ترجمة سورة القارعة

الترجمة الطاجيكية
ترجمة معاني سورة القارعة باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية .
من تأليف: خوجه ميروف خوجه مير .

1.       Қориъаҳ, рӯзест, ки дилҳо аз ҳавли он кӯбида мешаванд.
2.       Чист қориъаҳ?
3.       Ва ту чӣ донӣ, ки қориъаҳ чист?
4.       Рӯзест, ки мардумон ҳамчун парвонаҳои пароканда хоҳанд буд.
5.       Ва кӯҳҳо монанди пашми задашуда бо ҳаллоҷӣ парешон карда шуда хоҳанд шуд.
6.       Аммо ҳар касеро паллаи некиҳои тарозуяш вазнин бошад,
7.       пас ӯ дар ҷаннат дар зиндагии писандида бошад.
8.       Ва аммо ҳар касеро сабук шуд паллаи некиҳои тарозуяш,
9.       ҷойгоҳаш дар ҳовияҳ аст.
10.   Ва ту чӣ донӣ, ки ҳовияҳ чист?
11.   Оташи бузург ва бисёр гарму сӯзонест.
Icon