ﰡ
                                                                                        
                    
                                                                                    Алиф, лом, ро. Ин оёти китоб [-и илоҳӣ] ва Қуръони равшангар аст
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Чи басо кофирон [ҳангоми рӯбарӯшавӣ бо азоби қиёмат] орзу кунанд, ки кош мусулмон буданд
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Бигузор бихӯранд ва [аз лаззатҳои дунё] баҳраманд бошанд ва орзуҳо [-и моддӣ] саргармашон созад, пас, ба зудӣ хоҳанд донист
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Мо [сокинони] ҳеҷ [шаҳру] диёреро ҳалок накардем, магар ин ки [муҳлат ва] аҷале муайян доштанд
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ҳеҷ уммате аз аҷали [муқаррарии] худ на пешӣ мегирад ва на [аз он] ақиб мемонад
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    [Кофирон] гуфтанд: «Эй касе, ки [иддао мекунӣ] Қуръон бар ту нозил шудааст, яқинан девонаӣ
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Агар рост мегӯӣ, чаро фариштагонро наздамон намеоварӣ [то дар бораи паёмбариат гувоҳӣ диҳанд]»?
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    [Бояд бидонанд, ки] Мо фариштагонро ба ҳақ [ва фақат дар ҳангоми азоби кофирон] нозил мекунем ва [агар барои азобашон нозил шаванд] дигар муҳлате намеёбанд
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ба ростӣ, ки мо худ Қуръонро нозил кардем ва ҳатман, худ низ [аз ҳар гуна табдилу таҳрифе] нигаҳбонаш ҳастем
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    [Эй паёмбар] пеш аз ту низ [фиристодагони худро] миёни гурӯҳҳои пешин фиристодем
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ҳеҷ паёмбаре наздашон намеомад, магар он ки масхарааш мекарданд
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Инчунин он [такзиб ва тамасхур]-ро дар дилҳои гунаҳгорон [кофирон] роҳ медиҳем
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Онон ба он [Қуръон] имон намеоваранд ва шеваи [Аллоҳ таоло дар муҷозоти] пешиниён [низ чунин] рафтааст [ки ононро бо азобе дарднок ҳалок намояд]
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ва [ҳатто] агар даре аз осмон ба рӯйи онон мекушодем, то пайваста дар он боло раванд [ва шигифтиҳои малакутро бубинанд]
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Яқинан, боз ҳам мегуфтанд: «Бе тардид, моро чашмбандӣ кардаанд, балки мо гурӯҳе ҷодушудаем»
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ва ба ростӣ, мо дар осмон ситорагоне [бузургу дурахшон] қарор додем ва онҳоро барои тамошогарон оростем
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ва онро аз [вуруду дастбурди] ҳар шайтони рондашуда ҳифз кардем
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Магар он ки [аз малакутиён] дуздона сухане бишнавад, ки [дар он сурат] шиҳобе равшан ӯро дунбол мекунад [ва месӯзонад]
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ва заминро густурдем ва дар он кӯҳҳои устуворе афкандем ва аз ҳар гиёҳи санҷида [ва муносибе] дар он руёнидем
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ва дар он барои шумо ва барои касе, ки рӯзирасонаш нестед [соири мардум ва мавҷудоти зинда], асбоби зиндагӣ падид овардем
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ва ҳеҷ чиз нест, магар он ки ганҷинаҳояш назди Мост ва Мо онро ҷуз ба андозаи муайян фурӯ намефиристем
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ва бодҳоро борваркунанда [-и абрҳо] фиристодем, сипас аз осмонҳо обе нозил кардем ва бо он серобатон сохтем, дар ҳоле ки шумо захиракунандааш нестед
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ва яқинан, моем, ки зинда мекунем ва мемиронем ва Мо [бозмондаи ҷовиду] ворис [-и ҳамаи ҷаҳониён] ҳастем
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ва бе тардид, [таваллуду марги] гузаштагони шуморо донистаем ва яқинан [таваллуду марги] ояндагонро [низ ба хубӣ] медонем
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ва [эй паёмбар] бе гумон, Парвардигорат [ҳамаи] ононро [дар қиёмат] маҳшур мекунад. Ба ростӣ, ки Ӯ ҳакиму доност
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ва дар ҳақиқат, Мо [нахустин] инсон [Одам]-ро аз гили хушк [-и бозмонда] аз лойи бадбӯ офаридем
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ва пеш аз он ҷинро аз оташе сӯзон офаридем
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ва [ёд кун] аз ҳангоме ки Парвардигорат ба фариштагон фармуд: «Ҳамоно ман башареро аз гили хушк [-и бозмонда] аз лойи бадбӯ хоҳем офарид
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Пас, чун [ӯро офаридем ва] ба ӯ сомон додем ва аз рӯҳи хеш дар вай дамидем, [ба нишонаи итоат аз фармони Ман ҳамагӣ] бар ӯ саҷда кунед»
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Пас, фариштагон ҳамагӣ саҷда карданд
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Магар Иблис, ки аз он ки бо саҷдакунандагон бошад, сарпечӣ кард
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    [Аллоҳ таоло] Фармуд: «Эй Иблис, чаро ту бо саҷдакунандагон [ҳамроҳ] нестӣ»?
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    [Иблис] гуфт: «Ман он нестам, ки барои башаре, ки ӯро аз гили хушк [-и бозмонда] аз лойи бадбӯ офаридаӣ саҷда кунам»
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    [Аллоҳ таоло] Фармуд: «Аз он ҷо [биҳишт] берун шав, [ки] бе тардид, ту [аз боргоҳи Мо] рондашудаӣ
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ва яқинан, то рӯзи қиёмат бар ту лаънат хоҳад буд»
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    [Иблис] Гуфт: «Парвардигоро, то рӯзе, ки [мардум] барангехта мешаванд, ба ман муҳлат бидеҳ [ва намирон]»
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    [Аллоҳ таоло] Фармуд: «[Бирав, ки] Яқинан, ту аз муҳлатёфтагонӣ
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    То рӯзи он вақти маълум [ки тамоми махлуқот бо нафхаи нахуст мемиранд]»
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    [Ӯ] Гуфт: «Парвардигоро, ба сабаби он ки маро гумроҳ сохтӣ, дар замин [бадиҳоро] дар назарашон нек ҷилва медиҳам ва ҳамаи ононро ба гумроҳӣ мекашонам
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Магар бандагони холиси Ту аз [миёни] онон [ки ҳидояташон кардаӣ]»
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    [Аллоҳ таоло] Фармуд: «Ин [ихлос] роҳи мустақимест [ки ба Ман мерасад]
 
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Яқинан, ту бар бандагонам тасаллуте надорӣ, магар [бар он мушрикон ва] гумроҳоне, ки аз ту пайравӣ мекунанд
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ва бе тардид, дузах ваъдагоҳи ҳамаи онон аст
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    [Дузах] Ҳафт дар дорад [ва] барои ҳар даре гурӯҳе аз онон тақсим [ва мушаххас] шудаанд»
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Яқинан, парҳезгорон дар боғҳо [-и биҳишт] ва дар [канори] чашмаҳо ҳастанд
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ҳангоми вуруд ба онон гуфта мешавад] «Ба саломат ва эминӣ ба он [боғҳо] ворид шавед»
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Он чи дар дилҳояшон аз кина [ва ҳасад] аст, бармеканем, бародарона бар тахтҳо муқобили якдигаранд
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Дар он ҷо на ранҷе ба онон мерасад ва на аз он ҷо берун ронда мешаванд
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    [Эй паёмбар] Ба бандагонам хабар бидеҳ, ки ман омурзандаи меҳрубонам
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ва ин ки азоби ман азобе дарднок аст
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ва аз меҳмонони Иброҳим [низ] ба онон хабар бидеҳ
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ҳангоме ки бар ӯ ворид шуданд, салом гуфтанд, [аммо чун даст ба ғизо набурданд, Иброҳим] гуфт: «Мо аз шумо ҳаросонем»
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Онон гуфтанд: «Натарс, мо туро ба писаре доно мужда медиҳем»
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    [Иброҳим] Гуфт: «Оё бо ин ки солхӯрда шудаам, мужда [-и таваллуди фарзанд] ба ман медиҳед? Ба чи [далел инчунин] башорат медиҳед»?
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Онон гуфтанд: «Мо туро ба дурустӣ башорат додем, пас, ноумед набош»
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    [Иброҳим] Гуфт: «Ва ҷуз гумроҳон чи касе аз раҳмати Парвардигораш ноумед мегардад»?
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    [Он гоҳ ба фариштагон] гуфт: «Эй фиристодагон, кор [-у маъмурият]-и шумо чист»?
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Онон гуфтанд: «Дар ҳақиқат, мо ба сӯйи қавми гунаҳгор [-и Лут] фиристода шудаем [то ҳалокашон кунем]
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ба ҷуз хонаводаи Лут, ки мо яқинан, ҳамаи ононро наҷот хоҳем дод
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Магар ҳамсараш, ки муқаддар кардаем, ки аз бозмондагон [дар азоб] бошад»
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Пас, ҳангоме ки фариштагон [-и Аллоҳ таоло ба шакли инсон] назди хонадони Лут омаданд
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    [Ӯ] Гуфт: «Шумо гурӯҳе ношинос ҳастед»
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    [Фариштагон] Гуфтанд: «Балки мо ҳамон чизеро бароят овардаем, ки [ин мардуми гунаҳгор] дар борааш тардид мекарданд [нузули азоб]
 
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ва мо бароят [хабари ҳақиқӣ ва] рост овардаем ва ҳатман, мо ростгӯем
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Пас, посе аз шаб [ки гузашт] хонаводаатро бо худ [аз ин ҷо] бибар ва [худат] ба дунболашон бирав ва ҳеҷ як аз шумо пушти сарашро нигоҳ накунад ва ба ҷойе, ки ба шумо фармон медиҳанд, биравед»
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ва Мо ӯ [Лут]-ро аз ин амр огоҳ кардем, ки субҳгоҳон решаи онон канда хоҳад шуд
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ва аҳли шаҳр, дар ҳоле ки [дар бораи омадани афроди ҷадид] бо шодӣ [ба якдигар] хабар медоданд, [ба сӯйи хонаи Лут] омаданд
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    [Лут] Гуфт: «Инҳо меҳмонони ман ҳастанд, пас, маро расво [ва шармандаи меҳмононам] накунед
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ва аз Аллоҳ таоло битарсед ва саршикастаам насозед»
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    [Онон] Гуфтанд: «Магар мо туро аз [мизбонии] афроди [ғариб] наҳй накардем»?
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    [Лут] Гуфт: «Агар мехоҳед, [коре ҳалол] анҷом диҳед, инҳо духтарони [уммати] ман ҳастанд [бо эшон издивоҷ кунед]»
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Савганд ба ҷони ту [эй паёмбар], ки онон дар мастии хеш саргашта буданд
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Пас, ҳангоми баромадани офтоб бонги [маргбор] ононро фаро гирифт
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Он гоҳ он [сарзамин]-ро зерурӯ кардем ва бар онон санггилҳое паёпай боридем
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ба яқин, дар ин [кайфар] барои ҳушёрон ибратҳост
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ва он [шаҳрҳои вайрона ҳанӯз] бар сари роҳи [мусофирон] побарҷост.
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Яқинан, дар ин [азоб] нишонаҳое барои [ибрат гирифтани] муъминон аст
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ва асҳоби Айка [қавми Шуайб], ҳатман, ситамгор буданд
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Пас, [Мо] аз онон интиқом гирифтем ва [шаҳрҳои вайроншудаи] ин ду [қавм] бар сари роҳ ошкор аст
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ва бе тардид, аҳли Ҳиҷр [қавми Самуд] паёмбаронро дурӯғгӯ ангоштанд
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ва [Мо муъҷизот ва] нишонаҳои худро ба онон додем, ва [-ле] аз онҳо рӯйгардон шуданд
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ва аз кӯҳҳо хонаҳое [барои худ] метарошиданд, ки дар амон бимонанд
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Пас, субҳгоҳон бонг [-и маргбор] ононро фаро гирифт
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ва он чи [аз амволу хонаҳои маҳкам] ба даст оварда буданд, суде ба ҳолашон надошт [ва азоби илоҳиро дафъ накард]
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ва Мо осмонҳо ва замин ва он чиро, ки миёни онҳост, ҷуз ба ҳақ наофаридаем ва қиёмат ҳатман, омаданӣ аст, пас, [эй паёмбар аз кофирон] ба накуӣ гузашт кун.
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Бе тардид, Парвардигорат ҳамон офаринишгари доност.
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ва ба ростӣ, Мо ба ту [сабъу-л-масонӣ» [сураи Фотиҳа] ва Қуръони бузургро додем
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    [Бинобар ин] Ҳаргиз ба он чи [аз неъматҳои дунявие], ки гурӯҳҳое аз онон [кофирон]-ро баҳраманд кардаем, чашм надӯз ва ба хотири [носипосӣ ва ширки] онон андуҳгин мабош ва бо муъминон фурӯтанӣ кун
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ва бигӯ: «Ба ростӣ, ки ман ҳамон бимдиҳандаи ошкорам»
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    [Ва ононро аз азоб битарсон] Ҳамон гуна ки [онро] бар тақсимкунандагон [-и оёти илоҳӣ] фиристодем
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ҳамон касоне, ки Қуръонро [ба] бахшҳо [-е ҳамчун шеъру пешгӯӣ ва ҷоду тақсим] карданд
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Пас, савганд ба Парвардигорат, ҳатман, [дар қиёмат] аз ҳамаи онон суол хоҳем кард
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Пас, [эй паёмбар] он чи [-ро, ки аз сӯйи Аллоҳ таоло] дастур ёфтаӣ, ошкор кун ва аз мушрикон рӯ бигардон
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Бе тардид, Мо [шарри] масхаракунандагонро аз ту дур мекунем
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Онон, ки [барои худ] бо Аллоҳ таоло маъбуди дигаре қарор медиҳанд, пас, ба зудӣ [натиҷаи ширки хешро] хоҳанд донист
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ва [эй паёмбар] яқинан, Мо медонем, ки ту аз он чи онон [кофирон] мегӯянд, озурдахотир мегардӣ
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Пас, ба ситоиши Парвардигорат тасбеҳ бигӯ ва аз саҷдакунандагон бош
                                                                         
                                                                                                                                        
                    
                                                                                    Ва то ҳангоме ки маргат фаро мерасад, Парвардигоратро парастиш кун