ترجمة معاني سورة البروج
باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية
.
من تأليف:
خوجه ميروف خوجه مير
.
ﰡ
1. Аллоҳ қасам мехӯрад ба осмон, ки дорои бурҷҳост
2. ва қасам ба рӯзи қиёмат, ки ваъда додааст, дар он халқро ҷамъ меоварад
3. ва қасам(1) ба гувоҳ(2) ва он чӣ ки ба он гувоҳӣ(3) дода шудааст,
____________________
1. Ба ҷуз Аллоҳ барои ҳеҷ кас сазовор нест, ки ба махлуқ савганд хурад, агар чунин кунад ба Аллоху таъоло шарик овардааст. 2. Рӯзи ҷумъа. 3. Рӯзи Арафа. Муфассирон дар маънои ин оят ихтилофи бисёр доранд. Тафсири ибни Касир 8/364
4. аҳли хандақҳо ҳалок шуданд аз барои он, ки мӯъминонро азоб доданд
5. ва оташе афрӯхтанд аз ҳезумҳо,
6. он гоҳ ки бар канори он оташ нишаста буданд
7. ва онон бар он чӣ ки бо мӯъминон (азоб) мекарданд, шоҳид буданд.
8. Ва аз онҳо интиқом мегирифтанд, азоб мекарданд мӯъминонро, магар барои он ки ба Аллоҳи ғолиби лоиқи ситоиш имон оварда буданд,
9. он Аллоҳе, ки подшоҳии осмонҳову замин аз они Ӯст ва бар ҳар чизе гувоҳ аст ва чизе бар Ӯ пӯшида нест.
10. Албатта онон, ки мардону занони мӯъминро шиканҷа карданд, то ки онҳоро аз дини Аллоҳ боздоранд, сипас тавба накарданд, азоби ҷаҳаннам ва азоби оташ барои онҳост.
11. Бегумон барои касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, биҳиштҳоест, ки дар он дарёҳо ҷорист ва он комёбии бузургест!
12. Албатта интиқом гирифтани Парвардигори ту аз душманонаш сахт аст.
13. Ӯст, ки нахуст пайдо мекунад ва пас аз марг зинда месозад.
14. Ӯ бахшояндаву дӯстдоранда аст, барои тавбакунандагон.
15. Ӯст соҳиби Арши бузург.
16. Ҳар чиро ирода кунад, ба анҷом мерасонад ва чизе монеъи иродаи Ӯ шуда наметавонад.
17. Эй Расул, оё хабари лашкарҳо ба ту расидааст?
18. Лашкарҳои Фиръавну қавми Самуд, ки онҳо паёмбарони хешро дурӯғ бароварданд ва ба азоби Аллоҳ гирифтор шуданд.
19. Оре, онон, ки роҳи куфр пеш гирифтаанд, оятҳои Аллоҳро тасдиқ накарданд;
20. ва Аллоҳ аз ҳама сӯ бо илму қудрати худ бар онҳо иҳота дорад.
21. Балки, ин Қуръони бузургвор ва олиқадр аст.
22. Дар Лавҳи Маҳфуз ҷой дорад! Ҳеҷ гоҳ табдилу таҳриф нахоҳад шуд.