ترجمة معاني سورة الشورى باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية

خوجه ميروف خوجه مير

الترجمة الإنجليزية - صحيح انترناشونال
المنتدى الإسلامي
الترجمة الإنجليزية
الترجمة الفرنسية - المنتدى الإسلامي
نبيل رضوان
الترجمة الإسبانية
محمد عيسى غارسيا
الترجمة الإسبانية - المنتدى الإسلامي
الترجمة الإسبانية (أمريكا اللاتينية) - المنتدى الإسلامي
المنتدى الإسلامي
الترجمة البرتغالية
حلمي نصر
الترجمة الألمانية - بوبنهايم
عبد الله الصامت
الترجمة الألمانية - أبو رضا
أبو رضا محمد بن أحمد بن رسول
الترجمة الإيطالية
عثمان الشريف
الترجمة التركية - مركز رواد الترجمة
فريق مركز رواد الترجمة بالتعاون مع موقع دار الإسلام
الترجمة التركية - شعبان بريتش
شعبان بريتش
الترجمة التركية - مجمع الملك فهد
مجموعة من العلماء
الترجمة الإندونيسية - شركة سابق
شركة سابق
الترجمة الإندونيسية - المجمع
وزارة الشؤون الإسلامية الأندونيسية
الترجمة الإندونيسية - وزارة الشؤون الإسلامية
وزارة الشؤون الإسلامية الأندونيسية
الترجمة الفلبينية (تجالوج)
مركز رواد الترجمة بالتعاون مع موقع دار الإسلام
الترجمة الفارسية - دار الإسلام
فريق عمل اللغة الفارسية بموقع دار الإسلام
الترجمة الفارسية - حسين تاجي
حسين تاجي كله داري
الترجمة الأردية
محمد إبراهيم جوناكري
الترجمة البنغالية
أبو بكر محمد زكريا
الترجمة الكردية
حمد صالح باموكي
الترجمة البشتوية
زكريا عبد السلام
الترجمة البوسنية - كوركت
بسيم كوركورت
الترجمة البوسنية - ميهانوفيتش
محمد مهانوفيتش
الترجمة الألبانية
حسن ناهي
الترجمة الأوكرانية
ميخائيلو يعقوبوفيتش
الترجمة الصينية
محمد مكين الصيني
الترجمة الأويغورية
محمد صالح
الترجمة اليابانية
روايتشي ميتا
الترجمة الكورية
حامد تشوي
الترجمة الفيتنامية
حسن عبد الكريم
الترجمة الكازاخية - مجمع الملك فهد
خليفة الطاي
الترجمة الكازاخية - جمعية خليفة ألطاي
جمعية خليفة الطاي الخيرية
الترجمة الأوزبكية - علاء الدين منصور
علاء الدين منصور
الترجمة الأوزبكية - محمد صادق
محمد صادق محمد
الترجمة الأذرية
علي خان موساييف
الترجمة الطاجيكية - عارفي
فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام
الترجمة الطاجيكية
خوجه ميروف خوجه مير
الترجمة الهندية
مولانا عزيز الحق العمري
الترجمة المليبارية
عبد الحميد حيدر المدني
الترجمة الغوجراتية
رابيلا العُمري
الترجمة الماراتية
محمد شفيع أنصاري
الترجمة التلجوية
مولانا عبد الرحيم بن محمد
الترجمة التاميلية
عبد الحميد الباقوي
الترجمة السنهالية
فريق مركز رواد الترجمة بالتعاون مع موقع دار الإسلام
الترجمة الأسامية
رفيق الإسلام حبيب الرحمن
الترجمة الخميرية
جمعية تطوير المجتمع الاسلامي الكمبودي
الترجمة النيبالية
جمعية أهل الحديث المركزية
الترجمة التايلاندية
مجموعة من جمعية خريجي الجامعات والمعاهد بتايلاند
الترجمة الصومالية
محمد أحمد عبدي
الترجمة الهوساوية
الترجمة الأمهرية
محمد صادق
الترجمة اليورباوية
أبو رحيمة ميكائيل أيكوييني
الترجمة الأورومية
الترجمة التركية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة الفرنسية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة الإندونيسية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة الفيتنامية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة البوسنية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة الإيطالية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة الفلبينية (تجالوج) للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة الفارسية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
Dr. Ghali - English translation
Muhsin Khan - English translation
Pickthall - English translation
Yusuf Ali - English translation
Azerbaijani - Azerbaijani translation
Sadiq and Sani - Amharic translation
Farsi - Persian translation
Finnish - Finnish translation
Muhammad Hamidullah - French translation
Korean - Korean translation
Maranao - Maranao translation
Abdul Hameed and Kunhi Mohammed - Malayalam translation
Salomo Keyzer - Flemish (Dutch) translation
Norwegian - Norwegian translation
Samir El - Portuguese translation
Polish - Polish translation
Romanian - Romanian translation
Elmir Kuliev - Russian translation
Albanian - Albanian translation
Tatar - Tatar translation
Japanese - Japanese translation
محمد جوناگڑھی - Urdu translation
Ma Jian - Chinese translation
Turkish - Turkish translation
King Fahad Quran Complex - Thai translation
Ali Muhsin Al - Swahili translation
Abdullah Muhammad Basmeih - Malay translation
Hamza Roberto Piccardo - Italian translation
Indonesian - Indonesian translation
Bubenheim & Elyas - German / Deutsch translation
Bosnian - Bosnian translation
Hasan Efendi Nahi - Albanian translation
Sherif Ahmeti - Albanian translation
Sahih International - English translation
Czech - Czech translation
Abul Ala Maududi(With tafsir) - English translation
Tajik - Tajik translation
Alikhan Musayev - Azerbaijani translation
Muhammad Saleh - Uighur; Uyghur translation
Abdul Haleem - English translation
Mufti Taqi Usmani - English translation
Muhammad Karakunnu and Vanidas Elayavoor - Malayalam translation
Sheikh Isa Garcia - Spanish; Castilian translation
Divehi - Divehi; Dhivehi; Maldivian translation
Abubakar Mahmoud Gumi - Hausa translation
Mahmud Muhammad Abduh - Somali translation
Knut Bernström - Swedish translation
Jan Trust Foundation - Tamil translation
Mykhaylo Yakubovych - Ukrainian translation
Uzbek - Uzbek translation
Diyanet Isleri - Turkish translation
Ministry of Awqaf, Egypt - Russian translation
Abu Adel - Russian translation
Burhan Muhammad - Kurdish translation
Dr. Mustafa Khattab, The Clear Quran - English translation
Dr. Mustafa Khattab - English translation
الترجمة الإنجليزية - مركز رواد الترجمة
الترجمة الفرنسية - محمد حميد الله
الترجمة البوسنية - مركز رواد الترجمة
الترجمة الصربية - مركز رواد الترجمة - جار العمل عليها
الترجمة الألبانية - مركز رواد الترجمة - جار العمل عليها
الترجمة اليابانية - سعيد ساتو
الترجمة الفيتنامية - مركز رواد الترجمة
الترجمة التاميلية - عمر شريف
الترجمة السواحلية - عبد الله محمد وناصر خميس
الترجمة اللوغندية - المؤسسة الإفريقية للتنمية
الترجمة الإنكو بامبارا - ديان محمد
الترجمة العبرية
الترجمة الإنجليزية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
الترجمة الروسية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
الترجمة البنغالية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
الترجمة الصينية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
الترجمة اليابانية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
ترجمة معاني القرآن الكريم - عادل صلاحي
عادل صلاحي

الترجمة الطاجيكية

خوجه ميروف خوجه مير

الناشر

مجمع الملك فهد

آية رقم 2
2. Айн, Син, Қоф(1).
____________________
1.    Зикри ҳарфҳои муқаттаъа дар аввали сураи Бақара гуаашт.
3. Парвардигор ба ту ва ба касоне, ки пеш аз ту буданд, ин гуна ваҳй мекунад. Аллоҳ пирӯзманди ҳаким аст.(1)
____________________
1. Яъне, ҳамчунон, ки Қуръонро ба ту нозил кардааст, инчунин китобҳо ва саҳифаҳоро бар паёмбарони пеш аз ту нозил кардааст.
4. Аз они Ӯст, ҳар чӣ дар осмонҳо ва замин аст. Ва Ӯ бар ҳама махлуқоташ баландмартабаи бузургвор аст ва ҳама дар зери қудрат ва хоҳиши Ӯ ҳастанд!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\500
5.Наздик аст, ки осмонҳо ба хотири азамати Илоҳӣ болои якдигар дар ҳам бишкофанд ва фариштагон ба ситоиши Парвардигорашон тасбеҳ мегӯянд ва Ӯро таъзим менамоянд ва аз сифатҳои ношистае, ки лоиқ ба зоти Ӯ нест, ба покӣ ёд мекунанд ва барои гуноҳони аҳли
имони сокинони замин омӯрзиш металабанд. Огоҳ бошед, ки Аллоҳ гуноҳони мӯъминонро омӯрзанда аст ва бо бандагонаш меҳрубон аст!
6.        Ва касоне, ки ғайри Ӯро ба дӯстӣ ва сарпарастӣ, он гуна ки Аллоҳро ибодат мекунанд, гирифтаанд, Аллоҳ бар корҳои онҳо нигаҳбон аст, то дар рӯзи қиёмат онҳоро ҷазо диҳад ва ту эй Расул ба ӯҳдагиранда ва масъул бар амалҳои онҳо нестӣ. Балки ту танҳо бимдиҳандаӣ ва бар ӯҳдаи ту фақат расонидани паём аст ва ҳисоби онҳо бар Мост.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\752
7.        Ва ҳамчунон, ки пеш аз ту ба паёмбарон ваҳй кардем, инчунин Қуръонро ба забони арабӣ бар ту ваҳй кардем, то уммулқуро(1) ва сокинони атрофашро бим диҳӣ. Ва ҳамчунин ононро аз рӯзи ҷамъ шудан дар қиёмат, ки дар он шакке нест, битарсонӣ, ки хурӯҳе дар биҳиштанд ва онҳо касонеанд, ки ба Аллоҳ имон оварданд ва ба он чи ки Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам оварда пайравӣ намуданд ва гурӯҳе дар оташи сӯзонанд ва онҳо касонеанд, ки ба Аллоҳ куфр варзиданд ва мухолифат карданд, ба он чи ки Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам оварда буд.(2)
____________________
1. Аҳли Маккаро 2. Тафсири Саъдӣ 1\752
8. Агар Аллоҳ мехост, албатта, ҳамаро ба роҳи ҳидоят ҷамъ меовард ва ҳамаро як уммат қарор медод. Вале Ӯ ҳар касро аз бандагони хоси худ, ки бихоҳад, дар раҳмати худ дохил мекунад ва ситамкоронро дар рӯзи қиёмат ҳеҷ дӯсту ёваре нест, ки аз азоби Аллоҳ онҳоро бираҳонад!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7/185
9. Балки ин мушрикон ғайри Аллоҳро ба дӯстӣ гирифтанд, ҳол он ки фақат Аллоҳ сарпараст ва дӯсти ҳақиқӣ аст. Ва бандагонаш бояд Ӯро бо парастишу тоъат дӯст бигиранд, зеро Ӯ бандагони мӯъминони худро аз торикиҳо ба сӯи нур ҳидоят мекунад. Ва Ӯст, ки мурдагонро рӯзи қиёмат зинда мекунад ва Ӯст, ки бар ҳар коре тавоност ва ҳеҷ чиз Ӯро нотавон карда наметавонад!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\752
10.     Ва эй мардум, дар ҳар чизе, ки ихтилоф кардаед, дар умури динатон доварии он ба Аллоҳ вогузор мешавад. Ин Аллоҳи барҳақ, Парвардигори ман ва Парвардигори шумо аст. Дар ҳама корҳо бар Ӯ таваккал кардам ва дар тамоми ҳаёти зиндагӣ ба Ӯ рӯй меоварам.(2)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 7\193
11.     Аллоҳ офаридгори осмонҳову замин аст (ва падидоварандааст он дуро боқудрат ва хоҳиш ва ҳикмати худ.) Ва аз худатон барои шумо, ҳамсароне биёфарид. Ва низ аз чорпоён ҷуфтҳое падид овард (аз наринаву модина) ба ин васила. Бо сабаби офариниши ҳамсарон шумораатонро меафзояд.
Ҳеҷ чиз аз махлуқоташ на дар зот ва на дар номҳову сифоташ монанди Ӯ нест ва Ӯст, ки шунавову биност (ҳеҷ чиз аз амалҳои бандагонаш бар Ӯ пӯшида нест ва ба ҳар яке ҷазои муносиб хоҳад дод!)(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21/510
12.     Калидҳои раҳмат ва ризқу рӯзӣ дар дасти Ӯст ва мулки осмону замин аз они Ӯст.
Барои ҳар кӣ бихоҳад ризқу рӯзиро кушода (васеъ) медорад ва барои ҳар ки бихоҳад танг медорад ва Ӯ ба ҳар чизе доност ва чизе аз умури бандагонаш бар Ӯ пӯшида намемонад!
13.     Эй мардум! Аллоҳ барои шумо дину ойине муқаррар кард ва он дини Ислом аст ҳамон гунае, ки ба Нӯҳ васият карда буд, ки ба он амал намоянд ва ба мардум расонанд ва аз он чӣ бар ту эй Расул ваҳй кардаем ва ба Иброҳиму Мӯсо ва Исо васият кардаем(1), ки динро бар тавҳид ва тоъати Аллоҳ барпой нигаҳ доред ва дар он хурӯҳ-гурӯҳ нашавед.
Душвор омад бар мушрикон он чӣ онҳоро ба он даъват мекунӣ; аз ягонагии Аллоҳ ва ихлос дар ибодаташ. Аллоҳ ҳар киро бихоҳад, барои пайғамбарии худ ихтиёр менамояд ва ҳар касро, ки рӯй ба даргоҳи Ӯ оварад, ба сӯйи Худ роҳ менамояд.(2)
____________________
1. Ин панҷ паёмбар аз соҳибони азимат ба ҳисоб мераванд ва аз ҳар ҷиҳат манзалаташон аз дигар паёмбарон бузургтаранд ва комилтарини инсонҳо ҳастанд. 2. Тафсири Саъдӣ 1\754
14.     Ва гурӯҳ-гурӯҳ нашуданд, магар баъд аз илм ва огоҳӣ. Ва ин тафриқаҷӯй фақат ба хотири ситамгарӣ ва каҷравӣ дар миёни худашон буд. Ва агар Парвардигори ту аз пеш муқаррар накарда, буд, ки онҳоро то замони(1) муъайяне мӯҳлат аст, бегумон дар миёни онҳо доварӣ мешуд.
Ва бегумон касоне, ки баъд аз онҳо (яҳуду насоро) вориси китоби Аллоҳ(2) шудаанд, ҳароина, дар бораи он сахт ба шубҳа афтодаанд.
____________________
1. Ва он рӯзи қиёмат аст. 2. Таврот ва Инҷил.
15.     Пас барои ин дини росте, ки Аллоҳ бар паёмбарон васият кардааст, мардумро даъват кун ва чунон ки фармон ёфтаӣ, пойдорӣ варз ва аз паи хоҳишҳояшон марав, ки онҳо аз роҳи ҳақ каҷ рафтаанд ва бигӯ: «Ба ҳар китобе, ки Аллоҳ нозил кардааст бар паёмбарони хеш, имон дорам ва ба ман фармон додаанд, ки дар миёни шумо дар аҳкоми Аллоҳ ба адолат рафтор кунам. Аллоҳи барҳақ Парвардигори мо ва Парвардигори шумост. Савоби аъмоли шоистаи мо аз они мо ва ҷазои аъмоли бади шумо аз они шумост. Миёни мову шумо ҳеҷ ҷидол ва душмание нест, баъд аз он ки ҳақ баён шуд. Аллоҳ моро дар рӯзи қиёмат дар як ҷо гирд меоварад ва дар он чи ки ихтилоф кардаем, байни мо бо ҳақ доварӣ мекунад ва бозгашти ҳама ба сӯйи Ӯст! Пас ҳар якеро ҷазои муносиб медиҳад»(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\755
16.     Ва касоне, ки дар бораи дини Аллоҳ бо ҳуҷҷатҳои ботил бо Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҷидол мекунанд, то пеши имони мардумро бигиранд, пас аз он
ки гурӯҳе аз мардуми оқилу доно даъвати ӯро иҷобат кардаанд, назди Парвардигорашон ҳуҷҷатҳояшон ночиз ва ботил аст. Бар онҳост хашми Аллоҳ дар дунё ва низ бар онҳост азоби сахт дар охират. Ва он оташи дӯзах аст!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\188
17.     Аллоҳ он Зотест, ки китоби Қуръон ва китобҳои пешинаро барҳақ ва низ тарозуи адлро фуруд овардааст, то байни мардум ба инсоф ҳукм намояд. Ва ту чӣ медонӣ? Шояд қиёмат наздик бошад.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\520
18.     Онон, ки аз рӯи бе имонӣ ва саркашӣ ба қиёмат бовар надоранд, омадани онро
ба шитоб металабанд ва онон, ки имон овардаанд, аз омадани он тарсонанд ва медонанд, ки он қиёмат, албатта, ҳақ аст ва ҳеҷ шакке дар вуқуъи он нест. Огоҳ бош, касоне, ки дар бораи қиёмат ҷидол мекунанд, дар гумроҳии дуру дарозе аз ҳақ ҳастанд.(1)
____________________
1.Тафсири Ибни Касир 7\197
19.     Аллоҳ бо бандагонаш меҳрубон аст. Ҳар киро бихоҳад, ризқу рӯзӣ медиҳад. Пас мувофиқи ҳикматаш якеро дар ризқ фарох ва дигареро танг мегардонад.
Ва Ӯ тавоно дорои қудрат ва қуввати бузург аст ва дар интиқоми душманонаш пирӯзманд аст.(1).
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\521
20.     Ҳар кас бо кору кирдори хеш савобу подоши кишти охиратро бихоҳад, ҳаққи Парвардигорашро адо намояд ва дар роҳи даъват ба сӯи дин нафақа кунад ба киштааш аз даҳ то ҳафсад баробар савоб меафзоем ва ҳар кас кишти дунёро бихоҳад, баҳраашро ба ӯ ато мекунем, вале ӯ дар охират ҳеҷ баҳрае надорад.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\756
21.     Оё мушрикон маъбудоне, доранд, ки бе рухсати Аллоҳ дине барояшон муқаррар доштаанд?! Ва агар калимаи фасл (яъне, қазо ва қадари илоҳӣ ба дер партофтани азобашон дар дунё) намебуд, ҳароина, миёнашон азоб ба таври оҷил дар ҳамин дунё бар пешвоёни ширк ҳукм мешуд ва албатта, рӯзи қиёмат барои ситамкорон азоби дардоварест!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\522
22.     Эй Расул, дар рӯзи қиёмат ситамкоронро мебинӣ, ки аз он чӣ ба даст овардаанд дар дунё, аз амалҳои бади худ, тарсонанд. Ва албатта, хоҳу нохоҳ, чӣ битарсанд ва чӣ натарсанд ба ҷазои худ хоҳанд расид. Вале онҳо, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, дар боғҳои биҳиштанд. Ҳар чӣ бихоҳанд, назди Парвардигорашон
фароҳам ҳаст. Ва ин фазлу бахшоиши бузургест, ки ҳеҷ чашме онро надида ва ҳеҷ гӯш онро нашунида ва ба хаёли ҳеҷ инсоне нагузаштааст!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\757
23.      Ин аст он чизе, ки Аллоҳ он гурӯҳ бандагонашро, ки дар дунё имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ба он неъматҳои фаровон мужда медиҳад. Бигӯ эй Расул барои мушрикони қавми худ, ки дар омадани қиёмат шак доранд: «Бар расонидани он чӣ ки ман шуморо даъват мекунам, музде аз шумо дархост намекунам, ҷуз дӯст доштани хешовандӣ, ки ба ҷой оваред». Ва ҳар кӣ кори неке кунад, ба некӯяиш меафзоем, албатта, Аллоҳ дар ҳаққи мутеъони хеш омурзандаву шукрпазир аст.(1)
____________________
1. Тафсири ибни Касир 7\199
24.      Ё ин мушрикон мегӯянд, ки Муҳамммад бар Аллоҳ дурӯғ мебандад. Эй Расул, агар ин корро анҷом диҳӣ, Аллоҳ бихоҳад, бар дили ту мӯҳр мениҳад. Ва Аллоҳ ба суханони худ ботилро маҳв мекунад ва ҳақро собит мегардонад. Сухани Аллоҳ тағйир ва табдил намеёбад ва ваъдааш хилоф намешавад. Ҳароина, Ӯ бар ҳар чӣ дар дилҳо мегузарад, доност ва чизе аз он бар Ӯ пинҳон намемонад!(1)
____________________
1. Тафсир Табарӣ 21\532
25.     Ва Ӯст, ки тавбаи бандагонашро мепазирад, чун аз гуноҳонашон даст мекашанд ва ба ягонагии Аллоҳ бозмегарданд ва тасмим мегиранд, ки дубора он гуноҳонро анҷом надиҳанд ва аз гуноҳон афвашон мекунад ва ҳар чӣ мекунед аз неку бад, онро, медонад ва чизе бар Ӯ пӯшида намемонад ва Ӯ шуморо тибқи амалҳоятон ҷазодиҳандааст.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\758
26.     Ва дуъои касонеро, ки имон ба Аллоҳ ва Расулаш овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, иҷобат мекунад ва аз фазли хеш барояшон тавфиқи амал ва аҷру подошашонро афзун медиҳад. Ва рӯзи қиёмат барои кофирон азоби сахтест!
27.     Ва агар Аллоҳ рӯзии бандагонашро афзун кунад, ҳатман дар замин фасод мекунанд ва неъматро носипосӣ карда такаббур меварзиданд, вале ба андозае, ки бихоҳад рӯзӣ мефиристад. Зеро Ӯ бар аҳволи бандагони худ огоҳ ва он чӣ бар салоҳи онҳо аст, биност!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\758
28.     Ва Ӯст он Аллоҳ, ки борони фоидабахшро баъд аз он ки ноумед шуданд, фуруд моварад ва раҳмати Худро ба ҳама ҷо пароканда мекунад ва Ӯст сарпарасти бандагони шоистакори худ ва Ӯ дар корсозӣ ва тадбираш соҳиби ҳамду сано аст.
29.     Ва аз нишонаҳои қудрати Ӯ офариниши осмонҳову замин ва он чи аз ҷонварон(1), ки дар он ду (осмонҳову замин) пароканда кардааст, низ далолат бар бузургӣ ва қудрати Ӯ мекунанд. Ва Ӯ ҳар гоҳ бихоҳад, бар гирд оварданашон дар рӯзи қиёмат тавоност!
____________________
1. Яъне фариштагон, ҷинҳо, инсонҳо ва тамоми ҳайвонот. Тафсири ибни Касир 7\207
30.     Эй мардум, агар шуморо мусибате аз мусибатҳо, дар дину дунёятон расад, пас ба хотири корҳоест, ки кардаед. Ва Аллоҳ аз карами худ бисёре аз гуноҳонро барои шумо афв мекунад ва ҷазо намедиҳад.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\196
31.     Шумо эй одамон натавонед дар рӯи замин аз Ӯ бигурезед ва шуморо ҷуз
Ӯ сарпарасте нест, ки сарпарастӣ намояд ва манфиатҳоятонро фароҳам орад ва ёваре нест, ки зиёнҳоро аз шумо дур кунад!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\759
آية رقم 32
32.     Аз нишонаҳои қудрати Ӯ киштиҳоест чун кӯҳ, ки дар баҳрҳо равонанд.
33.     Агар бихоҳад, бодро ором месозад, то киштиҳо бар рӯи баҳр аз рафтан бозмонанд. Албатта, дар ин вуҷуд ва ҳаракати киштиҳо барои сабркунандагони шукргузор, ибратҳост.
آية رقم 34
34.     Ё агар Аллоҳ бихоҳад он аҳли киштиҳоро ба сабаби он гуноҳоне, ки кардаанд, ғарқ мекунад ва бисёреро аз гуноҳоеи киштинишиниён низ мебахшояд ва ба азоб намегирад.
____________________
1. Тафсир Бағавӣ 7\196
35.     Ва то, касоне, ки дар нишонаҳои ягонагии Мо ҷидол мекунанд, бидонанд, ки ононро чун бар гуноҳонашон азоб кунад, аз азоби Аллоҳ ҳеҷ роҳи халосӣ ва гурезгоҳе надоранд.
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\759
36.     Пас он чӣ шумо дода шудаед аз ҳар чиз, ки бошад мол, ё фарзандон ва дигар чизҳо, баҳраи зиндагии ин дунё аст ва зуд нобудшавандааст. Ва он чӣ дар назди Аллоҳ аст, аз савобу подош ва боғҳои биҳишт барои онҳое, кӣ имон овардаанд ва ба Парвардигорашон таваккал мекунанд, беҳтару пояндатар аст.(1)
____________________
1. Тафсири ибни Касир 7\210
37.     Ва он касоне, ки аз гуноҳони бузург монанди ширк, фирор аз ҷанг ва ғайра ва аъмоли зишт, монанди зино ва гувоҳӣ бар дурӯғ ва ғайра парҳез мекунанд ва чун дар хашм шаванд, хатоҳоро мебахшоянд ва касе, ки бар онҳо ситам намудааст, бо ҳилм ва бурдборӣ рафтор мекунанд;(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\545
38.         ва касоне, ки даъвати Парвардигорашонро бо иҷро намудани амрҳояш иҷобат карданд ва паёмбаронро итоъат карданд ва намозро дар вақташ бо риоя кардани шарту одоб ва арконаш барпо гузоштанд ва корашон бар пояи машварат бо якдигар аст ва аз он чӣ ба онҳо рӯзӣ додаем, дар роҳи Аллоҳ бар ниёзмандон сарф мекунанд;(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\759
آية رقم 39
39.         ва онон, ки чун ситаме ба онҳо расад, интиқом мегиранд хештанро ёрӣ медиҳанд ва зери бори зулм намераванд ва агар сабр кунанд, дар оқибати сабрашон хайри бисёрест.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\197
40.         Ва ҷазои ҳар бадӣ, бадие аст монанди он ва афзуда нашавад. Пас, касе, ки аз ситамгари худ афв кунад ва барои хушнудии Аллоҳ оштӣ кунад, муздаш бо Аллоҳ аст, албатта, Ӯ ситамкоронро дӯст надорад.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\198
41.Ва ҳар ки баъд аз ситаме, ки дидааст, интиқом гирад, пас бар онон маломат ва иқобе нест,
42.балки маломат ва азоби шаръӣ бар касонест, ки ба мардум аз рӯи душманӣ ситам мекунанд ва ба ноҳақ дар рӯи замин саркашӣ ва гунаҳкорӣ мекунанд. Барои он гӯруҳ дар рӯзи қиёмат азоби дарднок аст!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\198
آية رقم 43
43.Ва он ки аз сӯи мардум азият мекашад, сабр кунад ва аз хато даргузарад, албатта ин аз корҳои писандида ва шоистаи сипос аст.(1)
____________________
1. Тафсири ибни Касир 7\213
44.   Ҳар киро, ки Аллоҳ гумроҳ кунад,(1) аз он пас ҳеҷ дӯсте нахоҳад дошт, ки ҳидояташро бар ӯҳда гирад ва ёриаш диҳад.
Ва золимонро мебинӣ, эй Расул, ки рӯзи қиёмат чун азобро бингаранд, ба Парвардигорашон мегӯянд: «Оё моро роҳи бозгаште ба сӯи дунё ҳаст, то фармони Туро ба ҷо орем?»(2)
____________________
1. Яъне, ба сабаби ситам карданаш Аллоҳ аз роҳи рост гумроҳаш кунад. 2. Тафсири Бағавӣ 7\199
45.    Он золимҳоро мебинӣ, эй Расул, ки ба ҷаҳаннам мебаранд. Тарсону хор аз гӯшаи чашм нигоҳе дуздида ба сӯи ҷаҳаннам мекунанд. Касоне, ки ба Аллоҳ ва
расулаш имон оварда буданд, дар рӯзи қиёмат мегӯянд: «Ин золимон худ ва аҳлашонро дар рӯзи қиёмат барбод доданд». Огоҳ бош, ки албатта, золимон дар азоби доим хоҳанд буд ва аз он ҷо барояшон роҳи халосӣ нест!(1)
____________________
1 Тафсири Ибни Касир 7\215
46.    Ва он кофирон ёварон ва
дӯстоне надоранд, ки дар баробари Аллоҳ ононро ёрӣ диҳанд ва ҳар касро, ки Аллоҳ гумроҳ кунад,(1) дар дунё ҳеҷ роҳе барояш нест, ки ҳидоятро ба даст оварад.
Пас, ҳидоят ва гумроҳ кардан танҳо дар дасти Аллоҳ аст!(1)
____________________
1. Яъне, ба сабаби ситам карданаш, Аллоҳ аз роҳи рост гумроҳаш кунад. 2. Тафсири Табарӣ 21\555
47.    Эй кофирон!, пеш аз он ки рӯзе қиёмат биёяд, ки аз ҷониби Аллоҳ бозгаште надорад, ба даъвати Парвардигоратон бо имону тоъат иҷобат намоед. Дар он рӯз на паноҳгоҳе хоҳед дошт ва на касе аз шумо дифоъе тавонад кард!(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\199. Дар ин оят мазаммат аст барои касоне, ки кори некро ба таъхир мегузоранд ва низ водор менамояд ба ҳар амали солеҳе, ки барои банда арз мешавад, бишитобад.
48.   Агар мушрикон аз имон овардан ба Аллоҳ рӯӣ гардонанд, туро эй Расул бар онҳо нафиристодаем, ки бар аъмолашон нигаҳбон бошӣ. Ба таҳқиқ, бар ӯҳдаи ту ҷуз расонидани пайғом, чизе дигар нест.
Ва Мо чун ба инсон аз раҳмати Худ ба ӯ саломатӣ ва тавонгарӣ бичашонем, шодмон мегардад ва агар ба хотири корҳои баде, ки кардааст, мусибате ба ӯ расад, монанди камбағалӣ ва касалӣ носипосӣ мекунад. Пас ҳароина, инсон носипос аст ва тамоми неъматҳоро фаромӯш мекунад фақат аз бало ёдоварӣ мекунад.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 7\216
49.   Аз они Аллоҳ аст фармонравоии осмонҳову замин ва он чӣ миёни онҳост. Ҳар чӣ бихоҳад, меофаринад. Ба ҳар кӣ бихоҳад, танҳо духтар мебахшад ва ба ҳар кӣ бихоҳад танҳо писар мебахшад.
50.   Ва ё ҳам писар диҳад ва ҳам духтар. Ва ҳар касро бихоҳад, ақим (нозо) мегардонад, албатта, Ӯ донову тавоност дар офариниши махлуқоташ ва чизе аз офариниши махлуқоташ Ӯро нотавон карда наметавонад!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\558
51.   Ҳеҷ башареро насазад, ки Аллоҳ бо ӯ сухан гӯяд магар аз тариқи ваҳй ё аз паси парда ё ин ки Аллоҳ фариштаеро(1) бифиристад, то ба фармони Ӯ ҳар чӣ бихоҳад, ба ӯ ваҳй кунад. Ҳароина, Ӯ баландмартабаи бузург аст: дар зот, номҳо, сифатҳо ва афъолаш ва ҳама махлуқот дар баробари Ӯ сари таслим фурудоварандаанд ва дар тадбири умури халқаш ҳаким аст!(2)
____________________
1. Мурод аз ин фаришта Ҷабраил алайҳиссалом аст. 2. Тафсири Саъдӣ 1\762. Дар ин оят исботи сифати каломи Парвардигор омадаст, ба ваҷҳе ки лоиқ ба зоти бузургии Ӯ дорад.
52.   Чунон ки ба паёмбароне пеш аз ту ваҳй фиристодем, ҳамчунин рӯҳе аз амри Худро (Қуръонро) ба фармони Худ ба ту ваҳй кардем, ки сарчашмаи ҳаёти дилҳо аст. Ту эй Расул, намедонистӣ китобу имон чист. Вале Мо
он Қуръонро нуре сохтем, то ҳар як аз бандагонамонро, ки бихоҳем, ба он ҳидоят кунем ва ҳароина, ту мардумро бо ин Қуръон ба роҳи рост роҳ менамоӣ ва он роҳи Ислом аст,
53.   роҳи он Аллоҳе, барҳақ, ки ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст, аз они Ӯст. Огоҳ бошед, ки ҳамаи корҳои шумо аз неку бад ба сӯи Аллоҳ бозмегардад. Пас ҳамаро мувофиқи амалҳояшон ҷазо хоҳад дод, агар нек бошад нек шавад, бад бошад, бад шавад!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\762
تقدم القراءة