ترجمة سورة الفجر

الترجمة الطاجيكية
ترجمة معاني سورة الفجر باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية .
من تأليف: خوجه ميروف خوجه مير .

1. Аллоҳ савганд мехӯрад ба вақти субҳ
2. ва савганд ба шабҳои даҳгона, даҳ шаби Зулҳиҷҷа, шабҳои пурфайз
3. ва савганд ба ҷуфту тоқ, аз ҳама ашё
4. ва савганд ба шаб, чун бигзарад.
5. Оё хирадмандонро ин савгандҳо басанда нест?
6. Эй Расул, оё надидӣ, ки Парвардигори ту бо қавми Од чӣ кард?
7. Қавми Ирам, ки соҳиби қоматҳои баланд ва сутунмонанд буданд?
8. Ки монанди он дар қувват ва бузургии ҷасад дар ҳеҷ шаҳре офарида нашудааст.
9. Ва чӣ гуна кард бо қавми Самуд(1), ки дар он водӣ тахтасангҳои бузургро тарошида ва аз он барои худ хонаҳо гирифта буданд?
____________________
1. Дар сарзамини Ҳиҷр, миёни Шом ва Ҳиҷоз сукунат доштанд.
10.   Ва чӣ гуна кард бо Фиръавн, подшоҳи Миср соҳиби лашкари азим, ки мулкашро устувор ва амрашро қавӣ доштанд?
11.   Ҳамон касоне, ки дар шаҳрҳо аз ҳад таҷовуз карданд
12.   ва дар онҳо бисёр фасод карданд,
13.   пас Парвардигори ту тозиёнаи азобро сахт бар сарашон фуруд овард.
14.   Эй Расул, ҳамоно Парвардигорат дар камингоҳ аст. Касоне, ки Ӯро нофармонӣ карданд, андаке мӯҳлат медиҳад ва баъд аз он онҳоро ба азоби сахт гирифтор мекунад.
15.   Аммо одамиро, чун Парвардигораш биёзмояд ва гиромиаш дорад ва неъматаш диҳад, мегӯяд: «Парвардигори ман маро гиромӣ дошт».
16.   Ва чун биёзмоядаш ва ризқашро бар ӯ танг гирад, мегӯяд: «Парвардигори ман маро хор доштааст».
17.   На! Чунин нест, балки гиромӣ доштан бо тоъати Аллоҳ аст ва хорӣ доштан ба нофармонбардории Ӯст, шумо ятимро гиромӣ намедоред.
18.   ва ҳамдигарро ба таъом додани мискин тарғиб намекунед
19.   ва моли меросро ҳарисона мехӯред
20.   ва молро бисёр дӯст доред.
21.   На! Ҳаргиз чунин нест, ки мегӯед, чун замин шикаста шавад ва пора-пора гардад
22.   ва Парвардигори ту барои ҳисобу китоби халқаш ояд ва фариштагон саф - саф ҳозир шаванд.
23.   Ва дар он рӯз ҷаҳаннамро ҳозир оранд, кофир панд гирад ва тавба кунад. Ва чӣ ҷои панд гирифтан бошад?
24.   Мегӯяд: «Эй кош, ки барои ҳаёти ҷовидонаи худ пешопеш некиҳое мефиристодам». Ва чӣ ҷои пушаймонӣ аст, ки дар дунё пушаймон нашуд ва тавба накард?
25.   Пас дар он рӯзи душвор касе чун азоби Ӯ азоб накунад
26.   ва ҳеҷ кас монанди занҷири Ӯ ба занҷир накашад.
27.   Гуфта шавад: Эй рӯҳи оромишёфта, ба зикри Аллоҳ
28.   хушнуду писандида ба сӯи Парвардигорат бозгард
29.   ва дар зумраи бандагони солеҳи Ман дохил шав!
30.   ва ба ҳамроҳашон ба биҳишти Ман дарой!
Icon