ин комёбии ошкорест!

Агар Худо ба ту зараре бирасонад, ҳеҷ кас ҷуз Ӯ дафъаш натавонад кард ва агар ба ту хайре бирасонад, бар ҳар коре тавоност!

Ва Ӯст ғолибе болотар аз ҳамаи бандагони хеш ва донову огоҳ аст!

Бигӯ: Шоҳиди чӣ касе аз ҳар шоҳидӣ бузургтар аст?» Бигӯ: «Худо миёни ману шумо гувоҳ аст ва ин Қуръон бар ман ваҳй шудааст, то шуморо ва ҳар касро, ки ба Ӯ бирасад, бим диҳад. Оё шоҳидӣ медиҳед, ки: бо Оллоҳ худоёни дигаре ҳам ҳастанд?» Бигӯ: «Ман шоҳидӣ намедиҳам». Бигӯ: «Ҷуз ин нест, ки Ӯ худоест яктову аз он чӣ бо Ӯ шарик месозед, безорам!»

Аҳли китоб ӯро чунон мешиносанд, ки фарзандони худро, инҳо, ки ба худ зиён мерасонанд, имон намеоваранд.

Чӣ касест ситамкортар аз он, ки ба Худо дурӯғ мебандад ё оёти Ӯро дурӯғ мебарорад? Албатта ситамкоронро наҷотёбӣ нест!

Рӯзе ҳамаро гирд оварем, сипас ба онҳо, ки ширк овардаанд, бигӯем: «Он касон, ки мепиндоштед, ки шарикони Худоянд, акнун куҷоянд?»

Узре, ки меоваранд, ғайри ин нест, ки мегӯянд: «Савганд ба Худо, Парвардигори мо, ки мо мушрик набудаем!»

Бингар, ки чӣ гуна бар худ дурӯғ бастанд ва он дурӯғҳо, ки сохта буданд, ночиз гардид.

Баъзе аз онҳо ба сухани ту гӯш медиҳанд, вале Мо бар дилҳояшон пардаҳо афкандаем, то онро дарнаёбанд ва гушҳояшонро вазнин кардаем. Ва ҳар мӯъҷизаеро, ки бингаранд, ба он имон намеоваранд. Ва чун назди ту оянд, бо ту ба мунозара сар кунанд. Кофирон мегӯянд, ки инҳо чизе ҷуз афсонаҳои пешиниён нест.

Инҳо мардумро аз паёмбар бозмедоранд ва худ аз ӯ канора меҷӯянд ва ҳол он, ки намедонанд, ки танҳо хештанро ба ҳалокат мерасонанд.

Агар онҳоро дар он рӯз, ки баробари оташ нигоҳашон доштаанд, бингарӣ, мегӯянд: «Эй кош, моро бозгардонанд, то оёти Парвардигорамонро дурӯғ нагӯем ва аз мӯъминон бошем!»

На, он чиро, ки аз ин пеш пӯшида медоштанд, акнун бар онҳо ошкор шуда, агар онҳоро ба дунё бозгардонанд, боз ҳам ба ҳамон корҳо, ки манъашон карда буданд, бозмегарданд, инҳо дурӯғгӯёнанд.

Ва гуфтанд: «Ғайри ин зиндагии дунявии мо ҳеҷ нест ва мо дигар бор зинда нахоҳем шуд».

Ва агар бубинӣ он ҳангомро, ки дар баробари Парвардигорашон истодаанд. Худо мегӯяд: «Оё ин ба ҳақ набувад?» Гӯянд: «Оре, савганд ба Парвардигорамон!» Гӯяд,: «Ба ҷазои он, ки кофир будаед, азоби Худоро бичашед!»

Зиён карданд онҳое, ки дидор бо Худоро дурӯғ пиндоштанд. Ва чун қиёмат ба ногаҳон фаро расад, гӯянд; «Эй ҳасрато, бар мо ба хотири кӯтоҳие, ки кардем». Инҳо бори гуноҳашонро бар пушт мекашанд. Хон, чӣ бад бореро бар дӯш мекашанд!

Ва зиндагии дунё чизе ҷуз бозичаву лаҳв нест ва парҳезгоронро сарои охират беҳтар аст. Оё ба ақл намеёбед?

Медонем, ки суханашон туро андӯҳгин месозад, вале инон танҳо тӯро дурӯғ мебароранд, балки ин ситамкорон сухани Худоро инкор мекунанд!

Паёмбаронеро ҳам, ки пеш аз ту буданд, дурӯғгуфтанд, вале онҳо бар он дурӯғу озор сабр карданд, то ёрии мо фаро расидашон. Ва суханони Худоро тағйирдиҳандае нест. Ва албатта баъзе аз ахбори паёмбарон бар ту нозил шудааст,.

Агар рӯй гардондани онҳо бар ту гарон аст, хоҳӣ нақбе дар замин биҷӯй ё нардбоне бар осмон бинеҳ то мӯъҷизае бар онҳо биёварӣ. Агар Худо бихоҳад, ҳамаро ба роҳи рост барад. Пас аз нодонон мабош.

Албатта танҳо онҳое, ки мешунаванд, мепазиранд. Ва мурдагонро Худо зинда мекунад ва сипас ҳама ба назди Ӯ бозгардонда мешаванд.

Ва гуфтанд: «Чаро мӯъҷизае аз Парвардигораш бар ӯ нозил нашуда?» Бигӯ: «Худо қодир аст, ки мӯъҷизае фурӯ фиристад. Вале бештаринашон намедонанд!»

Ҳеҷ ҷунбандае дар рӯи замин нест ва ҳеҷ паррандае бо болҳои худ дар ҳаво намепарад, магар он ки чун шумо умматҳое ҳастанд. Мо дар ин китоб ҳеҷ чизеро тарк накардаем. Ва сипас ҳамаро дар назди Парвардигорашон гирд меоваранд.

Онҳое, ки оёти моро дурӯғ гуфтаанд, каронанду гунгонанд ва дар торикиҳоянд. Худо ҳар киро хоҳад, гумроҳ кунад ва ҳар киро хоҳад, ба роҳи рост андозад.

Бигӯ; «Хабар диҳед, ки агар бар шумо азоби Худо фурӯд ояд ё қиёмат даррасад, агар рост мегӯед, боз ҳам ғайри Худоро мехонед?»

На, танҳо Ӯро мехонед ва агар бихоҳад он ранҷеро, ки Худоро ба хотири он мехонед, аз миён мобарад ва шумо шарикеро, ки барои Ӯ сохтаед, ао ёд мебаред.

Албатта бар умматҳое, ки пеш аз ту буданд, паёмбароне фиристодем ва ононро ба сахтиҳову офатҳо дучор кардем, то магар зорӣ кунанд!

Пас чаро ҳангоме, ки азоби мо ба онҳо расид, зорӣ накарданд? Зеро дилҳояшонро қасоват (сахтӣ) фаро гирифта ва шайтон амалҳояшонро дар назарашон ороста буд.

Чун ҳамаи пандҳоеро, ки ба онҳо дода шуда буд, фаромӯш карданд, ҳамаи дарҳоро ба рӯяшон кушодем, то аз он чӣ ёфта буданд, шодмон гаштанд, пас ба ногоҳ фурӯ гирифтемашон ва ҳамагон ноумед гардидаид.

Пас шукр Парварднгори ҷаҳониёнро, ки решаи ситамкорон барканда шуд!

Бигӯ: «Оё медонед, ки агар Оллоҳ гӯшу чашмони шуморо бозситонад ва бар дилҳоятон мӯҳр ниҳад, чӣ худое ғайри Оллоҳ онҳоро ба шумо бозмегардонад? Бингар, ки оёти Худоро чӣ гуна ба шеваҳои гуногун баён мекунем. Боз ҳам рӯй барметобанд».

Бигӯ; «Хабар диҳед, агар азоби Худо ба ногоҳ ё ошкоро бар шумо фурӯд ояд, оё ғайри ситамкорон ҳалок мешаванд?»

Мо паёмбаронро ҷуз барои мужда додан ё бим кардан намефиристем. Пас ҳар кас, ки имон овард ва кори шоистае кард, бимнок ва ғамгин намешавад!

Ва ба касоне, ки оёти моро дурӯғ гуфтанд, ба ҷазои нофармонияшон азоб хоҳад расид!

Бигӯ; «Ба шумо намегӯям, ки хазинаҳои Худо назди ман аст. Ва илми ғайб ҳам намедонам. Ва намегӯям, ки фариштае ҳастам. Танҳо ба чизе пайравӣ мекунам, ки бар ман ваҳй шудааст». Бигӯ: «Оё нобинову бино яксонанд? Чаро намеандешед?»

Огоҳ соз ба ин китоб касонеро, ки аз гирд омадан бар остони Парвардигорашон ҳаросноканд, ки онҳоро ғайри Ӯ ҳеҷ ёвареву шафеъе нест. Бошад, ки парҳезгорӣ кунанд.

Касонеро, ки ҳар бомдод ва шабонгоҳ Парвардигори хешро мехонанд ва хостори хушнудии Ӯ ҳастанд, аз назди худ дур макун. На чизе аз ҳисоби онҳо бар ӯҳдаи туст ва на чизе аз ҳисоби ту бар ӯҳдаи онҳо. Агар онҳоро дур кунӣ, дар гурӯҳи ситамкорон дароӣ.

Ҳамчунин баъзеро ба баъзе озмудем, то бигӯянд: «Оё аз миёни мо инҳо буданд, кн Худо ба онҳо неъмат дод?» Оё Худо ба шукргузорон донотар нест?

Чун имоновардагон ба оёти Мо назди ту омаданд, бигӯ: «Салом бар шумо! Худо бар хеш муқаррар карда, ки шуморо раҳмат кунад. Зеро ҳар кас аз шумо, ки аз рӯи нодонӣ коре бад кунад, он гоҳ тавба кунад ва некӯтар шавад, бидонад, ки Худо бахшандаву меҳрубон аст».

Ва ин чунин оётро батафсил баён мекунем, то роҳу расми гунаҳгорон ошкор гардад!

Бигӯ: «Маро манъ кардаакд, ки он худоёнро, ки ғайри Оллоҳ мехонед, парастиш кунам». Бигӯ; «Ба ҳавасҳои шумо пайравӣ намекунам, то мабодо гумроҳ шавам ва аз ҳидоятёфтагон набошам».

Бигӯ: «Ман аз Парвардигорам далеле равшан дорам ва шумо он далелро дурӯғ мехонед. Он кӣ ба ин шитоб металабед, ба дасти ман нест. Ҳукм танҳо ҳукми Худост. Хақиқатро баён мекунад ва Ӯ беҳтарини доварон (ҳукмкунандагон) аст».

Бигӯ: «Агар он чиро, ки бад-ин шитоб металабед, ба дасти ман буд, миёни ману шумо кор ба поён мерасид, зеро Худо ба ситамкорон донотар аст».

Калидҳои ғайб назди Ӯст. Ғайри Ӯ касеро аз ғайб огоҳӣ кест. Ҳар чиро, ки дар хушкиву дарёст, медонад. Ҳеҷ барге аз дарахте намеафтад, магар он ки аз он огоҳ аст, Ва ҳеҷ донае дар торикиҳои замин ва ҳеҷ тареву хушке нест, ҷуз он ки дар китоби мубин Лавҳул маҳфуз омада аст.

Ва Ӯст, ки шуморо шабҳангом мемиронад ва ҳар чӣ дар рӯз кардаед, медонад, он гоҳ бомдодон шуморо зинда месозад, то он ҳангом, ки муддати муайяни умратон ба поён расад. Сипас бозгаштатон ба назди Ӯст ва шуморо аз он чӣ кардаед, огоҳ мекунад.

Ӯст ғолиб дар болои бандагонаш. Нигаҳбононе бар шумо мефиристад, то чун яке аз шуморо марг фаро расад, фиристодагони Мо бе ҳеҷ кӯтоҳиву гузаште ҷони ӯ бигиранд.

Сипас ба назди Худо — мавлои ҳақиқии хеш бозгардонида шаванд. Бидон, ки ҳукм ҳукми Ӯст ва Ӯ босуръаттаринн ҳисобгарон аст.

Бигӯ: «Чӣ касе шуморо аз ваҳшатҳои хушкиву даре мерахонад? Ӯро ба зорӣ ва дар ниҳон мехонед, ки агар аз ин маҳлака моро бираҳонад, мо низ аз шукргузорон хоҳем буд».

Бигӯ: «Худост, ки шуморо аз он маҳлака ва аз ҳар андӯҳе мераҳонад, боз ҳам ба Ӯ ширк меоваред».

Бигӯ; «Ӯ қодир ба он аст, ки аз болои саратон ё аз зери поҳоятон азобе бар шумо бифиристад ё шуморо гурӯҳ-гурӯҳ ба ҳам биомезад ва хашму қини гурӯҳеро ба гурӯҳи дигар бичашонад». Бингар, ки оётро чӣ гуна гуногун баён мекунем. Бошад ки ба фаҳм дарёбанд!

Қавми ту Қуръонро дурӯғ мешумурданд, дар ҳоле ки суханест барҳақ. Бигӯ: «Ман корсози шумо нестам».

Ба зудӣ хоҳед донист, ки барои ҳар хабаре замоне муайян аст?

Ва чун бубинӣ, ки дар оёти Мо аз рӯи масхара гуфтугӯ мекунанд, аз онҳо рӯйгардон шав, то ба сухане ғайри он сар кунанд. Ва агар шайтон туро ба фаромӯшӣ афканад, чун ба ёдат омад, бо он мардуми ситамкора манишин.

Касоне, ки парҳезгорӣ пеша кардаанд, ба гуноҳи кофирон бозхост нахоҳанд шуд, вале бояд ононро панд диҳанд. Шояд, ки парҳезгор шаванд!

Ва тарк кун он касонеро, ки дини худ бозичаву лаҳв гирифтаанд ва зиндагонии дунё фиребашон дод. Ва ба Қуръон пандашон деҳ мабодо бар ҷазои амалҳои хеш гирифтор ояид. Ғайри Худо додрасу шафеъе надоранд. Ва агар барои раҳоии хеш ҳар гуна фидя диҳанд, пазируфта нахоҳад шуд. Инҳо ба уқубати аъмоли худ гирифтор ва ба ҷазои он ки кофир шудаанд, барояшон шаробе аз оби ҷӯшон ва азобе дардовар муҳайё шудааст.

Бигӯ: «Оё ғайри Оллоҳ касеро бихонем, ки на моро нафъ медиҳад ва на зиён мерасонад? Ва оё пас аз он ки Худо моро ҳидоят кардааст, монанди он кас, ки шайтон гумроҳаш сохта ва ҳайрон бар рӯи замин раҳояш карда, аз дин бозгардем? Ӯро ёронест, ки ба ҳидоят нидояш медиҳанд, ки назди мо бозгард». Бигӯ: «Ҳидояте, ки аз сӯи Худо бошад, ҳидояти воқеъист. Ва ба мо фармон расида, ки дар баробари Парвардигори ҷаҳониён таслем шавем».

Ва намоз бихонед ва аз Ӯ битарсед. Ӯст, он ки ҳамагон наздаш ҷамъ мешавед!

Ва Ӯст, он ки осмонҳову заминро ба ҳақ биёфарид. Ва рӯзе, ки бигӯяд;. «Мавҷуд шав», пас мавҷуд мешавад. Гуфтори Ӯ хақ аст. Ва дар он рӯз, ки дар сур дамида шавад, фармонравоӣ аз они Ӯст. Донои ниҳону ошкор аст ва Ӯ ҳакиму огоҳ аст!

Ва Иброҳим падараш Озарро гуфт: «Оё бутонро ба худоӣ мегирӣ? Ту ва қавматро ба ошкоро дар гумроҳӣ мебинам».

Ба ин тарз ба Иброҳим корхонаи осмонҳову заминро нишон додем, то аз аҳли яқин гардад.

Чун шаб ӯро фаро гирифт, ситорае дид. Гуфт: «Ин аст Парвардигори ман!» Чун ғоиб шуд, гуфт; «Фӯрушавандагонро дӯст надорам».

Он гоҳ моҳро дид, ки тулӯъ мекунад. Гуфт: «Ин аст Парвардигори ман?» Чун ғоиб шуд, гуфт; «Агар Парвардигори ман маро роҳ нанамояд, аз гумроҳон хоҳам буд».

Ва чун хуршедро дид, ки тулӯъ мекунад, гуфт: «Ин аст Парвардигори ман, ин бузургтар аст!» Ва чун ғоиб шуд, гуфт: «Эй қавми ман, ман аз он чӣ шарики Худояш медонед, безорам.

Ман аз рӯи ихлос рӯй ба сӯи касе овардам, ки осмонҳову заминро офарида аст ва ман аз мушрикон нестам».

Ва қавмаш бо ӯ ба баҳс бархостанд. Гуфт; «Оё дар бораи Оллоҳ бо ман баҳс мекунед ва ҳол он ки Ӯ маро ҳидоят кардааст? Ман аз он чизе, ки шарики Ӯ меҳисобед, наметарсам. Магар он ки Парвардигори ман чизеро бихоҳад. Илми Парвардигори ман ҳама чизро дар бар гирифтааст. Оё панд намегиред?

Чаро аз он чизе, ки шарики Худояш сохтаед, битарсам, дар ҳоле ки шумо чизҳоеро, ки ҳеҷ далеле дар бораи онҳо нозил накардааст, мепарастед ва биме ба дил роҳ намедиҳед? Агар медонед, бигӯед, ки кадом як аз ин ду гурӯҳ ба эминӣ сазовортаранд?»

Касоне, ки имон овардаанд, ва имони худро ба ширк намеолоянд эминӣ аз онҳо аст ва онҳо ҳидоятёфтагонанд.

Ин бурҳони мо буд, ки онро ба Иброҳим ато намудем, дар баробари қавмаш. Ҳар киро бихоҳем, ба дараҷоте боло мебарем. Албатта Парвардигори ту ҳакиму доност!

Ва ба ӯ Исхоқ ва Яъқубро бахшидем ва ҳамагиро ҳидоят кардем. Ва Нӯҳро пеш аз ин ҳидоят карда будем ва аз фарзандони Иброҳим Довуду Сулаймон ва Айюбу Юсуф ва Мӯсову Ҳорунро ҳидоят кардем. Ва некӯкоронро ин гуна подош диҳем!

Ва Закариёву Яҳё ва Исову Илёс, ки ҳама аз солеҳон буданд.

Ва Исмоилу Алясаъ ва Юнусу Лут, ки ҳамаро бар ҷаҳониён бартарӣ додем.

Ва аз падаронашону фарзандонашон ва бародаронашон баъзеро ҳидоят кардем ва онҳоро баргузидем ва ба роҳи рост роҳ намудем.

Ин аст ҳидояти Худо. Ҳар киро аз бандагонаш хоҳад, ба он ҳидоят мекунад ва агар ширк оварда буданд, амалҳое, ки анҷом дода буданд, нобуд мегардид.

Инҳо касоне ҳастанд, ки ба онҳо китобу фармон ва нубувват додаем. Агар ин қавм ба он имон наёваранд, қавми дигареро бар он вакил кардаем, ки инкораш намекунанд.

Инҳо касоне ҳастанд, ки Худо ҳидояташон кардааст пас ба равиши онҳо пайравӣ кун. Бигӯ; «Дар баробари он ҳеҷ музде аз шумо наметалабам, ин китоб ҷуз панде барои мардуми ҷаҳон пест».

Вақте ки мегӯянд, ки Худо бар ҳеҷ инсоне чизе нозил накардааст, Худоро ончунон, ки лоиқи Ӯст, нашинохтаанд, бигӯ: «Китоберо, ки Мӯсо барои рӯшноӣ ва ҳидояти мардум овард, чӣ касе бар ӯ нозил карда буд? Онро бар коғазҳо навиштед, порае аз онро ошкор месозед, вале бештаринро пинҳон медоред. Ба шумо чизҳо омӯхтанд, ки аз ин пеш на шумо медонистед ва на падаронатон медонистанд. Бигӯ: «Он Оллоҳ аст!» Он гоҳ раҳояшон соз, то ҳамчунон ба ботили худ дилхуш бошанд.

Ин аст китобе муборак, ки нозил кардаем, тасдиқкунандаи чизест, ки пеш аз он нозил шудааст. То бо он мардуми уммулқуро ва мардуми атрофашро бим диҳӣ. Касоне, ки ба рӯзи қиёмат имон доранд, ба он низ имон доранд. Инҳо ҳифзкунандаи намозҳои хешанд.

Кист ситамкортар аз он кас, ки ба Худо дурӯғ баст ё гуфт, ки ба ман ваҳй шуда ва ҳол он ки ба ӯ ҳеҷ чиз ваҳй нашуда буд ва он кас, ки гуфт: «Ман низ монанди оёте, ки Худо нозил кардаст, нозил хоҳам кард?» Агар бубинӣ, он гоҳ, ки ин ситамкорон дар сакароти марг гирифторанд ва малоика бар онҳо даст кушодаанд, ки ҷони хеш берун кунед, имрӯз шуморо ба азобе хоркунанда азоб мекунанд ва ин ба ҷазои он аст, ки дар бораи Худо ба ноҳақ сухан мегуфтед ва аз оёти Ӯ сарпечӣ мекардед.

Албатта танҳо-танҳо, он тавр ки дар оғоз "шуморо биёфаридем, назди мо омадаед, дар ҳоле ки ҳар чиро, ки арзонатом дошта будем, пушти сар ниҳодаед ва ҳеҷ як аз шафеъонатонро, ки мепиндоштед, бо шумо шариканд, ҳамроҳатон намебинем. Аз ҳам бурида шудаед ва пиндори худро гумгашта ёфтаед.

Худост, ки донаву хастаро мешикофад ва зиндаро аз мурда берун меоварад ва мурдаро аз зинда берун меоварад. Ин аст Худои якто. Пас чӣ гуна аз ҳақ гумроҳатон мекунанд?

Шукуфандаи субҳгоҳон аст ва шабро барои оромиш қарор дод ва хуршеду моҳро барои ҳисоб кардани вақт. Ин аст тақдири Худои пирӯзманди доно!

Ӯст Худое, ки ситорагонро бароятон офарид, то ба онҳо дар торикиҳои хушкиву дарё роҳи худро биёбед. Оётро барои онон, ки медонанд, батафсил баён кардаем!

Ва Ӯст Худованде, ки шуморо аз як тан биёфарид. Сипас шуморо қароргоҳест ва вадиъат (амонат) ҷоест. Оётро барои онон, ки мефаҳманд, батафсил баён кардаем!

Ӯст Худое, ки аз осмон борон фиристод ва бо он борон ҳар гуна гиёҳеро руёнидем ва аз он гиёҳ танае сабз ва аз он донаҳое бар якдигар чида ва низ аз навдаҳои нахл хӯшаҳое сар бароварда падид овардем ва низ бӯстонҳое аз токҳо ва зайтуну анор монанду номонаяд! Ба меваҳояш, он гоҳ ки падид меоянд ва он гоҳ ки мерасанд, бингаред, ки дар онҳо ибратҳост барои онон, ки имон меоваранд?

Барои Худо шариконе аз ҷин қарор доданд ва ҳол он ки ҷинро Худо офаридааст. Ва бе ҳеҷ донише ба дурӯғ духтароневу писароне барои Ӯ тасаввур карданд. Ӯ пок аст ва болотар аст аз он чӣ васфаш мекунанд!

Падидоварандаи осмонҳову замин аст. Чӣ гуна Ӯро фарзанде бошад ва ҳол он ки Ӯро ҳамсаре нест. Ҳар чизеро Ӯ офаридааст ва ба ҳар чизе доност!

Ин аст Худои якто, ки Парвардигори шумост. Худое ҷуз Ӯ нест. Офаринандаи ҳар чизест. Пас Ӯро бипарастед, ки нигоҳбони ҳар чизест!

Чашмҳо Ӯро намебинанд ва Ӯ бинандагонро мебинад. Дақиқу огоҳ аст!

Аз сӯи Парвардигоратон барои шумо нишонаҳои равшан омад. Ҳар кӣ аз рӯи ибрат менигарад, ба нафъи ӯст ва ҳар кӣ чашми ибрат барҳам пӯшад, ба зиёни ӯст. Ва ман нигоҳдорандаи шумо нестам!

Оёти Худоро инчунин гуногун баён мекунем, то мабод, ки бигӯянд, ки аз касе дарс гирифтаӣ ва мо ин оётро барои аҳли дониш баён мекунем.

Ба ҳар чӣ аз ҷониби Парвардигорат бар ту ваҳй шудааст, пайравӣ кун. Ҳеҷ худое ҷуз Ӯ нест. Ва аз мушрикон рӯй гардон!

Агар Худо мехост онон ширк намеоварданд ва мо туро нигаҳбонашон насохтаем ва ту корсозашон нестӣ!

Чизҳоеро, ки онон ба ҷои Оллоҳ мехонанд, дашном мадиҳед, ки онон низ бе ҳеҷ донише аз ҳад гузашта ба Оллоҳ дашном диҳанд. Инчунин амали ҳар қавмеро дар чашмашон оростаем. Пас бозгашти ҳамагон ба Парвардигорашон аст ва Ӯ ҳамаро аз корҳое, ки кардаанд, огоҳ месозад.

То он ҷо, ки тавонистанд, ба сахттарин қасамҳо ба Худо савганд ёд карданд, ки агар мӯъҷизае бар онҳо нозил шавад, ба он имон оварданд. Бигӯ: «Ҳамаи мӯъҷизаҳо назди Худост ва шумо аз куҷо медонед, ки агар мӯъҷизае нозил шавад, имон намеоваранд».

Ва ҳамчунон, ки дар оғоз ба он имон наёварданд, ин бор низ дар дилҳову дидагонашонро гумроҳ мекунем ва ононро саргардон дар гумроҳиашон раҳо месозем.

Ва агар мо фариштагонро бар онҳо нозил карда будем ва мурдагон бо онҳо сухан мегуфтанд ва ҳар чизеро даста-даста казди онон гирд меовардем, боз ҳам имон намеоварданд, магар ин ки Худо бихоҳад. Валек бештарашон ҷоҳиланд!

Ва ҳамчунин барои ҳар паёмбаре душманоне аз шаётини инсу ҷин қарор додем. Барои фиреби якдигар суханони ороста ваҳй мекунанд. Агар Парвардигорат мехост, чунин намекарданд. Пас бо тӯҳмате, ки мезананд, раҳояшон соз,

то онон, ки ба қиёмат имон надоранд, гӯши дилро ба он супоранд ва нисандашон афтад ва ҳар чӣ анҷом медиҳанд, анҷом диҳанд.

Оё қозии дигаре ҷуз Худо талаб кунам ва ҳол ок ки Ӯст, ки ин китоби равшанро бар шумо нозил кардааст? Ва аҳли китоб медонанд, ки ба ҳақ аз ҷониби Парвардигорат нозил шудааст. Пас аз так оварандагон мабош!

Ва каломи Парвардигори ту дар ростиву адолат ба ҳадди камол аст. Ҳеҷ кас дигаргункунандаи сухани Ӯ нест ва Ӯст шунавову доно!

Агар аз бисёриҳое, ки дар ин сарзаминанд, пайравӣ кунӣ, туро аз роҳи Худо гумроҳ созанд. Зеро фақат аз паи гумон мераванд ва фақат ба дурӯғ сухан мегӯянд.

Парвардигори ту ба касоне, ки аз роҳи Вай дур мегарданд, огоҳтар аст ва ҳидоятёфтагонро беҳтар мешиносад!

Агар ба оёти Худо имон доред, аз забҳе, ки номи Худо бар он ёд шудааст, бихӯред.

Чаро аз он чӣ номи Худо бар он ёд шудааст, намехӯред ва Худо чизҳоеро, ки бар шумо ҳаром шудааст, батафсил баён кардааст, ғайри он гоҳ ки ночор гардед? Бисёре бе ҳеҷ донише, дигаронро гумроҳи гумонҳои худ кунанд. Албатта Парвардигори ту ба таҷовузкорон аз ҳад донотар аст!

Ва гуноҳро, чӣ ошкор бошад ва чӣ пинҳон, тарк гӯед. Онон, ки гуноҳ мекунанд, ба ҷазои амалҳои худ хоҳанд расид!

Аз забҳе, ки номи Худо бар он ёд нашудааст, нахӯред, ки худ нофармонист. Ва шаётин ба дӯстони худ ваҳй мекунанд, ки бо шумо муҷодала кунанд; агар аз онҳо пайравӣ кунед, аз мушриконед,

Оё он касе, ки мурда буд ва Мо зиндааш сохтем ва нуре дар роҳаш доштем, то ба он дар миёни мардум роҳи худро биёбад, монанди касест, ки ба торикӣ гирифтор аст ва роҳи берун шуданро намедонад? Амалҳои кофирон дар назарашон инчунин ороста гардидааст!

Ва ба ин тавр дар ҳар деҳае гунаҳкоронашонро бузургонашон қарор додем, то дар он ҷо макр кунанд, вале намедонанд, ки ҷуз бо худ макр намеварзанд.

Чун ояе бар онҳо нозил шуд, гуфтанд, ки мо имон намеоварем, то он гоҳ, ки ҳар чӣ ба паёмбарони Худо дода шуда, ба мо низ дода шавад. Бигӯ «Худо донотар аст, ки рисолати худро дар куҷо қарор диҳад. Ба зудӣ ба гунаҳгорон ба ҷазои макре, ки мекарданд, аз ҷониби Худо хориву азобе сахт хоҳад расид!»

Ҳар, касро Худо хоҳад, ки ҳидоят кунад, дилашро барои ислом мекушояд ва ҳар касро, ки хоҳад гумроҳ кунад, қалбашро чунон фурӯ мебандад, ки гӯё мехоҳад, ки ба осмон боло равад. Ба ин тавр Худо ба онҳое, ки имон намеоваранд, палидӣ мениҳад!

Ин аст роҳи рости Парвардигорат. Оётро барои мардуме, ки панд мегиранд, батафсил баён кардаем.

Барои онҳо дар назди Парпардигорашон хонаи оромиш аст. Ва ба савоби кирҳое, ки мекунанд, Худо дӯстдори онҳост.

Ва рӯзе, ки ҳамагонро гирд оварад ва гӯяд: «Эй гурӯҳи ҷинниён, шумо бисёре аз одамиёнро пайрави худ сохтед». Ёронашон аз миёни одамиён гӯянд: «Эй Парвардигори мо, мо аз якдигар баҳраманд мешудем ва ба поёни замоне, ки барои зистани мо қарор дода будӣ, расидем». Гӯяд: «Ҷойгоҳи шумо оташ аст, ҷовидона дар он ҷо хоҳед буд, магар он чӣ Худо бихоҳад». Албатта Парвардигори ту ҳакиму доност!

Ва ба ин тарз ситамкоронро ба ҷазои корҳое, ки мекарданд, ба якдигар вомегузорем.

Эй гурӯҳи ҷинниёну одамиён, оё бар шумо паёмбароне аз худатон фиристода нашуда, то оёти Маро бароятон бихонанд ва шуморо аз дидори чунин рӯзе битарсонанд? Гӯянд: «Мо ба зиёни худ гувоҳӣ медиҳем». Зиндагии дунёӣ ононро бифирефт ва ба зиёни худ гувоҳӣ доданд, ки аз кофирон буданд.

Ва ин ба он сабаб аст, ки Парвардигори ту мардуми ҳеҷ деҳаеро ки бехабар буданд, аз рӯи ситам ҳалок намекард.

Барои ҳар як баробари корҳое, ки анҷом додаанд, дараҷотест, ки Парвардигори ту аз он чӣ мекунанд, ғофил нест.

Ва Парвардигори ту бениёзу меҳрубон аст. Ва ҳамчунон ки шуморо аз насли мардумони дигар биёфарида аст, агар бихоҳад, шуморо мебарад ва пас аз шумо ҳар чиро, ки бихоҳад, ҷонишинатон месозад.

Ҳарчи ба шумо ваъда додаанд, хоҳад омад ва шуморо роҳи гурезе нест.

Бигӯ: «Эй қавми ман, ҳар чӣ аз дастатон бармеояд, бикунед, ки ман низ мекунам; ба зудӣ хоҳед донист, ки поёни ин зиндагӣ ба нафъи кӣ хоҳад буд, Албатта ситамкорон растагор намешаванд!»

Барои Худо аз киштаҳову чорпоёне, ки офаридааст, насибе муъайян карданд ва ба хаёли худ гуфтанд, ки ин аз они Худост ва ин аз они бутони мост. Пас он чӣ аз они бутонашон буд, ба Худо намерасид ва он чӣ аз они Худо буд, ба бутонашон мерасид. Ба тарзе бад доварӣ мекарданд.

Ҳамчунин коҳинон куштани фарзандро дар назари бисёре аз мушрикон биёростанд, то ҳалокашон кунанд ва дар бораи динашон ба шакку иштибохашон андозанд. Агар Худо мехост, чунин намекарданд. Пас бо дурӯғе, ки мебофанд, таркашои соз!

Аз рӯи пиндор гуфтанд: «Инҳо чорпоёну киштзорони мамнӯъ аст. Ҳеҷ кас ҷуз он, ки мо бихоҳем, набояд аз онҳо бихӯрад». Ва инҳо чорпоёнест, ки савор шуданашон ҳаром аст ва инҳо чорпоёнест, ки номи Худоро бар онҳо ёд накунанд, ба Худо дурӯғ мебанданд ва ба зудӣ ба ҷазои дурӯғе, ки мебастаанд, ҷазояшонро хоҳад дод!

Ва гуфтанд: «Он чӣ дар шиками ин чорпоён аст, барои мардони мо ҳалол ва барои занонамон ҳаром аст». Ва агар мурдор бошад, зану мард дар он шариканд. Худо ба сабаби ин гуфтор ҷазояшон хоҳад кард. Албатта Ӯ ҳакиму доност!

Зиён карданд касоне, ки ба беақлӣ бе ҳеҷ ҳуҷҷате фарзандони худро куштанд ва ба Худо дурӯғ бастанд ва он чиро ба онҳо рӯзӣ дода буд, ҳаром карданд. Инон гумроҳ шудаанд ва роҳи ҳидоятро наёфтаанд!

Ва Ӯст, ки боғҳое офарид мӯҳтоҷ ба поя ва низ худ танадор ва дарахти хурмову киштзор бо таъмҳои гуногун ва зайтуну анор, монанд, дар (мазаашон) номонанд. Чун самара оварданд, аз онҳо бихӯред ва дар рӯзи дарав ҳаққи онро низ бипардозед ва исроф макунед, ки Худо исрофкоронро дӯст надорад!

Ва низ чорпоёне, ки бор мебаранд ё (барои куштан) хобонида шаванд. Аз он чӣ Худо ба шумо рӯзӣ додааст, бихӯред ва ба шайтон пайравӣ макунед, ки ӯ душмани ошкори шумост!

Ҳашт ҷуфт аз гӯсфанд — нару мода ва аз буз—нару мода. Бигӯ: «Оё он ду нарро ҳаром кардааст ё он ду модаро ё он чиро, ки дар шиками модагон аст? Агар рост мегӯед, аз рӯи илм ба ман хабар диҳед».

Ва аз шутур нару мода ва аз гов нару мода, бигӯ: «Оё он ду нарро ҳаром кардааст ё он ду модаро ё он чиро, ки дар шиками модагон аст? Оё он ҳангом, ки Худо чунин фармон медод, шумо он ҷо будед?» Пас чӣ касс ситамкортар аз он касест, ки ба Худо дурӯғ мебофад, то аз рӯи бехабарӣ мардумро гумроҳ кунад? Албатта Худо ситамкоронро ҳидоят намекунад.

Бигӯ: «Дар миёни он чӣ бар ман ваҳй шудааст, чизеро, ки хӯрдани он ҳаром бошад, намеёбам ҷуз мурдор ё хуни рехта, ё гӯшти хук, ки палид аст ё ҳайвоне, ки дар куштанаш аз ҷиҳати нофармонӣ кардан, бе гуфтани номи Оллоҳ забҳаш кунанд». Агар касе ночор ба хӯрдан гардад, ҳар гоҳ бемайлй ҷӯяд ва аз хад нагузаронад; бидонад, ки Худо бахшанда ва меҳрубон аст!

Ва бар яҳуд ҳаром кардем ҳар ҳайвони соҳибнохунеро ва аз гову гӯсфанд чарбуи он дуро ҷуз он чӣ бар пушти онҳост ё бар чарби рудаи онҳост ё ба устухонашон часпида бошад. Ба сабаби ситамкорияшон инчунин ҷазояшон додем ва Мо ростгӯёнем!

Агар туро дурӯғ бароранд, бигӯ; «Парвардигори шумо соҳиби раҳмате васеъ аст ва хашму азобаш аз гунаҳгорон боздошта нахоҳад шуд».

Мушрикон хоҳанд гуфт: «Агар Худо мехост, мо ва падаронамон мушрик намешудем ва чизеро ҳаром намекардем». Ҳамчунин касоне, ки пеш аз онҳо буданд, паёмбаронро дурӯғ бароварданд ва хашму азоби Моро чашиданд. Бигӯ: «Агар шуморо донише ҳаст, онро барои мо ошкор созед. Вале шумо танҳо аз гумони хеш пайравӣ мекунед ва дурӯғгуёне беш нестед!»

Бигӯ: «Хоси Худост далели маҳкаму расо, агар мехост ҳамаи шуморо ҳидоят мекард».

Бигӯ: «Гувоҳонатонро, ки гувоҳӣ медиҳанд, ки Худо ин ё онро ҳаром кардааст, биёваред!» Пас агар гувоҳӣ доданд, ту бо опон гувоҳӣ надеҳ ва аз хостаҳои онҳое, ки оёти Моро дурӯғ гуфтанд ва ба охират имон надоранд ва касонеро бо Парвардигорашон баробар медоранд, пайравӣ макун!

Бигӯ: «Биёед, то он чиро, ки Парвардигоратон бар шумо ҳаром кардааст, бароятон бихонам. Ин, ки ба Худо ширк наёваред! Ва ба падару модар некӣ кунед! Ва аз бими дарвешӣ фарзандони худро накушед! Мо ба шумо ва онҳо рӯзӣ медиҳем. Ва ба корҳои зишт чӣ пинҳону чӣ ошкоро наздик нашавед! Ва касеро, ки Худо куштанашро ҳаром кардааст, ғайри ба хақ макушед! Инхост он чӣ Худо шуморо ба он супориш мекунад, бошад, ки ба ақл дарёбед!

Ба моли ятим наздик машавед, магар ба некӯтарин ваҷҳе, ки ба салоҳи ӯ бошад то ба синни булуғ расад. Ва паймонаву вазнро аз рӯи адл комил кунед! Мо ба касе ҷуз ба андозаи тавонаш таклиф намекунем. Ва ҳар гоҳ сухан гӯед, одилона гӯед, ҳарчанд ба зиёни хешовандон бошад. Ва ба аҳди Худо вафо кунед! Инҳост он чӣ Худо шуморо ба он супориш мекунад, шояд, ки панд гиред!

Ва ин аст роҳи рости Ман. Аз он пайравӣ кунед ва ба роҳҳои гуногун маравед, ки шуморо аз роҳи Худо пароканда месозад. Инҳост он чӣ Худо шуморо ба он супориш мекунад, шояд парҳезгор шавед!»

Сипас ба Мӯсо китоб додем, то бар касе, ки некӯкор будааст, неъматро пурра кунем ва барои баёни ҳар чизе ва низ барои роҳнамоиву раҳмат. Шояд, ки ба дидори Парвардигорашон имон биёваранд!

Ин китобест муборак. Онро нозил кардаем. Пас ба он пайравӣ кунед ва парҳезгор бошед, шояд ки мавриди раҳмат қарор гиред!

То нагӯед, ки танҳо бар ду гурӯҳе, ки пеш аз мо буданд, китоб нозил шуда ва мо аз омӯхтани онҳо ғофил будаем.

Ё нагӯед, ки агар бар мо низ китоб нозил мешуд, беҳтар аз онон ба роҳи ҳидоят мерафтем. Бар шумо низ аз ҷониби Парвардигоратон далели равшан ва ҳидояту раҳмат фаро расид. Пас чӣ касе ситамкортар аз он кас аст, ки оёти Худоро дурӯғ пиндошт ва аз онҳо рӯйгардон шуд? Ба зудӣ касонеро, ки аз оёти Мо рӯйгардон шудаанд, ба сабаби ин рӯйгардониашон ба азобе бад ҷазо хоҳем дод!

Оё интизори он доранд, ки фариштагон наздашон биёянд? Ё Парвардигорат? "Ё нишонае аз нишонаҳои Худо бар онҳо зоҳир шавад. Рӯзе, ки баъзе нишонаҳои Худо ошкор шавад, имони касе, ки пеш аз он имон наёварда ё ба ҳангоми имон кори неке анҷом надодааст, барои ӯ суде нахоҳад дошт. Бигӯ: «Чашм ба роҳ бошед, мо низ чашм бароҳем».

Туро бо онҳо, ки дини хеш фирқа-фирқа карданд ва даста-даста шуданд, коре нест. Кори онҳо бо Худост. Ва Худо ононро ба корҳое, ки мекарданд, огоҳ месозад.

Ҳар кас кори неке анҷом диҳад, даҳ баробар ба ӯ подош диҳанд ва ҳар кӣ кори баде анҷом диҳад танҳо монанди он ҷазо бинад, то ситаме бар онҳо нарафта бошад.

Бигӯ: «Парвардигори ман маро ба роҳи рост ҳидоят кардааст, ба дине ҳамеша устувор, дини ҳанифи Иброҳим. Ва ӯ аз мушрикон набуд».

Бигӯ: «Намози ману қурбонии ман ва зиндагии ману марги ман барои Худо — он Парвардигори ҷаҳониён аст.

Ӯро шарике нест. Ба ман чунин амр шудаст ва ман аз нахустин мусалмононам».

Бигӯ: «Оё ҷуз Оллоҳ Парвардигоре ҷӯям?» Ӯ Парвардигори ҳар чизест ва ҳар кас танҳо ҷазои кори худро мебинад. Ва касе бори гуноҳӣ дигареро бар душ намекашад. Сипас бозгашти ҳамаи шумо ба назди Парвардигоратон аст ва Ӯ шуморо ба он чизҳое, ки дар он ихтилоф меварзидед огоҳ мекунад.

Ӯст Худое, ки шуморо халифагони замин кард ва баъзеро бар баъзи дигар ба дараҷаҳо бартарӣ дод, то шуморо дар чизе, ки атоятон кардааст, биёзмояд. Албатта Парвардигорат зуд ҷазо медиҳад ва Ӯ бахшояндаву меҳрубон аст!
Icon