ترجمة سورة المرسلات

الترجمة الطاجيكية
ترجمة معاني سورة المرسلات باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية .
من تأليف: خوجه ميروف خوجه مير .

1.       Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба бодҳое, ки аз паи ҳам меоянд
2.       ва савганд ба бодҳои сахти вазандаи ҳалоксозанда
3.       ва савганд ба фариштагоне, ки ба бодҳои бороновар ӯҳдадоранд, ҳар куҷо ки Аллоҳ хоҳад боронро мебаранд
4.       ва савганд ба фариштагоне, ки ҷудокунандаанд ҳақро аз ботил ва ҳалолро аз ҳаром
5.       ва савганд ба фариштагоне, ки ваҳйи Илоҳиро аз назди Аллоҳ ба сӯи паёмбарон мефароранд,
6.       то ҳуҷҷатро барпо намоянд ё мардумро бим намоянд,
7.       ки ҳароина, он чӣ ба шумо аз амри рӯзи қиёмат ваъда дода шавад, воқеъ хоҳад шуд!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 8\304
8.       Пас, он гоҳ ки ситорагон нест ва хомӯш шаванд ва равшании онҳо аз байн равад
9.       ва он гоҳ ки осмон шикофта шавад
10.   ва он гоҳ ки кӯҳҳо пора-пора гарданд ва дар фазо барбод раванд ва ҳеҷ асаре аз онҳо боқӣ намонад
11.   ва он гоҳ ки паёмбаронро вақте муъайян шавад, ки миёни онҳо ва умматонашон доварӣ шавад.
12.   Пас гӯянд: барои кадом рӯз ин чизҳо мавқуф гузошта шуд?
13.   Онгоҳ гуфта шавад: барои рӯзи фасл, ки дар он миёни мардум мувофиқи аъмолашон доварӣ содир мешавад.
14.   Ва чӣ донӣ, ки рӯзи фасл ва шиддат ва сахтии он чист?
15.   Дар он рӯз вой (ҳалокӣ бод) бар дурӯғшуморандагон!(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 8\298
16.   Оё ба сабаби дурӯғбароварданашон паёмбаронро умматони пешинаро монанди қавми Нӯҳ, Од ва Самуд ҳалок накардаем?
17.   Баъд аз он умматони охиринро (аз куффори Макка ва амсоли онҳо, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро дурӯғ мебароранд,) низ аз паи онҳо намебарем(1)?
____________________
1. Яъне, ҳалок намекунем.
18.   Бо гунаҳкорон чунин рафтор мекунем. Ин равиши мо дар мавриди онҳост.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 24\132
19.   Дар он рӯз вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон; касоне, ки ба ягонагии Аллоҳ ва рисолати паёмбарон ва ба рӯзи зинда шудани баъд аз марг ва ҳисоб бовар надоранд!
20.   Оё эй кофирон, шуморо аз обе ҳақиру ночиз (нутфа) наёфаридаем?
21.   Ва онро дар ҷойгоҳе устувор қарор надодем, ки он бачадони зан аст
22.   то замоне муъайян, ки ҳамон замони ҳомиладорӣ аст?
23.   Мо бар он кор тавоно будаем, пас Мо некӯ тавоно ҳастем!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 8\305
24. Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон, ки қудрати Моро дуруғ мебароранд!
25. Оё заминро ҷойгоҳи фарогире насохтем, ки ҳамаи шуморо фаро мегирад,
26. барои зиндагиву маргатон, ки зиндаҳо дар он зиндагӣ мекунанд ва мурдаҳо дар он
дафн мешаванд?
27. Дар он (замин) кӯҳҳои баланд падид овардем, то замин маҳкам гардад ва такон нахӯрад ва ба шумо оби ширин ва гуворо нӯшонидем.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\904
28. Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон ба ин неъматҳо!
29. Рӯзи қиёмат барои кофирон гуфта мешавад: Биравед ба сӯи азоби дӯзах он чӣ дар дунё дурӯғаш мешуморидед.
30. Биравед ба сӯи сояе аз дуди ҷаҳаннам, ки дорои сешоха аст,
31. ки он на сояи хунук аст ва на дар он рӯз ҳарорати оташро бозмедорад.
32. Ҳароина, ҷаҳаннам шарораҳое меафканад, ки дар бузургии худ монанди баландии қасри азим аст),
33.   гӯё, ки он шарораҳо уштуроне сияҳтоби зардранг бошанд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 24\139
34.   Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон, ки азоби Аллоҳро дурӯғ мебароранд!
35.   Ин қиёмат рӯзест, ки ҳеҷ кас аз дурӯғшуморандагон сухан нагӯянд.
36.   Онҳоро рухсат надиҳанд, то узр хоҳанд, зеро барояшон узре нест.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 24\142
37.   Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон, ки ин рӯзро ва он чӣ дар он аст дурӯғ мебароранд!
38.   Ин рӯз, рӯзи фасл аст, ки дар ин рӯз байни ҳақ ва ботил ҷудо мегардад ва шумо
эй кофирони ин уммат ва кофирони пешиниёнатонро гирд меоварем.
39.   Пас, агар ҳилае доред, ки худро аз азоб халос кунед, ба кор баред.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\905
40.   Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон, ки рӯзи қиёматро дурӯғ мебароранд)!
41.   Ҳароина, парҳезгорон, ки дар дунё аз азоби Правардигорашон тарсиданд ва фармудаҳояшро ба ҷо оварданд ва аз манъкардҳояш дур истоданд, дар сояҳо ва канори чашмасоронанд,
42.   Ва аз ҳар мевае, ки орзу кунанд, баҳра мебаранд.
43.   Барояшон гуфта мешавад: Ба подоши корҳое, ки дар дунё аз амалҳои шоиста мекардаед, бо лаззату гуворо бихӯред ва биёшомед.
44.   Ҳароина, Мо некӯкоронро инчунин подош медиҳем!
45.   Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон, ки рӯзи ҳисобу ҷазоро ва он чӣ дар он аст аз неъматҳо ва азобҳо дурӯғ мебароранд!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 24/143
46.   Сипас Аллоҳ кофиронро таҳдид карда гуфтааст: Бихӯреду андак баҳрае баргиред дар дунё, ки ҳароина, шумо гунаҳкоронед ба сабабе, ки ба Аллоҳи якто шарик меовардед.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 8\308
47.   Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон, ки рӯзи ҳисобу ҷазоро дурӯғ мебароранд.
48.   Ва чун барои мушрикон гуфта шавад, ки намоз гузоред ва рукӯъ кунед, намоз намегузоранд ва рукӯъ намекунанд, балки такаббур меварзанд.(1)
____________________
1. Тафсири ибни Касир
49.   Дар он рӯзи қиёмат вой (ҳалокӣ ва азоби сахт бод) бар дурӯғшуморандагон, ки мӯъҷизаҳои Аллоҳро дурӯғ мебароранд!
50.   Агар ба ин Қуръон имон наоварданд, пас, аз Қуръон ба кадом сухан имон меоваранд? Ҳол он ки Қуръон худ мӯъҷиза ва баёнкунандаи ҳама чизҳост ва аҳкому хабарҳояш равшан аст.
Icon