ترجمة سورة المسد

الترجمة الطاجيكية
ترجمة معاني سورة المسد باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية .
من تأليف: خوجه ميروف خوجه مير .

1. Ҳалок бод дастони Абулаҳаб(1) ки ӯ Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва салламро азият медод ва ҳалок шуд худи ӯ.
____________________
1. Яъне, ҳалок бод худи Абулаҳаб бо тамоми вуҷуди хеш
2. Моли ӯ ва он чи ба даст оварда буд, ба ҳолаш фоида намекунад.
3. Ба зудӣ ба оташе шӯълаваре медарояд.
4. ва зани ӯ, низ ба дӯзах медарояд, ки ҳезумкаш аст, дар роҳи Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам онро матраҳ мекард, то азият кашад.
5.Ва бар гардан ресмоне аз лифи (пӯсти) хурмо дорад. Бо он ресмон дар дузах бардошта мешавад, баъд аз он ба поёнтарини дӯзах партофта мешавад.
Icon