ترجمة سورة الشعراء

الترجمة الطاجيكية - عارفي
ترجمة معاني سورة الشعراء باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية - عارفي .
من تأليف: فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام .

То, син, мим
Ин оёти китоби равшангар аст
Шояд мехоҳӣ аз [андуҳи] ин ки [мушрикон] имон намеоваранд, худро ҳалок кунӣ
Агар бихоҳем, аз осмон нишонае бар онон нозил мекунем, ки дар баробараш бо фурӯтанӣ сар фуруд оваранд
Ва ҳеҷ панди тозае аз сӯи [Аллоҳи] Раҳмон барои онон намеояд, магар ин ки аз он рӯй гардонанд
Ба ростӣ, онон [даъвати паёмбарон ва азоби қиёматро] дурӯғ ангоштанд, пас, ба зудӣ ахбори он чи масхара мекарданд, ба эшон хоҳад расид
Оё ба замин наменигаранд, ки чи бисёр аз ҳар гуна [гиёҳи] судманде дар он рӯёнидаем?
Бе тардид, дар ин [офариниш] нишонае [аз қудрати Аллоҳ таоло бар меод] аст, вале бештарашон имон намеоваранд
Ва бе тардид, Парвардигорат шикастнопазири меҳрубон аст
Ва [ёд кун аз] ҳангоме ки Парвардигорат Мӯсоро нидо дод, ки: «Ба сӯйи қавми ситамгор бирав
– қавми Фиръавн - [ва ба онон бигӯ] оё [аз куфру саркашӣ] намепарҳезанд?»
[Мӯсо] Гуфт: «Парвардигоро, бим дорам, ки маро дурӯғгӯ ангоранд
Ва [аз куфрашон ношикебо ва] ғамгин гардам. Пас, [Ҷабраилро] ба сӯйи Ҳорун бифрист [то барои ёриам раҳсипораш кунад]
Ва онон [ба гумони хеш қасоси] гуноҳе бар ман доранд, пас, метарсам, ки маро бикушанд»
[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Ҳаргиз! Пас бо оёт [ва муъҷизот]-и Мо биравед. Яқинан, [ҳама ҷо] бо шумоем ва [гуфтугӯятонро] мешунавем
Пас, назди Фиръавн биравед ва бигӯед: «Мо фиристодаи Парвардигори ҷаҳониён ҳастем
[Ӯ мефармояд] Ки Бани Исроилро ҳамроҳи мо бифирист»
[Фиръавн] гуфт: «Оё туро дар кӯдакӣ миёни хеш парвариш надодем ва солҳое аз умратро байни мо набудӣ?
Ва кори худро – чунон ки хостӣ – кардӣ [ва он марди қибтиро куштӣ] ва ту [нисбат ба неъматҳои ман] носипосӣ?!»
[Мӯсо] гуфт: «Ман он [кор]-ро замоне анҷом додам, ки гумроҳ будам
Пас, чун аз шумо тарсидам, фирор кардам. Он гоҳ Парвардигорам ба ман дониш бахшид ва маро аз паёмбарон қарор дод
Ва ин [чи] неъматест, ки ту бар ман миннат мегузорӣ, ки Бани Исроилро бардаи худ сохтаӣ?!»
Фиръавн гуфт: «Парвардигори ҷаҳониён кист?»
[Мӯсо] Гуфт: «Парвардигори осмонҳо ва замин ва он чи миёни онҳост. Агар аҳли яқин ҳастед [танҳо ӯро бипарастед]»
[Фиръавн] Ба касоне, ки дар атрофаш буданд [бо тамасхур] гуфт: «Оё мешунавед [чи мегӯяд]?»
[Мӯсо] Гуфт: «[Аллоҳ таоло] Парвардигори шумо ва Парвардигори ниёгони шумост
[Фиръавн] Гуфт: «Ин паёмбаратон, ки ба сӯйи шумо фиристода шудааст, яқинан девона аст»
[Мӯсо] Гуфт: «Агар биандешед, [хоҳед донист, ки Ӯ] Парвардигори машриқ ва мағриб аст ва ҳар он чи миёни он ду қарор дорад»
[Фиръавн] Гуфт: «Агар маъбуде ҷуз ман баргузинӣ, ҳатман, зиндонат мекунам»
[Мӯсо] Гуфт: «Ҳатто агар нишонаи ошкоре [дар мавриди рисолатам] бароят оварда бошам?»
[Фиръавн] Гуфт: «Агар рост мегӯӣ, онро биёвар»
Пас, [Мӯсо] асои худро андохт, ногаҳон [табдил ба] аждаҳое ошкор шуд
Ва дасташро [аз гиребон] берун овард ва ногоҳ дар назари бинандагон сапед [-у равшан] буд
[Фиръавн] ба бузургони перомунаш гуфт: «Ҳаққо, ки ин [мард] ҷодугари доност
[Ӯ] Мехоҳад, бо ҷодуяш шуморо аз сарзаминатон берун кунад, пас, назаратон чист?»
Онон гуфтанд: «[Тасмим дар бораи муҷозоти] ӯ ва бародарашро ба таъхир андоз ва маъмурони ҷамъоварӣ [ҷорзанандагон]-ро ба [ҳамаи] шаҳрҳо бифирист,
то ҳар ҷодугари моҳир [ва] доноеро наздат биёваранд»
Пас, [чунин карданд ва саранҷом] ҷодугарон барои ваъдагоҳи рӯзи муайян гирд оварда шуданд
Ва ба мардум гуфта шуд: «Оё шумо [низ] ҷамъ мешавед, то [бубинем баранда кист]?
Агар ҷодугарон пирӯз шуданд, [ҳамагӣ] аз онон пайравӣ кунем»
Пас, вақте ҷодугарон омаданд, ба Фиръавн гуфтанд: «Агар мо пирӯз шавем, оё подоше хоҳем дошт»?
Ӯ гуфт: «Оре, дар он сурат, ҳатман, аз наздиконам хоҳед буд»
Мӯсо ба онон гуфт: «Ҳар чи [мехоҳед] биафканед, [акнун] биафканед»
Пас, онон ресмонҳо ва асоҳояшонро афканданд ва гуфтанд: «Ба иззати Фиръавн савганд, ки мо, ҳатман, пирӯзем»
Сипас Мӯсо асояшро афканд, ногаҳон [табдил ба аждаҳое шуд ва] он чиро, ки ба дурӯғ сохта буданд, балъид [фуру бурд]
Пас, ҷодугарон ба саҷда дарафтоданд
[Ва] Гуфтанд: «Мо ба Парвардигори ҷаҳониён имон овардем
Парвардигори Мӯсо ва Ҳорун»
[Фиръавн] Гуфт: «Оё пеш аз он ки ба шумо иҷозат диҳам, ба ӯ имон овардед? Бе тардид, ӯ ҳамон бузурги шумост, ки ба шумо ҷоду омӯхтааст. Пас, ба зудӣ хоҳед донист [ки муҷозотатон чист]. Яқинан, дастҳо ва пойҳоятонро баръакс [-и якдигар аз чапу рост] қатъ мекунам ва ҳамагиатонро ба дор меовезам»
Онон гуфтанд: «[Дар ин шиканҷа ва азоб] Ҳеҷ зиёне нест. Бе тардид, мо ба сӯйи Парвардигорамон бозмегардем
Умед дорем, ки Парвардигорамон гуноҳони моро бубахшад, ки мо нахустин касоне ҳастем, ки [аз ин қавм ба Парвардигори Мӯсо] имон овардем»
Ва ба Мӯсо ваҳй кардем, ки: «Бандагонамро шабона [аз Миср] берун бибар; [зеро сипоҳи Фиръавн] ҳатман, ба дунболатон хоҳад омад»
Пас Фиръавн [чун аз моҷаро огоҳ гардид] маъмурони ҷамъоварӣ [неру]-ро ба шаҳрҳо фиристод
[Ва эълон кард] Инҳо [Бани Исроил] иддаи ночизанд
Ва ҷиддан моро ба хашм овардаанд
Ва мо ҳамагӣ комилан [ҳушёру] омодаи пайкорем»
Пас, ононро аз боғҳо ва чашмаҳо [-и сарзамини Миср] берун овардем
Ва аз ганҷҳо ва хонаҳои муҷаллал [дур сохтем]
Инчунин [кардем] ва Бани Исроилро вориси он [сарвату дороӣ] кардем
Пас, [сипоҳи Фиръавн] ҳангоми тулуи офтоб ба таъқиби онон пардохтанд
Ва чун ду гурӯҳ якдигарро диданд, ёрони Мӯсо гуфтанд: «Ҳатман, [дар чанголи фиръавниён] гирифторем»
[Мӯсо] Гуфт: «Ҳаргиз! Бе тардид, Парвардигорам бо ман аст ва маро [ба роҳи наҷот] ҳидоят хоҳад кард»
Пас, ба Мӯсо ваҳй кардем: «Асоятро ба дарё бизан», пас, [Нил] шикофта шуд ва ҳар бахше [аз он] ҳамчун кӯҳе бузург гашт
Ва он гурӯҳи дигар [сипоҳи Фиръавн]-ро ба он ҷо кашондем
Ва Мӯсо ва ҳамаи касонеро, ки ҳамроҳаш буданд, наҷот додем
Ва дигаронро ғарқ намудем
Ҳатман, дар ин [моҷаро] нишонае [барои ибрат гирифтан] аст, вале бештарашон муъмин набуданд
Ва бе тардид, Парвардигорат ҳамон шикастнопазири меҳрубон аст
[Эй паёмбар] Достони Иброҳимро бар онон бозгӯ
Ҳангоме ки ба падар ва қавмаш гуфт: «Чи чизро мепарастед?»
Онон гуфтанд: «Бутҳоеро мепарастем ва пайваста сар бар остонашон дорем»
[Иброҳим] Гуфт: «Оё вақте онҳоро мехонед, [садои] шуморо мешунаванд?
Ё ба шумо суду зиён мерасонанд?»
Онон гуфтанд: «[На] Вале падаронамонро ёфтем, ки чунин мекарданд»
[Иброҳим] гуфт: «Оё дидед [ва донистед] чизҳоеро, ки ҳамвора мепарастидед
- [ҳам] шумо ва [ҳам] падаронатон –
яқинан, [ҳамаи] онҳо душмани [ақидаи тавҳидии] ман ҳастанд. Магар Парвардигори ҷаҳониён
Он [маъбуде], ки маро офарида ва ҳидоятам мекунад
Ва ҳамоне, ки ба ман ғизо медиҳад ва серобам месозад
Ва ҳангоме ки бемор мешавам, Ӯст, ки шифоям медиҳад
Ва касе, ки маро мемиронад ва [дубора] зиндаам мекунад
Ва касе, ки умед дорам рӯзи ҷазо гуноҳонамро бубахшад
Парвардигоро, ба ман донише [дар дин] бубахш ва маро ба шоистагон мулҳақ кун
Ва бароям дар ояндагон овозаи нек қарор бидеҳ
Ва маро аз ворисони биҳишти пурнеъмат бигардон
Ва падарамро биёмурз, [ки] бе тардид, дар зумраи гумроҳон буд
Ва рӯзе, ки [мардум] барангехта мешаванд, маро расво [ва шарманда] насоз
Ҳамон рӯзе, ки молу фарзандон суде намебахшанд
Магар касе, ки бо қалби пок [ва холӣ аз ширку нифоқ ва риё] ба пешгоҳи Аллоҳ таоло биёяд»
Ва [он рӯз] биҳишт барои парҳезкорон наздик мегардад
Ва дузах барои гумроҳон ошкор мешавад
Ва ба онон гуфта мешавад: «Он чи ба ҷои Аллоҳ таоло мепарастидед, [акнун] куҷо ҳастанд?
Оё [онҳо дар баробари азоби илоҳӣ] ёриатон мекунанд ё [ҳатто худ]-ро ёрӣ медиҳанд?»
Пас, онҳо [бутҳо] ҳамроҳи гумроҳон дар он [оташи ҳавлангез] афканда мешаванд
Ва [ҳамроҳи] тамоми лашкариёни Иблис
Дар он ҷо [мушрикон] дар ҳоли ситез [бо маъбудони ботил] мегӯянд:
«Ба Аллоҳ таоло савганд, ки мо дар гумроҳии ошкоре будем»
Он гоҳ ки шуморо бо Парвардигори ҷаҳониён баробар медонистем
Ва моро касе ҷуз муҷримон гумроҳ накард
Пас, [акнун] на ҳеҷ шафоатгаре дорем
Ва на ҳеҷ дӯсти меҳрубоне
Пас, кош бозгаште [ба дунё] доштем ва дар зумраи муъминон қарор мегирифтем»
Ҳатман, дар ин [моҷаро] нишонае [барои ибрат гирифтан] аст, вале бештарашон муъмин набуданд
Ва бе тардид, Парвардигорат ҳамон шикастнопазири меҳрубон аст
Қавми Нуҳ паёмбаронро дурӯғгӯ ангоштанд
Он гоҳ ки бародарашон Нуҳ ба онон гуфт: «Оё [аз Аллоҳ таоло] парво намекунед?»
Ба ростӣ, ман барои шумо паёмбари амин ҳастам
Пас, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва мутеи [дастурҳои] ман бошед
Ва ман [дар баробари рисолатам] ҳеҷ подоше аз шумо намехоҳам. Подоши ман танҳо бар [уҳдаи] Парвардигори ҷаҳониён аст
Пас, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва мутеи [дастурҳои] ман бошед»
Онон гуфтанд: «Оё ба ту имон биёварем, дар ҳоле ки [фақат] фурӯмоягон] аз ту пайравӣ кардаанд?»
[Нуҳ] Гуфт: «Ман ба он чи онон [дар гузашта] мекарданд, чи донише дорам?
Ҳисоби онон танҳо бо Парвардигори ман аст. Агар мефаҳмед [чунин сухани газофе нагӯед]
Ва ман [ҳаргиз] муъминонро тард [дур] намекунам
Ман ҷуз бимдиҳандаи ошкор нестам»
Онон гуфтанд: «Эй Нуҳ, агар [аз даъватат] даст барнадорӣ, ҳатман, сангсор мешавӣ»
Ӯ гуфт: «Парвардигоро, қавмам маро дурӯғгӯ ангоштанд
Пас, миёни ману эшон доварӣ кун ва маро ва муъминонеро, ки ҳамроҳам ҳастанд, наҷот бидеҳ»
Пас, ӯ ва афродеро, ки ҳамроҳаш буданд, дар [он] киштии оганда [ пур аз инсону ҳайвон] наҷот додем
Ва боқимондагонро ғарқ кардем
Ҳатман, дар ин [моҷаро] нишонае [барои ибрат гирифтан] аст, вале бештарашон муъмин набуданд
Ва бе тардид, Парвардигорат ҳамон шикастнопазири меҳрубон аст
[Қавми] Од паёмбаронро дурӯғгӯ ангоштанд
Он гоҳ ки бародарашон Ҳуд ба онон гуфт: «Оё [аз Аллоҳ таоло] парво намекунед?”
Ба ростӣ, ман барои шумо паёмбари амин ҳастам
Пас, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва мутеи [дастурҳои] ман бошед
Ва ман [дар баробари рисолатам] ҳеҷ подоше аз шумо намехоҳам. Подоши ман танҳо бар [уҳдаи] Парвардигори ҷаҳониён аст
Оё бар ҳар макони баланде биное беҳуда месозед?
Ва қасрҳо ва қалъаҳои муҳкаму устувор бино мекунед, гӯиё [дар дунё] ҷовидонаед
Ва чун [ба касе] ҳамлавар мешавед, [бераҳм ва] золимона ҳамла мекунед
Пас, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва мутеи [дастурҳои] ман бошед
Ва аз касе парво кунед, ки ба шумо [неъматҳое чунон фаровон] ато кардааст, ки худ [онҳоро беҳтар] медонед
Ӯ ба шумо чаҳорпоёну фарзандон [-и бисёр] ато кардааст
Ва боғҳо ва чашмасорҳо
Ба ростӣ, ки ман аз азоби рӯзи бузург бар шумо метарсам”
Онон гуфтанд: “Чи моро панд бидиҳӣ, ё надиҳӣ, бароямон яксон аст [ва аз ту тоат намекунем]
Ин [оини мо ҳамон] равиши пешиниён аст
ва мо [ҳаргиз] азоб нахоҳем шуд»
Пас, онон Ҳудро дурӯғгӯ ангоштанд. Пас, Мо [низ] ҳалокашон кардем. Ҳатман, дар ин [моҷаро] нишонае [барои ибрат гирифтан] аст ва бештарашон муъмин набуданд
Ва бе тардид, Парвардигорат шикастнопазири меҳрубон аст
[Қавми] Самуд паёмбаронро дурӯғгӯ ангоштанд
Он гоҳ ки бародарашон Солеҳ ба онон гуфт: «Оё [аз Аллоҳ таоло] парво намекунед?
Ба ростӣ, ман барои шумо паёмбари амин ҳастам
Пас, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва мутеи [дастурҳои] ман бошед
Ва ман [дар баробари рисолатам] ҳеҷ подоше аз шумо намехоҳам. Подоши ман танҳо бар [уҳдаи] Парвардигори ҷаҳониён аст
Оё [мепиндоред, ки] шуморо дар неъматҳое, ки ин ҷост, осуда раҳо мекунанд?
Дар [ин] боғҳо ва чашмасорҳо
Ва [дар канори ин] киштзорҳо ва нахлҳое, ки меваҳояш нарму расидааст?
Ва моҳирона аз кӯҳҳо [барои худ] хонаҳое метарошед
Пас, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва мутеи [дастурҳои] ман бошед»
Ва аз исрофкорон [-и гунаҳгор] пайравӣ накунед
[Ҳамон] Касоне, ки дар замин ба фасод мепардозанд ва [хештанро] ислоҳ намекунанд”
Онон гуфтанд: “[Эй Солеҳ] Ҷуз ин нест, ки ту ҷодушудаӣ
Ту ҷуз башаре ҳаммонанди мо нестӣ, пас, агар рост мегӯӣ, нишонае [бар паёмбариат] биёвар”
[Солеҳ] Гуфт: «Ин модашутурест, ки саҳме аз об [-и чашма] дорад ва [рӯзҳои муайяне низ] шумо саҳме аз об доред
Пас, [камтарин] озоре ба он нарасонед, ки азоби рӯзи бузург шуморо фаро мегирад”
Пас, онро [захмӣ карданд ва] куштанд ва [он гоҳ аз кардаи худ] пушаймон шуданд
Пас, азоб [-и илоҳӣ] ононро фурӯ гирифт. Бе гумон, дар ин [моҷаро] нишонае [барои ибрат гирифтан] аст ва бештарашон муъмин набуданд
Ва бе тардид, Парвардигорат ҳамон шикастнопазири меҳрубон аст
Қавми Лут [низ] паёмбаронро дурӯғгӯ ангоштанд
Он гоҳ ки бародарашон Лут ба онон гуфт: «Оё [аз Аллоҳ таоло] парво намекунед?
Ба ростӣ, ман барои шумо паёмбаре амин ҳастам
Пас, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва мутеи [дастурҳои] ман бошед»
Ва ман [дар баробари рисолатам] ҳеҷ подоше аз шумо намехоҳам. Подоши ман танҳо бар [уҳдаи] Парвардигори ҷаҳониён аст
Аз мардуми ҷаҳон бо мардон меомезед
ва ҳамсаронеро, ки Аллоҳ таоло бароятон офаридааст, раҳо мекунед? Балки шумо гурӯҳи мутаҷовизед
Онон гуфтанд: «Эй Лут, агар [аз ин амру наҳй] даст барнадорӣ, ҳатман, [аз шаҳр] ихроҷ мешавӣ»
[Лут] Гуфт: «Ман душмани [сарсахти] ин коратон ҳастам
Парвардигоро, ман ва хонаводаамро аз [оқибати] он чи [инҳо] анҷом медиҳанд, наҷот деҳ»
Пас, мо ӯ ва ҳамаи хонаводаашро наҷот додем
Магар пиразане, ки дар миёни бозмондагон [дар азоб] буд
Сипас дигаронро нобуд кардем
Ва бар онон бороне [аз санг] боронидем ва борони бимдодашудагон чи бад буд!
Бе гумон, дар ин [моҷаро] нишонае [барои ибрат гирифтан] аст ва бештарашон муъмин набуданд
Ва бе тардид, Парвардигорат ҳамон шикастнопазири меҳрубон аст
Асҳоби Айка [низ] паёмбаронро дурӯғгӯ ангоштанд
Он гоҳ ки Шуайб ба онон гуфт: «Оё [аз Аллоҳ таоло] парво намекунед?
Ба ростӣ, ман барои шумо паёмбаре амин ҳастам
Пас, аз Аллоҳ таоло парво кунед [битарсед] ва мутеи [дастурҳои] ман бошед»
Ва ман [дар баробари рисолатам] ҳеҷ подоше аз шумо намехоҳам. Подоши ман танҳо бар [уҳдаи] Парвардигори ҷаҳониён аст
Паймонаро тамом бидиҳед ва камфурӯшӣ накунед
Ва бо тарозуи дуруст вазн кунед
Ва колои мардумро кам надиҳед [ва ҳаққашонро зоеъ накунед] ва дар замин ба фасод [ва табоҳӣ] накӯшед
Ва аз касе, ки шумо ва умматҳои пешинро офарид, парво кунед [битарсед]
Онон гуфтанд: «[Эй Шуайб] Ҷуз ин нест, ки ту ҷодушудаӣ
Ту ҷуз башаре ҳаммонанди мо нестӣ ва мо туро дурӯғгӯ мепиндорем
Пас, агар рост мегӯӣ, порае аз осмонро бар [сари] мо биандоз»
[Шуайб] Гуфт: «Парвардигорам ба он чи мекунед, донотар аст»
Пас, ӯро дурӯғгӯ ангоштанд ва азоби рӯзи абр [-и оташбор] ононро фаро гирифт. Ба ростӣ, ки он [борони оташ] азоби рӯзи ҳавлноке буд
Бе гумон, дар ин [моҷаро] нишонае [барои ибрат гирифтан] аст; ва бештарашон муъмин набуданд
Ва бе тардид, Парвардигорат ҳамон шикастнопазири меҳрубон аст
Ва ба ростӣ, [ин] Қуръон фуруфиристодаи Парвардигори ҷаҳониён аст
Рӯҳу-л-амин [Ҷабраил] онро фуруд овардааст
Бар қалби ту [нозил кардааст], то бимдиҳанда бошӣ

[Қуръонро] Ба забони арабии равшан [нозил намуд]

Ва бе тардид, [башорати нузули] он дар китобҳои пешиниён [низ омада] аст
Оё ҳамин нишона барояшон кофӣ нест, ки уламои Бани Исроил аз [ҳақиқати] Қуръон огоҳанд?
Ва агар онро бар баъзе аз ғайриарабҳо нозил мекардем
Ва [паёмбар] онро барояшон мехонд, ба он имон намеоварданд
[Оре] Ин гуна он [куфру такзиб]-ро дар дилҳои гунаҳгорон ҷой додем
Аммо ба он имон намеоваранд, то он гоҳ ки азоби дарднокро бубинанд
Пас, ногаҳон дар ҳоле ки бехабаранд, ба суроғашон меояд
Пас, [дар он ҳол] мегӯянд: “Оё муҳлате [барои тавба] хоҳем дошт?”
Оё онон азоби моро ба шитоб хосторанд?
Оё донистӣ, ки агар ононро солҳо [аз зиндагии дунё] баҳраманд созем
Сипас он чи ки ба онон ваъда дода шудааст, ба суроғашонн биёяд
Ин баҳрамандиашон [аз дунё дар ҳангоми азоб] суде барояшон нахоҳад дошт?
Ва Мо [сокинони] ҳеҷ шаҳреро ҳалок накардем, магар ин ки ҳушдордиҳандагоне [аз паёмбарон] доштанд
То ононро панд диҳанд ва Мо ҳаргиз ситамгор набудаем [ки итмоми ҳуҷҷат накунем]
Ва ин Қуръонро шаётин нозил накардаанд
Онон на дархӯри ин коранд ва на тавонашро доранд
Бе тардид, онон аз шунидани [ваҳй] барканоранд
Пас, [эй паёмбар] ҳеҷ маъбудеро бо Аллоҳ таоло махон, ки азоб хоҳӣ шуд
Ва хешовандони наздикатро [аз азоби илоҳӣ] бим деҳ
Ва бо муъминоне, ки аз ту пайравӣ кардаанд, меҳрубон [-у фурӯтан] бош
Пас, агар аз [фармони] ту сарпечӣ карданд, бигӯ: “Ба ростӣ, ман аз он чи мекунед, безорам”
Ва бар [Аллоҳи] шикастнопазири меҳрубон таваккал кун
Ҳамон ки чун [барои ибодат] бармехезӣ, туро мебинад
Ва ҳаракат [ва нишасту бархости] туро миёни саҷдакунандагон [мебинад]
Бе тардид, Ӯ ҳамон шунавои доност
Оё ба шумо хабар диҳам, ки шаётин бар чи касе нозил мешаванд?
Бар ҳар дурӯғгӯи гунаҳкор
Онон шунидаҳое [-ро, ки дуздона аз малакут гӯш додаанд, ба ҷодугарон ва фолгирон] илқо мекунанд ва бештарашон дурӯғгӯ ҳастанд
Ва [Муҳаммад шоир нест, зеро] шоиронро гумроҳон пайравӣ мекунанд
Оё надидӣ, ки онон дар ҳар лағву беҳудае [ҳайрону] саргаштаанд?
Ва чизеро мегӯянд, ки [худ ба он эътиқод надоранд ва] амал намекунанд?
Магар касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд ва Аллоҳро бисёр ёд кардаанд ва пас аз он ки ситам диданд, интиқом гирифтанд [ва бо шеъри худ аз ислому муслимин дифоъ намуданд] ва касоне, ки ситам карданд, ба зудӣ хоҳанд донист, ба чи бозгаштгоҳе бозмегарданд
Icon