ترجمة سورة ق

الترجمة الطاجيكية - عارفي
ترجمة معاني سورة ق باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية - عارفي .
من تأليف: فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام .

[Қоф]; савганд ба Қуръони арҷманд [ки растохез омаданӣ аст]

Мушрикон аз ин ки ҳушдордиҳандае аз миёни худашон ба суроғашон омадааст, ибрози шигифтӣ мекунанд ва мегӯянд: «Моҷарои аҷибе аст
Он ҳангоме ки мурдем ва хок шудем [дубора барангехта хоҳем шуд?]. Ин бозгаште баид аст»
Бе тардид, зарроте, ки замин аз бадани онон мекоҳад, [ҳамаро] медонем; ва китобе нигоҳбон дар ихтиёр дорем [ки ҳарчи бар онон муқаддар гашта, дар он сабт аст]
Вақте ки [Қуръон, яъне каломи] ҳақ бар онон расид, такзибаш карданд; пас, дар ҳолати саргардонӣ [ва парешонӣ] ҳастанд [ва дар бораи Қуръон ҳайронанд]
Оё кофирон осмонро бар фарозашон наменигаранд, ки чи гуна онро барафроштем ва [ба зевари ситорагон] оростем ва орӣ аз [ҳар гуна] нуқсу халал аст?
Ва заминро густурдем ва кӯҳҳои собит дар он пай афкандем ва аз ҳар навъ гиёҳи зебо [шодиангезе] дар он рӯёнидем
[Онҳоро офаридем] То барои ҳар бандаи тавбакор муҷиби бинишу панд бошад
Ва аз осмон бороне пурбаракат фиристодем ва бо он боғҳо [-и мева] ва [мазореи] дона [ҳо]-и даравкарданӣ рӯёнидем
Ва дарахтони саркашидаи хурмо бо хушаҳои барҳамнишаста
Барои рӯзии бандагон; ба василаи он [борон] сарзамини хазонзада ва хушкро ҳаёт бахшидем; хуруҷ аз қабрҳо [дар қиёмат] низ ҳамин гуна аст
Пеш аз онон низ қавми Нуҳу аҳолии «Рас» [чоҳ] ва қавми Самуд [паёмбаронашонро] дурӯғгӯ шумурданд
Ва [ҳамчунин қавми] Оду Фиръавн ва қавми Лут
ва аҳолии «Айка» [қавми Шуайб] ва қавми «Туббаъ»; ҳар як [аз онон] паёмбарони [илоҳӣ]-ро дурӯғгӯ шумурданд; пас, ваъдаи азоби ман [бар онон] таҳаққуқ ёфт
Оё мо дар офариниши нахустин фуру мондем [то аз бозофаринии он оҷиз бошем]? [Ҳаргиз] Балки онон аз офариниши ҷадид дар [ҳайрат ва] тардиданд
Мо инсонро офаридем ва аз васвасаҳои замираш огоҳем; ва аз шоҳрагаш ба ӯ наздиктарем
Вақте ду фаришта, ки бар самти росту чап муроқиб нишастаанд, [рафторашро] сабт мекунанд
Ҳар сухане, ки бар забон меоварад, дар канораш [фариштаи] муроқибе омодааст
Сахтиҳои марг, ба ростӣ, даррасид. [Эй инсони ғофил] Ин ҳамон чизест, ки аз он мегурехтӣ
Ва [барои дувумин бор] дар «сур» дамида мешавад [ва қиёмат барпо мегардад]. Он рӯз [рӯзи таҳаққуқи] ваъда [-и азоб] аст
Ва ҳар кас дар ҳоле [ки ду фаришта ҳамроҳиаш мекунанд, ба арсаи маҳшар] меояд; яке роҳ менамоёнад ва дигаре [бар аъмолаш] гувоҳ аст
[Ба ӯ гуфта мешавад:] «Ту аз ин [рӯз] дар ғафлат будӣ ва мо [бо азоби дузах] пардаи [ғафлат]-ро аз муқобилат бардоштем; акнун дидаат тезбин шудааст
[Фариштаи] Ҳамнишини вай мегӯяд: «Ин ҳамон [номаи аъмоли ӯ] аст, ки назди ман омадааст»
[Аллоҳ таоло ба он ду фаришта хитоб мекунад:] «Ҳар ситезаҷӯи ҳақситезеро дар дузах бияфканед
[Ҳар] Монеи хайру мутаҷовиз ва бадгумонро
Ҳамон касе, ки дар канори Аллоҳ таоло маъбуди дигаре қарор медод. Ӯро дар азобе сахт бияфканед»
[Шайтони] Ҳамнишинаш мегӯяд: «Парвардигоро, ман ӯро ба туғён накашидам, вале ӯ худ дар гумроҳии бепоёне буд»
[Аллоҳ таоло] Мефармояд: «Дар пешгоҳи Ман ситез накунед, ки пеш аз ин ба шумо ҳушдор дода будем
Фармони муҷозот назди Ман тағйирпазир нест; ва Аллоҳ таоло [дар кайфару подош] ба бандагонаш ситам намекунад»
Рӯзе, ки ба дузах мегӯем: «Оё [аз ситамгарон] анбошташудаӣ?». [Ва ӯ] Мегӯяд: «Оё беш аз ин ҳам ҳаст?»

[Дар он рӯз] Биҳиштро барои парҳезкорон пеш меоваранд [то неъматҳояшро] аз наздик [бубинанд]

[Ба онон гуфта мешавад:] «Ин ҳамон подошест, ки ба шумо ваъда дода мешуд, ки барои ҳар тавбакоре аст, ки [ба сӯйи Парвардигораш бозмегардад ва] пойбанд [ба паймону аҳкоми илоҳӣ] аст
Ҳамон касе, ки дар ниҳон аз [хашми Аллоҳи] раҳмон метарсад ва бо қалбе тавбакор [ба пешгоҳаш] бозмегардад
Бо саломат ба биҳишт дароед; ин аст рӯзи ҷовидонагӣ»
Дар он ҷо ҳар чи бихоҳанд, дар ихтиёр доранд ва ҳатто бештар аз он низ дар ихтиёри мост
Ва чи бисёр умматҳоеро, ки пеш аз мушрикони Макка ҳалок кардем, ки онон [ба маротиб] аз инҳо қавитар буданд; пас, дар гӯша ва канори шаҳрҳо ҷустуҷӯ карданд [ки бубинанд оё аз азобу ҳалокати барояшон] ҳеҷ паноҳ ва гурезгоҳе вуҷуд дорад
Бе гумон дар ин [сухан] барои соҳибдилон ё касоне, ки бо ҳузур [-и қалб ба нидои тавҳид] гӯш фаро медиҳанд ва ҳушёранд, андарз аст
Мо осмонҳо ва замин ва он чиро, ки миёни онҳост, дар шаш рӯз офаридем ва [ҳаргиз] ранҷу хастагӣ ба Мо нарасид
[Эй Паёмбар] Дар баробари суханони мушрикон шикебо бош; ва пеш аз баромадани офтоб ва қабл аз фуру шуданаш Парвардигоратро ба покӣ ситоиш кун [ва намоз бигузор]
Ва низ [дар посе] аз шаб ва пас аз ҳар намоз ӯро ба покӣ ситоиш кун
Ва [эй Паёмбар] он гоҳ ки мунодӣ [-и қиёмат] аз маконе наздик нидо медиҳад, гӯш фародор
Рӯзе, ки ҳамагон бонги саҳмноки растохезро ба ҳақ мешунаванд, [он рӯз] рӯзи хуруҷ [аз гурҳо] аст
Моем, ки ҳаёт мебахшем ва марг медиҳем; ва бозгашт [-и ҳамагон] ба сӯйи Мост
Рӯзе, ки замин аз [фарози] онон шикофта мешавад, инсонҳо шитобон [берун меоянд]. Ин эҳзоре аст, ки барои Мо осон аст
Мо ба он чи [кофирон] мегӯянд, донотарем; ва ту [эй Паёмбар] бар онон мусаллат нестӣ [ки бихоҳӣ ба имон овардан водорашон кунӣ]; пас, касеро, ки аз азоб [ва ҳушдори] Ман метарсад, ба [василаи] Қуръон андарз бидеҳ
Icon