ترجمة سورة الزمر

الترجمة الطاجيكية
ترجمة معاني سورة الزمر باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية .
من تأليف: خوجه ميروف خوجه مير .

1. Нозил шудани ин китоб аз ҷониби Аллоҳи пирӯзмандест, ки бар душманонаш ғолиб ва дар тадбири халқаш ва аҳкомаш ҳаким аст.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\248
2.       Ҳароина, Мо ин китобро бар ту эй Расул, нозил кардем, ки он ба ҳақиқат ва адолат амр менамояд. Пас, Аллоҳро бипараст ва тамоми дини худро барои Ӯ холис гардон!(1).
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\248
3.       Огоҳ бош, ки дини холис ва пок аз ширк аз они Аллоҳ аст ва касоне, ки ба ҷои Аллоҳ дӯстон ва ёвароне гирифтаанд, мегӯянд: «Инҳоро аз он рӯ мепарастем, то моро ба Аллоҳи якто дар мартаба наздик созанд ва шафоат расонанд. Ва ҳароина, Аллоҳ дар он чи аз ибодатҳояшон ихтилоф мекунанд, рӯзи қиёмат миёнашон доварӣ хоҳад кард ва ҳар якеро ҷазои муносиб хоҳад дод.
Ҳароина, Аллоҳ дурӯғгӯву носипосро ба роҳи рост ҳидоят намекунад.
4.        Агар Аллоҳ мехост, ки барои худ фарзанде бигирад, аз миёни махлуқоти худ ҳар чиро, ки мехост, интихоб мекард. Аз ин нисбатҳо Аллоҳ пок аст ин ки бар худ фарзанде бигирад. Ӯст Аллоҳи яктои бениёз, қаҳҳор аст, ки ҳама аз қаҳри Ӯ ба хорӣ сар фурӯ ниҳодаанд!
5.        Осмонҳову заминро ва он чӣ миёни онҳост барҳақ биёфарид. Шабро ба рӯз мепечад ва рӯзро бар шаб мепечад(1). Ва офтобу моҳро ба нафъи бандагон ром гардонид ва ҳар як дар мадори худ то замони муайяне дар ҳаракатанд. Огоҳ бош, ки Ӯст пирӯзманд бар халқаш ва омӯрзанда аст, барои тавбакунандагон!
____________________
1. Яъне, шаб меояд ва рӯз меравад ва рӯз меояд, шаб меравад.
6.        Эй мардум, шуморо аз як тан биёфарид, ки ӯ Одам аст. Ва аз он як тан занаш Ҳавворо офарид. Ва бароятон аз чорпоён ҳашт ҷуфт биёфарид: (нару мода аз шутур, гов, гӯсфанд ва буз). Шуморо дар шиками модаронатон дар чанд марҳала(1) дар даруни торикиҳои сегона(2) офариниш бахшид. Ин Аллоҳи якто, ки ҳама ин чизҳоро биёфарид, Парвардигори ҳақиқӣ ва маъбуди шумост. Фармонравоӣ дар дунёву охират аз они Ӯст. Аллоҳе барҳақ ҷуз Ӯ нест. Пас, чӣ гуна аз ибодати Вай ба сӯи парастиши дигарон баргардонда мешавед?(3)
____________________
1. Дар марҳалаи аввал онро ба шакли нутфа, сипас ба хуни баста, сипас ба гӯштпора, сипас дар ӯ устухон меофаринад ва он гоҳ бар устухонҳо гӯшт мепӯшонад. 2. Торикии шикам, торикии раҳм ва торикии бачадон. 3. Тафсири Ибни Касир 7\87
7.        Эй одамон, агар ба
Парвардигори худ носипосӣ кунед, имон наоред ва аз паёмбараш пайравӣ накунед, ҳароина, Аллоҳ аз шумо бениёз аст ва шумо ҳастед, ки ба Ӯ эҳтиёҷ доред ва носипосиро барои бандагонаш намеписандад. Меписандад, ки сипосгузор бошанд. Ва ҳеҷ кас бори гуноҳи дигареро бар дӯш намекашад. Бозгашти ҳамаи шумо назди Парвардигоратон аст.
Ӯ шуморо аз корҳое, ки мекардед, огоҳ мекунад, Ӯ ҳароина, ба он чи дар дилҳо мегузарад, огоҳ аст.
8.       Чун ба одамӣ дарду ранҷе бирасад, ба Парвардигораш рӯй меоварад ва Ӯро бо дуо мехонад, то ранҷу сахтиеро, ки бар ӯ фуруд омадааст дафъ кунад. Он гоҳ чун ба ӯ неъмате бахшад, ҳамаи он дуоҳоро, ки пеш аз ин карда буд, аз ёд мебарад ва барои Аллоҳ ҳамтоёне қарор медиҳад, то мардумро аз роҳи Аллоҳ гумроҳ кунад. Бигӯ эй Расул барояш: «Андаке аз куфрат баҳраманд шав, то фаро расидани аҷалат, ки ҳароина, ту аз дӯзахиён хоҳӣ буд!»(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\720
9.       Оё ин мушрике, ки ба куфри худ баҳраманд шудааст, беҳтар аст, ё он касе, ки
дар вақтҳои шаб ба ибодат пардохта, ё дар суҷуд аст, ё дар қиём ва аз азоби охират метарсад ва ба раҳмати Парвардигораш умед дорад? Бигӯ: «Оё онҳое, ки медонанд ҳақиқати динро бо онҳое, ки аз дин чизеро намедонанд, баробаранд?» (Ҳаргиз баробар нестанд). Танҳо хирадмандон панд мегиранд
ва фарқи байни олимон ва
ҷоҳилонро медонанд.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 7\89
10. Бигӯ (эй Паёмбар, ин
суханамро барои мӯъминон): «Эй бандагони Ман, ки имон овардаед, аз Парвардигоратон битарсед бо анҷом додани амрҳояш ва дур будан аз манъкардашудаҳояш. Барои онон, ки дар ҳаёти инҷаҳонӣ некӣ кардаанд, подоши нек аст, ки он ҷаннат аст. Ва замини Аллоҳ васеъ аст, пас ба он ҷое ҳиҷрат кунед, ки дар он Парвардигоратонро ибодат кунед ва битавонед дини худро барпо доред. Ҳақиқатан, ба сабркунандагон муздашон пурра ва беҳисоб дода мешавад!»(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\720
11.    Бигӯ эй Расул, барои мардум: «Ҳароина, ман амр шудаам ва низ касоне, ки пайрави ман ҳастанд, то Аллоҳро бипарастам ва парастишро хоси Ӯ гардонам ва дар ибодаташ ба Ӯ касеро шарик наорам.
12.    Ва маъмур шудаам, ки нахустини мусалмонони ин уммат бошам».(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 7\89
13.    Бигӯ эй Расул барои мардум: «Ҳароина, ман агар нофармонии Парвардигорам кунам, бо фурӯ гузоштани ихлос дар ибодаташ, аз азоби рӯзи бузурги қиёмат метарсам».
14.    Бигӯ эй Расул: «Танҳо Аллоҳро мепарастам ва барои Ӯ дар дини худ дар ибодату тоатам ихлос меварзам.
15.    Пас, шумо ҳам эй мушрикон, ҳар чиро ғайр аз Ӯ мехоҳед, ки бипарастед, бипарастед аз бутҳо ва дигар аз махлуқоти Ӯ, вале чизе аз он маро зарар намерасонад.»(1) Бигӯ: «Ҳароина, зиёнкорон дар ҳақиқат касоне ҳастанд, ки дар рӯзи қиёмат худ ва хонадонашонро зиён расондаанд. Ва ин ба он сабаб буд, ки аз имон рӯй бартофтанд ва худро дар гумроҳӣ андохтанд. Огоҳ бошед, ки ин ҳамон зиёни ошкор аст.(2)
____________________
1. Ин дастур барои таҳдид ва сарзаниши онҳост. 2. Тафсири Табарӣ 21\271
16.    Ин зиёнкоронро дар рӯзи қиёмат болои сарашон соябонҳое аз оташ аст ва низ дар зери пояшон соябонҳое
аз оташ аст». Ин чизест, ки Аллоҳ бандагони худро ба он метарсонад. Пас, эй бандагони Ман, бо иҷро намудани амрҳои Ман ва дур будан аз нофармониҳоям аз Ман битарсед!
17.    Ба касоне, ки аз тоғут (яъне, аз парастиши бутон ва тоати шайтон) парҳез кардаанд, аз он ки онро ибодат кунанд, тавба кардаанд ва ба ибодати Аллоҳ танҳо рӯй овардаанд, барояшон хабари хуш(1)
аст. Пас, бандагони Маро башорат деҳ:
____________________
1. Дар дунё тавфиқ аз Аллоҳ ва дар охират ризогии Аллоҳ насибашон мегардад, ки он ҷаннат аст.
18.    Он касоне, ки ба сухани ҳақ (аз китоби Аллоҳ ва аз суннати Расули Аллоҳ) гӯш медиҳанд ва аз беҳтарини он чӣ фармон ёфтаанд пайравӣ мекунанд, онҳо касоне ҳастанд, ки Аллоҳ ба роҳи рост тавфиқ ва ба некӯтарин ахлоқ ҳидояташон кардааст ва инҳо хирадмандонанд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\274
19.    Оё ту метавонӣ эй Расул, касеро, ки ҳукми азоб бар ӯ бароварда шудааст, наҷот диҳӣ?! Оё ту метавонӣ касеро, ки дар оташ аст наҷот диҳӣ?! (Ҳаргиз ту бар ин қодир нестӣ!)
20.    Аммо онон, ки аз Парвардигорашон тарсиданд, ва Ӯро бо ихлос ибодат карданд, барояшон иморатҳоест бар болои ҳам сохта, ки аз зери дарахтони он ҷӯйборон равон аст. Ин ваъдаи Аллоҳ аст барои бандагони парҳезгораш ва Аллоҳ ба ваъдаи худ хилоф нахоҳад кард!
21.    Оё надидаӣ, эй Расул, ки ҳароина, Аллоҳ аз осмон борон фиристод ва онро дар замин даровард, пас онро чун чашмасорҳое дар замин равон гардонид, он гоҳ ба он киштзорҳои рангоранг бирӯёнид, сипас ҳама хушк мешаванд ва мебинӣ, ки зард (хазон) шудаанд, сипас онро реза-реза мегардонад? Бегумон дар ин кори Аллоҳ панде барои хирадмандон аст!
22.    Оё касе, ки Аллоҳ дилашро барои қабули Ислом кушодааст, пас ӯ аз сӯи Парвардигораш аз нуре бархурдор аст, ҳамчун сахтдилон аст? Ҳаргиз баробар нест! Пас вой бар онон, ки дилҳояшон дар баробари зикри Аллоҳ сахт аст. Онҳо дар гумроҳии ошкор ҳастанд.
23.    Аллоҳ беҳтарин суханро нозил кардааст, ки Қуръон аст. Китобе, ки оёташ муташобеҳ(1) (монанди якдигар) ва мукаррар(2) аст, ки аз шунидани он пӯстҳои бадани касоне, ки аз Парвардигорашон метарсанд, ба ларза меафтад. Сипас пӯстҳояшон ва дилҳояшон ба ёди Аллоҳ нарм мешавад ва ором мегирад. Ин роҳи Аллоҳ аст, ки ҳар киро бихоҳад, ба он роҳнамоӣ мекунад ва ҳар киро Аллоҳ гумроҳ кунад, ӯро ҳеҷ роҳнамое нахоҳад буд!
____________________
1. Яъне, баъзе аз оёти Қуръон бо баъзе дигари он дар зебои, ҳукм, сиҳатии маъно, баён ва расидан то бартарин дараҷаҳои балоғат монандӣ дорад. 2. Яъне, достонҳо, андарзҳо ва аҳком дар он ба такрор меоянд.
24.    Оё касе, ки рӯзи қиёмат бо чеҳраи худ(3) азоби сахти қиёматро аз худ бозмедорад, монанди касест, ки худро аз азоб эмин медорад ва дар биҳишт аст? Ба ситамкорон гуфта мешавад: «Ба ҷазои корҳое, ки дар дунё гунаҳкорӣ мекардаед, азобро бичашед!»(4)
____________________
3. Яъне, Оё касеро, ки дасту пояшро баста ба оташ партофта мешавад, ҷуз чеҳрааш чизе наёбад, ки азобро аз худ дур кунад. 4. Тафсири Табарӣ 21\282
25.     Касоне, ки пеш аз онҳо (пеш аз қавми ту) буданд, паёмбаронро низ дурӯғгӯ бароварданд ва азоб аз ҷое, ки намедонистанд, бар сарашон расид.
26.     Пас, Аллоҳ хорӣ ва расвоиро ба умматҳои такзибкунанда дар зиндагии дунё ба онҳо чашонд, ҳароина азоби охират бузургтар ва сахттар аст, агар ин мушрикҳо медонистанд он чи ки онҳо дучор шуданд ба сабаби куфрашон аст, пас аз он ибрат мегирифтанд.
27.     Мо дар ин Қуръон барои мардуме, ки ба Аллоҳ ширк меоваранд, барои бим кардани онҳо аз ҳар гуна масале аз масалҳои умматҳои гузашта овардем, бошад, ки панд гиранд.
28.     Қуръонро ба забони арабӣ, лафзҳояш равшан ва маъноҳояш осон бе ҳеҷ каҷӣ ва костагӣ нозил кардем. Бошад, ки парҳезгорӣ кунанд, бо анҷом додани амрҳояш ва дур будан аз манъкардаҳояш.
29.    Аллоҳ масале мезанад: «Мардеро, ки ғулом аст чанд молики носозгор дар ӯ шариканд ва бар сари ӯ ихтилоф доранд ва ҳар яке аз онҳо мехоҳад, ки гуфтаи ӯро кунад ва марди, дигаре, ки ғулом аст, танҳо аз они як молик мебошад. Оё ин ду ғулом бо ҳам баробаранд? Албатта, баробар намешаванд. Инчунин мушрик дар ҳайронӣ ва шак аст ва мӯъмин дар роҳат ва оромӣ аст. Сипос Аллоҳро. Балки, аксари онҳо ҳақро намедонанд, то пайравии он кунанд.
30.    Ҳароина, ту эй Расул, мемирӣ ва онҳо низ мирандаанд.
31.    Сипас ҳама дар рӯзи қиёмат дар назди Парвардигоратон бо якдигар ба низоъ ва кашмакаш мепардозед, пас Ӯ миёни шумо бо адолат доварӣ хоҳад кард.
32.    Пас, кист ситамкортар аз он, ки бар Аллоҳ дурӯғ мебандад ва чунин пиндорад, ки Ӯ фарзанд ё шарик, ё ҳамсаре дорад, ё бигӯяд, ки ба ман ваҳй омадааст, ҳол он ки
ба ӯ ваҳй наомадааст ва сухани рост (Қуръон)-ро, ки бар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам омадааст, дурӯғ мебарорад. Оё кофиронро дар ҷаҳаннам ҷойгоҳе нест? (Оре!)(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\120
33.     Ва касе, ки аз паёмбарон, ҳақиқат ва ростиро дар сухану кирдораш бо
худ овард ва пайравони Расул аз рӯи имон ва амал онро тасдиқ кард, онон парҳезгоронанд ва сарпешвои онҳо паёмбари охирзамон Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва саҳобагони ӯ ҳастанд, ки Аллоҳ аз онҳо розӣ бошад.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\724
34.     Барояшон ҳар чи бихоҳанд, дар назди Парвардигорашон аз лаззатҳои гуногуни дилкаш омода аст. Ин аст подоши некӯкорон,
35.     то Аллоҳ бадтарин амалҳоеро, ки дар дунё кардаанд, ба сабаби тавбаашон аз онон нобуд кунад ва ба беҳтар аз он чи ки дар дунё кардаанд, подошашон диҳад ва он ҷаннат аст.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\293
36.    Туро эй Расул, ба касоне, ки ғайри Аллоҳ ҳастанд, метарсонанд. Оё Аллоҳ барои нигаҳдории бандааш кофӣ нест? Оре,
Ӯ бандаашро дар кори дину дунёаш басандааст ва аз макри душманонаш ҳимоякунанда аст. Ва ҳар касро, ки Аллоҳ гумроҳ созад, пас, барои ӯ ҳеҷ роҳнамое нахоҳад буд, ки ӯро аз гумроҳӣ берун оварад.
37.    Ҳар касро, ки Аллоҳ ба сӯи имон ва амал ба китобаш ва пайравии расулаш роҳнамоӣ кунад, ӯро гумроҳкунандае нест. Оё Аллоҳ пирӯзманду интиқомгиранда нест аз он касоне, ки Ӯро нофармонбардорӣ мекунанд?
38.    Агар аз он мушриконе, ки ғайри Аллоҳро парастиш мекунанд, бипурсӣ: «чӣ касе осмонҳову заминро офаридааст?» ҳатман, хоҳанд гуфт: «Аллоҳи якто» Бигӯ: «Пас, онҳоеро, ки ғайри Ӯ мепарастед, чӣ гуна мебинед? Агар Аллоҳи якто бихоҳад ба ман ранҷе бирасонад, оё инҳо метавонанд он ранҷро дафъ кунанд? Ё агар бихоҳад ба
ман раҳмате арзонӣ дорад, метавонанд он раҳматро аз ман боздоранд?» Ҳатман, бигӯянд, ки наметавонанд. Бигӯ барояшон: «Аллоҳ дар ҷалби манфиат ва дафъи зиёну машаққат барои ман басанда аст. Таваккалкунандагон ба Ӯ таваккал мекунанд».
39.    Бигӯ эй Расул, барои саркашони қавмат: «Эй қавми ман, чӣ гунае, ки ғайри Аллоҳро парастиш доред, мувофиқи имкони хеш амал кунед. Ман низ ба он чи фармуда шудаам, амал мекунам. Ба зудӣ хоҳед донист, ки
40.    чӣ касе ба азобе, ки хораш месозад дар дунё гирифтор мешавад ё дар охират азоби ҷовид бар сари ӯ фуруд меояд».
41.    Ҳароина, Мо ин китоби Қуръонро ба ҳақ барои ҳидояти мардум бар ту нозил кардем. Пас, ҳар кас, ки ба равшании он ҳидоят ёфт, ва ба он амал кард ба нафъи худи ӯст ва ҳар ки ба он амал накард ва аз роҳи ҳақ гумроҳ шуд, албатта, ба зарари худ ба гумроҳӣ афтодааст ва ту эй Расул, вакили аъмоли онҳо
нестӣ, то амалҳояшонро муҳофизат намоӣ ва бар он чи ки мехоҳӣ маҷбур созӣ, балки вазифаи ту танҳо расондани ҳақ аст.
42.    Аллоҳ ҷонҳоро ба ҳангоми мурданашон мегирад ва ин маргест, ки аҷали инсон ба поён мерасад ва низ мегирад ҷони касонеро, ки дар хоби худ намурдаанд (яъне, аҷали онҳо ҳанӯз ба сар нарасидааст). Ҷонҳоеро, ки ҳукми марг бар онҳо ронда шуда, нигаҳ медорад ва ин ҷони касест, ки бимирад ва ҷони дигаронро то замоне, ки муайян аст, боз мефиристад ва ин ҷони касест, ки аз хоб бармехезад. Ҳароина, дар ин гирифтани ҷонҳо ва нигоҳ доштан ё пас фиристодани онҳо ибратҳои равшанест бар қудрати Аллоҳ барои онҳое, ки меандешанд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\299
43.    Оё ин мушрикон ғайри Аллоҳ шафоатгароне ихтиёр карданд, то барояшон назди Ӯ шафоат кунанд? Бигӯ эй Расул барояшон: «Ҳатто агар он шафоатгарон қудрат
ба коре надошта бошанд ва чизеро дарнаёбанд боз ҳам онҳоро ба шафоат мехонед?»(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\123
44.     Бигӯ (эй Расул барои мушрикон): Шафоат саросар аз они Аллоҳ аст ва касе дар он роҳе надорад, магар ин ки шафоатгар аз касоне бошад, ки Аллоҳ ӯро барои шафоат писандида бошад. Аз они Ӯст фармонравоии осмонҳову замин. Пас, воҷиб аст, ки шафоатро аз он Зоте биталабанд, ки Ӯ соҳиби тамоми мулк аст ва сазовори ибодати холис аст. Сипас рӯзи қиёмат барои ҳисобу ҷазо ҳама ба назди Ӯ бозгардонда мешавед».(2)
____________________
2. Тафсири Саъдӣ 1\726
45.     Ва чун Аллоҳро ба яктоӣ ёд кунанд, дилҳои он касон, ки ба қиёмат ва он рӯзи зинда шудани баъд аз мурдан аст, имон наёвардаанд, нафрат кунад ва чун касоне, ки бутҳо, ғайр аз Ӯ таоло ёд шаванд, шодмон гарданд.
46.     Бигӯ: «Ё Илоҳо, Тӯӣ падидоварандаи осмонҳову замин, донои ниҳону ошкор, Ту миёни бандагонат дар ҳар чӣ дар он ихтилоф мекардаанд, доварӣ мекунӣ».
Ҳидоят фармо маро ба изни худ дар он чи ихтилоф шудааст аз ҳақ, Ту худ ҳидоят мекунӣ ба роҳи рост, касеро, ки мехоҳӣ.(1)
____________________
1. Ин яке аз дуоҳои Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам буд ва низ таълимотест барои бандагон, ки бо ин дуо ба Аллоҳ илтиҷо ва тазарруъ кунанд.
47.    Ҳароина, агар ҳар чӣ дар рӯи замин аст аз мол ва захираҳо ва монанди он ҳамроҳаш аз они ситамкорон бошад, ки дар рӯзи қиёмат онро бидиҳанд, то аз азоби Аллоҳ раҳоӣ ёбанд, аз онҳо пазируфта намешавад ва ҳеҷ чизе азоби Аллоҳро аз онҳо дур намесозад ва аз сӯи Аллоҳ барояшон чизҳое ошкор шавад, ки ҳаргиз дар дунё омадани онро гумон намекарданд.
48.    Дар рӯзи қиёмат ҷазои аъмоли баде, ки дар зиндагии дунё мекарданд, монанди ширк ва зулм барояшон ошкор шуд
ва он чи Паёмбар барояшон аз азоби рӯзи қиёмат ваъда медод, масхарааш мекарданд, гирдогирдашонро бигирифт.
49.    Чун одамиро ранҷе расад. Моро бо дуо мехонад ва чун ранҷу сахтиро аз ӯ бардорем ва аз ҷониби хеш неъмате арзонияш дорем, ба Парвардигораш носипосӣ кунад ва гӯяд: «Ҳароина, ба сабаби доноиям ин неъматро ба ман додаанд ва ман ба ин сазовор ҳастам». Балки ин неъматҳо озмоише бошад, вале аксари онҳо намедонанд, ки ин фитнае аст на бахшидани неъмат.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\304
50.    Ҳароина, касоне ки пеш аз онҳо буданд монанди Қорун ва дигарон, низ ин суханро гуфтанд, ки мо ин неъматро бар асоси илме ки дорем, додашудаем пас он чӣ ба даст оварда буданд аз молу фарзандон ва баҳраи дунё барояшон фоидае набахшид ва азобро аз онон дур накард.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\304
51.    Пас ҷазои бадиҳое карда буданд аз умматҳои пешина, ба онҳо расид ва касоне, ки эй Расул, аз онҳо (яъне, аз қавми ту) ситам карданд ва ҷазои бадиҳое, ки мекарданд, ба зудӣ ба онҳо хоҳад расид. Ва онҳо Аллоҳро оҷизкунанда нестанд ва роҳи гурезе надоранд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\125
52.    Оё ҳанӯз надонистаанд, ки ҳароина, Аллоҳ аст, ки ризқу рӯзии ҳар касро, ки бихоҳад, аз бандагонаш хоҳ шоистакор бошанд, ё бадкор афзун месозад ё тангрӯзиаш мекунад? Ва ҳароина, дар ин ризқи васеъ, ё тангрӯзӣ ибратҳост барои мардуме, ки ба амри Аллоҳ имон меоваранд ва ба он амал мекунанд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\727
53.    Бигӯ эй Расул аз ҷониби Ман ба бандагонам: «Эй бандагони Ман, ки бар зиёни хеш бо анҷом додани гуноҳ беҳад исроф кардаед, аз раҳмат ва мағфирати Аллоҳ ноумед машавед. Зеро Аллоҳ ҳамаи гуноҳонро меомурзад. Ҳароина, Ӯст омурзанда барои тавбкунандагон ва ба онҳо меҳрубон!
54.    Эй мардум, пеш аз он ки азоб фаро расад ва касе ба ёриатон барнахезад, ба Парвардигоратон рӯй оваред ва ба Ӯ таслим шавед.
55.    Ва аз беҳтарин чизе, ки Қуръон аст, аз ҷониби Парвардигоратон бар шумо нозил шудааст, пайравӣ кунед ва фармудаҳояшро
иҷро намоед ва аз манъкардашудаҳояш дур истед, пеш аз он ки ногаҳон азоб ба суроғи шумо ояд, дар ҳоле, ки шумо аз он бехабаред.
56.    (Итоати Парвардигоратонро кунед ва ба сӯи Ӯ тавба кунед), то мабодо касе дар рӯзи қиёмат нагӯяд: «Эй афсӯс, ки дар дунё дар кори Аллоҳ кӯтоҳӣ кардам ва бегумон аз масхаракунандагони амри Ӯ ва китобу паёмбараш будам».
57.    Ё бигӯяд: «Албатта, агар Аллоҳ маро ба дини худ ҳидоят мекард, ҳақиқатан ман аз парҳезгорон будам».
58.    Ё чун азобро рӯзи ҳисоб бубинад, бигӯяд: «Албатта, агар бори дигар ба дунё бозмегаштам, аз накӯкорон мешудам!»(1)
____________________
1. Яъне, кош, аз зумраи он касоне, мешудам, ки дар дунё ба некӯтарин ваҷҳ тоати Парвардигорашонро итоат кардаанд ва ба фармудаҳои паёмбарон некӯтар амал кардаанд.
59.    Оре, на чунон аст, ки ту мегӯӣ, балки ҳақ ин аст, ки оёти Ман барои ту нозил шуд ва ту аз қабули он гарданкашӣ кардӣ ва аз кофирон будӣ.
60.    Дар рӯзи қиёмат касонеро, ки ба Аллоҳ дурӯғ бастаанд,(1) мебинӣ, рӯяшон сиёҳ шудааст. Оё такаббуркунандагонро дар ҷаҳаннам ҷойгоҳе нест? (Оре!)
____________________
1. Яъне, даъво мекарданд, ки Аллоҳ зану фарзанд дорад. Пок аст Аллоҳ аз он чи ки сифат мекунанд.
61.    Ва Аллоҳ парҳезгоронро ба сабаби роҳи наҷотёбӣ, ки дар дунё пеш гирифта буданд, аз азоби ҷаҳаннам наҷот медиҳад. Ба онҳо ҳеҷ бадӣ аз азоби ҷаҳаннам нарасад ва на онҳо ғаму андӯҳгин бошанд бар он чи ки аз насибаҳояи дунё аз даст додаанд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\728
62.    Аллоҳ офаридгори ҳама чиз аст ва Ӯ бар ҳама чиз нигаҳбон аст ва ҳамаи умури халқашро тадбир мекунад.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 7\111
63.    Калидҳои (хазинаҳои) осмонҳову замин назди Ӯст, касеро аз бандагонаш бихоҳад, медиҳад ва онҳо, ки ба оёти (Қуръони)
Аллоҳ кофир шудаанд. Ва аз дунё беимон рафтаанд ва дар охират дар дӯзах
ҷовидон мондаанд ва онҳо аз зиёндидагон ҳастанд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\321
64.    Бигӯ эй Расул ба мушрикони қавмат: «Эй нодонон, оё маро фармон медиҳед, ки ғайр аз Аллоҳро бипарастам ва ҳол он ки чизе аз ибодат барои ғайри Ӯ сазовор нест?».(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\729
65.    Ва ба таҳқиқ ба ту эй Расул, ва паёмбарони пеш аз ту ваҳй шудааст, ки агар ширк биёваред, ҳамаи амалҳоятон ночиз гардад ва дар дину охирати худ аз зиёнкунандагон хоҳед буд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\729
66.    Балки эй Паёмбар, Аллоҳро бо ихлос бипараст ва сипосгузори неъматҳои Ӯ бош!
67.    Ва ин мушрикон Аллоҳро, чунонки сазовори бузургии Ӯст, нашинохтанд. Ва дар рӯзи қиёмат тамоми замин дар қабзаи (мушти) Ӯст(1) ва осмонҳо дар ҳам печида дар дасти рости Ӯст. Пок аст ва бартар аз ҳар чӣ шарики Ӯ мепиндоранд.
____________________
1. Дар оят аз сифоти зоти Аллоҳ, дасти рост ва мушт ва печидани осмонҳо дар ҳам исбот шудааст. Ин сифатҳо, бе чихунагӣ ва бе монандӣ, ки лоиқ ба бузургӣ ва азамати Алдоҳ мекунанд, исбот карда мешавад.
68.      Ва дар сур дамида шавад. Пас, ҳар кӣ дар осмонҳо ва ҳар кӣ дар замин аст, ҷуз онҳое, ки Аллоҳ бихоҳад, беҳуш мешаванд ва бимиранд. Ва барои зинда гардондани халоиқ, барои ҳисоб бори дигар дар он сур дамида шавад, ногаҳон аз ҷой бармехезанд ва менигаранд, ки бо онҳо чӣ амале анҷом мешавад.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\729
69.      Ва замин дар рӯзи қиёмат барои ҳукми бандагон ба нури Парвардигораш равшан шавад ва малоикаҳо номаҳои аъмолро биниҳанд ва паёмбарону гувоҳонро биёваранд(1) ва дар миёни мардум ба дурустӣ доварӣ шавад ва бар касе на каму на беш ситаме намешавад.
____________________
1. Яъне, паёмбарон оварда мешаванд, то дар хусуси расонидани паёми Илоҳӣ ба умматҳояшон пурсида шаванд ва бар зидди онҳо гувоҳӣ диҳанд. Тафсири Саъдӣ 1 \ 729
70.      Подоши ҳар кас баробари кирдораш
ба пуррагӣ дода мешавад, дар ҳоле, ки Аллоҳ ба корҳое, ки дар дунё мекардаанд, аз тоат ё гуноҳ огоҳтар аст.
71.      Ва кофиронро гурӯҳ-гурӯҳ ба ҷаҳаннам биронанд. Чун ба ҷаҳаннам расанд, дарҳояш кушода шавад ва нигаҳбонони оташ гӯянд: «чӣ гуна Аллоҳро нофармонбардорӣ кардед ва маъбуди барҳақ буданашро инкор кардед, оё паёмбароне аз худи шумо бар шумо фиристода нашудаанд, то оёти Парвардигоратонро бароятон бихонанд ва шуморо аз дидор бо чунин рӯзе битарсонанд?» Кофирон иқрор шуда мегӯянд: «Бале». Паёмбарони барҳақ фиристодашуда буданд ва моро аз ин рӯз бим карданд, вале бар кофирон фармони азоб муҳаққақ шуда буд.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 7\118
72.      Барои мункирони ҳақ гуфта шавад: «Аз дарҳои ҷаҳаннам дохил шавед, ҳамеша дар он ҷо хоҳед буд». Ҷойгоҳи саркашон чӣ бад ҷойгоҳест, ки аз имон овардан ба Аллоҳ саркашӣ карданд ва ба шариати Ӯ амал накарданд!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\338
73.      Ва ононро, ки аз Парвардигорашон тарсиданд ва амал ба тоати Ӯ карданд, гурӯҳ-гурӯҳ ба биҳишт мебаранд. Чун ба биҳишт бирасанд, дарҳояш кушода шавад. Ва аз сабаби пок будани асари гуноҳонашон дарбонҳои биҳишт бо муждаҳо ва ҳурсандиҳо барояшон гӯянд: «Салом бар шумо, покиза будаед хуш бошед, пас ҷовидона ба он биҳишт дароед!
74.      Ва мӯъминон мегӯянд: «Сипос Аллоҳеро, ки ҳар ваъда, ки бар забони паёмбаронаш ба мо дод, рост гардонид.(1) Он сарзамини биҳиштро ба мерос ба мо дод. Ва акнун дар ҳар ҷои биҳишт, ки бихоҳем, макон мегирем». Пас чӣ некӯ аст подоши амалкунандагоне, ки дар тоати Парвардигори хеш саъю кӯшиш намуданд!(2)
____________________
1. Яъне, ваъдаашро ба ҷо овард. 2. Тафсири Табарӣ 21\342
75.      Ва эй Паёмбар, фариштагонро мебинй, ки гирди Арши Аллоҳ ҳалқа задаанд ва ба сипос ва ситоиши Парвардигорашон машғуланд. Миёни он бандагон ба дурустӣ доварӣ гардад ва аслан ба онҳо ҳеҷ гуна ситаме нашавад ва дар ивази адолат ва ҳукми Аллоҳ аз ҷониби ҳама ҳастӣ гуфта мешавад, ки ҳама ситоиш аз они Аллоҳест, ки Парвардигори ҷаҳониён аст!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\731
Icon