ترجمة معاني سورة المطفّفين
باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية
.
من تأليف:
خوجه ميروف خوجه مير
.
ﰡ
1. Вой(1) бар ҳоли камкунандагон,
____________________
1. Азоби сахт
2. онон, ки чун аз мардум барои худ харид карданд, паймона меситонанд, (бармекашанд) онро пур мекунанд
3. ва чун барои мардум чизе фурӯхтанд, мепаймоянд ё бармекашанд, аз он кам мекунанд.
4. Оё инҳо намедонанд, ки зинда мешаванд,
5. дар он рӯзи бузург? Ва мувофиқи аъмолашон ҳисобу китоб карда мешаванд.
6. Рӯзе, ки мардум дар пешгоҳи Парвардигори ҷаҳониён фурӯтан меистанд.
7. Ҳақиқатан бозгашти бадкорон ҷои танг аст.
8. Ва ту чи медони он тангӣ чист? Ҳамоно он ҷой зиндонест, ки дар он азоби дардовар аст.
9. Ва барояшон китобест навишташуда! На дар он чизе афзуда мешавад ва на кам карда мешавад.
10. Дар он рӯз вой бар ҳоли дурӯғшуморандагон,
11. онон, ки рӯзи ҷазоро дурӯғ меҳисобанд!
12. Ва он рӯзро ба ҷуз ҳар ситамгари гунаҳкор касе дурӯғ намешуморад.
13. Чун оёти Мо бар ӯ хонда шуд, ғуфт: «Афсонаҳои пешиниён аст!» Амр чунин нест, ки мепиндоранд, балки он каломи Аллоҳ аст ва ба тариқи ваҳй ба сӯи паёмбараш фиристода шудааст.
14. Чунин нест, ки мегӯянд, балки корҳое, ки карда буданд аз гуноҳ бар дилҳошон ғолиб шуда занг бастааст.
15. Чунин нест, ки мегӯянд, бегумон онон дар он рӯз аз дидори Парвардигорашон(1) маҳрум бошанд.
____________________
1. Дар ин оят далелест, ки муъминон Парвардигорашонро мебинанд, модоме ки ғайри мӯъминон аз дидори Ӯ маҳруманд.
16. Пас онҳо ба ҷаҳаннам дароянд, ҳарорати гармии онро мечашанд.
17. Сипас ба онҳо гуфта мешавад: «Ин аст он чӣ дурӯғаш мешумурдед!»
18. Ба дурустӣ, ки номаи амалҳои некӯкорон дар Иллийин(1) қарор дорад.
____________________
1. Дар мартабаҳои олӣ дар ҷаннат
19. Ва ту эй Расул чӣ медонӣ, ки Иллийин чист?
20. Китобест навишташуда! На дар он чизе афзуда мешавад ва на кам карда мешавад,
21. ки фариштагони муқарраби Аллоҳ дар он ҳузур меёбанд.
22. Бегумон некон(1) дар неъматанд,
____________________
1. Аҳли сидқ ва итоаткорон
23. бар тахтҳо нишаста ва ба сӯи Парвардигорашон ва ба он чӣ аз неъматҳо барояшон омода карда шудааст, наззора мекунанд.
24. Хушӣ ва хуррамии неъматро дар чеҳраҳояшон мебинӣ.
25. Аз шаробе холис, ки бар сари он мӯҳр ниҳодаанд, нӯшонида мешаванд.
26. Мӯҳри он аз мушк аст. Ва рағбаткунандагон бояд, ки барои ҳамин неъмати доими рағбат кунанд.
27. Ва омезиши он шароб аз оби Тасним аст.
28. Тасним чашмаест, ки муақаррабони даргоҳи Аллоҳ аз он менӯшанд ва ба он лаззат мебаранд.
29. Ба дурустӣ, ки гунаҳкорон дар дунё ба мӯъминон механдиданд
30. Ва чун бар онҳо мегузаштанд, масхараомезона ба чашму абрӯ ишора мекарданд
31. ва чун ба аҳли хонаи худ бозмегаштанд, шодмон бозмегаштанд.
32. Ва чун кофирон асҳоби Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро медиданд, мегуфтанд, ки инҳо гумроҳанд.
33. Ва ҳол он ки ин кофирон ба сари мӯъминон нигоҳбон фиристода нашуда буданд.
34. Пас рӯзи қиёмат мӯъминон ба кофирон
механданд, чунон ки кофирон дар дунё ба онҳо хандида буданд,
35. бар тахтҳо такя зада ва ба он чӣ аз каромат ва неъматҳои ҷаннат барояшон дода шудааст, менигаранд.
36. Оё ба кофирон подош ва сазои корҳое, ки мекарданд, дода шудааст?