ترجمة سورة الشرح

الترجمة الطاجيكية - عارفي
ترجمة معاني سورة الشرح باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية - عارفي .
من تأليف: فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام .

[Эй паёмбар] Оё Мо синаатро [барои нузули ваҳй] бароят накушудем?
Ва сангини [-и бори гуноҳ ва душвории рисолат]-ро аз [дӯши] ту барнадоштем?
Ҳамон [боре], ки бар пуштат сангинӣ мекард
Ва [ному] овозаи туро баланд сохтем
Пас, мусалламан, бо [ҳар] душворӣ осонӣ аст
[Оре] Мусалламан, бо [ҳар] душворӣ осонӣ аст
Пас, ҳангоме ки [аз кору умури дунё] фориғ шудӣ, [ба ибодати Парвардигорат] бикӯш
Ва ба сӯйи Парвардигорат роғиб [ва муштоқ] шав
Icon