ترجمة سورة الواقعة

الترجمة الطاجيكية - عارفي
ترجمة معاني سورة الواقعة باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية - عارفي .
من تأليف: فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام .

Ҳангоме ки воқеаи қиёмат рух диҳад
[Хоҳед дид, ки] Дар вуқуи он дурӯғе нест
[Гурӯҳеро] Хор мекунад ва [гурӯҳеро] рафъати мақом мебахшад
Он гоҳ ки замин ба сахтӣ ларзонда шавад
Ва кӯҳҳо ба тамомӣ муталошӣ гардад
Ва [ҳамчун] ғуборе пароканда шавад
Ва шумо ба се гурӯҳ тақсим шавед
[Нахуст] Саодатмандон [ҳастанд]; чи саодатмандоне [ва чи наку ҷойгоҳе]!
Ва [гурӯҳи дигар] тирабахтон [ҳастанд]; чи тирабахтоне [ва чи бад ҷойгоҳе]!
Ва [савумин гурӯҳ] пешгомон, ки [дар некиҳо] сабқат гирифтанд
Онон муқаррабони [даргоҳи илоҳӣ] ҳастанд
Дар боғҳои пурнеъмат [-и биҳишт ҷой доранд]
Гурӯҳи бисёре аз онон дар зумраи пешиниён ҳастанд [хоҳ аз уммати ислом ё аз умматҳои гузашта];
ва андаке аз ояндагон [ва мутааххирон] ҳастанд
Ки бар тахтҳои гавҳарнишон
рӯбарӯи ҳам такя задаанд
Навҷавононе ҳамвора шодоб гирди онон [ба хидмат] мегарданд
Бо ҷомҳо ва кузаҳо ва қадаҳҳое аз шароби ҷорӣ
[Шаробе] Ки аз нӯшиданаш сардард намегарданд ва дастхуши мастӣ намешаванд
Ва аз ҳар мева [дар ихтиёр доранд]
ва гӯшти паранда, ки бихоҳанд
Ва ҳуроне ғизолчашм
Ҳамчун марвориди пинҳон дар садаф
[Инҳо ҳама] Подоши аъмолашон аст
Дар он ҷо [сухани] ёва ва гуноҳолуд нахоҳанд шунид
Дар он ҷо сухане ҷуз салом ва дуруд [-и фариштагон ва биҳиштиён] нест
Ва [аммо] саодатмандон; чи саодатмандоне!
Дар канори дарахтони бехори сидр [ҳастанд]
Ва дарахтони мавз бо хушаҳои барҳамнишаста
Бо сояе густурда
Ва оби ҳамвора равон
Ва меваҳое фаровон,
ки на тамом шавад ва на мамнуъ гардад
Ва бистарҳои барафрошта [ва арзишманд]
Ва ҳамсароне, ки бо офаринише вижа падид овардем [ки зебоӣ ва ҷавонии ҷовидон доранд]
Ҳамвора душизаанд
ва шавҳардӯстоне ҳамсиннусол ҳастанд
[Ҳамаи ин неъматҳо] Барои саодатмандон аст,
Дар боғҳои пурнеъмат [-и биҳишт ҷой доранд]
ки бархе аз онон дар зумраи пешиниён ва бархе дигар дар зумраи мутааххирон ҳастанд
Ва [аммо] тирабахтон; чи тирабахтоне!
Дар миёни боди заҳрогин ва оби ҷӯшон қарор доранд
Ва сояҳое аз дуди сиёҳ,
ки на хунук аст ва на хуш
Онон дар дунё сарватманду саркаш буданд
Ва бар гуноҳи бузург [-и ширк] исрор меварзиданд
Ва мегуфтанд: «Оё ҳангоме ки мурдем ва хоку устухон шудем, барангехта хоҳем шуд?
Оё ниёкони мо низ [барангехта мешаванд]?»
[Эй Паёмбар, ба кофирон] Бигӯ: «Бе тардид, гузаштагон ва ояндагон
ҳама дар ваъдагоҳи қиёмат ҷамъ хоҳанд шуд»
Он гоҳ шумо, эй гумроҳони такзибкунанда
Ҳатман, аз [меваи] дарахти зақум хоҳед хӯрд
Ва шикамҳоро аз он анбошта мекунед
Он гоҳ рӯйи он оби ҷӯшон менӯшед
Ҳамчун шутурони ташна
Ин пазироии онон дар рӯзи ҷазост
Моем, ки шуморо [аз ҳеҷ] офаридаем; пас, чаро [офариниши дубораро] бовар надоред?
Оё ба нутфае, ки [дар раҳими ҳамсаронатон] мерезед, таваҷҷуҳ кардаед?
Оё шумо онро меофаринед ё мо офаринандааш ҳастем?
Мо дар миёни шумо маргро муқаддар кардем ва нотавон нестем,
ки амсоли шуморо ҷойгузин [-и худатон] кунем ва шуморо ба гунае ки аз он бехабаред, [дар офаринише нав] падид оварем
Шумо, ки аз офариниши нахустин ба равшанӣ огоҳ шудаед, чаро [ба ёди охират намеафтед ва] панд намегиред?
Оё ба донаҳое, ки мекоред, таваҷҷуҳ кардаед?
Оё шумо ҳастед, ки онро мерӯёнед ё Мо рӯёнандаем?
Агар мехостем, хошокаш мекардем; чунон ки шигифтзада шавед
[Ва чунон нобудаш мекардем, ки бигӯед] «Мо зиён кардаем,
балки ҳама чизро аз даст додаем
Оё ба обе, ки менӯшед, таваҷҷуҳ кардаед?
Оё шумо онро аз абр фуру боридед ё Мо фуруборандаи он ҳастем
Агар мехостем, онро шӯру талх мекардем, пас, чаро сипос намегузоред?
Оё ба оташе, ки меафрӯзед, таваҷҷуҳ кардаед?
Оё шумо дарахташро офаридаед Мо офаридаем?
Мо ин оташро василаи ёдоварии [азоби дузах] ва мояи бархӯрдорӣ [ва роҳатии] мусофирон қарор додаем
Пас, [эй Паёмбар,] ба номи Парвардигори бузургат тасбеҳ гӯ [ва Ӯро ба покӣ ёд кун]
Савганд ба ҷойгоҳи ситорагон
Ки агар бидонед, савганди бузурге аст
Ки ин [гуфтор] Қуръоне гаронқадр аст
Дар лавҳи маҳфуз қарор дорад
Ҷуз фариштагони поксират касе [онро намебинад] ба он дастрасӣ надорад
Аз сӯйи Парвардигори ҷаҳониён нозил шудааст
Оё ин суханро сабук мешуморед?
Ва ба ҷойи шукри рӯзиҳое, ки ба шумо дода шудааст, онро дурӯғ мепиндоред?
Он гоҳ ки [ҷони наздиконатон] ба гулугоҳ мерасад
Ва шумо дар он ҳангом наззора мекунед
Ва Мо аз шумо ба ӯ наздиктарем, вале намебинед
Агар рост мегӯед ва ҳаргиз дар баробари аъмолатон ҷазо дода намешавед [ва қиёмате нест],
пас, чаро ҷонашро бознамегардонед?
Аммо агар ӯ дар зумраи муқаррабон бошад
Дар оромишу кушоиш ва биҳишти пурнеъмат аст
Ва агар дар зумраи саодатмандон бошад,
[ба ӯ гуфта мешавад] «Саломат ва амният бар ту бод, ки аз саодатмандон ҳастӣ»
Аммо агар аз такзибкунандагони гумроҳ [ва дар зумраи тирабахтон] бошад
бо оби ҷӯшон [аз ӯ] пазироӣ мешавад
ва ба [оташи] дузах дармеояд
Ин [ваъдаи подош ва азоб] яқинан ҳақиқат дорад [ва тардиде дар он нест]
Пас, [эй Паёмбар] бо [зикри] номи Парвардигори бузургат [ӯро] тасбеҳ гӯй
Icon