ترجمة سورة الحجر

الترجمة الطاجيكية
ترجمة معاني سورة الحجر باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية .
من تأليف: خوجه ميروف خوجه مير .

1.       Алиф, Лом, Ро.(1) Ин оёти китоби Илоҳӣ нозил шудааст бар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва Қуръонест, ки оятҳояш равшан аст ва баёнкунандаи ҳақ аст.(2)
____________________
1. Тафсири ин ҳарфҳо дар аввали сураи Бақара гузашт. 2. Тафсири Саъдӣ 1\429
2.       Борҳо, кофирон орзу мекунанд дар дӯзах, ки эй кош дар дунё мусалмон мебуданд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\368
3.       Эй Паёмбар, кофиронро бигузор, то бихӯранд дар дунё ва баҳравар шаванд ва орзуҳояшон онҳоро ғофил созад аз имону тоъат ба зудӣ натиҷаи аъмолашонро хоҳанд донист.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\368
4.       Эй Расул, аз барои тасдиқ накардани паёмбарии ту фуруд омадани азобро талаб карданд, вале Мо ҳеҷ шаҳреро ҳалок накардаем, магар он ки барои ҳалокиашон муддати муайяне доштааст.
5.       Ҳеҷ уммате аз аҷали хеш на пеш меафтад ва на пас мемонад.
6.       Ва (ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам масхараомезона) гуфтанд: «Эй марде, ки Қуръон ба ту нозил шуда, ҳаққо, ки ту девонаи! (Ба муҷарради сухани ту мо аз пайравии падаронамон рӯй барнаметобем).(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\429
7.       Агар рост мегӯӣ, чаро фариштагонро барои мо намеоварӣ, то гувоҳӣ диҳанд, ки Аллоҳ туро ба паёмбарӣ фиристодааст.
8.       (Ва Аллоҳ дар ҷавобашон мефармояд): Мо фариштагонро нозил намекунем, ҷуз ба ҳақ ва агар ба он имон наёваранд дар он ҳангом дигар мӯҳлаташон надиҳанд ва фавран азоби Илоҳӣ гиребонгирашон мегардад.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\369
9.       Ҳамоно Мо Қуръонро (ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) худ нозил кардаем ва қатъан худ нигаҳбонаш ҳастем, (ки дар он чизе на кам карда мешавад ва на зиёд).(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\68
10.   Ва ба таҳқиқ Мо расулони худро пеш аз ту, - эй Муҳаммад, - ба миёни қавмҳои пешин фиристодаем.
11.   Ҳеҷ паёмбаре бар онҳо фиристода нашуд, магар ки масхарааш мекарданд. (Пас, ҳаминчунин мушрикон бо ту карданд, он гуна ки бо паёмбарони пешина карда шуд).(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\429
12.   Ин гуна он истеҳзоро ба дилҳои гунаҳкорон дохил мегардонем.
13.   Ба он Қуръон имон намеоваранд ва шеваи қавмҳои пешина доимӣ чунин будааст.
14.   Агар барои кофирони Макка аз осмон даре бикушоем, ки аз он боло раванд, ҳатто мушоҳида кунанд он чи ки дар осмон мавҷуд ҳаст аз аҷоиботи мулки Аллоҳ, ҳароина имон наоварданд.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\528
15.   Албатта, гӯянд: «Мо чашмбандӣ шудаем, балки мо мардуме ҷодузада ҳастем!»
16.   Ва ҳароина, дар осмони дунё бурҷҳое офаридем барои ситорагон ва осмонро бо ситорагон барои бинандагонашон биёростем, то андеша кунанд ва панд бигиранд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\429
17.   Ва осмонро аз ҳар шайтони раҷиме ки аз раҳмати Аллоҳ маҳрум аст, ҳифз кардем.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 16\77
18.   Магар он шайтоне, ки дуздона гӯш медод ва шиҳобе (оташпорае) равшан дар пайи вай афтад.(1)
____________________
1. Ва гоҳо шайтон қабл аз расидани оташпора ба дӯстони худ хабарро мерасонад. Тафсири Саъдӣ 1/430
19.   Ва заминро васеъ кардем ва дар он кӯҳҳои азиме партофтем. Ва барои эҳтиёҷи бандагон аз ҳар чизе санҷида дар он рӯёнидем.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\374
20.   Ва дар он ҷо барои шумо асбоби зиндагӣ қарор додем ва низ касонеро, ки шумо рӯзидиҳандаи онҳо нестед, аз ходимону чорпоҳо.
21.   Ҳар чи ҳаст, хазинаҳои он назди Мост ва Мо ҷуз ба андозае муайян онро фурӯ намефиристем.
22.   Ва бодҳои бордоркунанда абрҳоро фиристодем ва аз паси он аз осмон обе нозил кардем барои нӯшокии шумо ва заминатон ва чорпоёнатон ва шуморо бо он сероб сохтем ва шумо хазинадори он нестед.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\531
23.   Албатта, Мо ҳастем, ки зинда мекунем ва ҷамии халоиқро мемиронем ва баъд аз ҳама боқӣ мемонем.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\376
24.   Ва ба таҳқиқ медонем ҳоли касонеро, ки аз шумо аз ин пеш рафтаанд аз мурдаҳо ва кушташудаҳо ва медонем ҳоли касоне, ки боқӣ мондаанд дар ҳаёт ё баъд ба дунё меоянд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\377
25.   Ва ҳамоно Парвардигори ту ҳамаро аз аввал то охир барои ҳисобу ҷазо зинда карда, ҷамъ мегардонад, зеро Ӯст ҳакиму доно чизе аз Ӯ пинҳон намемонад!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\95
26.   Мо одамиро аз гили хушк, аз лойи сиёҳи бӯйгирифта офаридем.
27.   Ва ҷинро пеш аз он аз оташи сӯзандаи бедуд офарида будем.
28.   Ва ба ёд ор эй Паёмбар ҳангоме, ки Парвардигорат ба фариштагон гуфт: «Ҳамоно ман аз гили хушкида, аз гили сиёҳи бӯйнок инсонеро меофаринам.
29.   Пас, чун ӯро рост кунам ва аз рӯҳи Худ дар он бидамам, дар баробари ӯ ба саҷда бияфтед».(1)
____________________
1. Мурод аз саҷдаи таҳият ва эҳтиром аст, на саҷдаи ибодат.
30.   Пас, фариштагон ҳамагӣ саҷда карданд,
31.   магар Иблис, ки саркашӣ кард, ки бо саҷдакунандагон бошад.
32.   Аллоҳ ба Иблис гуфт:
«Эй Иблис, чаро ту аз саҷдакунандагон набудӣ?»
33.   Иблис кибр ва ҳасади худро зоҳир карда гуфт: «Ман барои башаре, ки аз гили хушк, аз лойи сиёҳи мутағайир офаридаӣ, саҷда намекунам».(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 17\101
34.    Аллоҳ гуфт: «Аз он ҷаннат берун шав, ки ту рондашуда ҳастӣ.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\534
35.    Ба дурустӣ, то рӯзи қиёмат лаънати Аллоҳ бар туст!»
36.    Иблис гуфт: "Эй Парвардигори ман, маро то рӯзе, ки дубора зинда мешаванд, мӯҳлат деҳ" (ва он рӯзи қиёмат аст).
37.    Аллоҳ гуфт: «Ту ба яқин дар шумори мӯҳлатёфтагонӣ,
38.    то он рӯзе, ки вақташ маълум(1) аст».
____________________
1. Ва он рӯзест, ки ҳамаи халқ баъди дамидани сури аввал мемиранд, на рӯзи аз нав зинда шудан.
39.    Иблис гуфт: «Эй Парвардигори ман, чун маро ноумед ва гумроҳ кардӣ, дар рӯи замин барои фарзандони Одам бадиҳоро дар назарашон биёроям ва ҳамаро гумроҳ кунам,
40.    магар онҳо, ки бандагони боихлоси Ту бошанд».
41.    Аллоҳ гуфт: «Роҳи ихлос, роҳи ростест, ки ба Ман мерасад.
42.    Туро бар бандагони Ман ғолибияте нест, магар ғалабаи ту бар он гумроҳоне,
ки туро пайравӣ кунанд ва ризоияти туро аз ризоияти Ман бартар донанд.
43.   Ва ба дурустӣ, ҷаҳаннам миъоди Иблис ва ҳамаи пайравони вай аст.
44.   Ҷаҳаннам ҳафт дар дорад ва ҳар дар аз дигаре поёнтар аст барои ҳар дар гурӯҳе аз онон муъайян шудаанд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\431
45.   Парҳезгорон(1) дар бустонҳову чашмаҳо бошанд.
____________________
1. Онон ки амри Аллоҳро ба ҷо оварданд ва аз манъкардашудаҳои Аллоҳ дур истоданд.
46.   Ба саломат ва хотирҷамъӣ ба он дохил шавед.
47.   Ҳар кинаеро аз дилашон берун мекашем, ҳама бародарона, бар тахтҳо рӯ ба рӯи ҳам менишинанд.
48.   Ҳеҷ ранҷе дар он ҷо ба онҳо намерасад ва аз он ҷо берун нагарданд ва ҷовидона дар онҷо бимонанд.
49.   Эй Паёмбар, ба бандагонам хабар деҳ, ки ман омурзандаву меҳрубонам барои мӯъминони тавбакор.
50.   Ва азоби Ман, азоби дардовар аст, барои касоне, ки аз гуноҳи худ тавба намекунанд.
51.   Ва эй Паёмбар, онҳоро аз меҳмонони Иброҳим хабардор кун.(1)
____________________
1. Фариштагоне буданд, ки на танҳо барои башорат додан, - ба фарзанд, - ба назди Иброҳим омада, балки низ барои ҳалок кардани қавми Лут алайҳимуссалом низ омада буданд. Тафсири Бағавӣ 4\384
52.   Он гоҳ ки фариштагон бар ӯ дохил шуданд ва гуфтанд: «Салом!» (Иброҳим низ ҷавоби салом гуфт ва барояшон таом пешкаш намуд, вале онҳо нахӯрданд ва Иброҳим) гуфт: «Мо аз шумо метарсем!»(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\540
53.   Фариштагон гуфтанд: «Матарс, (эй Иброҳим) мо туро ба писари доное(1) мужда медиҳем».
____________________
1. Вай Исҳоқ аст.
54.   (Иброҳим ба тааҷҷуб) гуфт: «Оё маро мужда медиҳед, бо он ки пир шудаам ва ҳамсарам низ пир аст. Ба чӣ чиз муждаам медиҳед?»(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\432
55.   Гуфтанд: «Мо туро ба ростӣ мужда додаем, пас аз ноумедон мабош!»(1)
____________________
1. Ҳеҷ шакке нест дар он, ки Аллоҳ бар ҳама чиз қодир аст. Тафсири Саъдӣ 1\432
56.   (Иброҳим) гуфт: «Ба ҷуз гумроҳон кист, ки аз раҳмати Парвардигораш ноумед шавад?»
57.   Гуфт: «Эй фиристодагон, чӣ кори муҳиме доред?»
58.   Фариштагон гуфтанд: «Мо ба сӯи қавми гунаҳкорон фиристода шудаем ва ҳамаро нобуд мекунем,
59.   магар хонадони Лутро, ки ҳамаашонро наҷот медиҳем,
60.   магар ҳамсарашро, ки муқаррар намудаем, ки аз боқимондагон дар азоб бошад».
61.   Чун фариштагон назди хонадони Лут омаданд,
62.   Лут барояшон гуфт: «Шумо гурӯҳи ношиносед».
63.   (Фариштагон) гуфтанд матарс: «Балки, барои ту он чизеро (азоберо), ки дар он шак мекарданд, овардаем.
64.   Мо туро хабари рост овардаем ва мо ростгӯёнем, ки Аллоҳ қавми туро ҳалоккунандааст.
65.   Чун қисме аз шаб бигзарад, хонадони худро ва мӯъминонро берун бибар ва худ аз пайи онҳо рав ва онҳо пеш-пеши ту ва набояд ҳеҷ як аз шумо ба ақиб бингарад.(1) Ва ҳар ҷо, ки Аллоҳ фармонатон дод, зуд биравед, то дар амон бимонед.(2)
____________________
1. Яъне, ақибнишинӣ накунад, то ба азоб дучор нагардад. 2. Тафсири Табарӣ 17\116
66.   Ва барои Лут ҳодисаро ҳикоят кардем, ки чун субҳ фаро расад, ҳамаи онҳо нобуд ва решакан хоҳанд шуд.
67.   Ва Аҳли шаҳр аз дидани меҳмонон (фариштагон) шодикунон омаданд.
68.   Лут барояшон гуфт: «Инҳо меҳмонони мананд, маро расво макунед.
69.   Аз Аллоҳ битарсед ва маро шармсор масозед».
70.   Қавми Лут гуфтанд: «Магар туро аз меҳмондорӣ ва паноҳ додани мардум манъ накарда будем?»
71.   Лут барояшон гуфт: «Агар қасде барои издивоҷ ва баровардани хоҳишоти шаҳвонӣ доред, инҳо, занҳоятон духтарони ман ҳастанд никоҳ кунед».(1)
____________________
1. Лут алайҳиссалом аз он сабаб занҳои онҳоро духтаронам номид, ки зеро паёмбари ҳар як уммат ба манзалаи падар барояшон ҳисобида мешавад.
72.   Эй Паёмбар, ба ҷони ту савганд, ки онҳо дар мастии шаҳват ва ҷаҳолати хеш саргашта буданд.
____________________
1. Ин қасам барои эҳтироми Паёмбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст. Барои Аллоҳ ҷоиз аст, ки ба чизе аз махлуқоташ хоҳад, қасам ёд мекунад. Аммо барои махлуқ ба ҷуз ба номи Аллоҳ савганд ёд кардан, ҳаром аст.
73.   Чун ба вақти тулӯи офтоб, ононро наъраи сахте (садои ваҳшатноке) фурӯ гирифт ва нобудашон кард.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\423
74.   Пас, он шаҳрро зеру забар кардем ва бо сангпораҳое аз санг ҳамаашонро сангборон кардем.
75.   Ба дурустӣ, дар ин ибратҳост барои ибратгирандагон.
76.   Ва он шаҳр акнун дар сари роҳи мусофирон аст, ки доим дар рафту омаданашон онро мебинанд.
77.   Ба дурустӣ, дар ин кор (дар ҳалок кардани Мо онҳоро) нишонаи бузурге барои мӯъминон аст.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\544
78.   Ва мардуми Айка(1) низ ситамкор буданд.
____________________
1. Қавми Шуъайб алайҳиссалом, ки соҳибони он шаҳр соҳиби бустону дарахтони бисёр буданд.
79.   Пас аз онон интиқом гирифтем ва ҳар дуи онон (сарзамини қавми Лут ва Айка) дар сари роҳи намоён ҳастанд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\433
80.   Ба дурустӣ, мардуми Ҳиҷр(1) низ паёмбаронро ба дурӯғ нисбат доданд.(2)
____________________
1. Қавми Солеҳ алайҳиссалом ва онҳо Самудиён буданд. 2. Зеро касе як паёмбарро дурӯғ барорад, ҳамаи паёмбаронро дурӯғ баровардааст, чунки онон бар як динанд. Тафсири Саъдӣ 1\434
81.   Оёти Хешро бар онон (қавми Солеҳ) расонидем, вале аз он рӯй гардониданд.
82.   Хонаҳои худро, аз кӯҳҳо метарошиданд ва хотирҷамъ буданд.
83.   Пас, субҳгоҳон фарёд ва садои маргборе эшонро фаро гирифт.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\545
84.   Чизе, ки касб карда буданд аз ҷамъоварии мол ва сохтани қасрҳо аз онон дафъи бало накард.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\434
85.   Осмонҳову замин ва он чиро, ки миёни онҳост, ҷуз ба ҳақ наёфаридаем. Ва бешак, қиёмат, ҳатман, фаро мерасад. Пас, эй Паёмбар, аз беодобиҳои эшон гузашт кун, гузашти неке ва бузургворона ва ҳакимона ба даъвати худ идома бидеҳ ва дар баробари азият ва озори куффор, бурдбор бош.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 4\545
86.   Ҳароина, Парвардигори ту офаринандаву доно аст чизе бар Ӯ пинҳон намемонад!
87.   Ва ба ростӣ, ки Мо сабъ-ул-масонӣ(1) ва Қуръони бузургро ба ту эй Паёмбар, додаем.
____________________
1. Сураи Фотиҳа, ки аз ҳафт оят иборат аст ва дар ҳар намоз такрор мешавад.
88.   Агар баъзе аз кофиронро ба чизе баҳравар сохтаем, ту ба он нигоҳ макун.
Ва ғами он кофиронро махӯр, ки чаро ба ту имон намеоваранд. Ва дар баробари мӯъминон хоксор бош.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 4\392
89.   Ва ба кофирон бигӯ: «Ҳамоно ман бимдиҳандаи ошкорам».
90.   Фуруд хоҳем овард азобро ҳамчуноне, ки бар тақсимкунандагон(1) нозил кардем:
____________________
1. Касоне, ки Қуръонро тақсим намуда ба баъзеаш имон оварданд ва ба баъзе дигараш куфр оварданд, аз яҳуду насоро ва дигарон. Тафсири Табарӣ 17\142
91.   Касоне, ки Қуръонро ба қисмҳо(1) тақсим карда буданд.
____________________
1. Баъзе аз муфассирон мегӯянд, ки ин оят низ мушрикони Маккаро дарбар мегирад, ки онҳо қисматеро ҳақ ва қисматеро ботил медонистанд ва ё онро шеър, сеҳр, кизб ва асотир меномиданд, то ин ки мардумро аз роҳи ҳақ боздоранд. Тафсири Табарӣ 17\146
92.   Ба Парвардигорат савганд, ки ҳамаро, ҳатман дар рӯзи қиёмат аз он чи ки онҳо дар китоби Аллоҳ айбу нуқсон ва таҳрифу табдил додаанд, суол мекунем,
93.   ба хотири корҳое, ки
мекарданд!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\435
94.   Пас, ошкоро кун он чиро, ки ба он фармон дода мешавӣ ва аз мушрикон рӯй бигардон.
95.   Мо макру азият ва озори масхаракунандагонро аз ту бозмедорем,
96.   касоне, ки маъбуди дигарро ҳамроҳ ба Ӯ қарор медиҳанд, дар ояндаи наздик ҳақиқатро хоҳанд донист.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\435
97.   Ва ба ростӣ, медонем, ки ту аз он чи ки мегӯянд, дилтанг мешавӣ ва аз истеҳзо, таҳқир ва лафзҳои ширколудашон дилат ба дард меояд.
98.   Пас, ба покӣ ёд кун Парвардигоратро ҳангоми фарогирии ғаму андӯҳ ва аз зумраи саҷдакунандагон (намозгузорон) бош!
99.   Ва давомат кун дар парастиши Парвардигорат, то ҳангоме ки марг ба суроғат меояд.
Icon