ترجمة سورة الجن

الترجمة الطاجيكية - عارفي
ترجمة معاني سورة الجن باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية - عارفي .
من تأليف: فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام .

[Эй паёмбар] Бигӯ: «Ба ман ваҳй шудааст, ки гурӯҳе аз ҷинниён [ба ин Қуръон] гӯш фаро додаанд, пас, гуфтанд: «Бе гумон, мо Қуръоне шигифтовар шунидем
Ки ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Пас, мо ба он имон овардем ва ҳаргиз касеро бо Парвардигорамон шарик қарор намедиҳем
Ва ин ки шаъну азамати Парвардигорамон бас [азиму] баланд аст. Ӯ [ҳаргиз барои худ] ҳамсару фарзанде интихоб накардааст
Ва ин ки сафеҳ [-у нодон]-и мо [шайтон] дар бораи Аллоҳ таоло суханони норавое мегуфт
Ва мо [чунин] гумон мекардем, ки ҳаргиз инсу ҷин бар Аллоҳ таоло дурӯғ намебанданд
Ва ин ки мардоне аз одамиён ба мардоне аз ҷинниён паноҳ мебурданд ва [бад-ин васила] бар гумроҳӣ ва саркашии эшон меафзуданд
Ва ин ки онон [кофирон] гумон мекарданд – ҳамон гуна ки шумо [ҷинниён] мепиндоштед – ки Аллоҳ таоло ҳеҷ касро [дубора] зинда намегардонад
Ва ин ки мо осмонро ҷустуҷӯ кардем, пас, онро пур аз муҳофизони неруманд ва тирҳои шиҳоб ёфтем
Ва ин ки дар [осмон] барои шунидан ба камин менишастем, [аммо] акнун ҳар ки бихоҳад ба гӯш бошад, тири шиҳобе дар камини худ меёбад
Ва ин ки мо намедонем, оё барои аҳли замин шарре ирода шуда, ё Парвардигорашон хайру ҳидояти эшонро хостааст
Ва ин ки дар миёни мо афроде солеҳ ва афроде нодуруст, мо гурӯҳҳое мутафовит [ва гуногун] ҳастем
Ва ин ки мо яқин дорем, ки ҳаргиз наметавонем дар рӯйи замин Аллоҳро оҷизу нотавон кунем ва ҳаргиз бо гурез наметавонем, Ӯро нотавон созем [ва роҳи фироре надорем]
Ва ин ки мо ҳангоме ки [сухани] ҳидоятро шунидем, ба он имон овардем. Пас, ҳар касе, ки ба Парвардигораш имон оварад, на аз нуқсон меҳаросаду на аз ситам [бим дорад]
Ва ин ки гурӯҳе аз мо мусулмон ва гурӯҳе кофир [ва золим] ҳастанд. Пас, ҳар кас, ки ислом оварда, ононанд, ки роҳи растагориро ҷустуҷу карда [ва баргузида]-анд
Ва аммо кофирон [ва ситамгорон] ҳезуми [оташи] ҷаҳаннам хоҳанд буд
Ва ин ки агар онҳо бар роҳи рост пойдорӣ кунанд, албатта, бо оби фаровон серобашон мекунем
То онҳоро бо он [неъматҳо] биозмоем. Ва ҳар кас аз ёд [-у зикри] Парвардигораш рӯ бартобад, [Аллоҳ таоло] ӯро ба азобе сахт гирифтор месозад
Ва ин ки масоҷид аз они Аллоҳ таоло аст, пас, касеро бо Аллоҳ таоло [ба парастишу ёрихоҳӣ] нахонед
Ва ин ки ҳангоме ки бандаи Аллоҳ таоло [Муҳаммад] қиём кард, то Ӯро бихонад [ва ибодат кунад], наздик буд, ки [аз издиҳом бар гирди ӯ] бар сари ҳам фурӯ резанд»
[Эй паёмбар, ба онҳо] Бигӯ: «Ман танҳо Парвардигорамро мехонам ва касеро бо Ӯ шарик намесозам»
Бигӯ: «Бе гумон, ман наметавонам ба шумо зиёне бирасонам ва на хайру суде»
Бигӯ: «[Агар ман низ бар хилофи фармонаш рафтор кунам] ҳеҷ кас маро дар баробари Ӯ ҳимоят намекунад ва паноҳгоҳе ҷуз Ӯ намеёбам
[Вазифаи ман] Танҳо иблоғе аз ҷониби Аллоҳ таоло ва [расонидани] паёмҳои ӯст. Ва ҳар кас аз Аллоҳу паёмбараш нофармонӣ кунад, бе гумон, оташи ҷаҳаннам аз они Ӯст, ҷовидона дар он хоҳад монд»
[Кори кофирон ҳамчунон идома дорад] То замоне, ки он чиро ба онҳо ваъда дода шуда, бубинанд. Он гоҳ хоҳанд донист, ки чи касе ёвараш нотавонтар ва ҷамъияташ камтар аст
[Эй паёмбар] Бигӯ: «Ман намедонам, оё он чи ки ба шумо ваъда дода шуда, наздик аст ё Парвардигорам замоне [дур] барои он қарор медиҳад»
[Аллоҳ таоло] Донои ғайб аст ва ҳеҷ касро бар [асрори] ғайби худ огоҳ намесозад
Магар расулоне, ки ононро писандида [ва баргузида] аст. Пас, бе гумон, аз пеши рӯйи ӯ ва пушти сараш нигаҳбоне [аз фариштагон барои муҳофизат аз вай] мегуморад
То бидонад, ки [паёмбарон] рисолатҳои Парвардигорашонро иблоғ кардаанд ва [Аллоҳ таоло] ба он чи назди онҳост иҳота дорад ва ҳар чизеро ба адад баршумурдааст
Icon