ترجمة سورة الصافات

الترجمة الطاجيكية
ترجمة معاني سورة الصافات باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية .
من تأليف: خوجه ميروف خوجه مير .

1.       Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба он фармштагоне, ки барои ибодаташ саф бастаанд,
2.       пас савганд ба он фариштагон, ки абрҳоро ба амри Аллоҳ сахт меронанд.
3.       Ва савганд ба он фариштагоне, ки зикри Аллоҳро мехонанд.
4.       Ҳароина, эй одамон, маъбуди шумо, Аллоҳи яктост, ки шарик надорад. Пас, Ӯро ибодат ва итоат кунед.(1)
____________________
1. Аллоҳ таоло ба чизе аз махлуқоташ хоҳад қасам мехӯрад. Аммо барои халқаш чоиз нест қасам хӯрдан, магар ба номи Аллоҳ, пас қасам хӯрдан ба номи ғайри Аллоҳ ширк аст.
5.       Парвардигори осмонҳову замин аст ва ҳар чӣ дар миёни онҳост. Ва Парвардигори машриқҳост!
6.       Ҳароина, Мо осмони дунёро оростаем ба зиннати ситорагон.
7.       Ва осмонро ба ситорагон аз ҳар шайтони саркаш нигаҳ доштем.
8.       То натавонанд шайтонҳо, ки бирасанд ба "Малау-л-аъло" (яъне, ба осмонҳо ва ба фариштагоне, ки дар он ҷо мебошанд, то бишнаванд суханеро, ки Аллоҳ ба онҳо ваҳй мекунад). Ва аз ҳар сӯй андохта шаванд бо ситорае (шӯълае).
9.       То шайтонҳо ронда шаванд аз осмон ва барои онҳост дар охират азоби доими аламовар.
10.   Магар он шайтон, ки ногаҳон пораи хабареро бирабояд ва он сухане мебошад, ки мешунавад ӯро аз осмон, пас онро ба шайтони поёнӣ медиҳад ва он ба дигаре, ки аз ӯ поёнтар аст, медиҳад ва мумкин аст, ки шӯълае ӯро дарк кунад ва сӯзонад ва мумкин аст, ки ба қазову қадари Аллоҳ шӯъла онро дарк накунаду насӯзонад, пас он каломро шайтоне ба коҳине(1) мерасонад ва дар он сад дурӯғи дигар изофа мекунад.(2)
____________________
1. Касе, ки даъвои хабари ғайб кунад. 2. Тафсири Саъдӣ 1\700
11.   Пас, эй Паёмбар аз кофироне, ки аз нав зинда шуданро инкор мекунанд
бипурс, ки офариниши онҳо душвортар аст ё он чи Мо офаридаем. Ҳароина, Мо падарашон Одамро аз гили часпанда офаридаем.
12.   Балки ту эй Паёмбар, тааҷҷуб мекунӣ аз дӯруғ бароварданашон ва мункир шуданашон баъсро(1) ва аҷибтар ин аст, ки онҳо туро истеҳзо ва суханҳоятро масхара мекунанд.
____________________
1. Аз нав зинда шудани баъд аз мурдан.
13.   Ба чун онҳоро хотиррасон карда панд дода шавад он чизеро, ки фаромӯш кардаанд ё ғофил мондаанд, пандро намепазиранд.
14.   Ва чун мӯъчизаеро бубинанд, ки далолат ба паёмбарии ту мекунад, онро ба масхара мегиранд.
15.   Ва гӯянд: «Ин чизе, ки ту овардаӣ ҷуз ҷодуи ошкоре нест,
16.   оё вақте ки мо мурдем ва хоку устухони пӯсида шудем, боз аз нав зинда хоҳем шуд?
17.   Оё падарони гузаштаи мо
низ зинда хоҳанд шуд?
18.   Бигӯ барояшон эй Паёмбар: «Оре, ҳамаи шумо зинда мешавед, дар ҳоле ки хору бечора хоҳед буд!»
19.   Пас албатта, аз нав зинда шудан ба як садои маргбор аст. Пас онҳо бармехезанд аз қабрҳояшон ва мебинанд аҳволи қиёматро.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\37
20.   Ва мегӯянд: «Ҳалокӣ бар мо, ин ҳамон рӯзи ҳисоб ва ҷазост!»
21.   Гуфта шавад ба онҳо: Ин ҳамон рӯзи доварӣ аст, ки дар дунё дурӯғаш мепиндоштед.
22.   Гуфта шавад ба фариштагон: Ҷамъ кунед онҳоеро, ки ба Аллоҳ кофир шуданд ҳамроҳ бо ҳаммаслакони худ ва ҳамроҳ бо он чи мепарастиданд,
23.   ба ҷои Аллоҳи якто, пас биронед онҳоро, рондане дурушт сӯйи ҷаҳаннам.
24.   Ва ононро пеш аз расидан сӯи ҷаҳаннам нигаҳ доред, ҳамоно бояд, ки пурсуҷӯ шаванд.(1)
____________________
1. Яъне, аз корҳо ва гуфторҳои ботиле, ки дар дунё мекарданд. Тафсири Саъдӣ 1/701
25.   Ба онҳо сахт гуфта шавад: «Шуморо чӣ шуд, ки ҳамдигарро ёрӣ намекунед?»
26.   Балки, имрӯз онҳо ба амри Аллоҳ таслимшавандагонанд ва дар қиёмат барои худ чорае андеша натавонанд.
27.   Ва он гоҳ кофирон рӯй ба якдигар кунанд ва аз ҳамдигар маломаткунон бипурсанд.
28.   Пайравон ба пешвоёни худ гӯянд: «Албатта, шумо будед, ки моро гумроҳ мекардед ва аз ҷониби дину шариат пеши мо меомадед ва амрҳои динро ба мо нодуруст нишон медодед ва моро аз дин мегурезонидед ва ботилро барои мо зиннат медодед.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\38
29.   Пешвоён ба пайравон гӯянд: «На, чунин нест, балки камбудӣ аз худатон буд, дилҳоятон имонро инкор мекард ва куфру исёнро қабул мекард.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 7\11
30.   Моро бар шумо ҳеҷ ғолибияте набуд, ки шуморо аз имон боздорем. Балки шумо эй мушрикон худ мардумоне нофармону таҷовузкор будед.
31.    Пас, гуфтаи Парвардигорамон бар мо воҷиб шуд. Ҳамоно мову шумо бояд бичашем азобро ба сабаби гуноҳое, ки дар дунё кардаем.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\33
32.    Пас, мо шуморо аз роҳи Аллоҳ ва имони ба Ӯ гумроҳ кардем ҳамоно худ аз ин пеш гумроҳ будем, пас, ҳалокати мо ба сабаби куфрамон буд ва шуморо бо ҳамроҳамон ҳалок кардем.
33.    Пас, ҳароина, дар рӯзи қиёмат ҳама дар азоб шариканд. Чунон ки дар дунё дар нофармонии Аллоҳ шарик буданд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\702
34.    Мо бо касоне, ки дар дунё тоати Аллоҳро ба ҷой наоварда, гуноҳ карданд, чунин рафтор мекунем.(1)
____________________
1. Яъне, онҳоро азоби дарднок мечашонем.
35.    Зеро онҳо буданд, ки чун калимаи «Ла илоҳа иллаллоҳ»(1) ба онҳо гуфта мешуд, такаббур мекарданд.
____________________
1. Яъне, даъват карда мешуданд ба маъбуди ягона, ки ба ҷуз Ӯ касе ва чизе сазовори парастиш шуда наметавонад, такаббур мекарданд.
36.   Ва мегуфтанд: «Оё ба хотири шоири девонае(1) маъбудонамонро тарк кунем?»
____________________
1. Яъне, Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам. Тафсири Бағавӣ 7/ 39
37.   Дурӯғ гуфтанд. На, Муҳаммад чунин нест, чунон ки онҳо ӯро сифат карданд, балки ӯ Қуръон ва тавҳидро овард ва паёмбарони пешинро аз он чи аз шариати Аллоҳ хабар дода буданд, тасдиқ намуд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\702
38.   Ҳароина, шумо эй мушрикон ба сабаби куфратон азоби дардоварро, ҳатман, хоҳед чашид!
39.   Ва ҷазо дода намешавед дар охират, магар мувофиқи гуноҳоне, ки дар дунё кардаед.
40.   Магар бандагони мухлиси Аллоҳ,(1) ки ибодаташро барояш холис сохтаанд
____________________
1. Яъне, аҳли тавҳид. Онҳоеро, ки холис сохтааст ба раҳмати худаш, пас онҳо аз азоби дарднок наҷот ёфтагонанд. Тафсири Саъдӣ 1/ 702
41.   Барои онҳо дар ҷаннат ризқи муайяне аст, ки ҳамеша бардавом аст.
42.   Ризқу рӯзиашон аз меваҳои ҳархела ва онҳо гиромӣ шудагонанд,
43.    дар биҳиштҳои пур аз нозу неъмат,
44.    бар тахтҳое(1) дар рӯ ба рӯи якдигар (нишастаанд).
____________________
1. Яъне, нишастгоҳҳои баланду зебо. Тафсири Саъдӣ 1\702
45.    Ва барои онон ҷоме аз чашмаи гуворо миёнашон гардонида мешавад,
46.    сафед асту нӯшандагонашро
лаззатбахш,
47.    на дар он шароб ақл пӯшида шавад ва на онҳо аз он шароб маст шаванд.(1)
____________________
1. Ибни Касир мегӯяд: «Саҳеҳтарин қавл, қавли Муҷоҳид аст, ки мурод аз (ғавл) дарди шикам мебошад».
48.    Ва дар наздашон занони фаррохчашм ҳастанд, ки танҳо ба шавҳарони худ назар доранд ва ғайри онҳоро намехоҳанд.
49.    Гӯё, ки ҳурони биҳишт, дар сафедӣ монанди тухмҳои пӯшидашудае ҳастанд. (Ин ба хотири зебоӣ ва сафои онҳост ва рангҳояшон зеботарин ва дурахшандатарин рангҳост)(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\702
50. Дар ҷаннат рӯ ба якдигар кунанд ва аз ҳамдигар мепурсанд, ки дар дунё чӣ қадар машаққатҳо кашида буданд ва дар баробари он Аллоҳ ба онҳо ҷаннатро арзонӣ кардааст. Ва ин намоёнгари айшу ишрати комили онҳо дар биҳишт аст.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 7\15
51. Яке аз ҷаннатиҳо гӯяд: «Маро дар дунё ҳамнишини кофире буд,
52. ки ба ман мегуфт: «Оё ту аз гурӯҳи онҳое ҳастӣ, ки рӯзи баъсро тасдиқ мекунанд?
53. Оё он гоҳ ки мурдему хоку устухон шудем, зинда мешавему ҷазоямон медиҳанд?»
54. Гӯяд ин мӯьмини ҷаннатӣ ба шариконаш: Оё шумо мебинед бошишгоҳи он ҳамнишини манро?
55. Пас худаш аз боло бингарист ва ӯро(1) дар миёни оташи дӯзах дид.
____________________
1. Он ҳамнишини кофирро. Тафсири Бағавӣ 7/ 41
56. Гӯяд мӯъмин ба он мункири баъс: «Ба Аллоҳ савганд, наздик буд, ки маро ба ҳалокат афканӣ.
57. Ва агар неъмати (роҳнамоии) Парвардигорам намебуд, ман низ ҳамроҳи ту дар азоб мебудам.
58.   Оё мо баъд аз даромаданамон ба ҷаннат дар ҳақиқат ҷовидон мемонем, пас моро марге нест?
59.   Ҷуз он марги нахустин дар дунё? Ва баъди даромаданамон ба ҷаннат дигар моро азоб намекунанд!?
60.   Ҳароина, ин аст комёбии бузург!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\51
61.   Барои чунин неъмат ва подоши бузург, бояд амалкунандагон дар дунё амал кунанд, то бирасанд ба он дар охират.
62.   Оё барои пазироии ин ҳама неъматҳои биҳишти ҷовидонӣ беҳтар аст, ё дарахти заққум (дарахтест бадбӯ ва талх дар ҷаҳаннам)?(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\42
63.   Ҳамоно Мо он дарахтро барои уқубати ситамкорон падид овардаем.(1)
____________________
1. Ё, мо онро танҳо озмуни ситамкорон қарор кардаем, ки вуҷуди онро дар дунё инкор мекунанд. Баъди нузули ин оят кофирон гуфтанд: Дар дӯзах чӣ тавр дарахт мерӯяд, оё оташ онро намесӯзонад.Тафсири Табарӣ 21/ 53
64.   Ҳамоно дарахтест, ки аз қаъри ҷаҳаннам мерӯяд
65.   мевааш зиштрӯй монанди сари шайётин аст,
66.   пас дӯзахиён аз он мехӯранд ва шикам пур месозанд.
67.   Баъд аз болои он, ҳаройина, омезае аз оби сӯзон менӯшанд (яъне, баъди хӯрдани меваи Заққум аз болои он маҷбуран оби ифлосу сӯзоне нӯшонида мешаванд).(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\55
68.   Сипас бозгашташон, албатта ба ҷаҳаннам аст.
69.   Ҳароина, онҳо падарони худро пеш аз худ гумроҳ ва мушрик ёфтанд.
70.   Пас онҳо ба дунболи падаронашон шитобон ронда мешаванд.
71.   Ва ба таҳқиқ, пеш аз қавмат эй Паёмбар, бештари пешиниён гумроҳ буданд.
72.   Ва ҳамоно Мо расулони бимдиҳандае дар миёнашон фиристодем, пас кофир шуданд.
73.   Пас, бингар (тааммул кун), ки саранҷоми он бимёфтагон чӣ гуна буд? Ҳамоно ҳама кофир шуданд, пас азоб
карда шуданд ва барои мардум ибрате шуданд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\57
74.   Ҷуз бандагони мухлиси Аллоҳ, ки онҳоро ба сӯи имон ва тавҳид барои худаш холис гардонидааст! Пас, онҳо наҷот ёфтагонанд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\58
75.   Ва ҳамоно паёмбарамон Нӯҳ моро нидо кард, то ӯро пирӯзӣ бар қавмаш диҳем, пас Мо хуб қабулкунандаи дуоем.
76.   Ӯ ва мӯъминони ҳамроҳашро аз озори мушрикон ва аз ғарқ шудан ва тӯфони бузург наҷот додем.(1)
____________________
1. Яъне, аз ғарқ шудан. Тафсири Бағавӣ 7\43
77.   Ва танҳо фарзандони ӯро баъди ғарқшудани қавмаш боқӣ гузоштем.
78.   Ва барои ӯ дар миёни наслҳои баъдина номи неке боқӣ гузоштем.
79.   Салом ва эминӣ бар Нӯҳ бод дар миёни ҷаҳониён.(1)
____________________
1. Яъне, ҳамеша бар ӯ санои нек мегӯянд ва барои ӯ дуо карда ва дуруду раҳмат мефиристанд ва аз бадӣ ёд кардан ҳамеша дур мебошанд. Тафсири Бағавӣ 7\44
80.   Ҳароина, Мо ин гуна некӯкоронро мисли подоши Нӯҳ подош медиҳем.
81.   Ҳароина, Нӯҳ аз бандагони содиқ ва амалкунанда ба амрҳои Аллоҳ буд.
82.   Сипас дигаронро (дурӯғбаровардагонро) бо тӯфон ғарқ сохтем. Ҳеҷ касе аз онҳо боқӣ намонд.
83.   Ҳароина, Иброҳим аз пайравон ва миллати Нӯҳ буд.
84.   Он гоҳ ки бо дили холӣ аз эътиқодҳои ботил ва ахлоқи бад рӯй ба сӯи Парвардигораш овард.
85.   Чун ба падараш ва қавмаш гуфт: Чиро мепарастед?
86.   Оё ба ҷои Аллоҳи якто маъбуди дурӯғинро мехоҳед ва парастиши Аллоҳи ягонаро тарк мекунед?
87.   Пас, ба Парвардигори ҷаҳониён чӣ гумон доред?»(1)
____________________
1. Яъне, гумони шумо барои ҷазо гирифтанатон аз Аллоҳ ба сабаби ширкатон чист? Тафсири Табарӣ 21/ 63
88.   Пас, Иброҳим нигоҳе ба ситорагон кард, то узре пазирад, ки ҳамроҳи қавмаш ба идгоҳашон наравад.
89.   Пас, гуфт: «Ҳароина, ман беморам.
90.   Пас, аз ӯ рӯй гардониданд ва бозгаштанд.
91.   Пас, шитобон ва пинҳон назди бутонашон омад ва (аз тариқи истеҳзо) гуфт: Чизе аз ин таомҳое, ки барои шумо пешкаш кардаанд, намехӯред?(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\66
92.   Шуморо чӣ шудааст, ки сухан намегӯед ва ҷавоб намедиҳед?
93.   Пас, мутаваҷҷеҳ шуд бар бутҳо ва мезад онҳоро бо дасти рост: то исбот кунад хато будани ибодати онҳоро.
94.   Қавмаш шитобону ғазабнок наздаш омаданд.
95.   Гуфт (Иброҳим ба қавмаш): «Оё бутҳоеро, ки худ метарошед бо дастонатон, мепарастед ва тарк мекунед ибодати Парвардигоре, ки шуморо халқ кардааст?
96.   Ва Аллоҳ офаридааст шуморо ва ҳар чизеро, ки шумо месозед.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\45
97.   Пас, вақте ки ҳуҷҷат бар зидди онҳо барпо шуд, роҳи зӯриро пеш гирифта гуфтанд: «Барои Иброҳим биное созед ва ӯро дар оташ андозед».
98.   Пас, қавми Иброҳим хостанд, барои ӯ макру ҳилае кунанд. Пас, сохтем мушриконро поёнтару мағлубтар. Ва гардонид Аллоҳ ҳилаашонро бар зидди худашон ва оташро барои Иброҳим сард гардонид.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\71
99.   Ва гуфт Иброҳим: «Ҳароина, ман ба сӯи Парвардигорам аз сарзамини қавми худ баромада ба ҷое меравам, ки имконият меёбам ибодат кардани Парвардигорамро.
Ӯ маро ба сӯи хубиҳои динам ва дунёям роҳнамоӣ хоҳад кард.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\71
100. Эй Парвардигори ман, маро фарзанди солеҳ ато кун!»
101.Пас, ӯро ба писари бурдбор мужда додем.(1)
____________________
1. Яъне, Исмоид алайҳиссалом, ки дар калонсолиаш бурдбор мешавад. Тафсири Бағавӣ 7/ 46
102. Пас, чун фарзандаш Исмоил ба синне расид, ки бо падари худ кору кӯшиш тавонад кард, гуфт (падар ба писараш): «Эй писаракам, ҳароина, дар хоб дидаам, ки туро, бешубҳа, забҳ мекунам. Бингар, ки чӣ меандешӣ» Гуфт (Исмоил) «Эй падар, ба ҳар чӣ фармон шудаӣ дар мавриди забҳи ман амал кун, ки агар Аллоҳ бихоҳад, маро аз собирон хоҳӣ ёфт».
103. Чун ҳарду ба амри Аллоҳ таслим шуданд ва Иброҳим писарашро барои забҳ ба пешонӣ хобонид,
104. Мо дар он ҳолати вазнин нидояш кардем: «Эй Иброҳим,
105. ҳамоно кардӣ он кореро, ки ба он амр шудӣ ва хобатро ба ҳақиқат пайвастӣ». Ва мо, ҳароина, некӯкоронро чунин подош медиҳем. Чунон ки туро подош додем, пас онҳоро аз сахтиҳои дунё ва охират мераҳонем.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\78
106. Албатта, ин моҷаро (яъне, фармони Мо ба ту, ки қурбонӣ кунӣ писаратро) озмоиши вазнине буд, ки қуввати имонатро ошкор кард.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\706
107. Ва Исмоилро бо гӯсфанди(1) бузургҷусса бозхаридем.
____________________
1. Аллоҳ таоло аз осмон гӯсфанди фарбеҳ ва бузургҷуссаро барои Иброҳим алайҳиссалом фурӯ фиристод ва Иброҳим онро дар ивази фарзандаш Исмоил забҳ кард. Тафсири Саъдӣ 1/ 706
108. Ва номи неки Ибоҳимро барои наслҳои баъд боқӣ гузоштем.
109.Салом(1) аз ҷониби Аллоҳ бар Иброҳим!
____________________
1. Мурод аз ин дуоест: Аз ҳама офатҳо саломат монад ва барояш сано ва ситоиши нек бод. Тафсири Табарӣ 21 \ 91
110. Мо некӯкоронро инчунин подош медиҳем. Чунон ки Иброҳимро барои итоат ва ба ҷо овардани амрамон подош додем!
111. Ҳароина, ӯ аз бандагони мӯъмини Мо буд.
112. Ва Иброҳимро ба таваллуди писараш Исҳоқ, ки паёмбар ва аз ҷумлаи солеҳон буд мужда додем.
113. Ва бар ӯ ва бар Исҳоқ баракат додем ва аз фарзандонашон баъзе некӯкор (фамонбардори Аллоҳ) ҳастанд ва баъзе ошкоро бар худ ситам кардаанд, (яъне кофир шудаанд).(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\706
114. Ва ҳамоно Мо ба Мӯсо ва Ҳорун паёмбарӣ ва рисолатро инъом кардем.
115. Он дуро ва мардумашонро аз ранҷи бузург(1) наҷот бахшидем.
____________________
1. Яъне, аз ғуломӣ ва ғарқ. Тафсири Табарӣ 21/ 93
116. Ва ононро ёри додем, пас бар Фиръавн пирӯз шуда ғалаба карданд.
117. Ва ба ҳардуяшон Китоби равшангар (Таврот)(1) додем.
____________________
1. Тафсири Табар 21\93
118. Ва ба ҳардуяшон роҳи ростро(1) ҳидоят кардем.
____________________
1. Яъне, дини Ислом, ки тамоми паёмбарон ба ин дин фиристонида шудаанд.
119. Ва номи некашонро дар наслҳои баъд боқӣ гузоштем.
120. Салом аз ҷониби Аллоҳ бар Мӯсо ва Ҳорун!
121. Ҳароина, Мо бандагони некӯкорамонро инчунин подош медиҳем, чунон ки Мӯсо ва Ҳорунро подоши некӯ додем!
122. Ҳароина, он ду аз бандагони мӯъмини Мо буданд.
123. Ва ҳароина, бандаамон Илёс аз зумраи паёмбарон буд.
124. Ба мардуми худ ба банӣ Исроил гуфт: «Аз Аллоҳ битарсед ва ба Ӯ чизеро ширк наёред!
125. Оё Баълро (номи бут) парастиш мекунед ва парастиши Аллоҳ, беҳтарини офаринандагонро тарк мекунед?
126. Ва Аллоҳро, ки Парвардигори (офаридагори) шумо ва Парвардигори падарони пешинаи шумост».
127. Пас, қавмаш Илёсро дурӯғ бароварданд, пас, албатта Аллоҳ онҳоро рӯзи қиёмат барои ҳисобу иқоб ҷамъ меоварад.
128. Магар бандагони мухлиси Аллоҳ, ки динашонро барои Аллоҳ холис сохтанд, пас ҳамоно онҳо наҷотёфтагонанд аз азобаш!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\707
129. Ва номи неки ӯро дар наслҳои баъдӣ боқӣ гузоштем.
130. Салом аз ҷониби Аллоҳ бар Илёс!
131. Ҳароина, Мо бандагони некӯкорамонро инчунин подош (мукофот) медиҳем, чунон ки Илёсро бар итоаткориаш подоши нек додем!
132.  Ҳароина, ӯ аз бандагони
мӯъмини Мо буд.
133. Ва ҳароина, Лутро ихтиёр кардем, пас ӯро аз паёмбарон гардонидем.
134. Он ҳангом, ки ӯ ва тамоми аҳлашро аз азоб наҷот додем.
135. Магар пиразане, ки ҳамсари Лут буд ӯро бо ҳамроҳи қавмаш ҳалок кардем.(1)
____________________
1. Зеро, ки ҳамсари Лут кофира буд. Тафсири Саъдӣ 1/ 707
136. Сипас қавми кофири боқимондаашро ҳалок кардем.
137. Ва шумо (эй аҳли Макка) гузар мекунед ба ҷою масканҳои қавми Лут дар вақти субҳ, ки осори азоб дар онҳо мавҷуд аст.
138. Ва низ шабона гузар мекунед ҳангоми рафту омаданатон ба сӯи Шом. Оё оқилона намеандешед? Пас, битарсед мабодо, ки мусибати онҳо ба сари шумо ҳам наояд.(2)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\105
139.  Ва ҳароина, бандаамон Юнусро ихтиёр кардем ва гардонидем ӯро аз зумраи паёмбарон.
140. Онгоҳ ки бар қавми худ ғазаб карда ба сӯи киштии пурбор гурехт.(1)
____________________
1. Юнус алайҳиссалом ба қавмаш ғазаб карда аз деҳааш хориҷ шуда ба сӯи киштие, ки пур аз одам ва матоъ буд, гурехт. Тафсири Саъдӣ 1 \ 707
141. Мавҷ аз ҳар тараф киштиро иҳота кард. Пас, қуръа заданд аҳли кишти то, ки бори
киштиро сабук кунанд ва киштӣ ғарқ нашавад. Ва Юнус дар қуръа мағлуб шуд. Ва ӯро ба баҳр партофтанд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\707
142. Пас моҳӣ ӯро фурӯ бурд ва ӯ дар ҳоле, ки лоиқи сарзаниш буд.(1)
____________________
1. Зеро, ки қавмашро партофта рафт. Тафсири Саъдӣ 1\707
143. Пас, агар ибодатҳои пешинааш ва амалҳои шоистааш, ки пеш аз воқеъ шуданаш дар шиками моҳӣ ва тасбеҳаш намебуд,(1)
____________________
1. Тасбеҳи Юнус алайҳиссалом дар шиками моҳӣ ин буд "Ла илоҳа илло анта субҳонака инниӣ кунту мина-з-золимин" Тафсири Бағавӣ 6/ 70
144. албатта, то рӯзи қиёмат дар шиками моҳӣ боқӣ мемонд.
145. Пас, дар ҳолати хастагиву бемориаш Мо ӯро аз даҳони моҳӣ ба замини хушку бе дарахт партофтем.
146. Ва бар болои сараш ниҳоле аз навъи кадуе рӯёнидем, то дар сояи он баҳра барад.
147. Ва ӯро ба пайғамбарӣ ба ҷамъияти сад ҳазорнафара ва ё бештар фиристодем.
148. Пас, онҳо имон оварданд ва амал карданд ба он чизе, ки ӯ оварда буд, пас то аҷалашон расидан онҳоро ба ҳаёташон баҳраманд сохтем.
149.  Пас, (эй Паёмбар) аз қавмат бипурс: Чӣ гуна барои Аллоҳ духтаронро ихтиёр карданд, ки худ духтарро барои худ раво намебинед ва барои худ писаронро раво мебинанд?(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\708
150.  Аз онҳо бипурс: Оё вақте ки Мо малоикаро зан меофаридем, онҳо ҳозир буданд?
151.  Огоҳ бош, ки ҳароина,
аз дурӯғгӯияшон аст, ки мегӯянд:
152.  «Аллоҳ соҳиби фарзанд аст». Ва ҳароина, дурӯғ мегӯянд, зеро мегӯянд чизеро, ки намедонанд.
153.  Оё Аллоҳ духтаронро бар писарон ихтиёр кардааст?
154.  Шуморо чист? Чӣ гуна ҳукм мекунед, ки духтарон аз они Аллоҳ ва писарон аз они шумо бошанд. Ҳол он ки духтаронро шумо барои худ розӣ намешавед.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\119
155.  Оё намеандешед, ки ҷоиз нест ва ҳам лоиқ нест, ки Аллоҳро фарзанде бошад? Поку бузург аст Аллоҳ аз ин ҳама гуфтаҳо.
156.  Ё бар даъвои дуруғини худ далели равшане доред?
157.  Агар шуморо ҳуҷҷате ҳаст дар китобе аз назди Аллоҳ, пас китобатонро биёваред. Агар шумо роспӯй бошед?(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\120
158.  Мушрикон миёни Аллоҳу малоикаҳо хешовандиро муқаррар карданд ва мегуфтанд, ки фариштагон духтарони Аллоҳ ҳастанд ва ҳамоно малоикаҳо медонанд, ки албатта, мушрикон рӯзи қиёмат барои азоб ҳозиркардашудагонанд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\122
159.  Аз он васф, ки кофирон мекунанд, Аллоҳ пок аст,
160.  вале бандагони мухлиси Аллоҳ, сифат намекунанд Ӯро, магар ба он сифатҳое, ки лоиқи бузургии Ӯст.
161.  Пас албатта, шумо эй мушрикон ва бутоне, ки ба гайри Аллоҳ мепарастед,
162.  Ҳаргиз наметавонед касеро бо фитна гумроҳ кунед,
163.  магар он касро, ки (ба сӯи куфру ситамаш) моил бошад ба оташи сӯзони ҷаҳаннам медарояд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\708
164..(Гуфтанд фариштаҳо):
«Ва албатта, ҳар касе аз мо ҷое муъайяне дорад дар осмон.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\63
165. Ва албатта, мо дар ибодати Алдоҳ сафкашандагонем.
166. Ва албатта, мо тасбеҳгӯяндагонем.(1)
____________________
1. Яъне, Аллоҳро пок мешуморем аз ҳама чизҳое, ки лоиқи Ӯ нест.
167. Ва кофирони Макка пеш аз паёмбарии ту пайваста) мегуфтанд:
168. Агар назди мо ҳам ба мисли умматони гузашта китоб(1) ва паёмбаре меомад.
____________________
1. Чун Таврот ва Инҷил фиристода мешуд.
169. Албатта, мо ҳам аз бандагони ихлосёфтаи Аллоҳ мешудем ва бешак парастишамонро барои Ӯ холис месохтем ва дар имонамон содиқ мебудем.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/708
170. Вале чун бузургтарини паёмбарон Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба онҳо китоби Қуръонро овард, ба он кофир шуданд. Пас, ба зудӣ хоҳанд донист чи азобе барои онҳост дар охират.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21/130
171.  Ва ба ростӣ калимаи Мо барои бандагони фиристодаи Мо(1) аз пеш дар Лавҳи Маҳфуз содир шудааст,
____________________
1. Мурод аз ин калима: комёбӣ ва пирӯзӣ аст, ки Аллоҳ таоло ба паёмбаронаш ваъда додааст.
172.  ки албатта, онҳо дар дунёву охират нусрат дода мешаванд.
173.  Ва ҳароина, лашкарони Мо бар душманонашон бо ҳуҷҷату қувват ғолибанд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\64
174.  Пас (эй Расул), то муддате аз он саркашон рӯй гардон, ки онҳо ҳақро қабул накарданд ва барояшон мӯҳлат бидеҳ, ки ҷуз азоби Аллоҳ чизе боқӣ намондааст.
175.  Ва бингар ва муроқиб бош чӣ азобе ба сарашон ояд. Пас, онҳо низ хоҳанд дид чӣ азоби Аллоҳ ба сарашон меояд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\132
176.  Оё азоби Моро эй Паёмбар, ба шитоб металабанд?
177.  Пас чун фуруд ояд азоби Мо ба онҳо, пас чӣ бомдоди баде хоҳанд дошт.
178.  Ва аз онҳо то муддате, ки азоби Аллоҳ ба сарашон ояд рӯй бигардон.
179.  Ва бингар, пас зуд аст, ки мебинанд чӣ азобу хорие ба сарашон меояд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\133
180.  Муназзаҳу пок аст Парвардигори ту аз ҳар чӣ ба васфи Ӯ тӯҳматгарон мегӯянд!
181.  Ва салом ва дуруду эминӣ бод ба тамоми паёмбарон.
182.  Ва сипосу ситоиш хос аз они Аллоҳе аст, ки Парвардигори ҷаҳониён аст.
Icon