ترجمة سورة الفتح

الترجمة الطاجيكية - عارفي
ترجمة معاني سورة الفتح باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية - عارفي .
من تأليف: فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام .

[Эй паёмбар] Ба ростӣ, ки Мо пирӯзии ошкореро [дар сулҳи Ҳудайбия] бароят муқаддар кардем
То Аллоҳ таоло гуноҳи гузашта ва ояндаатро биёмурзад ва неъматашро бар ту тамом гардонад ва ба роҳи рост ҳидоятат намояд
Ва Аллоҳ таоло ба пирӯзии шикастнопазире ёриат кунад
Ӯст, ки бар дилҳои муъминон оромиш нозил кард, то бар имонашон бияфзоянд; ва сипоҳиёни осмонҳо ва замин аз они Аллоҳ таоло аст; ва Аллоҳ таоло донову ҳаким аст
[Оре, чунин кард] То мардону занони муъминро ба боғҳое [биҳиште] ворид кунад, ки ҷӯйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст; ҷовидона дар он ҷо хоҳанд буд; ва гуноҳонашонро бизудояд [ва биёмурзад]; ва ин назди Аллоҳ таоло [барои муъминин] комёбии бузурге аст
Ва мунофиқону мушриконро – дар умум аз зану мард, ки нисбат ба Аллоҳ таоло бадгумонанд, муҷозот кунад; ногуворӣ [ва азоби илоҳӣ] бар эшон бод! Аллоҳ таоло бар онон хашм гирифта ва аз раҳмати хеш дурашон карда ва дузахро барояшон омода намудааст; ва [ба ростӣ, ки дузах] чи бад ҷойгоҳе аст!
Сипоҳиёни осмонҳо ва замин аз они Аллоҳ таоло аст; ва Аллоҳ таоло шикастнопазиру ҳаким аст
[Эй Паёмбар] Мо туро гувоҳ ва муждадиҳанда ва ҳушдордиҳанда фиристодем
То [шумо мардум] ба Аллоҳ таоло ва Паёмбараш имон биёваред ва [дини] Ӯро ёрӣ кунед ва бузургаш доред ва бомдоду шомгоҳ Аллоҳро тасбеҳ гӯед
Бе тардид, касоне, ки бо ту байъат мекунанд, дар ҳақиқат, бо Аллоҳ таоло байъат мекунанд; дасти Аллоҳ таоло болои дастҳои онон аст. Ҳар ки [пас аз байъат] паймоншиканӣ кунад, ба зиёни хеш паймон шикастааст; ва ҳар ки ба паймонаш [дар асоси ёрии дини Аллоҳ таоло ва паёмбараш] вафо кунад, ба зудӣ [Аллоҳ таоло] подоши бузурге ба ӯ хоҳад дод
Бодияшинони мутахаллиф [ки аз ширкат дар сафари Макка ва сулҳи Ҳудайбия худдорӣ кардаанд, барои тавҷеҳи кори худ] хоҳанд гуфт: «[Муҳофизати] Амвол ва хонаводаамон моро гирифтор кард; бароямон омурзиш бихоҳ». Онон чизе, ки дар дилҳояшон нест, бар забон меоваранд. Бигӯ: «Агар Аллоҳ таоло ирода кунад, ки ба шумо зиён ё суде бирасад, кист, ки дар муқобили [хости] Аллоҳ таоло аз шумо дифоъ кунад? Оре, Аллоҳ таоло аз он чӣ мекунед, огоҳ аст»
[Узратон ин набуд;] Балки гумон мекардед, ки Паёмбару муъминон [-и ҳамроҳаш аз ин сафари хатарнок] ҳаргиз назди хонаводаи хеш бознахоҳанд гашт; ва ин [андеша] дар дилҳоятон ороста шуд ва гумони бад бурдед [ки Аллоҳ таоло динашро ёрӣ нахоҳад кард; пас, ба хато рафтед] ва ҳалок шудед
Ҳар ки ба Аллоҳу паёмбараш имон наоварад, пас, [бидонад, ки] мо барои кофирон оташе сӯзон омода кардаем
Фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Аллоҳ таоло аст; ҳар киро бихоҳад меомурзад ва ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад; ва Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
[Эй муъминон] Ҳангоме ки озим [-и Хайбар ва] ба гирифтани ғанимат мешавед, мутахаллифон [аз сафари Макка] хоҳанд гуфт: «Иҷозат диҳед, мо низ ба дунболи шумо биёем». Онон мехоҳанд, каломи илоҳиро тағйир диҳанд. [Эй Паёмбар] Ба эшон бигӯ: «Шумо ҳаргиз ба дунболи мо нахоҳед омад [зеро ин ғаниматҳо махсуси касоне аст, ки дар Ҳудайбия ҳузур доштанд ва дар бораи ин ҳукм] Аллоҳ таоло қаблан чунин фармудааст»; он гоҳ хоҳанд гуфт: «[На] Балки шумо нисбат ба мо ҳасад меварзед». [Ҳаргиз чунин нест] Балки ҷуз иддаи каме [аз онон авомири илоҳиро] дарнамеёбанд
[Эй Паёмбар] Ба мутахаллифон бигӯ: «Ба зудӣ ба муқобила бо гурӯҳе ҷанговар фаро хонда хоҳед шуд, ки ононро аз пой дароваред, магар ин ки таслим шаванд; агар итоат кунед, Аллоҳ таоло подоши накуе ба шумо хоҳад дод; ва агар ҳамчун гузашта сарпечӣ кунед, шуморо бо азобе дарднок муҷозот хоҳад кард»
Бар нобино ва ланг ва бемор гуноҳе нест [ки дар ҷанг ширкат накунанд]; ва ҳар ки аз Аллоҳ таоло ва паёмбараш итоат кунад, [Аллоҳ таоло] ӯро ба боғҳое [аз биҳишт] ворид мекунад, ки ҷӯйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст; ва ҳар ки сарпечӣ кунад, ба азобе дарднок муҷозоташ хоҳад кард
Аллоҳ таоло аз муъминоне, ки дар канори он дарахт [дар Ҳудайбия] бо ту байъат карданд, хушнуд шуд ва донист, ки дар дилашон чӣ мегузарад; аз ин рӯ оромиш бар онон фуру фиристод ва ба пирӯзии наздик [дар Хайбар] подошашон дод
ва [ҳамчунин] ғаниматҳои фаровоне, ки ба даст меоварданд; ва Аллоҳ таоло ҳамвора шикастнопазир [ва] ҳаким аст
Аллоҳ таоло ғаниматҳои фаровонеро ба шумо ваъда дод, ки [дар оянда] ба онҳо даст хоҳед ёфт; пас, ин [пирӯзӣ ва ғаниматҳои Хайбар]-ро барои шумо зудтар фароҳам сохт ва дасти [тааддӣ ва таҷовузи] душманро аз шумо кӯтоҳ намуд, то барои муъминон нишонаи [аз лутфи илоҳӣ] бошад ва шуморо ба роҳи рост ҳидоят кунад
Ва [ҳамчунин ғаниматҳои] дигаре [дар интизори шумост], ки ҳанӯз ба онҳо даст наёфтаед ва Аллоҳ таоло бар онҳо иҳота дорад [ва аз онҳо огоҳ аст]. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло бар ҳар коре тавоност
Агар кофирон ба ҷанги шумо биёянд [аз таваккал ва салобати шумо] пушт карда ва мегурезанд; пас, аз он низ ҳеҷ корсоз ва ёваре нахоҳанд ёфт
Ин суннати илоҳӣ аст, ки пештар низ ҷорӣ будааст; ва ҳаргиз дар суннати илоҳӣ тағйир ва табдиле нахоҳӣ ёфт
Ӯст, ки дар Ҳудайбия дасти ононро аз шумо кӯтоҳ намуд [ва монеъ аз он шуд, ки шуморо ба ҷанг во доранд]; ва пас аз пирӯз сохтани шумо дар Макка низ дасти шуморо аз онон боздошт [ки ононро накушед ва ба асорат нагиред]; ва Аллоҳ таоло ҳамвора ба он чӣ мекунед, биност
Онон касоне буданд, ки кофир шуданд ва шуморо аз [вуруд ба] Масҷид-ул-ҳаром боздоштанд ва низ аз расидани қурбониҳои шумо ба қурбонгоҳаш [дар Мино] ҷилавгирӣ карданд; ва агар мардону занони муъмине [байни мардуми Макка] набуданд, ки [дар сурати ошкор шудани даргирӣ мумкин буд] ононро надониста поймол кунед ва нохоста муртакиби гуноҳ шавед, [фармони ҳамла ба Макка медодем; вале Аллоҳ таоло чунин кард] то [аз маккагиён] ҳар киро бихоҳад, фарогири раҳмати хеш қарор диҳад; ва агар [муъминону кофирон дар Макка] аз якдигар ҷудо буданд, кофиронашонро бо азобе дарднок муҷозот мекардем
[Ба ёд овар] Он гоҳ ки кофирони [Макка дар Ҳудайбия] қалбан дастхуши таассуб, [он ҳам] таассуби ҷоҳилият шуда буданд, Аллоҳ таоло оромиши [хотире аз ҷониби] хеш бар паёмбараш ва бар муъминин фуру фиристод ва ононро ба асл [ва асоси тавҳид ва] парҳезкорӣ [ло илоҳа илла-Аллоҳ] пойбанд сохт; чаро ки [нисбат ба мушрикон] ба он сазовортар ва шоистатар буданд; ва Аллоҳ таоло ба ҳар чизе доност
Аллоҳ таоло руъёи расулашро ба дурустӣ таҳаққуқ бахшид, ки ба хости илоҳӣ, дар ҳоле ки сарҳоятонро тарошида муйҳоятонро кӯтоҳ кардаед, дар эминӣ ва бидуни тарс [аз душман] ба Масҷиду-л-ҳаром ворид хоҳед шуд. [Аллоҳ таоло] Чизҳоеро медонист, ки шумо намедонистед; ва илова бар фатҳи Макка пирӯзии наздики [Хайбар]-ро [низ бароятон] муқаррар намуд
Ӯст, ки паёмбарашро бо [китоби] ҳидоят ва оини ҳақ фиристод, то [ҳаққонияти бартарии] онро бар ҳамаи адён ошкор гардонад; ва Аллоҳ таоло ба унвони гувоҳ кофӣ аст
Муҳаммад расулуллоҳ ва [саҳобаи муъмин ва фидокораш ҳамон] касоне, ки ҳамвора бо ӯ ҳастанд, дар баробари кофирон [-и ситезаҷӯ] муҳкаму сахтгиранд ва бо якдигар меҳрубон; эшонро дар ҳоли рукуъ ва саҷда мебинӣ, ки пайваста фазлу хушнудии Аллоҳро меҷӯянд; нишони [имону парҳезгории] онон дар чеҳраҳояшон аз асари саҷда ва ибодат ҳувайдост; ин васфи эшон дар Таврот аст; ва тавсифашон дар Инҷил [низ] ҳамчун гиёҳе аст, ки ҷавонаашро бармеоварад ва онро неру мебахшад, то муҳкам гардад ва бар соқаҳояш устувор биистад; чунон ки муҷиби шигифтии кишоварзон шавад; дар натиҷа, Аллоҳ таоло бо [тақвият ва пешрафти] муъминон кофиронро ба хашм дармеоварад. Аллоҳ таоло ба муъминони накукор [саҳоба ва пайравонашон] ваъдаи омурзиш ва подоше бузург додааст
Icon