ترجمة معاني سورة آل عمران باللغة الطاجيكية من كتاب Tajik - Tajik translation
ﰡ
آية رقم 1
ﭑ
ﭒ
ОЛИ ИМРОН
Алиф. Лом. Мим.
آية رقم 2
Оллоҳ аст, ки ҳеҷ худое ғайри Ӯ нест. Зинда асту поянда аст!
آية رقم 3
Ин китобро, ки тасдиқкунандаи китобҳои пеш аз он аст, ба ҳак бар ту нозил кард ва қабл аз он Тавротро ва Инҷилро фиристод.
آية رقم 4
барои ҳидояти мардум фиристод ва Фурқонро нозил кард. Барои онон, ки ба оёти Худо имон намеоранд, азобе сахт муҳайёст ва Худо пирӯзманду интиқомгиранда аст.
آية رقم 5
Ҳеҷ чиз дар замину осмон бар Худо пӯшида нест.
آية رقم 6
Ӯст, ки шуморо дар батии модароп ба ҳар сон, ки хоста бошад, сурат мебандад. Нест худое ҷуз Ӯ, ки пирӯзманду ҳаким аст!
Ӯст, ки ин китобро бар ту нозил кард. Баъзе аз ояҳо муҳкамотанд, ин ояҳо уммулкитобанд ва баъзе ояҳо муташобеҳотанд. Аммо онҳо, ки дар дилашон майл ба ботил аст, ба сабаби фитнаҷӯӣ ва майл ба маъно аз муташобеҳот пайравй мекунанд, дар ҳоле ки маънои онро ҷуз Худо намедонад. Ва окон, ки қадам дар дониш устувор кардаанд, мегӯянд: «Мо бад-он имон овардаем. Ҳама аз ҷониби Парвардигори мост». Ва хирадмандон панд мегиранд.
آية رقم 8
Эй Парвардигори мо, аз он пас, ки моро ҳидоят кардаӣ, дилҳои моро ба ботил моил масоз ва раҳмати худро бар мо ато бикун, ки ту бахшояндаӣ!
آية رقم 9
Эй Парвардигори мо, ту мардумро дар он рӯзе, ки ҳеҷ шакке дар он нест, гирд меоварӣ. Ба яқин, ки Худо аз ваъда хилоф накунад!
آية رقم 10
Кофиронро дороиҳо ва фарзандонашон ҳаргиз аз азоби Худо нараҳонад. Онҳо худ ҳезуми оташи ҷаҳаннаманд.
آية رقم 11
Ба мисли Оли Фиръавн ва пешиниёнашон оёти моро такзиб карданд (дурӯғ бароварданд). Пас Худо ононро ба ҷазои гуноҳонашон бозхост кард. Ва уқубяти Худо сахт яст!
آية رقم 12
Ба кофирон бигӯй: «Ба зудӣ мағлуб хоҳед шуд ва дар ҷаҳаннам, он оромгоҳи бад, гирд хоҳед омад!»
آية رقم 13
Дар он ду гурӯҳ, ки ба ҳам расиданд, барои шумо ибрате буд: Гурӯҳе дар роҳи Худо меҷангиданд ва гурӯҳе дигар кофир буданд. Ононро ба чашми худ дучандони хеш медиданд. Худо ҳар касро, ки бихоҳад, ёрӣ диҳад. Ва соҳибназаронро дар ин ибратест!
آية رقم 14
Дар чашми мардум ороиш ёфтааст ишқ ба орзуҳои нафсонӣ ва дӯст доштани занону фарзандон ва ҳамёнҳои зару сим ва аспони нишонадор ва чорпоён ва зироат. Ҳамаи инҳо матоъи зиндагии инҷаҳонӣ ҳастанд, дар ҳоле, ки бозгаштангоҳи хуб назди Худост!
آية رقم 15
Бигӯ: «Оё шуморо ба чизҳое беҳтар аз инҳо огоҳ кунам?» Барои онон, ки парҳезгорӣ пеша кунанд, дар назди Парвардигорашон биҳиштҳоест, ки наҳрҳо дар он равон аст. Инон бо занони покиза дар айни хушнудии Худо ҷовидона дар он ҷо хоҳанд буд. Ва Худо аз ҳоли бандагон огоҳ аст:
آية رقم 16
Касоне, ки мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, имон овардем. Гуноҳони моро биёмурз ва моро аз азоби оташ ҳифз кун»;
آية رقم 17
ﭝﭞﭟﭠﭡﭢ
ﭣ
собирону ростгӯён ва фармонбардорону нафақакунандагон ва онон, ки дар саҳаргоҳон омурзиш металабанд.
آية رقم 18
Оллоҳ ҳукм кард ва фариштагону донишмандон низ, ки ҳеҷ худое барпойдорандаи адл ҷуз Ӯ нест. Худое ҷуз Ӯ нест, ки пирӯзманду ҳаким аст!
آية رقم 19
Албатта дин дар назди Худо дини ислом аст. Ва аҳли китоб муқобили он рафтанд, аз он пас, ки ба ҳаққонияти он дин огоҳ, шуданд ва низ аз рӯи ҳасад. Онон, ки ба оёти Худо кофир шуданд, бидонанд, ки Ӯ ба зудӣ ба ҳисобҳо хоҳад расид!
آية رقم 20
Агар бо ту ба доварӣ бархезанд, бигӯй: «Ману пайравонам дар дини хеш ба Худо ихлос намудем». Ба аҳли китоб ва мушрикон бигӯ: «Оё шумо ҳам ба Худо ихлос намудед?» Агар ихлос варзидаанд, пас ҳидоят ёфтаанд ва агар рӯйгардон шудаанд, бар ту таблиғ асту бас ва Худо бандагонро мебинад.
آية رقم 21
Касоне, ки ба оёти Худо имон намеоваранд ва паёмбаронро ба ноҳақ мекушанд ва мардумеро, ки аз рӯи адл фармон медиҳанд, мекушанд, ба азобе дардовар хабар деҳ!
آية رقم 22
Аъмоли инҳо дар дунё ва охират нобуд шудааст ва ҳеҷ ёваре надоранд!
آية رقم 23
Оё ононро надидӣ, ки аз китоб баҳрае ёфта буданд, чун даъват шуданд то китоби Худо дар бораи онҳо ҳукм кунад, гурӯҳе аз онҳо бозгаштанд ва рӯй гардонӣ карданд?
آية رقم 24
Ва ин бад-он сабаб буд, ки мегуфтанд: «Ҷуз чанд рӯзе оташи дӯзах ба мо нарасад». Ва ин дурӯғ, ки бар худ баста буданд, дар дини худ фиребашон дод.
آية رقم 25
Ҳолашон чӣ гуна хоҳад буд дар он рӯз бешубҳа, вақте, ки ҳамаро гирд оварем, то подоши амали ҳар кас дода шавад, бе он ки бар касе ситаме равад?
آية رقم 26
Бигӯ: «Бор Худоё, Туӣ - - дорандаи мулк! Ба ҳар кӣ бихоҳӣ, мулк медиҳӣ ва аз ҳар кӣ бихоҳӣ, мулк меситонӣ! Ҳар касро, ки бихоҳӣ, иззат медиҳӣ ва ҳар касро, ки бихоҳӣ, хорӣ медиҳӣ! Ҳамаи некиҳо ба дасти туст ва ту бар ҳар коре тавоноӣ!
آية رقم 27
Аз шаб мекоҳӣ (кӯтоҳ мекунӣ) ва ба рӯз меафзоӣ ва аз рӯз мекоҳӣ ва ба шаб меафзоӣ! Зиндаро аз мурда берун меоварӣ ва мурдаро аз зинда. Ва ба ҳар ки бихоҳӣ, беҳисоб рӯзӣ медиҳӣ!
آية رقم 28
Набояд мӯъминон кофиронро ба ҷои мӯъминон ба дӯстӣ гиранд. Пас ҳар кӣ чунин кунад, ӯро бо Худо робитае нест. Магар ин ки аз онҳо бимнок бошед. Ва Худо шуморо аз худаш метарсонад, ки бозгашт ба сӯӣ Ӯст».
آية رقم 29
Бигӯ: «Ҳар чӣ дар дил доред, чӣ пинҳонаш кунед ва чӣ ошкораш созед. Худо ба он огох, аст. Ӯ ҳар чиро, ки дар осмонҳо ва замин аст, медонад ва бар ҳар коре тавоност!
آية رقم 30
Рӯзе, ки ҳар кас корҳои нек ва корҳои бади худро дар баробари худ ҳозир бинад, орзу кунад, ки эй кош, миёни ӯ ва кирдори бадаш масофае бузург бувад. Худованд шуморо аз Худаш метарсонад. Ва Худо ба бандагонаш меҳрубон аст!»
آية رقم 31
Бигӯ: Агар Худоро дӯст медоред, ба ман пайравӣ кунед, то Ӯ низ шуморо дӯст бидорад ва гуноҳонатонро биёмурзад, ки омурзанда ва меҳрубон аст!»
آية رقم 32
Бигӯ: «Аз Худо ва расулаш фармон бибаред. Пас агар рӯйгардон шуданд, бидоканд, ки Худо кофиронро дӯст надорад!»
آية رقم 33
Худо Одаму Нӯҳ, ва хонадони Иброҳиму хонадони Имронро бар ҷаҳониён бартарӣ дод:
آية رقم 34
Фарзандоне буданд баъзе аз насли баъзе дигар падидомада. Ва Худо шунаво ва доност!
آية رقم 35
Ва зани Имрон гуфт: «Эй Парвардигори ман, назр кардам, ки он чӣ дар шикам дорам, аз кори инҷаҳонӣ озоду танҳо дар хидмати Ту бошад. Ин назрро аз ман бипазир, ки Ту шунаво ва доноӣ».
آية رقم 36
Чун фарзанди хеш бизод, гуфт: «Эй Парвардигори ман, ин ки зойидаам, духтар аст — ва Худо ба он чӣ зоида буд, донотар аст — ва писар чун духтар нест. Ӯро Марям ном ниҳодам. Ӯ ва фарзандашро аз шайтони раҷим дар паноҳи Ту месупорам».
آية رقم 37
Пас Парвардигораш он духтарро ба некӣ аз ӯ пазируфт ва ба тарзе писандида парваришаш дод ва Закариёро ба сарпарастии ӯ вобаста кард. Ва ҳар вақт, ки Закариё ба меҳроб назди ӯ мерафт, пеши ӯ хӯрданӣ меёфт, Мегуфт: «Эй Марям, инҳо барои ту аз куҷо мерасад?» Марям мегуфт: «Аз ҷониби Худо;» зеро Ӯ ҳар касро, ки бихоҳад, беҳисоб рӯзӣ медиҳад.
آية رقم 38
Дар он ҷо Закариё Парвардигорашро нидо дод ва гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро аз ҷониби худ фарзанде покиза ато кун, албатта Ту дуъоро мешунавӣ».
آية رقم 39
Пас-ҳамчунон, ки дар меҳроб ба намоз истода буд, фариштагон нидояш доданд: «Худо туро ба Яҳё хушхабар медиҳад. Ӯ калимаи Худоро тасдиқ мекунад ва худ бузургест безор аз занон ва паёмбарест аз шоистагон».
آية رقم 40
Гуфт: «Эй Парвардигори ман, чӣ гуна маро писаре бошад, дар ҳоле ки ба пирӣ расидаам ва занам нозост?» Гуфт; Ба он сон, ки Худо ҳар чӣ бихоҳад, мекунад».
آية رقم 41
Гуфт: «Эй Парвардигори ман, барон мая нишонае падидор кун». Гуфт: «Нишони ту ин аст, ки се рӯз бо мардум сухан нагӯӣ, магар ба ишора ва Парвардигоратро фаровон ёд кун ва дар шабонгоҳу бомдод Ӯро шукр гӯй.
آية رقم 42
Ва фариштагон гуфтанд: «Эй Марям, Худо туро инхитоб кард ва покиза сохт ва бар занони ҷаҳон бартарӣ дод.
آية رقم 43
Эй Марям, аз Парвардигорат итоъат кун ва саҷда кун ва бо намозгузорон намоз бихон!»
آية رقم 44
Инҳо аз хабарҳои ғайб аст, ки ба ту ваҳй мекунем. Вагарна он гоҳ, ки қуръа заданд, то чӣ касе аз миёнашон ӯҳдадори нигаҳдории Марям шавад ва он гоҳ ки корашон ба низоъ кашид, ту дар наздашон набудӣ.
آية رقم 45
Фариштагон гуфтанд; «Эй Марям, Худо туро ба калимаи Худ мужда медиҳад: Номи ӯ Масеҳ — Исо писари Марям аст. Дар дунё ва охират обрӯманд ва аз наздикон аст.
آية رقم 46
Бо мардум ҳамчунон, ки дар бузургӣ, дар гаҳвора сухан мегӯяд ва аз шоистагон аст».
آية رقم 47
Марям гуфт: «Эй Парвардигори ман, чӣ гуна маро фарзанде бошад, дар ҳоле ки одамӣ ба ман даст назадааст?» Гуфт; «Ба он сон, ки Худо ҳар чӣ бихоҳад, меофаринад. Чун иродаи чизе кунад, ба ӯ гӯяд: «Мавҷуд шав!» — пас мавҷуд мешавад.
آية رقم 48
ﭳﭴﭵﭶﭷ
ﭸ
Худо ба ӯ китобу ҳикмат ва Тавроту Инҷил меомӯзад.
آية رقم 49
Ва ба пайғамбарӣ бар банӣ-Исроилаш мефиристад», ки ман ба мӯъҷизае аз Парвардигоратон назди шумо омадаам. Бароятон аз лой чизе чун парранда месозам ва дар он медамам, ба амри Худо паррандае шавад ва кӯри модарзодро ва пес гирифтаро шифо медиҳам. Ва ба фармони Худо мурдаро зинда мекунам. Ва ба шумо мегӯям, ки чӣ хурдаед ва дар хонаҳои худ чӣ захира кардаед. Агар аз мӯъминон бошед, инҳо барои шумо нишонаҳои ҳаққонияти ман аст!
آية رقم 50
Тавроти ҳозирро тасдиқ мекунам ва баъзе аз чизҳоеро, ки бар шумо ҳаром шуда, ҳалол мекунам. Бо нишонӣ аз Парвардигоратон назди шумо омадаам. Аз Худо битарсед ва ба ман итоат кунед!
آية رقم 51
Оллоҳ Парвардигори ману шумост. Бипарастедаш, ки роҳи рост ин аст!
آية رقم 52
Чун Исо дарёфт, ки ба ӯ имон намеоваранд, гуфт: «Чӣ касоне дар роҳи Худо ёрони мананд?» Ҳавориён гуфтанд: «Мо ёрони Худоем. Ба Худо имон овардем. Шаҳодат деҳ ки мо таслим ҳастем.
آية رقم 53
Эй Парвардигори мо, ба он чӣ нозил кардаӣ, имон овардем ва ба расул пайравӣ кардем, моро дар шумори гувоҳидиҳандагон бинавис!»
آية رقم 54
Онон макр карданд ва Худо ҳам макр кард ва Худо беҳтарини макркунандагон аст.
آية رقم 55
Он гоҳ Худо гуфт: «Эй Исо, ман туро мемиронам ва ба сӯи худ бармеоварам ва аз кофирон дур месозам ва то рӯзи қиёмат ононро, ки ба ту паиравӣ кунанд, болои кофирон қарор хоҳам дод. Сипас бозгашти ҳамаи шумо ба сӯи Ман аст ва Ман дар он чӣ ихтилоф мекардед, миёнатон ҳукм мекунам.
آية رقم 56
Аммо ононро, ки кофир шуданд, дар дунёву охират ба сахтӣ азоб хоҳам кард ва онҳоро мададгороне нест!»
آية رقم 57
Аммо онон, ки имон оварданд ва корҳои нек карданд, Худо муздашонро ба тамомӣ хоҳад дод. Худо ситамкорокро дӯст надорад!
آية رقم 58
Инҳо, ки бар ту мехонем, аз оёт ва паидҳои ҳикматомез аст.
آية رقم 59
Мисоли Исо дар назди Худо чун мисоли Одам аст, ки ӯро аз хок биёфарид ва ба ӯ гуфт: «Мавҷуд шав». Пас мавҷуд шуд.
آية رقم 60
Ин сухапи ҳақ аз ҷониби Парвардигори, ту аст. Аз шаккунандагон мабош.
آية رقم 61
Аз он пас, ки ба огоҳӣ расидаӣ, ҳар кас, ки дар бораи ӯ бо ту ҷидол кунад, бигӯ: «Биёед, то ҳозир оварем мо фарзандони худро ва шумо фарзандони худро, мо занони худро ва шумо занони худро, мо бародарони худро ва шумо бародарони худро. Он гоҳ, дуову тазарруъ кунем ва лаънати Худоро бар дурӯғгӯён бифиристем!»
آية رقم 62
Ҳамоно ин достокест росту дуруст. "Ҷуз Оллоҳ ҳеҷ худое нест. Ӯ Худои пирӯзманду ҳаким аст!
آية رقم 63
ﭣﭤﭥﭦﭧﭨ
ﭩ
Агар рӯйгардон шаванд, Худованд муфсидонро мешиносад!
آية رقم 64
Бигӯ: «Эй аҳли китоб, биёед ба он калимае, ки пазируфтаи мову шумост, пайравӣ кунем, он ки ҷуз Худоро напарастем ва ҳеҷ чизро шарики Ӯ насозем ва баъзе аз мо баъзе дигарро ғайри Худо ба парастиш нагирад. Агар онон рӯйгардон шуданд, бигӯ: «Шоҳид бошед, ки мо мусалмон ҳастем».
آية رقم 65
Эй аҳли китоб, чаро дар бораи Иброҳим ҷидол мекунед, дар ҳоле ки Тавроту Инҷил баъд аз ӯ нозил шуда аст? Магар намеандешед?
آية رقم 66
Шумо ҳамон касоне ҳастед, ки дар он ба он илм доред, баҳсу ҷидол мекардед, чаро дар он чӣ ба он нлм надоред, ҷидол мекунед? Дар ҳоле, ки Худо медонад ва шумо намедонед!
آية رقم 67
Иброҳим на яҳудӣ буд, на насронӣ, балки ҳанифии'" мусалмон буд. Ва аз мушрикон набуд.
آية رقم 68
Наздиктарин касон ба Иброҳим ҳамоно пайравони ӯ ва ин паёмбару мӯъминон ҳастанд. Ва Худо ёвари мӯъминон аст.
آية رقم 69
Гурӯҳе аз аҳли китоб дӯст доранд, ки шуморо гумроҳ кунанд ва ҳол он ки намедонанд, кн танҳо худро гумроҳ мекунанд!
آية رقم 70
Эй аҳли китоб, бо он ки худ ба оёти Худо шоҳидӣ медиҳед, чаро инкораш мекунед?
آية رقم 71
Эй аҳли китоб, бо он ки аз ҳақиқат огоҳед, чаро ҳақро ба ботил меомезед ва ҳақиқатро пинҳон мекунед?»
آية رقم 72
Гурӯҳе аз аҳли китоб гуфтанд; «Дар аввали рӯз ба он чӣ бар мӯъминон нозил шудааст, имон биёваред ва дар охири рӯз инкораш кунед, то шояд аз эътиқоди хеш бозгарданд».
آية رقم 73
Ва гуфтанд; «Ғайри пайравони дини худро тасдиқ накунед». Бигӯ; «Ҳидоят хидояти худоист». Ва агар гӯянд, ки ба дигарон ҳамон чизҳое дода шавад, ки ба шумо дода шудааст ё агар гӯянд, ки фардо дар назди Парвардигоратон бо шумо ба ҳуҷҷат меистанд, бигӯ: «Фазилат ба дасти Худост, ба ҳар кӣ хоҳад, онро ато мекунад, ки Ӯ бахшояндаву доност!»
آية رقم 74
Ҳар киро бихоҳад хоси раҳмати худ мекунад ва Худо соҳибкарамест бисёр бузург!
آية رقم 75
Аз миёни аҳли китоб касест, ки агар ӯро амин шуморӣ ва қинторе ба ӯ бисупорӣ, онро ба ту бозмегардонад ва аз онҳо кассет, ки агар аминаш шуморӣ ва диноре ба ӯ бисупорӣ, ҷуз ба тақозо ва талаб онро бознагардонад. Зеро мегӯяд: «Роҳи омиёни мардуми Макка бар мо баста аст ва кас моро маломат накунад». Инҳо худ медонанд, ки ба Худо дурӯғ мебанданд.
آية رقم 76
Оре, ҳар кас, ки ба аҳди хеш вафо кунад ва парҳезгор бошад, Худо парҳезгоронро дӯст медорад.
آية رقم 77
Касоне, ки аҳди Худо ва савгандҳои худро ба баҳои андак мефурӯшанд, дар охират насибе надоранд ва Худо дар рӯзи қиёмат на ба онон сухан мегӯяд ва на ба онон менигарад ва на ононро покиза месозад. Ва барояшон азобе дардовар аст!
آية رقم 78
Ва аз миёни онҳо гурӯҳе ҳастанд, ки ба шеваи китоби Худо сухан мегӯянд, то пиндоред, ки он чӣ мегӯянд, аз китоби Худост, дар ҳоле ки аз китоби Худо нест. Ва мегӯянд, ки аз чониби Худо омада ва ҳол он ки аз ҷониби Худо наёмада аст. Ва худ медонанд, ки бар Худо дурӯғ мебанданд.
آية رقم 79
Нашояд ҳеҷ башареро, ки Худо ба ӯ китобу ҳикмат ва нубувват дода бошад, он гоҳ ба мардум бигӯяд, ки бандагони ман бошед, на бандагони Худо. Ва ҳол он ки паёмбарон мегӯянд: «Ҳамчунон, ки аз китоби Худо меомӯзед ва дар он мехонед, парастандагони Худо бошед».
آية رقم 80
Ва низ ба шумо намефармояд, ки фариштагону паёмбаронро худоён пиндоред. Оё пас аз он ки ислом овардаед, шуморо ба куфр фармон медиҳад?
آية رقم 81
Ва Худо аз паёмбарон паймон гирифт, ки шуморо китобу ҳикмат додаам; ба паёмбаре, ки дини шуморо тасдиқ мекунад ва ба паём назди шумо меояд, имон оред ва ёриаш кунед. Гуфт: «Оё иқрор кардед ва аҳди Маро пазируфтед?» Гуфтанд: «Иқрор кардем». Гуфт; «Пас шаҳодат диҳед ва Ман низ бо шумо аз шоҳидонам».
آية رقم 82
Ва ҳар кӣ аз он пас сарпечӣ кунад, аз фосиқон аст.
آية رقم 83
Оё дине ҷуз дини Худо меҷӯянд, ҳол он ки он чӣ дар осмонҳо ва замин аст, хоҳу нохоҳ таслими фармони Ӯ ҳастанд ва ба назди Ӯ бозгардонда мешавед!
آية رقم 84
Бигӯ: «Ба Худо ва он чӣ бар мо ва бар Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва фарзандони ӯ ва низ он чӣ бар Мӯсову Исо ва паёмбарони дигар аз ҷониби Парвардигорашон нозил шудааст, имон овардем. Миёни ҳеч як аз эшон фарқе намениҳем ва ҳама таслими иродаи Ӯ ҳастем».
آية رقم 85
Ва ҳар кас, ки дине ҷуз ислом ихтиёр кунад, аз ӯ пазируфта нахоҳад шуд ва дар охират аз зиёндидагон хоҳад буд.
آية رقم 86
Чӣ гуна Худо ҳидоят кунад қавмеро, ки аввал имон оварданд ва ба ҳаққонияти расул шаҳодат доданд ва далоилу оёти равшанро мушоҳида карданд, сипас кофир шуданд? Худо ситамкоронро ҳидоят намекунад!
آية رقم 87
Ҷазояшон ин аст, ки лаънати Худо ва фариштагон ва ҳамаи мардум бар онон аст.
آية رقم 88
Абадӣ дар лаънат бимонанд ва аз азобашон кам нашавад ва мӯҳлаташон надиҳанд,
آية رقم 89
магар онон, ки аз он пас тавба кунанд ва ислоҳ шаванд, зеро Худо омурзанда ва меҳрубон аст!
آية رقم 90
Тавбаи касоне, ки пас аз имон овардан кофир шуданд ва бар куфри худ афзуданд, пазируфта нахоҳад шуд. Инҳо гумроҳонанд!
آية رقم 91
Онон, ки кофир шуданд ва кофир мурданд, агар бихоҳанд, ба андозаи ҳамаи замин тилло диҳанд ва хештанро аз азоб бозхаранд, аз онҳо пазируфта нахоҳад шуд. Барояшон азобе дарднок аст ва онҳоро ҳеҷ ёваре нест.
آية رقم 92
Некиро дарнахоҳед ёфт, то он гоҳ ки аз он чӣ дӯст медоред, инфоқ (нафақа) кунед. Ва ҳар чӣ инфоқ мекунед, Худо ба он огоҳ аст.
آية رقم 93
Ҳамаи таъомҳо бар банӣ-Исроил ҳалол буд, ғайри онҳо, ки пеш аз нузули Таврот Исроил бар худ ҳаром карда буд. Бигӯ: «агар рост мегӯед, Тавротро биёвареду бихонед».
آية رقم 94
Аз он пас ҳар кӣ бар Худо дурӯғ бандад, аз ситамкорон аст.
آية رقم 95
Бигӯ: «Худо рост мегӯяд. Дини ҳанифи Иброҳимро пайравӣ кунед ва ӯ аз мушрикон набуд.
آية رقم 96
Нахустин хонае, ки барои мардум бино шуда, ҳамон аст, ки дар Макка аст. Хонае, ки ҷаҳониёнро сабаби баракат ва ҳидоят аст!
آية رقم 97
Дар он ҷост оёти равшан ва мақоми Иброҳим. Ва хар кӣ ба он дохил шавад, эмин аст. Барои Худо ҳаҷҷи он хона бар касоне, ки қудрати рафтан ба онро дошта бошанд, воҷиб аст. Ва ҳар кӣ роҳи куфр пеш гирад, бидонад, кн Худо бар ҷаҳониён мӯҳтоҷ нест».
آية رقم 98
Бигӯ: «Эй аҳли китоб, чаро оёти Худоро инкор яекунед? Худо нозир бар аъмоли шумост!»
آية رقم 99
Бигӯ: «Эй аҳли китоб, ба чӣ сабаб онҳоро, ки имон овардаанд, аз роҳи Худо бозмедоред ва мехоҳед, ки ба роҳи каҷ раванд? Ва шумо худ ба зиштии кори хеш огоҳед ва Худо низ аз он чӣ мекунед, ғофил нест!
آية رقم 100
Эй касоне, ки имон овардаед, агар ба гурӯҳе аз аҳли китоб итоъат кунед, шуморо аз имонатон ба куфр бозмегардонанд.
آية رقم 101
Чӣ гуна кофир мешавед, дар ҳоле, ки оёти Худо бар шумо хонда мешавад ва расули Ӯ дар миени шумост? Ва ҳар кӣ ба Худо тамассук (наздикӣ) ҷӯяд, ба роҳи рост ҳидоят шудааст.
آية رقم 102
Эй касоне, ки имон овардаед, он чунон ки шоистаи тарс аз Худост, аз Ӯ битарсед ва дар ҳолати мусалмонӣ миред.
آية رقم 103
Ва ҳамагон даст дар ресмони Худо занед ва пароканда нашавед ва аз неъмате, ки Худо бар шумо арзонӣ доштааст, ёд кунед: он ҳангом, ки душмани якдигар будед ва Ӯ дилҳоятонро ба ҳам меҳрубон сохт ва ба лутфи Ӯ бародар шудед. Ва бар лаби чоҳе аз оташ будед, Худо шуморо аз он бираҳонид. Худо оёти худро барои шумо инчунин баён мекунад, шояд ҳидоят ёбед.
آية رقم 104
Бояд, ки аз миёни шумо гурӯҳе бошанд, ки ба хайр даъват кунанд ва амр ба маъруф ва наҳй аз мункар кунанд. Инҳо наҷот ёфтагонанд.
آية رقم 105
Ба монанди он касоне мабошед, ки пас аз он ки оёти равшани Худо бар онҳо ошкор шуд, пароканда гаштанд ва бо якдигар ихтилоф (зиддият) варзиданд, албатта, барои инҳо азобе бузург хоҳад буд.
آية رقم 106
Он рӯз, ки гурӯҳе сафедрӯй ва гурӯҳе сияҳрӯй шаванд, ба онон, ки сияҳрӯй шудаанд, мегӯянд: «Оё шумо пас аз имон оварданатон кофир шудед? Ба сабаби кофир шуданатон бичашед азоби Худоро!»
آية رقم 107
Аммо онон, ки сафедрӯй шудаанд, ҳамеша ғарқ дар раҳмати Парвардигор бошанд.
آية رقم 108
Инҳо оёти Худост, ки ба ҳақ бар ту мехонем. Ва Худо ба мардуми ҷаҳон ситам раво намедорад!
آية رقم 109
Аз они Худост ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст ва корҳо ба ӯ бозгардонида шавад.
آية رقم 110
Шумо беҳтарин уммате ҳастед аз миёни мардум падидомада, ки амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мекунед ва ба Худо имон доред. Агар аҳли китоб низ имон биёваранд, барояшон беҳтар аст. Баъзе аз онҳо мӯъминанд, вале бештарин фосиқонанд.
آية رقم 111
Ба шумо ҷуз андак озор дигар осебе нарасонанд. Агар бо шумо ҳарб кунанд, пушт кунанд ва рӯй ба гурез раванд ва пирӯз нагарданд.
آية رقم 112
Ҳ, ар ҷо, ки бошанд, мӯҳри хори бар онҳо зада шуда аст, магар он ки дар амони Худо ва дар амони мардум бошанд. Ва бо хашми Худо қарин шудаанд ва мӯҳри бадбахтӣ бар онҳо ниҳодаанд, зеро ба оёти Худо кофир шуданд ва паёмбаронро ба ноҳақ, куштанд. Ва ин бад-он сабаб буд, ки исён (нофармонӣ) варзиданд ва таҷовуз карданд.
آية رقم 113
Аҳли китоб ҳама яксон нестанд. Гурӯҳе ба тоъати Худо истодаанд ва оёти Худоро дар дили шаб тиловат мекунанд ва саҷда ба ҷой меоваранд.
آية رقم 114
Ва ба Худо ва рӯзи қиёмат имон доранд ва амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мекунанд ва дар корҳои нек шитоб меварзанд ва аз ҷумлаи солеҳонанд.
آية رقم 115
Ва ҳар кори нек, ки кунанд, ношукрӣ карда нашавад, зеро Худо ба парҳезгорон огоҳ аст!
آية رقم 116
Кофиронро амволу авлодашон ҳеҷ аз азоби Худо нараҳонад ва онон аҳли оташанд, ҷовидона дар ҷаҳаннам бошанд!
آية رقم 117
Он чӣ инҳо дар ин ҷаҳон хайр мекунанд, ҳамонанди он аст, ки тундбоде сард бар киштзори қавме бар хеш ситам карда бивазад ва он киштаро нобуд созад. Худо бар онҳо ситам раво надошт. Онон худ бар худ ситам карданд.
آية رقم 118
Эй касоне, ки имон овардаед, дӯсти ҳамрозе ғайр аз ҳамдинони худ магиред, ки дигарон аз ҳеҷ фасоде дар хаққи шумо кӯтоҳӣ намекунанд ва хостори ранҷу машаққати шумоянд. Ва душманӣ аз гуфторашон ошкор аст ва он кина, ки дар дил доранд, бештар аст аз он чӣ ба забон меоваранд. Оётро бароятон ошкор сохтем, агар ба ақл дарёбед!
آية رقم 119
Огоҳ бошед, ки шумо ононро дӯст медоред ва ҳол он ки онҳо шуморо дӯст надоранд. Шумо ба ҳамаи ин китоб имон овардаед. Чун шуморо бубинанд, гӯянд: «Мо ҳам имон овардаем». Ва чун хилват кунанд, аз ғояти кинае, ки ба Шумо доранд, сарангушти худ ба дандон газанд. Бигӯ: «Дар кинаи хеш бимиред! Албатта Худо ба он чӣ дар дилҳост, огоҳ аст».
آية رقم 120
Агар хайре ба шумо расад, андӯҳгин шаванд ва агар ба мусибате гирифтор оед, шодмоп гарданд. Агар сабр варзед ва парҳезгорӣ кунед, аз макрашон ба шумо зиёне наррсад, кк Худо бар ҳар коре, ки мекунанд, огоҳӣ дорад!
آية رقم 121
Ва бомдодон аз миёни касони хеш берун омадӣ, то мӯъминонро дар он ҷойҳо, ки мебоист биҷанганд, биншонӣ ва Худо шунавову доност!
آية رقم 122
Ду гурӯҳ аз шумо нияти он карданд, ки дар ҷанг сустӣ намоянд ва Худо ёварашон буд, пас мӯъминон бояд, ки бар Худо таваккал кунанд!
آية رقم 123
Албатта Худо шуморо дар Бадр ёрӣ кард ва ҳол он ки нотавон будед. Пас аз Худо битарсед, бошад, ки шукргузор шавед!
آية رقم 124
Он гоҳ, ки ба мӯъминон мегуфтӣ, ки агар Худо се ҳазор фаришта ба ёриатон фурӯ фиристад, оё шуморо кофӣ нахоҳад буд?
آية رقم 125
Бале, агар пойдорӣ кунед ва парҳезгор бошед, чун душманон тохтутоз оваранд, Худо бо панҷ ҳазор аз фариштагони аломатдор шуморо ёрӣ кунад.
آية رقم 126
Ва Худованд ин корро танҳо барои шодмонӣ ва дилгармии шумо кард. Ва нест ёрие, магар аз сӯи Худои пирӯзманду доно,
آية رقم 127
то гурӯҳе аз кофиронро ҳалок кунад ё хор гардонад. Он гоҳ навмед бозгарданд.
آية رقم 128
Ё эшонро ба тавба водорад ё он ситамкоронро азоб кунад ва туро дар ин корҳо дасте нест.
آية رقم 129
Аз они Худост ҳар чӣ дар осмонҳо ва замин аст. Ҳар киро бихоҳад, меомурзад ва ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад ва Худо омурзандаву меҳрубон аст!
آية رقم 130
Эй касоне, ки имон овардаед, рибо махӯред ба афзуданҳои пай дар пай. Ва аз Худой битарсед, то растагор шавед!
آية رقم 131
ﯶﯷﯸﯹﯺ
ﯻ
Ва битарсед аз оташе, ки барои кофирон муҳайё шудааст!
آية رقم 132
ﯼﯽﯾﯿﰀ
ﰁ
Ва аз Худову расул итоат кунед то шояд раҳмат карда шавед!
آية رقم 133
Бар якдигар пешӣ гиред барои омурзиши Парвардигори хеш ва расидан ба он биҳишт, ки паҳнояш ба қадри ҳамаи осмонҳову замин аст ва барон парҳезгорон мухайё шудааст,
آية رقم 134
он касон, ки дар тавонгариву тангдастӣ эҳсон мекунанд ва хашми худ фурӯ мехӯранд ва аз хатои мардум дармегузаранд. Худо накӯкоронро дӯст дорад!
آية رقم 135
Ва он касон, ки чун коре зишт кунанд ё ба худ ситаме кунанд, Худоро ёд мекунанд ва барои гуноҳони хеш омурзиш мехоҳанд ва кист ҷуз Худо, ки гуноҳонро биёмурзад? Ва чун ба зиштии гуноҳ огоҳанд, дар он чӣ мекарданд, пой нафушуранд.
آية رقم 136
Ҷазои инҳо омурзиши Парвардигорашон аст ва низ биҳиштҳое ки дар он наҳрҳо ҷорист. Дар он ҷо ҷовидонанд ва чӣ некӯст ҷазои некӯкорон!
آية رقم 137
Пеш аз шумо воқеъаҳое будааст, пас бар рӯи замин бигардед ва бингаред, ки поёни кори онҳо, паёмбаронро ба дурӯғгӯӣ нисбат медоданд, чӣ будааст?
آية رقم 138
ﮤﮥﮦﮧﮨﮩ
ﮪ
Ин барои мардум далеле равшан ва барои парҳезгорон роҳнамову пандест.
آية رقم 139
Сустӣ макунед ва андӯҳгин мабошед, зеро агар имон оварда бошед, шумо ғолиб ҳастед.
آية رقم 140
Агар бар шумо захме расид, ба он қавм низ ҳамчунон захме расидааст. Ва ин рӯзгор аст, ки ҳар дам онро бар муроди касе мегардонем, то Худо касонеро, ки имон овардаанд, бишиносад ва аз шумо гувоҳон гирад. Ва Худо ситамкоронро дӯст надорад,
آية رقم 141
ﭑﭒﭓﭔﭕﭖ
ﭗ
ва то мӯъминонро покиза гардонад ва кофиронро нобуд созад.
آية رقم 142
Оё гумон доред, ки ба биҳишт хоҳед рафт ва ҳол он ки ҳанӯз Худо маълум накардааст, ки аз миёни шумо чӣ касоне ҷиҳод мекунанд ва чӣ касоне сабр мекунанд?
آية رقم 143
Пеш аз он ки маргатон фаро расад, орзуи марг макардед, инак маргро дидед ва дар он менигаред!
آية رقم 144
Шубҳае нест, ки Муҳаммад паёмбарест, ки пеш аз ӯ паёмбароне дигар будаанд. Оё агар бимирад ё кушта шавад, шумо ба дини пешини худ бозмегардед? Ҳар кас, ки бозгардад, ҳеҷ зиёне ба Худо нахоҳад расонид. Худо шукргузоронро подош (мукофот) хоҳад дод.
آية رقم 145
Ҳеч кас бе фармони Худо намемирад. Муддат навишта шудааст. Ҳар кас хоҳони савоби инҷаҳонӣ бошад, ба ӯ медиҳем ва ҳар кас хоҳони савоби онҷаҳонӣ бошад, ба ӯ медиҳем ва шокиронро подош хоҳем дод!
آية رقم 146
Чӣ басо паёмбароне, ки худодӯстони бисер ҳамроҳи онон ба ҷанг рафтанд ва дар роҳи Худо, ҳарчӣ ба онҳо расид, сустӣ накарданд ва нотавон нашуданд ва сар фуруд наёварданд ва Худо сабркунандагонро дӯст дорад.
آية رقم 147
Суханашон ҷуз ин набуд, ки мегуфтанд: «Эй Парвардигори мо, гуноҳони моро ва зиёдаравиҳои моро дар корҳо биёмурз ва моро собитқадам гардон ва дар баробари кофирон ёрӣ кун».
آية رقم 148
Худо подоши инҷаҳонӣ ва подоши неки онҷаҳониро ба онҳо арзонӣ дошт ва Худо накӯкоронро дуст дорад!
آية رقم 149
Эй касоне, ки имон овардаед, агар ба кофирон пайрави кунед, шуморо ба дини пешина бармегардонанд, пас зиёндида бозмегардед.
آية رقم 150
На, ёрикунандаи шумо Худованд аст, ки беҳгарини ёрикунандагон аст!
آية رقم 151
Дар дили кофирон тарс хоҳем афканд. Зеро чизеро, ки аз осмон барои он ҳуҷҷате нафиристодааст, шарики Худо гирифтанд. Ҷои онон ҷаҳаннам аст, ки барои ситамкорон макони бадест!
آية رقم 152
Худо ба ваъдае, ки бо шумо ниҳода буд, вафо кард, он гоҳ ки ба амри Ӯ душманро мекуштед. Ва чун ғаниматеро, ки ҳаваси онро дар сар доштед, ба шумо нишон дод, сустӣ кардед ва дар он амр ба низоъ пардохтед ва нофармонӣ варзидед. Баъзе хостори дунё шудед ва баъзе хостсри охират. Сипас то шуморо ба балое мубтало кунад, ба гурехтан водошт! Инак шуморо бибахшид, ки Ӯро ба мӯъминон бахшоишест!
آية رقم 153
Он гоҳ ки мегурехтед ва ба касе нигоҳ намекардед ва паёмбар шуморо аз пушти сар садо медод. Пас ба ҷазо ғаме бар ғами шумо афзуд. Акнун андӯҳи он чиро, ки аз даст додаед, ё ранҷеро, ки ба шумо расидааст, нахӯред. Худо ба ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст!
Он гоҳ пас аз он андӯҳ, Худо ба шумо эминӣ арзонӣ дошт, чукон ки гурӯҳеро хоби ором фурӯ гирифт. Аммо гурӯҳе дигар, ки чун мардуми асри ҷоҳилӣ ба Худо гумони ботил доштанд, ҳанӯз дар фикри андӯҳи хеш буданд ва мегуфтанд: «Оё ҳаргиз кор ба дасти мо хоҳад афтод?» Бигӯ: «Ҳамаи корҳо ба дасти Худост». Онон дар дили худ чизеро пинҳон медоранд, ки намехоҳанд барои ту ошкораш созанд. Мегӯянд: «Агар моро ихтиёре буд, ин ҷо кушта намешудем». Бигӯ: «Агар дар хонаҳои худ ҳам мебудед, касоне, ки кушта шудан бар онҳо муқаррар шудааст, аз хона ба қатлгоҳашон берун мерафтанд. Худо он чиро, ки дар сина доред, меозмояд ва дилҳоятонро пок мегардонад». Ва Худо ба он чӣ дар дилҳост, огоҳ аст!
آية رقم 155
Аз миёни шумо онон, ки дар рӯзи муқобалаи он ду гурӯҳ, бигурехтанд, ба сабаби баъзе аз амалҳояшон шайтон онҳоро ба хато афканда буд. Инак Худованд афвашон кард, ки Ӯ омурзанда ва бурдбор аст!
آية رقم 156
Эй касоне, ки имон овардаед, монанди он кофирон мабошед, ки дар бораи бародарони худ, ки ба сафар ё ба ҷанг рафта буданд, мегуфтанд: «Агар назди по монда буданд, намемурданд, ё кушта намешуданд». Худо ин гумонро чун ҳасрате дар дили онҳо ниҳод. Ва Худост, ки зинда мекунад ва мемиронад ва Ӯст, ки корҳои шуморо мебинад!
آية رقم 157
Агар дар роҳи Худо кушта шавед, ё бимиред, омурзиш ва раҳмати Худо аз он чӣ дар ин ҷаҳон чамъ меоваред, беҳтар аст.
آية رقم 158
Ва агар бимиред, ё кушта шавед, албатта дар пешгоҳи Худованд маҳшур (хамсӯҳбат) мешавед.
آية رقم 159
Ба сабаби раҳмати Худост, ки ту бо онҳо инчунин хушхӯю меҳрубон ҳастӣ. Агар тундхӯву сахтдил мебудӣ, аз гирди ту пароканда мешуданд. Пас бар онҳо бубахшой ва бар онҳо омурзиш бихоҳ ва дар корҳо бо онҳо машварат кун ва чун қасди коре кунӣ, бар Худой таваккул кун, ки Худо таваккулкунандагонро дӯст дорад.
آية رقم 160
Агар Худо шуморо ёрӣ кунад, ҳеҷ кас бар шумо ғалаба нахоҳад кард. Ва агар шуморо хор дорад, чӣ касе аз он пас ёриатон хоҳад кард? Пас мӯъминон бояд ки бар Худо таваккал кунанд!
آية رقم 161
Ҳеҷ паёмбаре хиёнат накунад ва ҳар кӣ ба чизе хиёнат кунад, онро дар рӯзи қиёмат бо худ оварад. Сипае ҷазои амали ҳар кас ба тамоми дода хоҳад шуд ва бар касе ситаме нашавад!
آية رقم 162
Оё он кас, ки ба роҳи хушнудии Худо меравад, ҳамонанди касест, ки мӯҷиби хашми ӯ мешавад ва макони ӯ ҷаҳаннам, он саранҷоми бад аст?
آية رقم 163
З Ин ду гурӯҳро назди Худо дараҷаҳоест гуногун ва Ӯ ба корҳояшон огоҳ аст!
آية رقم 164
Худо бар мӯъминон инъом фармуд, он гоҳ, ки аз худашон ба миёни худашон паёмбаре равон кард то оёташро бар онҳо бихонад ва покашон созад ва китобу ҳикматашон биёмузад, ҳарчанд аз он пеш дар гумроҳии ошкоре буданд.
آية رقم 165
Ва оё ҳангоме ки осебе ба шумо расид, ки шумо худ дучанди он расонда будед, гуфтед: «Ин осеб аз куҷо расид?» Бигӯ: «Аз ҷониби худатон». Албатта Худо бар ҳар чизе тавоност!
آية رقم 166
Он чӣ дар рӯзи бархурди он ду гурӯҳ, ба шумо расид, ба изни (ризой) Худо буд, то мӯъминонро маълум дорад.
آية رقم 167
Ва оконро низ, ки нифоқ варзиданд маълум дорад. Ба онҳо гуфта мешуд: «Биёед, дар роҳи Худо ҷанг кунед ё ба дифоъ пардозед». Мегуфтанд: «Агар яқин доштем, ки ҷанге дармегирад, бо шумо меомадем». Онон ба куфр наздиктаранд, то ба имон. Ба забои чизҳое мегӯянд, ки ба дил эътиқод надоранд ва Худо ба он чӣ дар дил пинҳон медоранд, огоҳтар аст!
آية رقم 168
Ба онон, ки аз ҷанг бозистоданд ва дар бораи бародарони худ гуфтанд, ки агар сухани моро шунида буданд кушта намешуданд, бигӯ: «Агар рост мегӯед, маргро аз худ биронед!»
آية رقم 169
Касонеро, ки дар роҳи Худо кушта шудаанд, мурда мапиндор, балки зиндаанд ва назди Парвардигорашон рӯзӣ дода мешаванд.
آية رقم 170
Аз фазилате, ки Худо насибашон кардааст, шодмонанд. Ва барои онҳо, ки дар паяшон ҳастанд ва ҳанӯз ба онҳо напайвастаанд, хушдиланд, ки биме бар онҳо нест ва андӯҳгин намешаванд!
آية رقم 171
Ононро муждаи неъмату фазли Худо медиҳанд ва Худо подоши мӯъминонро бекор намекунад.
آية رقم 172
Аз миёни он касон, ки пас аз захм хӯрдан боз ҳам фармони Худо ва расулашро иҷобат карданд, онон, ки некӯкор бошанд ва аз Худой битарсанд, музде бузург доранд.
آية رقم 173
Касоне, ки мардум гуфтандашон, ки мардум барои ҷанг бо шумо гирд омадаанд, аз онҳо битарсед ва ин сухан бар имонашон бияфзуд ва гуфтанд: «Худо моро басанда аст ва чӣ некӯ ёварест!»
آية رقم 174
Пас аз ҷанг бозгаштанд, дар ҳоле ки неъмату фазли Худоро ба ҳамроҳ доштанд ва ҳеҷ осебе ба онҳо нарасида буд. Инҳо ба роҳи хушнудии Худо рафтанд ва Худоро бахшоише азим аст!
آية رقم 175
Он шайтон аст, ки дар дили дӯстони худ бим меафканад. Агар имон овардаед, аз онҳо матарсед, аз ман битарсед!
آية رقم 176
Онон, ки ба куфр мешитобанд, туро ғамгин насозанд. Инҳо ҳеҷ зиёне ба Худо намерасонанд. Худо мехоҳад онҳоро дар охират бебаҳра гардонад ва барояшон азобест бузург!
آية رقم 177
Ҳар оина албатта онон, ки имон доданд ва куфр хариданд, ҳеҷ зиёне ба Худо намерасонанд ва барояшон азобе дарднок аст!
آية رقم 178
Кофирон напиндоранд, ки дар мӯҳлате, ки ба онҳо медиҳем, хайри онҳост. Ба онҳо мӯҳлат медиҳем, то бештар ба гуноҳонашон бияфзоянд ва барои онҳост азобе хоркунанда!
آية رقم 179
Худо бар он нест, ки шумо мӯъминонро бад-ия ҳол, ки акнун ҳастед, раҳо кунад. Меозмояд, то нопокро аз пок ҷудо созад. Ва Худо бар он нест, ки шуморо аз ғайб биогоҳонад, вале баъзе аз паёмбаронашро, ки худ бихоҳад, бармегузинад. Пас ба Худо ва паёмбаронаш имон биёваред. Ва агар имон биёваред ва парҳезгорӣ кунед, аҷре азим ёбед!
آية رقم 180
Онон, ки дар неъмате, ки Худо ба онҳо ато кардааст, бахилӣ мекунанд, напиндоранд, ки дар бахилӣ кардан барояшон хайр аст. На, шарр аст! Дар рӯзи қиёмат он чиро, ки дар бахшиданаш бухл меварзиданд, чун тавқе ба гарданашон хоҳанд озехт. Ва аз они Худост мероси осмонҳову замин ва Ӯ ба ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст!
آية رقم 181
Албатта Худо шунид сухани он касонро, ки мегуфтанд: «Худо бенавост ва мо тавонгарем». Гуфторашонро ва низ ин ки паёмбаронро ба ноҳақ мекуштанд, хоҳем навишт ва гӯем: «Бичашед азоби оташи сӯзонро!»
آية رقم 182
Ин ҷазои амалҳоест, ки пешопеш ба ҷой овардед вагарна Худованд ба бандагонаш ситам раво намедорад.
آية رقم 183
Касоне гуфтанд: «Моро бо Худо аҳдест, ки ба ҳеҷ паёмбаре имон наёварем, магар барои мо қурбоние биёварад, ки оташ онро бихӯрад». Бигӯ: «Пеш аз ман паёмбароне бо мӯъҷизаҳо ва он чи акнун мехоҳед, омадаанд, агар рост мегӯед, чаро онҳоро куштед?»
آية رقم 184
Агар туро такзиб карданд, паёмбароне ҳам, ки пеш аз ту бо муъҷизаҳо ва навиштаҳо ва китоби равшангар омада буданд, такзиб шудаанд.
آية رقم 185
Ҳама кас маргро мечашад ва дар хақиқат дар рӯзи қиёмат музди аъмоли шуморо ба камол хоҳанд дод. Ва ҳар касро аз оташ дур созанд ва ба бихишт дароваранд, ба пирӯзӣ расидааст. Ва ин зиндагли дунё ҷуз матоъе фиребанда нест.
آية رقم 186
Шуморо ба молу ҷон озмоиш хоҳанд кард. Ва аз забони аҳли китоб ва мушрикон озори фаровон хоҳед шунид. Агар сабр кунед ва парҳезгор бошед, пас ин корест бузург,
آية رقم 187
Худо аз аҳли китоб паймон гирифт, ки китоби Худоро барои мардум ошкор созанд ва пинҳонаш накунанд, вале онҳо паси пушташон афканданд ва дар ивазаш баҳои андаке гирифтанд. Чӣ бад муъомалае карданд!
آية رقم 188
Ононро, ки аз корҳое, ки кардаанд, шодмон шудаанд ва дӯст доранд ба сабаби корҳои нокардаи хеш ҳам мавриди ситоиш қарор гиранд, мапиндор, ки дар паноҳгоҳе дур аз азоби Худо бошанд. Барояшон азобе дардовар муҳайёст!
آية رقم 189
Аз они Худост фармонравоии осмонҳову замин ва Худо бар ҳар чизе тавоност!
آية رقم 190
Албатта дар офариниши осмонҳову замин ва омадушуди шабу рӯз хирадмандонро ибратҳост,
آية رقم 191
онҳо, ки Худоро истодаву нишаста ва ба паҳлӯ хуфта ёд мекунанд ва дар офариниши осмонҳову замин меандешанд: «Эй Парвардигори мо, ин ҷаҳонро ба бехуда наёфаридаӣ, ту покӣ, моро аз азоби оташ боздор!
آية رقم 192
Эй Парвардигори мо, ҳар касро, ки ба оташ дарорӣ, расвояш кардаӣ ва золимонро ҳеҷ ёваре нест!
آية رقم 193
Эй Парвардигори мо, шунидем, ки нидокунандае ба имон фаро мехонд, ки ба Парвардигоратон имон биёваред! Ва мо имон овардем. Пас, эй Парвардигори мо, гуноҳони моро биёмурз ва бадиҳои моро аз мо дур кун ва моро бо некон бимирон!
آية رقم 194
Эй Парвардигори мо, ато кун ба мо он чиро, ки ба забони паёмбаронат ба мо ваъда додаӣ ва моро дар рӯзи қиёмат расво макун, ки Ту ваъдаи хеш хилоф намекунӣ».
آية رقم 195
Парвардигорашон дуояшонро иҷобат фармуд, ки Ман кори ҳеҷ коргузореро аз шумо, чӣ зан ва чӣ мард — ҳама аз якдигаред — ночиз намесоеам. Пас гуноҳони касонеро, ки муҳоҷират кардаанд ва аз хонаҳояшон ронда шудаанд ва дар роҳи Ман озор дидаанд ва ҷангидаанд ва кушта шудаанд, мағфират мекунам ва ононро дар биҳиштҳое, ки дар он наҳрҳо ҷорист, дохил мекунам. Ин мукофот аз ҷониби Худо ва подоши некӣ назди Худост.
آية رقم 196
Омадурафти кофирон дар шаҳрҳо туро нафиребад!
آية رقم 197
Ин бархурдорип андакест. Пас аз он ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст ва чаҳаннам бад оромгоҳест!
آية رقم 198
Аммо барои онон, ки аз Парвардигорашон метарсанд, биҳиштҳоест, ки дар он наҳрҳо ҷорист. Ҳамеша дар он ҷо меҳмони Худо ҳастанд, Ва он чӣ назди Худост, барои некон беҳтар аст!
آية رقم 199
Баъзе аз аҳли китоб ба Худо ва китобе, ки бар шумо нозил шуда ва китобе, ки бар худашон нозил шудааст, имон доранд. Мутеъи фармони Худоянд. Оёти Худоро ба нархи андак намефурӯшанд. Музди эшон назди Парвардигорашон аст. Албатта Худо ҳисобҳоро зуд хоҳад кард.
آية رقم 200
Эй касоне, ки имон овардаед, бурдбор бошед ва дигаронро ба бурдборӣ даъват кунед ва дар ҷангҳо пойдорӣ кунед ва аз Худо битарсед, шояд, ки наҷот ёбед!.
تقدم القراءة