ترجمة معاني سورة الممتحنة
باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية
.
من تأليف:
خوجه ميروف خوجه مير
.
ﰡ
1. Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед, ва ба шариати Ӯ амал кардаед, душмани Ману душмани худро ба дӯстӣ ихтиёр макунед. Шумо бо мушрикон тарҳи дӯстӣ меафканед ва ахбори Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва мӯъминонро ба онҳо мегӯед ва ҳол он ки онҳо ба сухани ҳаққе, ки Қуръон аст, бар шумо омадааст, имон надоранд.
Ва ба хотири он, ки шумо ба Аллоҳ, Парвардигори хеш имон оварда будед, Паёмбар ва шуморо аз Макка берун ронданд. Эй мӯъминон, агар барои ҷиҳод дар роҳи Ман ва талаби ризои Ман берун омадаед, пинҳонан бо онҳо дӯстӣ макунед ва Ман ба ҳар чӣ пинҳон медоред ё ошкор месозед, огоҳтарам. Пас, ҳамоно ҳар кӣ чунин мекунад, аз роҳи рост хато карда гумроҳ гаштааст.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\311
2. Агар бар шумо даст ёбанд, (зафар ёбанд,) бароятон душман бошанд ва барои озор доданатон дасту забон мекушоянд, (яъне, бо латукӯб, қатл ва дашном
ва монанди он) ва низ дӯст доранд, ки шумо кофир гардед.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\854
3. Ҳаргиз хешовандон ва фарзандони шумо ба шумо дар рӯзи қиёмат чизеро фоида намерасонанд, гарчӣ шумо ба хотири онон бо куффор дӯстӣ ва меҳрубонӣ варзед. Рӯзи қиёмат Аллоҳ миёнатон ҷудоӣ меафканад, пас аҳли тоъати худро ба биҳишт ва аҳли маъсияти худро ба дӯзах дохил мекунад ва Аллоҳ ба он чӣ мекунед, биност ва чизе аз гуфтору амалҳоятон бар Ӯ пӯшида намемонад.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\316
4. Ҳароина, барои шумо эй мӯъминон, дар зиндагии Иброҳим ва касоне, ки ҳамроҳи ӯ аз мӯъминон буданд, сармашқи некӯест. Онгоҳ ба қавмашон гуфтанд: «Ҳароина, мо аз шумо безор ва дур ҳастем ва аз он чи ғайри Аллоҳ мепарстед аз ширку бутҳоятон ба шумо кофир ва мункир шудаем ва миёни мо ва миёни шумо ба таври ҳамеша душманӣ ва кина падид омад, модоме, ки бар куфри худ пойдоред, то ба вақте ки фақат ба Аллоҳ имон оваред,» магар дар ин сухани Иброҳим(1) ба падараш, (Озар гуфт,) ки ҳатман барои ту омӯрзиш талаб мекунам ва дар баробари Аллоҳ барои ту ихтиёри чизеро надорам: Парвардигоро! Бар Ту таваккал кардаем ва ба Ту рӯй овардаем ва бозгашти ҳама рӯзи қиёмат ба сӯи Туст(2).
____________________
1. Яъне, омӯрзиш талаб кардани Иброҳим алайҳиссалом дар ҳаққи падараш барои мӯъминон сармашқи некӯ нест ва ба ин сухани вай иқтидо кардан дуруст нест, зеро омӯрзиш талаб кардани Иброҳим алайҳиссалом дар ҳаққи падараш бинобар ваъдае буд, ки ӯ ба падараш дода буд, (аммо чун барои Иброҳим равшан шуд, ки падараш душмани Аллоҳ аст, аз вай безорӣ ҷуст). Сураи Тавба ояти 114 2. Тафсири Саъдӣ 1\854
5. Эй Парвардигори мо, моро ба сабаби гуноҳамон барои кофирон фитанае магардон ва онҳоро бар мо ғолиб магардон, то нагӯянд агар онҳо (яъне, аҳли имон) барҳақ мебуданд, ба азобу хорӣ гирифтор намешуданд, пас онгоҳ ин боиси зиёдшавии куфри онон мешавад. Ва гуноҳони моро биёмурз, ки ҳароина, Ту пирӯзмандӣ, ҳаргиз мағлуб намешавӣ ва дар гуфтору корҳоят бо ҳикмат ҳастӣ!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\854
6. Ҳароина, барои шумо эй мӯъминон дар зиндагии Иброҳим алайҳиссалом ва пайравонаш сармашқи хубе аст барои касе, ки ба дидори Аллоҳ ва наҷоти рӯзи қиёмат умед дорад ва ҳар кӣ иқтидо аз паёмбарони Ӯ рӯй гардонад ва ба душманони Аллоҳ робитаи дӯстона кунад, пас албатта, Аллоҳ аз имон ва тоъати бандагонаш бениёз аст ва дар назди дӯстон ва аҳли тоъаташ сутуда аст!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\320
7. Шояд Аллоҳ дар миёни шумо эй мӯъминон ва дар миёни касоне, ки бо онҳо душманӣ доштед, аз хешовандонатон аз мушрикон бо тавфиқ додани онон ба имон ва қабули ислом дӯстӣ падид оварад. Аллоҳ бар ҳама чиз қодир аст ва Аллоҳ барои бандагонаш омӯрзандаву меҳрубон аст!
8. Аллоҳ шуморо эй мӯъминон аз некӣ кардан ва адолат варзидан ба онон, ки бо шумо дар дин наҷангидаанд ва аз сарзаминатон берун нарондаанд, бознамедорад. ҳароина, Аллоҳ касонеро, ки дар гуфтор ва кирдорашон ба адолат рафтор мекунанд, дӯст медорад.
9. Фақат Аллоҳ аз дӯстӣ варзидан бо касоне, ки бо шумо дар дин ҷангидаанд ва аз сарзаминатон (яъне, Макка) берунатон рондаанд ва аз барои берун рондани шумо дигаронро кӯмак ва пуштибонӣ кардаанд, шуморо манъ мекунад.
Ва ҳар кӣ бо онҳо дӯстӣ варзад, пас он гурӯҳ ситамкоронанд ва аз ҳудуди муқаррар кардаи Аллоҳ хориҷанд.
10. Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед ва ба шариати ӯ амал кардаед, чун занони мӯъмине, ки ҳиҷрат кардаанд, аз дори куфр ба дори ислом ба наздатон оянд, пас онҳоро озмоиш кунед, то аз ҳақиқати имонашон огоҳӣ пайдо намоед. Аллоҳ ба ҳақиқати имонашон донотар аст. Пас, агар донистед аз зоҳири ҳолашон, ки имон овардаанд, ононро ба сӯи кофирон бознагардонед.
Зеро инҳо мӯъмина занҳо бар никоҳи мардони кофир ҳалол нестанд ва мардони кофир низ бар никоҳи онҳо ҳалол нестанд. Ва он чиро шавҳарони кофир дар ҳаққи заноне, ки ба сӯи шумо рафтаанд, харҷ кардаанд ба онҳо бидиҳед. Ва агар онҳоро никоҳ кунед ва маҳрашонро бидиҳед, гуноҳе бар шумо нест. Ва занони кофири худро нигоҳ мадоред. Ва шумо низ эй мӯъминон, ҳар чӣ харҷ кардаед, ба заноне, ки аз никоҳи шумо берун рафтаанд, аз мардони кофир харҷи маҳрро талаб кунед ва онҳо низ ҳар чӣ сарф кардаанд дар маҳри он заноне, ки ба никоҳи шумо даромадаанд, аз шумо талаб кунанд. Ин ҳукми Аллоҳ аст. Аллоҳ миёни шумо ҳукм мекунад, пас, ҳукми Аллоҳро мухолифат накунед ва Ӯ доно аст ҳеҷ чиз бар Ӯ пӯшида намемонад ва ҳаким аст дар гуфтору корҳояш.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 8\99
11. Ва агар яке аз занони шумо муртад шуд ва ба кофирон пайваст ва кофирон маҳре, ки шумо дар ҳаққи он занон сарф намудаед, ба шумо надоданд ва он гоҳ шумо дар ҷанг бар онон пирӯз шудед ва ба интиқом аз кофирон бархостед, пас аз амволи ғанимат гирифта шуда ба касоне, ки занонашон ба сӯи кофирон рафтаанд, монанди он чизе, ки харҷ кардаанд дар маҳри он занон, бидиҳед(1) ва аз Аллоҳе, ки ба Ӯ имон доред, битарсед!
____________________
1. Яъне, лозим аст бар мусалмонон аз моли ғанимат қабл аз тақсими он ба ӯ бидиҳанд. Тафсири Саъдӣ 1\857
12. Эй Паёмбар, агар занони мӯъмин назди ту омаданд, то байъат (аҳду паймон) кунанд, ба ин шарт, ки ҳеҷ касро бо Аллоҳи барҳақ дар ибодаташ шарик накунанд ва чизеро дуздӣ накунанд ва зино накунанд ва фарзандони худро пеш ё баъд аз таваллуд накушанд ва фарзандонеро, ки аз шавҳаронашон нестанд, ба дурӯғ ба онҳо нисбат надиҳанд ва дар корҳои нек нофармонии ту накунанд, пас дар ин сурат, бо онҳо байъат кун ва барояшон аз Аллоҳ омӯрзиш бихоҳ, ки ҳароина, Аллоҳ барои бандагоне, ки тавба мекунанд, омӯрзандаву меҳрубон аст!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 8\102
13. Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед, бо мардуме, ки Аллоҳ бар онҳо хашм гирифтааст, дӯстӣ макунед. Инҳо ба сабаби куфрашон аз раҳмати Аллоҳ ва савоби охират ноумед шуданд, ҳамчунон ки он кофироне, ки дар гӯр хуфта аз ҳақиқати кор воқиф шуданд ва бо илми яқин донистанд, ки аз савоби охират ноумед ҳастанд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\858