ترجمة سورة القيامة

الترجمة الطاجيكية
ترجمة معاني سورة القيامة باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية .
من تأليف: خوجه ميروف خوجه مير .

1.        Аллоҳ таъоло савганд ёд мекунад: Қасам мехӯрам ба рӯзи қиёмат рӯзе, ки ҳисобу ҷазо аст.
2.        Ва қасам мехӯрам ба нафси мӯъмини парҳезгор, ки соҳибашро бар тарки тоъатҳо ва муртакиб шудани гуноҳҳо маломатгар аст!
3.        Оё инсони кофир мепиндорад, ки Мо ҳаргиз устухонҳояшро гирд нахоҳем овард, баъд аз он ки пӯсид ва парокандагардид?
4.        Оре, мо тамоми устухонҳои пӯсидаи инсонро гирд меоварем ва ҳатто аз ин ҳам фаротар қодир ҳастем, ки сарангуштҳояшро баробар кунем, чунонки пеш аз марг дар ҳаёти дунё буданд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 24\51
5.        Балки, инсони мункир ба рӯзи баъс мехоҳад, ки дар оянда низ ба корҳои ношоиста пардозад.
6.        Инсони кофир аз рӯи такаббур ва ришханд мепурсад: «Рӯзи қиёмат чӣ вақт хоҳад буд?»
7.        Рӯзе, ки чашмҳо аз шиддати сахтии рӯзи қиёмат хира шавад
8.        ва моҳ тира шавад ва нураш аз байн равад
9.        ва офтобу моҳ бо рафтани нурашон дар як ҷой гирд оянд.
10.     Инсон дар он рӯз мегӯяд: «Роҳи гурез аз азоб куҷост?»(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 8\282
11.     Амр на чунон аст, ки эй инсон, ту таманно мекунӣ. Ҳаргиз (дар он рӯз паноҳгоҳе нест!
12.     Қароргоҳи ҳама дар он рӯз назди Парвардигори туст! Пас ҳар якеро тибқи амалҳояш ҷазои муносиб хоҳад дод(1).
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\899
13.     Дар он рӯз одамиро аз тамоми амалҳои неку баде, ки он чӣ пешопеш дар ҳаёти худ фиристода ва он чӣ баъд аз хеш гузоштааст, хабар дода мешавад.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 8\277
14.    Балки инсон бар нафси худ бино аст ва ҳақиқати коре, ки аз тоъат ё маъсият анҷом додааст, медонад.
15.    Ҳарчанд узрҳои худро дар миён оварад, ба ҳолаш ҳеҷ фоидае намекунад(1).
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 8\283
16.    Эй Паёмбар ҳангоми фуруд омадани ваҳй башитоб забон ба хондани Қуръон маҷунбон, ба хотири он ки ҳифзи он аз ёди ту наравад,
17.    ки ҳароина, ҷамъ овардану хонданаш бар ӯҳдаи Мост, баъд аз он ҳар куҷо ки хоҳӣ бихон, аз хотират намеравад,
18.    чун онро ба забони Ҷабраил алайҳиссалом бар ту бихондем, ба диққат гӯш фаро деҳ ва аз хондани он пайравӣ кун,
19.    сипас баёни маъноҳо ва ҳукмҳои он бар ӯҳдаи Мост.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\899
20.    Ҳаргиз чунин нест, ки шумо мушрикон мепиндоред, ки дубора зинда шудан ва ҷазо нест, балки шумо ин ҷаҳони зудгузарро дӯст медоред
21.     ва охиратро бо неъматҳояш тарк мекунед.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 24\70
22.     Дар он рӯз барои мӯъминони саъодатманд чеҳраҳое ҳаст зебову дурахшон,
23.     ки сӯи Парвардигорашон назар мекунанд.
24.     Ва дар он рӯз барои кофирони бадбахт чеҳраҳое ҳаст абусу турш, (пешонӣ дар ҳам кашида, зиштрӯй),
25.     ки медонад он азоби камаршикан бар ӯ фуруд ояд.
26.     Оре, чун ҷон ба ҳалқум (ба гулӯ) расад
27.     ва гуфта шавад, ки чӣ касест, ки афсун бихонад ва ӯро наҷот диҳад?
28.     Ва одами миранда яқин кунад, ки замони ҷудоӣ фаро расида
29.     ва соқҳои по дар ҳам печида шаванд,
30.     он рӯз, рӯзи рондан ва бозгаштан ба сӯи Парвардигори туст. Ва оқибати кори бандагон ба ҷаннат аст ё ба дӯзах.
31.     На тасдиқ кардааст ин инсони кофир ба паёмбар ва Қуръон ва рӯзи охират ва на барои Парвардигораш намоз гузоридааст.
32.     Вале Қуръонро дурӯғ бароварда ва аз имон рӯй гардонидааст.
33.     Он гоҳ ба рафтори хиромон ва сармаст назди аҳли худ рафтааст.
34.     Вой (ҳалок) бар ту, пас вой (ҳалок) бар ту!
35.     Боз ҳам вой (ҳалок) бар ту, пас вой (ҳалок) бар ту!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 24\82
36.     Оё инсони мункир ба рӯзи баъс мепиндорад, ки ӯро ба ҳоли худ вогузоштаанд? Пас на мавриди амру наҳй ва на мавриди ҳисобу ҷазо қарор хоҳад гирифт?
37.     Оё ӯ нутфае аз манӣ, ки дар бачадоне рехта мешуд, набуд?
38.     Сипас баъд аз нутфа ба сурати хуни баста даромад. Пас Аллоҳ ӯро офарид ва дуруст ва устувор сохт.
39.     Пас аз ӯ ду ҷуфт: нару мода падид овард.
40.     Оё чунин Офаридагор қодир нест, ки мурдагонро зинда созад? Оре бар ин кор тавоност, зеро бозгардонидани офариниш аз эҷоди нахустини он осонтар аст.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 24\82
Icon