ترجمة معاني سورة الزمر باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية - عارفي

فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام

الترجمة الإنجليزية - صحيح انترناشونال
المنتدى الإسلامي
الترجمة الإنجليزية
الترجمة الفرنسية - المنتدى الإسلامي
نبيل رضوان
الترجمة الإسبانية
محمد عيسى غارسيا
الترجمة الإسبانية - المنتدى الإسلامي
الترجمة الإسبانية (أمريكا اللاتينية) - المنتدى الإسلامي
المنتدى الإسلامي
الترجمة البرتغالية
حلمي نصر
الترجمة الألمانية - بوبنهايم
عبد الله الصامت
الترجمة الألمانية - أبو رضا
أبو رضا محمد بن أحمد بن رسول
الترجمة الإيطالية
عثمان الشريف
الترجمة التركية - مركز رواد الترجمة
فريق مركز رواد الترجمة بالتعاون مع موقع دار الإسلام
الترجمة التركية - شعبان بريتش
شعبان بريتش
الترجمة التركية - مجمع الملك فهد
مجموعة من العلماء
الترجمة الإندونيسية - شركة سابق
شركة سابق
الترجمة الإندونيسية - المجمع
وزارة الشؤون الإسلامية الأندونيسية
الترجمة الإندونيسية - وزارة الشؤون الإسلامية
وزارة الشؤون الإسلامية الأندونيسية
الترجمة الفلبينية (تجالوج)
مركز رواد الترجمة بالتعاون مع موقع دار الإسلام
الترجمة الفارسية - دار الإسلام
فريق عمل اللغة الفارسية بموقع دار الإسلام
الترجمة الفارسية - حسين تاجي
حسين تاجي كله داري
الترجمة الأردية
محمد إبراهيم جوناكري
الترجمة البنغالية
أبو بكر محمد زكريا
الترجمة الكردية
حمد صالح باموكي
الترجمة البشتوية
زكريا عبد السلام
الترجمة البوسنية - كوركت
بسيم كوركورت
الترجمة البوسنية - ميهانوفيتش
محمد مهانوفيتش
الترجمة الألبانية
حسن ناهي
الترجمة الأوكرانية
ميخائيلو يعقوبوفيتش
الترجمة الصينية
محمد مكين الصيني
الترجمة الأويغورية
محمد صالح
الترجمة اليابانية
روايتشي ميتا
الترجمة الكورية
حامد تشوي
الترجمة الفيتنامية
حسن عبد الكريم
الترجمة الكازاخية - مجمع الملك فهد
خليفة الطاي
الترجمة الكازاخية - جمعية خليفة ألطاي
جمعية خليفة الطاي الخيرية
الترجمة الأوزبكية - علاء الدين منصور
علاء الدين منصور
الترجمة الأوزبكية - محمد صادق
محمد صادق محمد
الترجمة الأذرية
علي خان موساييف
الترجمة الطاجيكية - عارفي
فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام
الترجمة الطاجيكية
خوجه ميروف خوجه مير
الترجمة الهندية
مولانا عزيز الحق العمري
الترجمة المليبارية
عبد الحميد حيدر المدني
الترجمة الغوجراتية
رابيلا العُمري
الترجمة الماراتية
محمد شفيع أنصاري
الترجمة التلجوية
مولانا عبد الرحيم بن محمد
الترجمة التاميلية
عبد الحميد الباقوي
الترجمة السنهالية
فريق مركز رواد الترجمة بالتعاون مع موقع دار الإسلام
الترجمة الأسامية
رفيق الإسلام حبيب الرحمن
الترجمة الخميرية
جمعية تطوير المجتمع الاسلامي الكمبودي
الترجمة النيبالية
جمعية أهل الحديث المركزية
الترجمة التايلاندية
مجموعة من جمعية خريجي الجامعات والمعاهد بتايلاند
الترجمة الصومالية
محمد أحمد عبدي
الترجمة الهوساوية
الترجمة الأمهرية
محمد صادق
الترجمة اليورباوية
أبو رحيمة ميكائيل أيكوييني
الترجمة الأورومية
الترجمة التركية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة الفرنسية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة الإندونيسية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة الفيتنامية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة البوسنية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة الإيطالية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة الفلبينية (تجالوج) للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
الترجمة الفارسية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
مركز تفسير للدراسات القرآنية
Dr. Ghali - English translation
Muhsin Khan - English translation
Pickthall - English translation
Yusuf Ali - English translation
Azerbaijani - Azerbaijani translation
Sadiq and Sani - Amharic translation
Farsi - Persian translation
Finnish - Finnish translation
Muhammad Hamidullah - French translation
Korean - Korean translation
Maranao - Maranao translation
Abdul Hameed and Kunhi Mohammed - Malayalam translation
Salomo Keyzer - Flemish (Dutch) translation
Norwegian - Norwegian translation
Samir El - Portuguese translation
Polish - Polish translation
Romanian - Romanian translation
Elmir Kuliev - Russian translation
Albanian - Albanian translation
Tatar - Tatar translation
Japanese - Japanese translation
محمد جوناگڑھی - Urdu translation
Ma Jian - Chinese translation
Turkish - Turkish translation
King Fahad Quran Complex - Thai translation
Ali Muhsin Al - Swahili translation
Abdullah Muhammad Basmeih - Malay translation
Hamza Roberto Piccardo - Italian translation
Indonesian - Indonesian translation
Bubenheim & Elyas - German / Deutsch translation
Bosnian - Bosnian translation
Hasan Efendi Nahi - Albanian translation
Sherif Ahmeti - Albanian translation
Sahih International - English translation
Czech - Czech translation
Abul Ala Maududi(With tafsir) - English translation
Tajik - Tajik translation
Alikhan Musayev - Azerbaijani translation
Muhammad Saleh - Uighur; Uyghur translation
Abdul Haleem - English translation
Mufti Taqi Usmani - English translation
Muhammad Karakunnu and Vanidas Elayavoor - Malayalam translation
Sheikh Isa Garcia - Spanish; Castilian translation
Divehi - Divehi; Dhivehi; Maldivian translation
Abubakar Mahmoud Gumi - Hausa translation
Mahmud Muhammad Abduh - Somali translation
Knut Bernström - Swedish translation
Jan Trust Foundation - Tamil translation
Mykhaylo Yakubovych - Ukrainian translation
Uzbek - Uzbek translation
Diyanet Isleri - Turkish translation
Ministry of Awqaf, Egypt - Russian translation
Abu Adel - Russian translation
Burhan Muhammad - Kurdish translation
Dr. Mustafa Khattab, The Clear Quran - English translation
Dr. Mustafa Khattab - English translation
الترجمة الإنجليزية - مركز رواد الترجمة
الترجمة الفرنسية - محمد حميد الله
الترجمة البوسنية - مركز رواد الترجمة
الترجمة الصربية - مركز رواد الترجمة - جار العمل عليها
الترجمة الألبانية - مركز رواد الترجمة - جار العمل عليها
الترجمة اليابانية - سعيد ساتو
الترجمة الفيتنامية - مركز رواد الترجمة
الترجمة التاميلية - عمر شريف
الترجمة السواحلية - عبد الله محمد وناصر خميس
الترجمة اللوغندية - المؤسسة الإفريقية للتنمية
الترجمة الإنكو بامبارا - ديان محمد
الترجمة العبرية
الترجمة الإنجليزية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
الترجمة الروسية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
الترجمة البنغالية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
الترجمة الصينية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
الترجمة اليابانية للمختصر في تفسير القرآن الكريم
ترجمة معاني القرآن الكريم - عادل صلاحي
عادل صلاحي

الترجمة الطاجيكية - عارفي

فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام

آية رقم 1
Нузули ин китоб аз ҷониби Аллоҳи шикастнопазири ҳаким аст
Ин китобро ба ҳақ бар ту нозил кардем, пас, Аллоҳро бо хулуси эътиқод парастиш кун
Огоҳ бошед, ки дини холис [ва холӣ аз ширк] аз они Аллоҳ таоло аст ва афроде, ки ғайри Аллоҳро [дӯст ва] корсози худ интихоб кардаанд [пиндорашон ин аст, ки]: «Онҳоро фақат ба ин далел мепарастем, ки моро ба Аллоҳ таоло наздик гардонанд [ва манзалатамонро бештар кунанд]». Аллоҳ таоло дар мавориди ихтилофашон миёни онон [ва муваҳҳидони ростин] доварӣ хоҳад кард. Бе тардид, Аллоҳ таоло касеро, ки дурӯғгӯи носипос бошад, ҳидоят нахоҳад кард
Агар Аллоҳ таоло мехост фарзанде баргузинад, аз миёни офаридагони худ ҳар чи мехост, бармегузид. Ӯ муназзаҳ [аз ин нисбатҳо] аст ва Ӯст Аллоҳи ягонаи пирӯзманд
Осмонҳо ва заминро ба ҳақ [ва бо ҳадаф] офарид. Шабро бар рӯз мегустуронад ва рӯзро бар шаб ва хуршеду моҳро дар хидмат [-и шумо] гумошт, ки ҳар як то саромади муайяне равон аст. Огоҳ бошед! Ӯ шикастнопазири омурзгор аст
Ӯ шуморо аз як тан офарид, он гоҳ ҳамсарашро низ аз вай падид овард ва барои [истифодаи] шумо ҳашт навъ аз чаҳорпоён [нару модаи шутур, гов, гӯсфанд ва буз]-ро офарид. Шуморо дар шиками модаратон тайи мароҳили мухталиф дар ниҳонгоҳҳои сегона меофаринад. Ин аст Аллоҳ таоло, Парвардигори шумо, ки фармонравоӣ хоси Ӯст. Маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест, пас, чи гуна ба бероҳа меравед?
Агар носипосӣ кунед, [бидонед, ки] Аллоҳ таоло аз шумо бениёз аст ва ҳаргиз носипосии бандагонашро намеписандад ва агар шукри Ӯро ба ҷой оваред, ин корро бароятон меписандад ва ҳеҷ гунаҳгоре бори гуноҳи дигареро бар дӯш намекашад, пас, бозгаштатон ба сӯйи Парвардигоратон аст. Он гоҳ Ӯ шуморо аз он чи анҷом медодед, огоҳ мекунад. Яқинан, Ӯ аз рози дилҳо огоҳ аст
Ҳаргоҳ инсон дучори [ранҷу] зиёне мешавад, Парвардигорашро [бо тазарруъ ва зорӣ] мехонад ва ба даргоҳаш бозмегардад. Аммо ҳангоме ки неъмате аз ҷониби худ ба вай мебахшем, мушкилеро, ки қаблан барояш дуо мекард, аз ёд мебарад ва барои Аллоҳ таоло [дар қудрат] ҳамтоёне қоил мешавад, то [дигаронро низ] аз роҳи Ӯ гумроҳ кунад. [Эй паёмбар, ба чунин касе] Бигӯ: «Андак замоне бо носипосӣ [аз неъматҳои дунё] баҳраманд шав, ки қатъан дузахӣ хоҳӣ буд»
Оё [чунин мушрике беҳтар аст ё] он ки дар тӯли шаб дар ҳоли саҷда ва қиём ба ибодат машғул аст ва аз [азоби] охират тарсон аст ва ба раҳмати Парвардигораш умед дорад? Бигӯ: «Оё касоне, ки [ҳаққи бандагии Парвардигорро] медонанд ва касоне, ки намедонанд, яксонанд? Танҳо хирадмандон панд мепазиранд»
[Эй паёмбар] Бигӯ: «Эй бандагони боимони ман, аз Парвардигоратон парво кунед. Афроде, ки некуӣ мекунанд [илова бар охират дар ин дунё низ] подоши неку доранд. Замини Аллоҳ таоло густурдааст [пас, агар барои ҳифзи ақидаи худ дучори мушкил шудед, ҳиҷрат кунед]. Қатъан, подоши пойдорон комилу бедареғ ато хоҳад шуд»
آية رقم 12
Ва маъмур шудаам нахустин касе [дар ин уммат] бошам, ки таслим [маҳз дар муқобили Парвардигор] аст»
Бигӯ: «Агар дар баробари Парвардигорам нофармон бошам, аз азоби рӯзи бузург [қиёмат] метарсам»
آية رقم 14
[Эй паёмбар] Бигӯ: «Ман Аллоҳро бо хулуси эътиқоди худ мепарастам
Шумо низ ғайр аз Аллоҳ таоло ҳар чиро мехоҳед, бипарастед». Бигӯ: «Зиёнкорон [-и воқеӣ] касоне ҳастанд, ки [ба тамаъи дунё] худ ва хонаводаашонро дар растохез ба зиён андохтаанд. Огоҳ бошед, ки ин ҳамон зиёни ошкор аст
Бар болои сар ва зери пояшон табақоте аз оташ аст. Ин аст он чи Аллоҳ таоло бандагонашро аз он метарсонад. Эй бандагони Ман, аз [нофармонии] Ман парво кунед
Башорат барои касонест, ки аз парастиши тоғут [бутҳо] иҷтиноб варзиданд ва [тавбакунон] ба даргоҳи илоҳӣ бозгаштанд. Пас, [эй паёмбар] ба бандагонам [биҳиштро] башорат бидеҳ
[Ҳамон] Касоне, ки сухан [-ҳои мухталиф]-ро мешунаванд ва аз беҳтарини он пайравӣ мекунанд. Онон касоне ҳастанд, ки Аллоҳ таоло ҳидояташон карда ва хирадманданд
Оё касеро, ки фармони муҷозот бар ӯ қатъӣ шудааст [метавон ҳидоят намуд]? Оё ту метавонӣ касеро, ки дар оташ аст, наҷот диҳӣ?
Аммо касоне, ки аз Парвардигорашон парво доранд, [дар биҳишт] ғурфаҳое доранд, ки бар фарози онҳо ғурфаҳое [дигар] сохта шудааст [ва] аз зери онҳо ҷӯйборҳо ҷорист. Аллоҳ таоло [ба дурустӣ] ваъда додааст ва ваъдахилофӣ намекунад
Оё надидаӣ, ки Аллоҳ таоло бороне аз осмон фиристод ва онро [ба сурати] чашмаҳое дар замин ҷорӣ сохт. Он гоҳ ба василаи он киштзоре бо рангҳои гуногун падид меоварад. Сипас пажмурда мегардад ва мебинӣ, ки зард шудааст. Он гоҳ онро хурду хошок месозад? Бе тардид, дар ин [дигаргуниҳо] панде барои хирадмандон аст
Оё касе, ки Аллоҳ таоло дилашро пазирои Ислом карда ва аз ҷониби Парвардигораш аз нур [ҳидоят ва басират] бархӯрдор гашта [ҳаммонанди сахтдилон аст]? Вой бар онон дар баробари зикри Аллоҳ таоло сангдил шудаанд! Онон дар гумроҳии ошкоранд
Аллоҳ таоло беҳтарин суханро дар сурати китобе нозил карда, ки [бархе аз оёташ] ҳаммонанди якдигар ва [бархе низ] мукаррар аст. Касоне, ки аз [муҷозоти] Парвардигорашон бим доранд, [бо шунидани ин оёт] мӯй бар танашон рост мешавад ва сипас дилу ҷонашон ба ёди Аллоҳ таоло ором мегирад. Ин ҳидояти Аллоҳ таоло аст, ки ҳар киро бихоҳад, ба он роҳ менамояд ва ҳар киро Аллоҳ таоло гумроҳ созад, ҳеҷ ҳидоятгаре нахоҳад дошт
Оё касе, ки дар рӯзи қиёмат [дастонаш баста аст ва ночор] бо рӯяш он азоби сахтро дафъ мекунад, [ҳамчун касест, ки дар осоиши биҳишт қарор дорад]? Ба ситамгорон [-и мушрик] гуфта шавад, [натиҷаи] дастовардатонро бичашед
Касоне, ки пеш аз онон буданд, низ [оёти Аллоҳро] дурӯғ шумурданд ва аз ҷойе, ки фикр намекарданд, азоб домангирашон шуд
Пас, Аллоҳ таоло [таъми] расвоӣ ва хориро дар зиндагии дунё ба онон чашонд ва мусалламан, азоби охират бузургтар [ва сахттар] аст. Агар мушрикон медонистанд [ки рафторашон чи пайомаде дорад, ибрат мегирифтанд]
Дар ин Қуръон аз ҳар [гуна] масале барои мардум овардаем, бошад, ки панд пазиранд
آية رقم 28
Қуръоне ба забони фасеҳи арабӣ ва бидуни ҳеҷ гуна ибҳому инҳироф [нозил кардем], бошад, ки [таҳти таълимоташ аз Парвардигори якто] парво кунанд
Аллоҳ таоло [барои муқоисаи мушрику муваҳҳид] мардеро мисол мезанад, ки чанд шарик дар бораи [моликияти] ӯ пайваста бо ҳам ихтилофу мушоҷара доранд ва дар муқобилаш марде, ки таҳти фармони як нафар қарор дорад. Оё ин ду нафар [аз назари мавқеият] яксонанд? Ситоиш махсуси Аллоҳ таоло аст, вале бештарашон намедонанд
آية رقم 30
[Эй паёмбар] Қатъан, ту хоҳӣ мурд ва онон [низ] хоҳанд мурд
آية رقم 31
Он гоҳ [шумо-мардум] дар рӯзи қиёмат назди Парвардигоратон [дар бораи масоили мавриди ихтилоф] муҷодала хоҳед кард
Ва кист ситамгортар аз он ки ба Аллоҳ таоло, дурӯғ нисбат медиҳад ва сухани ростеро, ки ба вай расидааст, дурӯғ мешуморад? Оё дар дузах ҷойгоҳе барои кофирон нест?
آية رقم 33
Аммо онон, ки паёми ростин биёваранд [ва дигаронро ба пазириши он даъват кунанд] ва худ низ онро тасдиқ намоянд, ба ростӣ, парҳезгоранд
Ҳар чи бихоҳанд, назди Парвардигорашон доранд. Подоши некукорон ҳамин аст
То Аллоҳ таоло бадтарин рафторашонро аз [корномаи] онон бизудояд ва бар асоси беҳтарин аъмолашон ба эшон подош диҳад
Оё Аллоҳ таоло барои дифоъ аз бандааш кофӣ нест? Аммо мушрикон туро аз бутҳо ва маъбудонашон метарсонанд ва ҳар киро Аллоҳ таоло гумроҳ кунад, ҳеҷ ҳидоятгаре нахоҳад дошт
Ва ҳар киро, ки Аллоҳ таоло ҳидоят кунад, ҳеҷ кас гумроҳаш нахоҳад сохт. Оё Аллоҳ таоло шикастнопазиру додситон нест?!
[Эй паёмбар] Агар аз мушрикон бипурсӣ: «Чи касе осмонҳо ва заминро офаридааст»? Мусалламан, мегӯянд: «Аллоҳ таоло». Ба онон бигӯ: «Пас, ба назари шумо, агар Аллоҳ таоло нохушӣ ва ранҷе бароям бихоҳад, оё он чи ба ҷойи Аллоҳ таоло [ба ниёиш] мехонед, метавонанд осебашро бартараф кунанд? Ё агар Аллоҳ таоло раҳмате барои ман бихоҳад, оё метавонанд монеаш шаванд?» Бигӯ: [Пуштибонии] Аллоҳ таоло бароям кофӣ аст. Аҳли таваккал танҳо бар Ӯ таваккал мекунанд»
Бигӯ: «Эй қавми ман, шумо бар ҳол [ва вазъи ширкомез]-и худ бошед, ман низ [ба вазоифи худ] амал мекунам. Ба зудӣ хоҳед донист,
آية رقم 40
[Ба зудӣ хоҳед донист, ] ки кист он ки [дар дунё] гирифтори азоби расвогар мешавад ва [дар охират] азоби поянда бар сараш меборад»
Ин китоби осмониро барои [ҳидояти] мардум, барҳақ бар ту нозил кардем. Ҳар ки ҳидоят шавад, ба суди худи ӯст ва ҳар ки гумроҳ гашт, ба зиёни хеш гумроҳ шудааст ва ту [нигаҳбон ва] корсозашон нестӣ [ки ононро ба ҳидоят иҷбор кунӣ]
Аллоҳ таоло ҷонҳоро дар лаҳзаи марг мегирад ва[низ] ҷони касеро, ки намурдааст, ба ҳангоми хобаш [мегирад], он гоҳ ҷонҳоеро, ки ҳукми марг бар онҳо рондааст, нигаҳ медорад ва ҷони дигаронро бозпас мефиристад, то ҳангоми муайян [марг]. Дар ин [амр] барои ҳар ки биандешад, нишонаҳое [аз қиёмат] аст
Оё мушрикон ғайр аз Аллоҳ таоло [барои худ аз миёни бутҳо] шафоаткунандагоне интихоб кардаанд? [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: «Ҳатто агар онҳо молики чизе набошанд ва [чизеро] дарк накунанд [боз ҳам онҳоро ба шафоат металабед]»?
Бигӯ: «Шафоат ба тамомӣ аз они Аллоҳ таоло аст. Фармонравоии осмонҳо ва замин низ аз они Ӯст ва ниҳоятан [ҳамагӣ] ба пешгоҳи Ӯ бозгардонда мешавед»
Ҳангоме ки Аллоҳ таоло ба яктоӣ [ва тавҳид] ёд мешавад, дилҳои касоне, ки ба охират имон надоранд, мутанаффир [ва безор] мегардад. Ва чун аз маъбудоне ғайр аз Аллоҳ таоло ёд шавад, он гоҳ аст, ки мушрикон шодмон мегарданд
Бигӯ: «Бор илоҳо, [эй] офаринандаи осмонҳо ва замин, эй донои ниҳону ошкор, Ту дар миёни бандагонат дар мавориди ихтилофашон доварӣ хоҳӣ кард»
Агар ду баробари он чи дар замин аст, дар ихтиёри ситамгорон [мушрикон] бошад, ҳамаро барои наҷоти худ аз сахтии азоби рӯзи қиёмат фидо мекунанд [Вале пазируфтанӣ нест]. Ва аз ҷониби Аллоҳ таоло умуре барояшон ошкор мегардад, ки тасаввурашро ҳам намекарданд
[Дар он рӯз] Дастоварди зишташон бар онон ошкор мешавад ва азобе, ки масхара мекарданд, домангирашон хоҳад шуд
Ҳар гоҳ инсон дучори [ранҷу] зиёне шавад, Моро [ба ниёиш] мехонад ва чун аз ҷониби хеш неъмате ба вай арзонӣ дорем, мегӯяд: "Фақат [лаёқат ва] доноии худам муҷиби ин неъмат шудааст. [На] балки ин озмоиш [-и илоҳӣ] аст, вале бештари мардум намедонанд
Пешиниёнашон ҳам ҳамин суханро гуфтанд, вале [ба ҳангоми азоб] дастовардашон суде ба ҳолашон надошт
Ва [уқубати] дастоварди зишташон домангирашон шуд. Ин ситамгорон [-и мушрик] низ ба уқубати дастовардашон гирифтор хоҳанд шуд ва [Парвардигори мутаолро] ба танг нахоҳанд овард
Оё мушрикон намедонанд, ки Аллоҳ таоло [неъмат ва] рӯзиро бар ҳар касе, ки бихоҳад, густурда медорад ва ё танг мегирад? Бе гумон, дар ин амр барои муъминон нишонаҳое [аз тадбири илоҳӣ] аст
[Эй паёмбар] Ба бандагонам, ки [дар иртикоб ба ширку гуноҳ] зиёдаравӣ кардаанд, бигӯ: «Аз раҳмати илоҳӣ маъюс набошед, чаро ки [агар тавба кунед] Аллоҳ таоло ҳамаи гуноҳонатонро мебахшад. Ба ростӣ, ки Ӯ бисёр омурзанда ва меҳрубон аст
Пеш аз он ки азоб ба суроғатон биёяд ва ҳеҷ кас натавонад ёриатон кунад, ба сӯйи Парвардигоратон бозгардед ва таслими [фармони] Ӯ гардед
Ва пеш аз он ки ногаҳон, дар ҳоле ки ғофилед, азоб ба суроғатон биёяд, аз беҳтарин дастурҳое, ки аз ҷониби Парвардигоратон ба шумо нозил шудааст, пайравӣ кунед
[Ҳам акнун барҳазар бошед] то касе [дар рӯзи қиёмат] нагӯяд: «Эй дареғ бар ман, ки дар ҳаққи Аллоҳ таоло кӯтоҳӣ намудам ва [муъминонро] масхара мекардам»!
Ё [гуноҳи худро бар гардани тақдир наандозад ва] нагӯяд: «Агар Аллоҳ таоло маро ҳидоят карда буд, қатъан, парҳезкор будам»
Ё ҳангоме ки азобро мебинад, нагӯяд: «Эй кош, бозгаште [ба дунё] доштам, то дар зумраи некукорон қарор мегирифтам»
[Аллоҳ таоло мефармояд] «Оёти Ман бароят омад ва ту онҳоро дурӯғ пиндоштӣ ва такаббур намудӣ ва куфр варзидӣ»
Ва рӯзи қиёмат касонеро, ки бар Аллоҳ таоло дурӯғ бастаанд, сияҳрӯй мебинӣ. Оё дар дузах ҷойгоҳе барои мутакаббирон нест»?
Аллоҳ таоло парҳезкоронро бо ворид кардан ба макони комёбиашон, [аз азоб] наҷот медиҳад. [Дар биҳишт] На ранҷе ба онон мерасад ва на андуҳгин мешаванд
Аллоҳ таоло офаридгори ҳар чизест ва Ӯ бар ҳама чиз [нигаҳбону] корсоз аст
Калиди ганҷинаҳои осмонҳо ва замин аз они Ӯст ва касоне, ки ба оёти илоҳӣ кофир шуданд, қатъан, зиёнкоранд
آية رقم 64
[Эй паёмбар] Бигӯ: «Эй бехабарон, оё ба ман фармон медиҳед, ки [маъбуде] ғайр аз Аллоҳро парастиш кунам?!»
Ба ту ва паёмбарони пеш аз ту ваҳй шудааст, ки: «Агар ширк биварзӣ, [подоши] корҳоят, қатъан, барбод хоҳад рафт ва зиёнкор хоҳӣ шуд
آية رقم 66
Балки танҳо Аллоҳро парастиш кун ва сипосгузор бош»
Мушрикон Аллоҳро чунон ки сазовори Ӯст, арҷ наниҳоданд, ҳол он ки дар рӯзи қиёмат замин яксара дар қабзаи Ӯст ва осмонҳо ба дасти Вай дарҳампечида хоҳад шуд. Поку муназзаҳ аст Аллоҳ таоло ва аз он чи бо вай шарик месозанд, бартар аст
[Дар остонаи қиёмат] Дар сур дамида мешавад. Пас, ҳар ки дар осмонҳо ва дар замин аст, мадҳуши марг хоҳад шуд, магар касе, ки Аллоҳ таоло бихоҳад, он гоҳ бори дигар дар он дамида мешавад ва ногаҳон [ҳама аз марг] бармехезанд ва чашм ба роҳ [-и фармони Парваридгор] ҳастанд
[Дар рӯзи қиёмат] замин ба нури Парвардигораш равшан хоҳад шуд ва нома [-и аъмол] ниҳода мешавад ва паёмбарон ва гувоҳонро меоваранд ва миёни бандагон ба ҳақ ва адолат доварӣ мешавад ва ба ҳеҷ кас ситам нахоҳад шуд
Ва ҷазои амалкарди ҳар кас ба тамомӣ дода мешавад. Ва Аллоҳ таоло нисбат ба аъмолашон донотар аст
Кофирон гурӯҳ-гурӯҳ ба сӯйи дузах ронда мешаванд. Ҳамин ки ба он ҷо мерасанд, дарҳояш кушода мегардад ва нигаҳбононаш мегӯянд: «Оё паёмбароне аз миёни худи шумо ба суроғатон наомаданд, ки оёти Парвардигоратонро барои шумо мехонданд ва дар бораи дидори ин рӯз ҳушдор медоданд? Онон [дар посух] мегӯянд: Оре, вале [мо инкорашон кардем ва] фармони муҷозот сазои кофирон аст»
[Ба онон] Гуфта мешавад: «Аз дарҳои дузах ворид шавед ва ҷовидона дар он ба сар баред. Ва [ба ростӣ] ҷойгоҳи мутакаббирон чи бад [ҷойгоҳе] аст!»
Ва касоне, ки аз Парвардигорашон парво доштанд, гурӯҳ-гурӯҳ ба сӯйи биҳишт ҳидоят мешаванд. Ҳамин ки ба он ҷо мерасанд, дар ҳоле ки дарҳои биҳишт кушода шудааст, [бо иззату эҳтиром ворид мешаванд] ва нигаҳбонони он ҷо мегӯянд: «Салом бар шумо. Хуш омадед. Ҷовидона ба биҳишт дароед»
Биҳиштиён мегӯянд: «Ситоиш ва сипос махсуси Аллоҳ таоло аст, ки ваъдаи хешро дар мавриди мо таҳаққуқ бахшид ва сарзамин [-и биҳишт]-ро ба мо мерос дод, ки дар ҳар ҷойи он бихоҳем, манзил мегирем. Ва [ба ростӣ] подоши аҳли амал чи некуст»
[Дар он рӯз] Фариштагонро хоҳӣ дид, ки перомуни Арш ҳалқа задаанд ва Парвардигорашонро ба покӣ меситоянд. Ва миёни мардум ба ҳаққу адолат доварӣ хоҳад шуд ва гуфта мешавад: «Ситоишу сипос махсуси Аллоҳ таоло Парвардигори ҷаҳониён аст»
تقدم القراءة