ترجمة معاني سورة الكهف باللغة الطاجيكية من كتاب Tajik - Tajik translation
ﰡ
آية رقم 1
КАҲФ
Сипос Худовандеро, ки бар бандаи худ ин китобро нозил кард ва ҳеҷ каҷиву инҳироф дар он наниҳод!
آية رقم 2
Китобе холӣ аз каҷи. То мардумро аз хашми шадиди худ битарсонад ва мӯъминонро, ки корҳои шоиста мекунанд, хабари хуш диҳад, ки мукофоте некӯ доранд,
آية رقم 3
ﯸﯹﯺ
ﯻ
дар ҳоле ки то абад дар он ҷовидонаанд.
آية رقم 4
ﯼﯽﯾﯿﰀﰁ
ﰂ
Ва касонеро, ки гуфтанд: «Худо фарзанде ихтиёр кард», битарсонад.
آية رقم 5
Не. худ ба он донише доранд ва на падаронашон доштаанд. Чӣ бузург аст сухане, ки аз даҳонашон берун меояд ва дурӯғ мегӯянд!
آية رقم 6
Шояд агар ба ин сухан имон наёваранд, худатро ба хотирашон аз андӯҳ ҳалок созӣ.
آية رقم 7
Мо ҳар чӣ дар рӯи замин аст, зиннати он қарор додем то имтиҳонашон кунем, ки қадомашон ба амал беҳтаранд.
آية رقم 8
ﭼﭽﭾﭿﮀﮁ
ﮂ
Ва низ мо растем, ки рӯи заминро чун биёбоне хушк хоҳем кард.
آية رقم 9
Оё пиндоштаӣ, ки асҳоби каҳф ва рақим аз нишонаҳои аҷибу ғариби Мо будаанд?
آية رقم 10
Он гоҳ ки он ҷавонмардон ба ғорҳо паноҳ бурданд ва гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, моро аз сӯи худ раҳмат ато кун ва кори моро ба роҳи рост андоз».
آية رقم 11
Соле чанд дар он ғор ба хобашон кардем.
آية رقم 12
Сипас бедорашон кардем, то бидонем кадом як аз он ду гурӯҳ ҳисоботи муддати орамиданашонро доштаанд.
آية رقم 13
Мо хабарашонро ба ростӣ барои ту ҳикоят мекунем: онҳо ҷавонмардоне буданд, ки ба Парвардигорашон имон оварда буданд ва Мо низ бар ҳидояташон афзудем.
آية رقم 14
Бар дилҳояшон нерӯ бахшидем. Он гоҳ, ки бархостанд ва гуфтанд: «Парвардигори мо Парвардигори осмонҳову замин аст. Ҷуз Ӯ касеро худо нахонем, ки ҳар гоҳ чунин кунем, сухане сахт куфромез гуфта бошем.
آية رقم 15
Инҳо, ки қавми мо ҳастанд, ба ғайри Ӯ худоёне ихтиёр кардаанд. Чаро барои исботи худоии онҳо далели равшане намеоваранд? Кист ситамкортар аз касе, ки ба Худо дурӯғ мебандад?
آية رقم 16
Агар аз қавми худ канора ҷустаед ва ҷуз Худои якто худои дигареро намепарастед, ба ғор паноҳ баред ва Худо раҳмати худ бар шумо арзонӣ дорад ва неъмататонро дар он муҳайё дорад.
آية رقم 17
Ва хуршедро мебинӣ, ки чун бармеояд, аз ғорашон ба ҷониби рост майл мекунад ва чук ғуруб кунад, онҳоро вогузорад ва ба чап гардад. Ва онон дар саҳнаи ғоранд. Ва ин аз оёти Худост. Ҳар киро Худо ҳидоят кунад, ҳидоят ёфтааст ва ҳар киро гумроҳ созад, ҳаргиз корсозе роҳнамо барои ӯ нахоҳӣ ёфт.
آية رقم 18
Мепиндоштӣ, ки бедоранд, ҳол он ки дар хоб буданд ва Мо ононро ба дасти росту дасти чап мегардонидем ва сагашон бар даргоҳи ғор ду дасти худ дароз карда буд. Агар ба сарашон мерафтӣ, гурезон бозмегаштӣ ва аз онҳо сахт метарсидӣ.
آية رقم 19
Ҳамчунин бедорашон кардем, то бо якдигар гуфтушунид кунанд. Яке аз онҳо пурсид: «Чанд вақт аст, ки орамидаед?» Гуфтанд: «Як рӯз ё порае аз рӯзро орамидаем». Гуфтанд: «Парвардигоратон беҳтар донад, ки чанд вақт орамидаед. Якеро аз худ бо ин пулатон ба шаҳр бифиристед, то бингаред, ки ғизои покиза кадом аст ва бароятон аз он рӯзиятонро биёварад. Ва бояд, ки ба меҳрубонӣ рафтор кунад, то касе ба шумо огоҳӣ наёбад.
آية رقم 20
Зеро агар шуморо биёбанд, сангсор хоҳанд кард ё ба дини худ дароваранд. Ва агар чунин шавад, то абад наҷот нахоҳед ёфт».
آية رقم 21
Ба ин тарз мардумро ба ҳолашон огоҳ кардем то бидонанд, ки ваъдаи Худо рост аст ва дар қиёмат шубҳае нест. Он гоҳ дар бораи онҳо бо якдигар ба гуфтугӯ пардохтанд ва гуфтанд: «Бар рӯи онҳо биное бисозед, Парвардигорашон ба корашон огоҳтар аст». Ва онон, ки бар холашон огоҳтар шуда буданд, гуфтанд: «На, ин ҷоро масҷиде мекунем».
آية رقم 22
Хоҳанд гуфт: «Се тан буданд ва чаҳорумашон сагашон буд» ва мегӯянд: «Панҷ тан буданд ва шашуминашон сагашон буд». Тир ба торикӣ мезананд ва мегӯянд: «Ҳафт тан буданд ва ҳаштуминашон сагашон буд». Бигӯ: «Парвардигори ман ба адади онҳо донотар аст ва шумори онҳоро ҷуз андак касон намедонанд». Ва ту дар бораи онҳо ҷуз ба зоҳир муҷодала накун ва аз кас напурс.
آية رقم 23
Ҳаргиз магӯй: «Фардо чунин мекунам»,
آية رقم 24
магар Худованд бихоҳад. Ва чун фаромуш кунӣ, Парвардигоратро ба ёд ор ва бигӯ: «Шояд Парвардигори ман маро аз наздиктарин роҳ ҳидоят кунад».
آية رقم 25
Ва онон дар ғори худ сесад сол орамиданд ва нуҳ сол ба он афзудаанд.
آية رقم 26
Бигӯ: «Худованд донотар аст, ки чанд сол орамиданд. Ғайби осмонҳову замин аз они Ӯст. Чӣ биносту чӣ шунавост! Ҷуз Ӯ дӯсте надоранд ва касро дар фармони худ шарик насозад».
آية رقم 27
Аз китоби Парвардигорат ҳар чӣ бар ту ваҳй шудааст, тиловат кун. Сухани Ӯро тағйирдиҳандае нест, Ва ту ғайри Ӯ паноҳгоҳе намеёбӣ.
آية رقم 28
Ва ҳамроҳ бо касоне, ки ҳар субҳу шом Парвардигорашонро мехонанд ва хушнудии Ӯро меҷӯянд, худро ба сабр водор. Ва набояд чашмони ту барои ёфтани зебу зиннатҳои ин зиндагии дунявӣ аз инон як сӯ гардад. Ва аз он, ки дилашро аз зикри худ бехабар сохтаем ва аз паи ҳавои нафси худ меравад ва дар корҳояш исроф меварзад, панравӣ накун.
آية رقم 29
Бигӯ: «Ин сухани ҳақ аз ҷониби Парвардигори шумост. Ҳар кӣ бихоҳад, имон биёварад ва ҳар кӣ бихоҳад, кофир шавад». Мо барои кофирон, оташе, ки лаҳиби (шӯълаи) он ҳамаро дар бар мегирад, омода кардаем ва чун ба истиғоса (додхоҳӣ) об хоҳанд, аз обе чун миси гудохта, ки аз ҳарораташ чеҳраҳо кабоб мешавад, бихӯронандашон, чӣ оби баде ва чӣ оромгоҳе бад!
آية رقم 30
Касоне, ки имон овардаанд ва корҳое шоиста кардаанд, бидонанд, ки Мо мукофоти некӯкоронро барбод намекунем.
آية رقم 31
Барояшон биҳиштҳое ҷовид аст. Аз зери поҳошон наҳрҳо ҷорист. Биҳиштиёнро ба дастбандҳое зар меороянд ва ҷомаҳое сабз аз шоҳии нозуку дебои дурушт мепӯшанд ва дар он ҷо бар тахтҳо такя мезананд. Чӣ мукофоти некӯе ва чӣ оромгоҳи некӯе!
آية رقم 32
Барояшон достони ду мардро баён кун, ки ба яке ду токистон дода будем ва бар гирди онҳо дарахтони хурмо ва дар миёнашон киштзор карда будем.
آية رقم 33
Он ду токистон меваи худро медоданд бе ҳеҷ каму кост. Ва наҳре байни он ду ҷорӣ гардонидем.
آية رقم 34
Ҳосил аз они ӯ буд. Ба дӯсташ, ки бо ӯ гуфтугӯ мекард, гуфт; «Ман ба мол аз ту бештар ва ба нафар пирӯзтарам».
آية رقم 35
Ва он мард ситам бар хештан карда ба боғи худ даромад ва гуфт: «Напиндорам, ки ин бор ҳаргиз аз миён биравад.
آية رقم 36
Ва он мард ситам бар худаш карда ба боғи худ ҳам маро назди Худо баранд, ҷойгоҳе беҳтар аз ин боғ хоҳам ёфт».
آية رقم 37
Дӯсташ, ки бо ӯ гуфтугӯ мекард, гуфт: «Оё бар он кас, ки туро аз хок ва сипас аз нутфа биёфарид ва марде ростқомат кард, кофир шудаӣ?
آية رقم 38
Вале Ӯ Худои якто, Парвардигори ман аст ва ман ҳеҷ касро шарики Парвардигорам намесозам.
آية رقم 39
Чаро он гоҳ, ки ба боғи худ даромадӣ, нагуфтӣ: «Ҳар чӣ Худованд хоҳад ва ҳеҷ қуввае ғайри қувваи Худо нест?» Агар мебинӣ, ки дороиву фарзанди ман камтар аз ту аст,
آية رقم 40
шояд Парвардигори ман маро чизе беҳтар аз боғи ту диҳад. Шояд бар он боғ соъиқае (офате) бифиристад ва онро ба замине софу лағзанда бадал созад.
آية رقم 41
Ё оби он бар замин фурӯ равад ва ҳаргиз ба ёфтани он қудрат наёбӣ.
آية رقم 42
Ба самарааш офат расид ва бомдодон дасти пушаймонӣ бар даст месоид, ки чӣ ҳарче карда буд ва акнун ҳамаи биноҳояш фурӯ рехта аст. Ва мегӯяд;. «Эй кош, касеро шарики Парвардигорам насохта будам!»
آية رقم 43
Ғайри Худо гурӯҳе, ки ба ёриаш бархезанд, набуд ва худи ӯ қудрат надошт.
آية رقم 44
Он ҷо ёрӣ кардан Хулон ҳақро сазовор. Мукофоти Ӯ беҳтар ва саранҷомаш некӯтар аст.
آية رقم 45
Барояшон зиндагии дунёро мисол ор» ки чун боронест, ки аз осмон биборад ва бо он гиёҳони гуногун ба фаровонӣ бирӯяд. Ногоҳ хушк шавад ва бод ба ҳар сӯ парокандааш созад ва Худо бар ҳар коре тавоност!
آية رقم 46
Дороиву фарзанд зебу зиннатҳои ин зиндагонии дунёст ва кирдорҳои нек, ки ҷовидон бар ҷой мемонанд, назди Парвардигорат беҳтар ва умед бастан ба онҳо некӯтар аст.
آية رقم 47
Рӯзе, ки кӯҳҳоро ба роҳ меандозем ва заминро бинӣ, ки ҳар чӣ андарун дорад, берун афкандааст ва ҳамаро барои ҳисоб гирд меоварем ва як тан аз онҳоро ҳам раҳо намекунем.
آية رقم 48
Ҳама дар як саф ба Парвардигорат арза мешаванд. Акнун назди Мо омадед, ҳамчунон ки нахустин бор шуморо биёфаридем. Оё мепиндоштед, ки ҳаргиз бароятон ваъдагоҳе қарор нахоҳем дод?
آية رقم 49
Дафтари аъмол кушода шавад. Гунаҳкоронро бинӣ, ки аз он чӣ дар он омадааст, бимноканд ва мегӯянд: «Вой бар мо, ин чӣ дафтарест, ки ҳеҷ гуноҳи хурду бузургеро ҳисоб ношуда нагузоштааст». Он гоҳ амалҳои худро дар муқобили худ биёбанд ва Парвардигори ту ба касе ситам намекунад,
آية رقم 50
Ва он гоҳ, ки ба фариштагон гуфтем, ки Одамро саҷда кунед, ҳама ғайри Иблис, ки аз ҷин буд ва аз фармони Парвардигораш сар битофт, саҷда карданд. Оё шайтон ва фарзандокашро ба ҷои ман ба дӯстӣ мегиред, ҳол он, ки душмани шумоянд? Золимон бад чизеро ба ҷои Худо интихобиданд.
آية رقم 51
Он гоҳ ки оомонҳову замин ва худашонро меофаридам, аз онҳо ёрӣ нахостам. Зеро Ман гумроҳкунандагонро ба ёрӣ намегирам.
آية رقم 52
Ва рӯзе, ки мегӯяд: «Онҳоеро, ки мепиндоштед шарикони Мананд, ҷеғ занед». Ҷеғ заданд ва шарикон ҷавоб надиҳанд. Он гоҳ ҳалокатгоҳро миёнашон қарор диҳем.
آية رقم 53
З Чун гунаҳкорон оташро бубинанд, бидонанд, ки дар он хоҳанд афтод ва роҳи раҳоӣ аз он нест.
آية رقم 54
Дар ин Қуръон барои мардум ҳар гуна достоне баён кардаем, вале одами беш аз ҳама ба ҷадал (хусумат) бармехезад.
آية رقم 55
Мардумонро чун (аз Худо) ҳидоят омад, ҳеҷ чиз аз имон овардану бахшоиш хостан бознадошт, ғайри он, ки мебоист ба суннати пешиниён гирифтори азоб шаванд ё он ки азоби рӯёрӯю ошкоро бар онон фаро расад.
آية رقم 56
Ва Мо паёмбаронро нафиристодем, ҷуз он ки ба мардум мужда диҳанд ё бим. Ва кофирон мехоҳанд бо ҷидоли ботил ҳақро аз миён бибаранд, ва оёту хушдорҳои Маро ба масхара мегиранд.
آية رقم 57
Кист ситамкортар аз он, ки оёти Парвардигорашро барояш бихонанд ва ӯ рӯй гардонад ва корҳое, ки аз пеш карда, фаромӯш кунад? Бар дили онҳо парда афкандем, то оётро дарнаёбанд ва гӯшҳояшонро кар сохтем, ки агар ба роҳи ҳидояташон даъват кунӣ, ҳаргиз роҳ наёбанд.
آية رقم 58
Парвардигорат бахшояндаву меҳрубон аст. Агар мехост, ба сабаби кирдорашон дар ин ҷаҳон бозхосташон кунад, бо шитоб ба азобашон месупурд. Аммо азобро замоне муъайян аст, ки чун фаро расад, паноҳгоҳе наёбанд.
آية رقم 59
Ва он деҳаҳоро, чун кофир шуданд, ба ҳалокат расонидем ва барои ҳалокаташон ваъдае ниҳодем.
آية رقم 60
Ва Мӯсо ба шогирди худ гуфт: «Ман ҳамчунон хоҳам рафт то он ҷо, ки ду дарё ба ҳам расидаанд. Ё мерасам ё умрам ба сар меояд».
آية رقم 61
Чун он ду ба он ҷо, ки ду дарё ба ҳам расида буданд, расиданд, моҳияшонро фаромӯш карданд ва моҳӣ роҳи дарё гирифт ва дар об шуд.
آية رقم 62
Чун аз он ҷо гузаштанд, ба шогирди худ гуфт: «Хӯроки чоштамонро биёвар, ки дар ин сафарамон ранҷи фаровон дидаем».
آية رقم 63
Гуфт: «Оё ба ёд дорӣ он гоҳро, ки дар канори санг макон гирифта будем? Ман моҳиро фаромӯш кардаам. Ва ин шайтон буд, ки сабаб шуд фаромӯ шаш кунам ва моҳӣ ба тариқи тааҷҷубовар ба дарё рафт».
آية رقم 64
Гуфт: «Он ҷо ҳамон ҷоест, ки дар талабаш будаем». Ва ба пайи қадамҳои худ ҷустуҷӯкунон бозгаштанд.
آية رقم 65
Дар он ҷо бандае аз бандагони Моро, ки раҳмати худ ба ӯ арзонӣ дошта будем ва худ ба ӯ дониш омӯхта будем, биёфтанд.
آية رقم 66
Мӯсо гуфташ; «Оё бо ту биёям то аз он ҳидояте ки ба ту омӯхтаанд, ба ман биёмӯзӣ?»
آية رقم 67
ﮘﮙﮚﮛﮜﮝ
ﮞ
Гуфт: «Туро сабри ҳамроҳӣ бо ман нест.
آية رقم 68
Ва чи гуна дар баробари чизе, ки ба он огоҳӣ Наёфтаӣ, сабр хоҳӣ кард?»
آية رقم 69
Гуфт: «Агар Худо бихоҳад, маро собир хоҳӣ ёфт, он чунон ки дар ҳеҷ коре туро нофармонӣ накунам».
آية رقم 70
Гуфт: «Агар аз паи ман меой, набояд, ки аз ман чизе бипурсӣ, то ман худ туро аз он огоҳ кунам».
آية رقم 71
Пас ба роҳ афтоданд, то ба киштӣ савор шуданд. Киштиро сӯрох кард. Гуфт: «Киштиро сӯрох мекунӣ, то мардумашро ғарқ созӣ? Коре, ки мекунӣ, коре сахт бузург ва зишт аст!»
آية رقم 72
Гуфт: «Нагуфтам. ки туро сабри ҳамроҳӣ бо ман нест?»
آية رقم 73
Гуфт: «Агар фаромӯш кардаам, маро бозхост макун ва ба ин андоза бар ман сахт магир».
آية رقم 74
Ва рафтанд, то ба писаре расиданд, ӯро кушт. Мӯсо гуфт: «Оё ҷони покеро, бе он ки қатле карда бошад, мекушӣ? Содиркунандаи коре зишт гардидӣ».
آية رقم 75
Гуфт: «Нагуфтам, ки туро сабри ҳамроҳӣ бо ман нест?»
آية رقم 76
Гуфт: «Агар аз ин пас аз ту чизе бипурсам, бо ман ҳамроҳӣ макун, ки аз ҷониби ман маъзур бошӣ».
آية رقم 77
Пас бирафтанд, то ба деҳе расиданд. Аз мардуми он деҳ таъоме хостанд. Аз мизбониашон сар бартофтанд. Он ҷо деворе диданд, ки наздик буд фурӯ резад. Деворро рост кард. Мӯсо гуфт: «Кош дар баробари ин кор музде мехостӣ».
آية رقم 78
Гуфт: «Акнун замени ҷудоӣ миёни ману туст ва туро аз сирри он корҳо, ки таҳаммулашонро надоштӣ, огоҳ мекунам.
آية رقم 79
Аммо он киштӣ аз они бенавоёне буд, ки дар даре кор мекарданд. Хостам маъюбаш кунам, зеро дар он сӯтарашон подшоҳе буд, ки киштиҳоро ба зурӣ мегирифт.
آية رقم 80
Аммо он писар падару модараш мӯъмин буданд. Тарсидем, ки он дуро ба исёну куфр андозад.
آية رقم 81
Хостем то дар ивази ӯ Парвардигорашон чизе насибашон созад ба покӣ беҳтар аз ӯ ва ба меҳрубонӣ наздиктар аз ӯ.
آية رقم 82
Аммо девор аз они ду писари ятим аз мардуми ин шаҳр буд, дар зераш ганҷе буд аз они писарон. Падарашон марде солеҳ буд, Парвардигори ту мехост он ду ба ҳадди булуғ расанд ва ганҷи худро берун оранд. Ва ман ин корро ба майли худ накардам. Раҳмати Парвардигорат буд. Ин аст сирри он сухан, ки гуфтам: «Туро сабри он нест».
آية رقم 83
Ва аз ту дар бораи Зулқарнайн мепурсанд. Бигӯ: «Бар эй шумо аз ӯ чизе мехонам»,
آية رقم 84
Мо ӯро дар замин қудрат додем ва роҳи расидан ба ҳар чизеро ба ӯ нишон додем.
آية رقم 85
ﭜﭝ
ﭞ
Ӯ низ, ба он роҳ раҳсипор шуд.
آية رقم 86
То ба ғурубгоҳи хуршед расид. Дид, ки дар чашмае гилолуду сиёҳ ғуруб мекунад ва дар он ҷо мардуме ёфт. Гуфтем: «Эй Зулқарнайн, мехоҳӣ уқубаташон кун ва мехоҳӣ бо онҳо ба некӣ рафтор кун».
آية رقم 87
Гуфт: «Аммо ҳар кас, ки ситам кунад, мо уқубаташ хоҳем кард. Он гоҳ ӯро назди Парвардигораш мебаранд, то ӯ низ ба сахтӣ азобаш кунад.
آية رقم 88
Ва аммо ҳар кас, ки имон оварад ва коруҳои шоиста кунад, аҷре некӯ дорад. Ва дар бораи ӯ фармонҳои осон хоҳем ронд».
آية رقم 89
ﮖﮗﮘ
ﮙ
Боз ҳам роҳро пеш гирифт.
آية رقم 90
То ба макони баромадани офтоб расид. Дид бар қавме тулӯъ мекунад, ки ғайр аз партави он барояшон ҳеҷ пӯшише қарор надодаем.
آية رقم 91
Чунин буд. Ва мо бар аҳволи ӯ хабар дорем.
آية رقم 92
ﯓﯔﯕ
ﯖ
Боз ҳам роҳро пеш гирифт.
آية رقم 93
То ба миёни ду кӯҳ расид. Дар паси он ду кӯҳ мардумеро дид, ки гӯӣ ҳеҷ суханеро намефаҳманд.
آية رقم 94
Гуфтанд: «Эй Зулқарнайн, Яъҷуҷу Маъҷуҷ дар замин фасод мекунанд. Мехоҳи хироҷе барои ту муқаррар кунем, то ту миёни мову онҳо деворе бароварӣ?»
آية رقم 95
Гуфт: «Он чӣ Парвардигори ман маро бад-он тавоноӣ додааст, беҳтар аст. Маро ба нерӯи хеш мадад кунед, то миёни шумову онҳо деворе бароварам.
آية رقم 96
Барои ман тиккаҳои оҳан биёваред». Чун миёни он ду куҳ ҷамъкарда шуд, гуфт: «Бидамед!» То он оҳанро бигудохт. Ва гуфт: «Миси гудохта биёваред, то бар он резам».
آية رقم 97
На тавонистанд аз он боло раванд ва на дар он сӯрох кунанд.
آية رقم 98
Гуфт: «Ин раҳмате буд аз ҷониби Парвардигори ман ва чун ваъдаи Парвардигори ман даррасад, онро зеру забар кунад ва ваъдаи Парвардигори ман рост аст».
آية رقم 99
Ва дар он рӯз вогузорем, то мардум чун мавҷ равон гарданд ва чун дар сур дамида шавад, ҳамаро як ҷо гирд оварем.
آية رقم 100
ﭱﭲﭳﭴﭵ
ﭶ
Ва дар он рӯз ҷаҳаннамро ба кофирон, чунон ки бояд, нишон хоҳем дод.
آية رقم 101
Он касон, ки дидагонашон аз ёди ман дар парда буда ва тавони шунидак надоштаанд.
آية رقم 102
Оё кофирон пиндоранд, ки ба ҷои Ман бандагони Маро ба худоӣ гиранд? Мо ҷаҳаннамро омода сохтаем то манзилгоҳи кофирон бошад.
آية رقم 103
ﮓﮔﮕﮖﮗ
ﮘ
Бигӯ: «Оё шуморо огоҳ кунем, ки кирдори чӣ касоне беш аз ҳама зиёнкунандатар буд?
آية رقم 104
Онҳое, ки кӯшиданашон дар зиндагии дунё табоҳ шуд ва мепиндоштанд коре некӯ мекунанд.
آية رقم 105
Онон ба оёти Парвардигорашон ва ба мулоқот бо Ӯ имон наёварданд, пас амалҳояшон ночиз шуд ва Мо дар рӯзи қиёмат барояшон вазне қоил нестем.
آية رقم 106
Ҳамчунин ҷазои онон ба сабаби куфрашон ва низ ба он сабаб, ки оёту паёмбарони Маро масхара мекарданд, ҷаҳаннам аст.
آية رقم 107
Касоне, ки имон оварданд ва корҳое шоиста карданд, меҳмонсарояшон боғҳои фирдавс аст.
آية رقم 108
ﯪﯫﯬﯭﯮﯯ
ﯰ
Дар он ҷо ҷовидонанд ва ҳаргиз ҳаваси кӯчидан накунанд.
آية رقم 109
Бигӯ: «Агар даре барои навиштани калимоти Парвардигори ман ранг шавад, дарё ба поён мерасад ва калимоти Парвардигори ман ба поён намерасад, ҳарчанд дарёи дигаре ба мадади он биёварем».
آية رقم 110
Бигӯ; Ман инсоне ҳастам монанди шумо. Ба ман ваҳй мешавад. Албатта Худои шумо худоест якто. Ҳар кас дидори Парвардигори худро умед мебандад, бояд кирдори шоиста дошта бошад ва дар парастиши Парвардигораш ҳеҷ касро шарик насозад».
تقدم القراءة