ترجمة معاني سورة القمر
 باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية - عارفي
            .
            
                                    من تأليف: 
                                            فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام
                                                            .
                                                
            
                                                                                                            ﰡ
                                                                                        
                    
                                                                                    Қиёмат наздик шуд ва моҳ [аз ҳам] шикофт
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Агар [кофирон] муъҷизае бубинанд, рӯ мегардонанд ва мегӯянд: «[Ин] Ҷодуе [ботилу] зудгузар аст»
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Онон [оёт ва нишонаҳои илоҳиро] дурӯғ мепиндоранд ва аз ҳавои нафси хеш пайравӣ мекунанд; ва ҳар амре [аз подошу кайфарҳои қиёмат] дар замони махсус ба худ қарор дорад
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ва мутмаинан [моҷарои азоби ақвоми гузашта ва] ахборе, ки боиси даст кашидан аз гуноҳ мешавад, ба мушрикон расидааст
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ин [оёти илоҳӣ донишу] ҳикмате расост; вале [барои афроди лаҷуҷ] ҳушдорҳо суде надорад
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Пас, [эй Паёмбар] аз онон рӯ бартоб, [ва мунтазири] рӯзе [бош], ки [фариштаи] даъваткунанда [бо дамидан дар сур] ононро ба амре бас душвор [-у ваҳшатнок] фаро бихонад
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Бо дидагони фуруафтода [аз ваҳшат] аз гурҳо хориҷ мешаванд; [ҳаракаташон ба сӯйи додгоҳи илоҳӣ чунон аст, ки] гӯӣ малахҳое парокандаанд
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                     [Ҳароснок] Ба сӯйи мунодӣ [-и маҳшар] мешитобанд ва кофирон мегӯянд: «Имрӯз рӯзи душворе аст»
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Пеш аз онон низ қавми Нуҳ [паёмбарашонро] такзиб карданд ва бандаи Моро дурӯғгӯ хонданд ва гуфтанд: «Девона аст»; ва ӯро сахт озурданд
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Пас, ӯ Парвардигорашро хонд [ва гуфт]: «Ман мағлуб шудаам; пас, ёриам фармо [ва аз онон интиқом бигир]»
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Мо низ дарҳои осмонро барои [резиши] борони селосо кушудем
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ва аз замин низ чашмаҳо ҷорӣ сохтем ва обҳо [аз замину осмон] барои тӯфоне, ки муқаддар шуда буд, ба ҳам пайваст
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ва Нуҳро бар [киштии] сохта ва пардохта аз тахтаҳо ва мехҳо савор кардем
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ки таҳти назар [ва ҳифозати] Мо ҳаракат мекард. Ин подоши касе буд, ки [қавмаш] инкораш карда буданд
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Мо он [кайфару наҷот]-ро нишонае [аз қудрати худ] бар ҷой гузоштем; оё пандпазире ҳаст?
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Пас, [бингаред] ки азобу ҳушдорҳои Ман чи гуна буд
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ба ростӣ, ки Қуръонро барои панд гирифтан осон сохтем; оё пандпазире ҳаст?
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Қавми Од [низ паёмбарашонро] дурӯғгӯ пиндоштанд; пас, [эй аҳли Макка, бингаред, ки] азобу ҳушдорҳои Ман чи гуна буд
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Мо тундбоде сарду сахтро дар як рӯзи шум ва тӯлонӣ бар онон фиристодем
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    [Тӯфоне ваҳшатнок] Ки мардумро чунон аз ҷой меканд, ки гӯӣ танаҳои нахли решаканшуда буданд
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Пас, [бингаред] ки азобу ҳушдорҳои Ман чи гуна буд
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                     Ба ростӣ, ки Қуръонро барои панд гирифтан осон сохтем; оё пандпазире ҳаст?
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                     Қавми Самуд [низ] ҳушдоркунандагонро дурӯғгӯ пиндоштанд
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                     Онон гуфтанд: «Оё [сазовор аст] башаре аз миёни худамонро пайравӣ кунем? Дар он сурат дар гумроҳӣ ва сардаргумӣ хоҳем буд
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Оё аз миёни ҳамаи мо танҳо бар ӯ ваҳй нозил шудааст? [Чунин нест] Балки ӯ дурӯғгӯе худписанд аст»
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Фардо хоҳанд донист, ки дурӯғгӯи худписанд кист
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ба Солеҳ гуфтем] «Барои озмоиши онон модашутуре [-ро, ки дархост кардаанд, аз дили кӯҳ ба сӯяшон] хоҳем фиристод; пас, муроқиби рафторашон бош ва [бар озорашон] шикебоӣ кун
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ва ба онон эълом кун, ки оби [чоҳ] байни эшон [ва он модашутур] саҳмиябандӣ шудааст ва ҳар ки дар навбати худ бояд ҳозир шавад»
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Вале онон ҳамдасташонро нидо доданд; ӯ низ даст ба кор шуд ва [шутурро] ба қатл расонд
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Пас, [бингаред] ки азобу ҳушдорҳои Ман чи гуна буд
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                     Мо бар онон бонги маргборе фиристодем; пас, [ҳамагӣ] ҳамчун гиёҳи хушкида [бозмонда аз оғилҳо] хурду рез шуданд
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                     Ба ростӣ, ки Қуръонро барои панд гирифтан осон сохтем; оё пандпазире ҳаст?
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Қавми Лут [низ] ҳушдордиҳандагонро дурӯғгӯ пиндоштанд
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    [Мо низ] Тӯфони регборе бар сарашон фиристодем [ки ҳамагиро ҳалок кард]; магар хонаводаи Лут, ки саҳаргоҳон наҷоташон додем
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    [Ин наҷот] Неъмате аз ҷониби Мо буд; ва ба ҳар ки сипосгузорӣ кунад, ин гуна подош медиҳем
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Лут ононро аз кайфари [сахти] Мо бим дод; вале онон дар баробари ҳушдорҳо ба муҷодала [ва ситез] бархостанд
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Онон аз Лут хостанд, ки меҳмононашро [барои комҷӯӣ] дар ихтиёрашон бигзорад; пас, Мо низ чашмонашонро кӯр кардем [ва гуфтем]: «Таъми азобу [натиҷаи] ҳушдорҳоямро бичашед»
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ва субҳгоҳон азобе пойдор ононро фаро гирифт
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    [Ва гуфтем] «Таъми азобу [натиҷаи] ҳушдорҳоямро бичашед»
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                     Ба ростӣ, ки Қуръонро барои панд гирифтан осон сохтем; оё пандпазире ҳаст?
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ҳушдордиҳандагон ба суроғи фиръавниён [низ] рафтанд
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                     [Вале] Онон тамомии оёти Моро дурӯғ шумурданд; мо низ чунон [ки шоистаи Парвардигори] шикастнопазиру муқтадир [аст] азобашон кардем
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    [Эй аҳли Макка] Оё кофирони шумо аз онон беҳтаранд ё барои шумо амонномае дар китобҳои [осмонии пешин навишташуда] аст?
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ё мегӯянд: «Мо ҷамоате муттаҳиду интиқомҷӯ ҳастем»
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ба зудӣ [дар ҷанги Бадр] ҷамъашон шикаст мехӯранд ва фирорӣ хоҳанд шуд
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ваъдагоҳашон қиёмат аст, ки [нисбат ба майдони Бадр рӯзгоре бисёр] сахттару талхтар аст
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Гунаҳгорон дар гумроҳӣ ва азобанд
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Рӯзе, ки бо чеҳраҳояшон дар оташ кашида мешаванд [ва ба онон мегӯянд] «Оташи дузахро бичашед»
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Бе тардид, Мо ҳар чизеро ба андоза офаридаем
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ва [чун чизеро ирода намоем] фармони Мо фақат як [калима] аст; ба суръати як чашм бар ҳам задан [камтар анҷом мепазирад].
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                     Мо [дар гузашта] ҳаммонанди шумо [кофирон]-ро ҳалок кардем; пас, оё пандпазире ҳаст?
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Рафторашон ба тамомӣ дар номаҳои аъмол сабт шудааст
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ва ҳар кучаку бузурге [дар он] навишта шудааст
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                     Парҳезкорон дар боғҳо ва [канори] ҷӯйборҳо [-и биҳиштӣ] ҷой доранд
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Дар маҷлисе саршор аз ростӣ [ва шоистагӣ ва назди фармонравое муқтадир]